Чӣ гуна Афғонистон ба бузургтарин тавлидкунандаи тарёк дар ҷаҳон табдил шуд?
Нависанда: Муҳаммад Қодир Мисбоҳ, коршиноси масоили минтақа, махсус барои "Сангар"
Ин мавзӯъро ба баҳонаи рӯзи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир, ки ҳамасола аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид таҷлил мешавад, навишта мекунам.
Ман, ки ба лиҳози таърихӣ, ки мутолиаи мавридӣ кардаам, дарёфтаам, ки маводи мухаддир падидаи навпо ва тоза ба вуҷуд омада дар Афғонистон нест. Ба қавли маъруф, ки халқассоа (навпадид) ва тасодуфӣ низ буда наметавонад.
Маводи мухаддир чунончи дар нигараи феълӣ шарҳ дода мешавад, собиқаи тӯлонии муровида байни шинохти инсон ва гиёҳони доварӣ дорад. Аммо ҷанги сард байни ду қудрати бузург, ки бо шикасти гегемонияи як раҳбар ва як пешво баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум шакл гирифт, шитоб бахшид. Истилоҳи сиёсии он ба номи ҷанги сард барои нахустин бор дар сол 1945 дар навиштае аз Ҷорҷ Оруэл ба номи “Шумо ва бомби атом” вориди адабиёти сиёсии дунё гардид. Ҷанги сард худ ба чолиши дигари ҷаҳонӣ табдил шуд.
Густариши ҳавзаи ҷуғрофияи сиёсии ду абарқудрат, тавсеаи силоҳҳои ҳастаӣ бо озмоиши нахустини он аз сӯи Амрико, мунозиъот бар сари контроли бештари ҳавову фазо бо фиристодани фазопаймо аз сӯи Русия, густариши ҷангҳои ниёбатӣ дар шибҳи ҷазираи Куриё, террорист ва харобкор хондани неруҳои ниёбатии якдигар ва рақобат бар таблиғоти бештар бар сари иттиҳомбандӣ ба кишту тавзеъи маводи мухаддир дар қаламравҳои якдигар, аз ҷумлаи чолишҳои ҷаҳонии ҷадиди он давра шуд ва аз ин абзорҳо ҳар аз гоҳе ба чандакҳои гозанбурӣ ёд мекарданд.
Замоне, ки Никсон ва Леонид Брежнев дар соли 1972 паймони маҳдудияти таслиҳоти стратегиро имзо карданд, ду қудрати биломунозиа - Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дипломатияро бар сиёсати танишу ситези густариши силоҳҳои куштори ҷамъӣ авлавият доданд, вале рақобат бар бақия маворид ҳамчунон бо шитоб пеш бурда мешуд. Акнун ман бино надорам, ки ба рӯйкарди сиёсии ду қудрат бар ишроф бар маводи мухаддир қалам бизанам, вале он чӣ аҳамияти маводи мухаддирро дар мунозиъоти мустақим ва ниёбатӣ дар ҷаҳон нишон медиҳад, мехоҳам барҷаста бисозам.
Дар матни боло ёдовар шудам, ки маводи мухаддир собиқае тӯлонӣ дорад ва дар тӯли таърих, инсон аз маводи мухаддир ба унвони даво (дору) ҷиҳати илтиёми дардҳои тоқатфарсо истифода мекарданд ва замоне ҳам барои эҷоди лаззат байни амирону шоҳзодагон мураввиҷ буда ва гоҳе низ дар таскини дардҳо, асари нороҳатиҳо ва ҳамчунин дар ҷашнҳову маросими мазҳабӣ ва гоҳе тавассути ҷодугарон мавриди истифода қарор мегирифт.
Аз баррасии осори мактубу лавҳаҳои гилие, ки аз Шумериён боқӣ мондааст, чунин истинбот мешавад, ки Шумериён аввалин касоне буданд, ки тарёкро кашф карданд. Илова бар ин, аз он ба унвони як доруи маскан истифода мекарданд, ки тадриҷан ба унвони як мухаддир мавриди истифода қарор гирифта ва номи гиёҳи шодибахшро бар он ниҳоданд. Илова бар Шумериён, ақвоми ошур, Мисру Рим низ тарёкро ба хубӣ мешинохтанд ва аз он истифода мекарданд. Табибони бузурге, назири Суқрот, таркиботе аз тарёкро барои бемориҳои мухталифи ҷисмӣ ва рӯҳӣ таҷвиз мекарданд.
Собиқаи истифодаи маводи мухаддир ҳамон тавр, ки ишора шуд, бештар ҷанбаи тиббӣ ва лаззатӣ дошт ва фақат ба дастури табибону пизишкон масраф мешуда, ки дар он замон эътиёд ба он абъоди васее надошта ва мисли имрӯз ба сурати масоили иҷтимоиву сиёсӣ буруз накарда буда ва абъоди сиёсиву байнулмилалӣ ба худ нагирифта буд. Вале бо шурӯъи инқилоби санъатӣ (авохири қарни 17 ва авоили қарни 18) ва басти иртибототи тиҷоратӣ ва аз ҳама муҳимтар ниёзи саноеъи навпойи инқилоби санъатӣ ба сармоя, раванди ҷадиде дар масоили мухталиф ҷаҳонӣ оғоз шуд. Дар ин миён тарёк низ нақши тозае пайдо кард. Ин мода дар канори соири тарфандҳои истеъморӣ ба унвони васила барои ҷазби сармояи кишварҳои ҷаҳони севум, нобудии неруи инсонӣ ва фарҳангу иқтисоди миллии кишварҳо фавқулода мавриди мубодила қарор мегирифтааст.
Ҳамаи мо ба навъе амалкарди кампании Ҳинди Шарқиро дар кишвар ба манзури сармоягузории санъатӣ ва хариди маводи аввалияву хоми саноеъ ва адвияҷоти мавҷуд дар Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Шарқиро то ҳудуде медонанд. Ин кампани ниёзи шадид ба сармоя пайдо кард, аммо ба далели камбудоту заъфи молӣ, бахусус камбуди тилову нуқра гоҳе дар ин кишвар таваҷҷуҳашро ба дигар кишварҳо, бахусус кишварҳои мустаъмара мутамаркиз намуда ва барои расидан ба аҳдофи худ ба тарфандҳои мутааддиде даст заданд. Яке аз шигирдҳо тавассул ба тиҷорати тарёк дар Осиёи Шарқӣ буд.
Ин кампани бо дар даст гирифтани тиҷорати тарёк дар Осиёи Шарқӣ, бахусус, дар кишвари Чин, тайи солиёни дароз аз ин тиҷорат суд бурд ва бисёре аз мардуми ин кишварҳоро ба доми эътиёд кашонд. Давлати Чин, ки аз хурӯҷи сармоя ва шуйӯъи тарёк ваҳшатзада шуда буд, ба муқобила бо ин кампани бархост ва тақозои манъи тиҷорати тарёкро аз кампании мазбур намуд. Аммо ин кампани ба хости давлати Чин таваҷҷуҳе нанамуд ва бар амали тиҷориву судовари худ исрор варзида ва ба ҳамин далел давлати Чин маҷбур ба мусодираи тарёкҳои ин кампани шуд. Нерӯи низомии Бритониё ба пуштибонӣ аз кампании Ҳинди Шарқӣ вориди муборизаи мусаллаҳона шуд ва тайи ду ҷанг, ки ба “ҷангҳои тарёк” маъруф шуд, шикасти сахте бар нерӯи низомии Чин ворид намуд. Ниҳоятан бритониёиҳо илова бар таҳмили хисорат бар чиноиҳо, муваффақ шуданд аз чандин бандари Чин барои ҳамлу нақл ва тавзеъи тарёк низ истифода кунанд.
Савол ин аст, ки Афғонистон дар куҷои ин бозии тарёк ва афюн қарор дорад?
Бидуни шак, маводи мухаддир дар кишварҳое, ки фақри иқтисодиву ноамнӣ ва адами ҳокимияти қонун дар он дар ҳоли тавсеа аст, бозори пурравнақе дорад ва касе ба касе ва ё дар муқобили чизе мутааҳҳид нест ва ба суҳулат ба дигар кишварҳои ҷаҳон қочоқ мешавад.
Қаблан ёдовар шудам, ки раванди кишти маводи мухаддир дар Афғонистон дар даврони ҳузури Ҳинди Бритониёвӣ ба шакли инҳисорӣ дар ихтиёри кампании Ҳинди Шарқӣ буд, вале бо вуқӯъи кудатои коммунистӣ дар соли 1979 мелодӣ ва ҳуҷуми низомиёни артиши Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ба ин кишвар ташдид шуд. Кишти ин модаи иқтисодзо, ноновар, ки иқтисоди ҷангиро ташкил медод, аз сӯи муҷоҳидин ва бо машвараи ғарбиҳо то соли 1992-и мелодӣ рӯ ба афзоиш буд, аммо пас аз он солҳо Афғонистон на танҳо шоҳиди афзоиши тавлиду қочоқи ин модаи афюнӣ шуд, ки рекорди ҷаҳониро низ дар тавлиду тавзеъи он ба худ ихтисос дод.
Афғонистон аз соли 1992 ба ин сӯ ба унвони бузургтарин тавлидкунандаи тарёк дар ҷаҳон шинохта мешавад. Бузургтарин қутбҳои тавлидии тарёк дар ҷаҳон, ки то он вақт чунин шинохта мешуданд, ақиб монданд.
1 - Қутби тавлиди “Мусалласи тилоӣ” шомили се кишвар - Миянмар, Лаос ва Таиланд;
2 - Қутби тавлиди “Ҳилоли тилоӣ” шомили се кишвар - Афғонистон, Эрон ва Покистон;
3 - Қутби тавлиди Мексика шомили Амрикои Марказӣ ва Колумбия дар Амрикои Ҷанубӣ.
Дар ин миён Афғонистон аз қутби “Ҳилоли тилоӣ” бо тавлиди бештарин миқдори тарёки ҷаҳон болотар аз Миянмар (бузургтарин тавлидкунандаи тарёк дар қутби “Мусалласи тилоӣ”) ва Мексикаву Колумбия аз қораи Амрико қарор мегирад. Чунонки омори Идораи мубориза бо маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, тавлиди тарёк то авҷ гирифтани қудрати Толибон дар соли 1999 мелодӣ бо беш аз 20 баробар афзоиш ба 4500 тон расид.
Бар асоси гузориши бахши мубориза бо маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид, Афғонистон дар соли 1992 мелодӣ бештарин маводи мухаддири дунёро тавлид кард. Тавлиди маводи мухаддир дар зимомдории гурӯҳи Толибон дар Афғонистон рушд доштааст, тавре, ки тавлиди ин мавод дар соли 2001 мелодӣ ба 185 тон дар сол мерасид.
Бо ин ҳол, тавлиду қочоқи маводи мухаддир аз соли 2001 мелодӣ то кунун афзоиши фоҳише ба худ гирифтааст. Бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид, Афғонистон дар соли 2013 мелодӣ 8300 тан маводи мухаддирро, ки беш аз 90 дарсад маводи мухаддири ҷаҳон астро тавлид кард. Ва дар солҳои пасин ин раванд рӯ ба афзоиш буд ва дар соли 2018 Афғонистон бо кишти беш аз 328 ҳазор гектар охирин рақами рекорд дар кишти маводи мухаддирро доштааст.
Дар ин миён, аммо мизони тавлиди тарёк аз 185 тон дар поёни зимомдории Толибон дар соли 2001 мелодӣ ба 3400 тон расид ва тайи 15 соли ахир ба 12700 тон афзоиш пайдо кард. Дар тӯли ин 15 сол, соли 2020 мелодӣ бо 8500 тон ва дар соли 2022 бо рақами кишти 233 гектар замин ҳатман тавлиди тарёки холис ба беш аз 12700 тон тарёк тавлид шуда ва болотарин мизони рушдро доштааст.
Ба ҳар ҳол агар вуқӯъи солҳои ҷанг ва даргирӣ, адами амният, адами ҳокимияти қонун, ҷазираӣ будани қудрат, нобудии зерсохтҳои иқтисодӣ ва адами бозсозиву тавсеаи иқтисодии ҷомеаи Афғонистон, сабаб шуда буд то Афғонистони даврони ҷумҳурият ба унвони радифи аввали бузургтарин кишварҳои тавлидкунандаи тарёк дар ҷаҳон шинохта шавад. Фаромӯш накунем, ки манотиқи кишти тарёк умуман дар манотиқи рустоии зери ҳокимияти Толибон буд ва аммо дар тайи ин ду соли ахир, ки чархаи қудрат ба дасти таҳрики Толибон афтода, ки яке аз авомили муҳими тавсеаву густариши маводи мухаддир дар кишвар шинохта мешаванд. Баид аст, ки таҳрики Толибон бо ҳузури афроди қудратманде, ки таъминкунандаи молии ин гурӯҳ дар даврони душвор буданд ва қочоқи маводи мухаддирро ба ишораашон анҷом медоданд. Афроде чун Ҳоҷӣ Башир Нурзай, Ҳоҷӣ Молихон, Ҳоҷӣ Музаммил, Ҳоҷӣ Азиз, Ҳоҷӣ Ҷумъа Балуч, Ҳоҷӣ Мавлавӣ Абдулҳақ, Ҳоҷӣ Мавлавӣ Наҷибуллоҳ Рафеъ, Ҳоҷӣ Мавлавӣ Аминуллоҳ Вафо ва Карбалоӣ Абуҳазрат Мӯсо битавонанд аз иқтисоди сиёҳи маводи мухаддир ба осонӣ парҳез кунанд ва ё мутобиқи фармони Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода раҳбари ношинохта ва мубҳами таҳрики Толибон аз он дӯрӣ намоянд.
Чӣ авомил боиси густариши маводи мухаддир дар зери ҳокимияти Толибон аст?
Посух ба ин пурсиш ҳам аз назари ашхосе, ки дар баданаи раҳбарии Толибон вуҷуд дорад ва ҳам аз назари мӯҳтавои фикрӣ барои бисёриҳо равшан аст ва аммо ба назари ман, се омили умда ба якдигар кӯмак мекунад, ки маводи мухаддир ҳамчунон дар нӯги ин қулаи яхӣ қарор дошта бошад.
Омили аввали ҷаззобияти молии маводи мухаддир, рӯ овардани таҳрики Толибон ба маводи мухаддир, ки бинои сутунвораи тағзияи таҳрики Толибон аст, бештар ҷанбаи иқтисодӣ ва таъминотӣ дорад, қочоқи маводи мухаддир яке аз пурсудтарин ва дастёфтанитарину осонтарин таъмини манобеъи моливу таслиҳотӣ барои гурӯҳи Толибон дар гузашта буда ва акнун низ ҳаст.
Таҷрибаи ҷангҳои давомдор дар кишвар ва дур будани мазореъи кишти кукнор аз сайтараи қонун дар даврони ҷумҳурият, ба ин гурӯҳ омӯхта буд, ки чӣ тавр бо кишти заминҳои ҳосилхези Афғонистон аз ин бутаи камзаҳмат ва деҳқонони фақир бештарин манфиати молӣ, сарбозгирӣ ва чоназаниҳои байналмилалии қочоқро ба даст биоваранд. Гузари ин гурӯҳ аз маводи мухаддир дар ҳақиқат гузар аз миллиардҳо доллар авоиди солона ҳамчунон таъриф мешавад, ки баид аст раҳбарони Толибон таъми ширини ин пулу заминро фаромӯш кунад ва ё аз он рӯйгардон шаванд.
Омили дувум норизоиятии авомили уқдаӣ, ифротгаро ва ташнагони қудрати ҷаҳонӣ аст, ки дар бистари ҷавомеъи исломӣ ва фаротар аз он, ки бо низомҳои сиёсии ҳокими худ мушкил доштанд, Афғонистонро ҳошияи амну минтақаи ҳоили блоки Ғарбу Шарқ аз Африқо, Осиё ва бахшҳои Амрико, Аврупову Австралия медонистанд, ин ҷо ҷамъ шуданд ва ин ҷуғрофияро ба намоди норизоиятӣ алайҳи қудратҳое чун Русия, Амрико, Чин ва бархе кишварҳои минтақаи дигар табдил карданд. Дар канори баҳрагирӣ аз хоки Афғонистон ин авомил ба таҳдид ва ироби минтақаву фаротар аз минтақа тамассук низ ҷустанд ва аз абзори тавсеаи маводи мухаддир ба ҷои машруботи алкулӣ ва аз ифротият ба унвони абзори тавсеаи сиёсиву мазлумнамоии динӣ ва таҳқири ҷаҳоншумули ислом ба сарнагунии давлатҳову масҷидсозӣ ва минбарсозии қасрҳои ҳукуматӣ ва ҷизягирии онҳо пардохтанд, ки мисолҳои зиндаи он 11 сентябр, Ироқ, Сурия, Яман, Миср, Кения, Танзания, Либия ва Алҷазоир ва... аст.
Омили севум вуҷуди ҳазорон ҷангҷӯи хориҷӣ бо маҳоратҳои истифода аз анвоъи силоҳҳои модерн аст, ки ҳоло баъд аз хурӯҷи шитоболуд ва мубҳами нерӯҳои хориҷӣ, бахусус Амрико аз Афғонистон аст, ки терроризм дирӯз ба он даст ёфтаанд ва аз ин силоҳу таҷҳизоти модерни амрикоӣ ҳар аз гоҳе барои таҳдиду муқобила бо кишварҳои минтақа ба сурати озмоишӣ кор гирифтаанд ва ба сурати давомдор низ ононро таҳдид мекунанд.
Ба ҳар ҳол вақте ба назокатҳои дарунии лопӯшонии ин авомили сегона каме диққат шавад, ошкор мешавад, ки маводи мухаддир дар густариши ифротияту терроризм нақши бештаре дорад ва дар айни ин ки ифротияти динӣ бо татҳири кишт, қочоқу харид ва фурӯши он аз он қабоҳатзудоӣ мекунад ва онро мухолифи омӯзаҳои динӣ намедонад ва аз боби муқобила бо машруботи алкулӣ ба судури он ба кишварҳои, ба истилоҳ, куфрӣ ташвиқ мекунад ва авомили дастандаркор бо маводи мухаддирро ба номи муҷоҳид ва мусулмони пайкорҷӯ хитоб мекунанд.
Ҳоло кишварҳо бо гузинаи шиор то амал дар амри мубориза бо маводи мухаддир муваффақ амал кардаанд ва ё бо фиреб додани азҳони омма бо нигариши кунтрули маводи мухаддири Афғонистон ҳарчанд гоҳе бо нашри гузоришҳои солонаи худ конфронсҳои тавҷеҳӣ баргузор мекунанд. Бо ибрози нигаронӣ аз афзоиши чанддарсадии кишту тавлид ва тарофики он ҳамасола ҳокимияти Афғонистонро ба таҳрим таҳдид мекунанд. Созмони Милали Муттаҳид низ мутобиқи модаи воҳидаи худ дар ҷамъи корҳои Созмони мубориза бо ҷароими Милали Муттаҳид (UNODC)-и худ чигунагии истифодаи Афғонистон аз кишт, тарофик, қочоқ ва истифода аз он дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон омору арқоми солиёна ироа мекунад. Нисбат ба авоқиби сиёсӣ, иҷтимоӣ ва равонии он ҳамеша ҳушдор медиҳад. Ҳар сол гузориши шондоре ироа мекунад ва 26 июнро Рӯзи муқобила бо маводи мухаддир бо шиорҳои зебоӣ таҷлил менамояд.
Бо ин ҳама, ба назар мерасад, ки Афғонистон дар замони ҷумҳурият таваққӯъи кишварҳои ҷаҳон ва ниҳодҳои ҷаҳониро дар падидаи мубориза бо кишти маводи мухаддир, қочоқ ва эътиёд бо масрафи миллиардҳо доллар ва мавҷудияти вазорати мубориза бо маводи мухаддир дар кобина, муинияти вазорати дохила дар амри маводи мухаддир ва бахши идораи 66-и Раёсати умумии амнияти миллӣ ва таъмини молии ниҳодҳои амрикоӣ, инглисӣ, русӣ ва эронӣ бо машвараҳои ҷиддии UNODC чандон бароварда накарда буд. Ҳоло бо ҳокимияти гурӯҳи ифротии таҳрики Толибон, авомили дахили хориҷӣ ва мафияи байналмилалии қочоқу кишти маводи мухаддир дар кору бори маводи мухаддир чӣ гуна метавонад ин таваққӯъро бароварда кунад?
Бо таҳримҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва муровидоти дипломатӣ, адами шиносоии байналмилалии гурӯҳи ифротии талабаҳо, мавлавиҳои ҳоким дар Қандаҳору Кобул аз сӯи кишварҳои минтақаву ҷаҳон, илова бар мушкилоти сиёсӣ, идорӣ ва ҳуқуқии ин гурӯҳ дар бахши дохилӣ, ки ҳама хуб медонанд, коре аз пеш бурда наметавонанд. Гузинаи маводи мухаддир, ифротият ва терроризм абзори таҳдиди ин гурӯҳ барои ҷаҳон аст ва онро то охир дар ихтиёр дорад. Ҷаҳон низ дарк мекунад, ки дар канори соири авомил, маводи мухаддир забони мунозиъа ва дипломатияи рӯзи Толибон низ аст. Ҷаҳон дақиқ мефаҳманд, ки Толибон бидуни тазминҳои қаноатбахш аз он убур нахоҳанд кард.
Дар тозатарин маврид тамоюли ҳамкориҳои ҷаҳон дар мавзӯъи муқобила бо терроризм, маводи мухаддир, ки аз сӯи Чин, Русия, Эрон, Ҳинд, Покистон ва бархе кишварҳои дигар бо Толибон бар забонҳо афтодааст, агар ин тамоюл ҷанбаи воқеӣ ва амалӣ ба худ бигирад, баид нест, ки ин шамшери дулаба мӯҷиби барангехтани ҳассосияти соири руқабои сиёсии кишварҳои ёдшуда нашавад ва онҳо авомили худро таҳрик накунад ва тавофуқоти ҳосилшударо ақиб нигаҳ дорад, чаро, ки ҳеҷ кишваре намехоҳад аз ин муомилаи пурсуд ва шамшери дудам чашмпӯшӣ кунад, ки замони даврон ҷангҳои ниёбатиашонро бидуни гардиши сармоя ва иқтисоди ҷангӣ сари по нигаҳ дорад ва кӯтоҳ бисозад.