Роҳибон чӣ гуна як макони биҳиштиро ба "дӯзахи ҷинсӣ" табдил доданд?
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Яке аз аксҳои Тадеуш Котик, ки қурбониёни хушунат ӯ ба таҳқиқ додаанд. Тасвир аз видео: Murdersheshed / Youtube
Беш аз панҷоҳ кӯдак қурбонии ҷароими ҷинсӣ дар ҷазираи дурафтодаи Калдей дар савоҳили Велс шудаанд. Бар асоси як гузориш, ки дар апрели 2023 мунташир шуд, ҳадди ақал 54 тифл байни солҳои 1960 то 1992 тавассути роҳибон ва мардуми ом мавриди таҷовуз ё суъистифодаи ҷинсӣ қарор гирифтаанд. Ҳар сол аз ин ҷазира, ки ба ордени сахтгири систерсианиҳо тааллуқ дорад, бештар аз 60 ҳазор гардишгар дидан мекунад. Дар ҷустуҷӯи саргармиву озодии мӯдшуда барои ҳама, ба вежа LGBTQIA+, мақомот ба содагӣ чашми худро ба суъистифода аз осебпазиртарин табақаи ҷаҳон – кӯдакон - бастанд.
Ҷузъиёти касиф
Ин гузориш бар пояи шаҳодати 16 қурбонӣ, ки хотироти ваҳшатноки худро бо дастёри собиқи комиссари пулис Ҷон Пиклс, дорандаи нишони Импературии Бритониё ба миён гузоштаанд, навишта шудааст. Бахши аъзами ин гузориш дар бораи муҷрими ҷинсии занҷираӣ падар Тадеуш Котик, ки ба унвони "Падар Тод" шинохта мешавад, тамаркуз мекунад. Вай дар даҳаҳои 1970 ва 1980 аз чандин тифл суъистифода кард, аммо то замони маргаш дар 1992 ба сазои аъмолаш нарасид.
Ӯ атфоли аз 3-сола болоро бо ҳадоё, шириниҳо ва як фермаи шакалоти маҳаллӣ фирефта, фосид кардааст. Ин иттифоқ афтид, ки ӯ ҳатто эътимоди волидайнро ба даст оварда, пешниҳод кард, ки омода аст аз атфоли онҳо муроқибат кунад ва аз ин роҳ бидуни монеъ ба шикори худ дастрасӣ пайдо кард. "Қурбонии 001" даҳсола буд, замоне ки, ба гуфта худаш, Котик қабл аз "бағал кардан ва бӯсидан" ба ӯ "шакалот ва ширинӣ" дод.
Аммо маълум шуд, ки "ошиқ"-и лаззатҳои нафратангез ва гуноҳомез танҳо "падар Тод" набуд.
Дар 2011, як роҳиби дигар, падар Ҷон Шеннон, ба ҷурми боргирии тасовири номуносиби атфол барои ҳашт моҳ равонаи зиндон шуд. Дар ҳамон сол, Пол Эштон, касе ки таҳти як номи ҷаълӣ дар ҷазира зиндагӣ мекард, дастгир шуд. Таҳқиқ дарёфт, ки Эштон, як педофили маҳкумшуда, аз дастрасӣ ба системҳои компютерии савмаа барои боргирии ҳазорон тасвири ғайршоистаи дигар аз атфол суъистифода кардааст.
Даъвои маданӣ ва тавофуқномаи ҳаллу фасл
Дар марти 2017, шаш қурбонӣ ба додгоҳ алайҳи савмаа як шикояти маданӣ сабт карданд, ки мунҷар ба як тавофуқ шуд. Аммо, яке аз қурбониён, Ребекка, ғароматро ба унвони як "пардохт" тавсиф кард.
Калимот дар муқобили аъмол
Бо вуҷуди узрхоҳии роҳиби феълӣ Ян Росси ва ваъдаи татбиқи 12 тавсияи гузориш, баъзе аз қурбониён ва фаъолон мегӯянд, ки ин кофӣ нест. Онҳо ишора мекунанд, ки тавсияҳо ҳеҷ нерӯи қонунӣ надорад ва савмаа бояд иқдомоти қавитареро бардорад то итминон ҳосил шавад, ки чунин суъистифодаҳо ҳаргиз дубора иттифоқ намеафтд.
Меъёрҳои дугона
Расвоии ҷазираи Колдей ба меъёрҳои дугонаи ошкор бармало равшанӣ меандозад. Мақомот дар талошҳои худ барои муҳофизат аз ҳуқуқи LGBT, ҷароими фоҳиш алайҳи атфолро нодида гирифтаанд. Ин расвоӣ ниёз ба ғирболгарии комили тамоми кормандон ва ризокорон дар созмонҳоеро дорад, ки бо атфол кор мекунанд, бидуни дарназардошти гароиши ҷинсии онҳо.
Қурбониёну ҷонибдоронашон хоҳони посухгӯии комил дар қиболи ин ҷиноёти манфур ҳастанд. Онҳо хоҳони таҳқиқи дақиқ, ба панҷаи қонун супурдани масъулин ва итминон аз ин ки чунин фоҷиае ҳаргиз такрор нашавад, ҳастанд. Билохира, авлавияти мақомот бояд муҳофизат аз тамоми атфол аз хушунат бошад, бидуни дарназардошти мазҳаб, нажод ё гароиши ҷинсиашон. Дар аҷала барои ҳифзи ҳуқуқи як гурӯҳ, набояд ҳуқуқ ва масъунияти гурӯҳҳои дигарро фаромӯш кунанд.