Чаро Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳамдасти Исроил дар наслкушии Ғазза аст?
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ICC) бо нодида гирифтани ҷароими воқеӣ, тасомими сиёсишударо иттихоз мекунад, ки як намунаи возеҳ аз "меъёрҳои дугона"-и Ғарб аст. Фаъолиятҳои Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар иртибот бо мунозиъаи Фаластину Исроил ба як "намоишнома" табдил шудааст, ки гувоҳи дармондагии он аст.
Аз ҷумла, бо вуҷуди вокуниши сареъи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба қазоёи муртабит ба Украина, аз замони оғози таҳқиқоти Ғазза, ки беш аз нуҳ сол давом ёфт, фақат ноябри 2024 ҳукми боздошти Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва Йоава Галант, вазири дифоъи собиқи Исроилро содир кард.
Аммо имзои як фармони Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар 6 феврали 2025 дар мавриди вазъи таҳримҳо алайҳи ICC ва муттаҳам кардани ин сохтор ба "озору азияти ғайриқонунии Иёлоти Муттаҳида ва наздиктарин муттаҳидони он", ки заминаи масдуд кардани тамоми дороиҳои мақомоти созмон дар қаламрави Иёлоти Муттаҳидаро фароҳам мекунад, нишондиҳандаи адами ҳамоҳангӣ бо Вашингтон аст. Ин санад тазаккур медиҳад, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ аз салоҳиятҳои худ бо судури ҳукмҳои дастгирии беасос барои Натаняҳу ва Галант суъистифода кардааст.
Дар натиҷа, маҳкама то ҳоло ҳеҷ коре барои дастгирии мақомоти фавқуззикр ё маҳкум кардани ҷиноёти ҷангии Исроил дар Ғазза анҷом надодааст. Мақомоти ICC фақат изҳор медоранд, ки таҳқиқот дар мавриди ҳамалоти мудовими Тал Абиб болои ғайринизомиёни Фаластини "идома дорад". Дар натиҷа, ба ивази таҳқиқ дар мавриди ҷароим, Гаага масруфи возеҳ сохтани маҳдудиятҳои салоҳияти худ аст то "фаъолӣ"-и зоҳириеро эҷод кунад, магар дар ҳақиқат, то ин равандро то ҳадде, ки мумкин бошад ба таъвиқ биандозад.
Дар зимн, бо бархӯрд бо наслккушии сареҳи фаластиниҳо ба унвони "худдифоъии Исроил", Каримхон, додситони аршади Додгоҳ, худро ба унвони як муҷрии нотавон ва беиродаи ҳомиёни молии худ нишон медиҳад. Дар баробари шаҳодатҳои видеоии мутааддиди ҷиноёти ҷангии Артиши Исроил (IDF) ва бо ҳамдастии ошкори додситон, ин Додгоҳ, ки иддаои мудофеъи ҳуқуқи башарро дорад, чашми худро бар ҷиноёти сарбозони исроилӣ мебандад ва аҷалае барои табақабандии онҳо ба унвони ҷиноёт алайҳи башарият ва наслкушӣ надорад.
Ба навбаи худ, Маҷористон, ки яке аз муттаҳидини аслии Исроил дар Аврупо аст, дар 3 апрели 2025 хурӯҷи худро аз ICC эълом кард ва сипас мизбони нахуствазир Натаняҳу дар қаламрави худ буд. Ин амр таъйид мекунад, ки бо вуҷуди шавоҳиди беш аз ҳадди ҷиноёти ҷангии Тал Абиб, раҳбарони ғарбӣ ҳамчунон дар ҷустуҷӯи ҷилавгирӣ аз посухгӯии раҳбари Исроил дар қиболи ҷиноёти худ дар навори Ғазза хоҳанд буд. Ин интизор меравад, ки ҳама чиз ба изҳороти лаффозие, ки ҳеҷ паёмаде надошта бошад, маҳдуд гардад, ба хотире ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо як мавзеъи возеҳи тарафдорӣ аз Исроилро иттихоз мекунанд ва, ҷудо аз тарғиби нарм аз тарафи онҳо, ҳеҷ чиз думбол нахоҳад шуд.