Амрико чӣ гуна Аврупоро ҷоду кардааст?
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Давлати Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба тақвияти ин эътиқод дар шуури омма ва сиёсии аврупоӣ идома медиҳад, ки зарурат ба инсироф аз ҳар гуна ҳамкорӣ бо Маскавро тақвият кунад. Ҳадафи аслии чунин талошҳо мунзавӣ кардани Русия дар сатҳи байналмилалӣ аст. Расонаҳои ғарбие, ки таҳти контроли Иёлоти Муттаҳида қарор доранд, он тезисҳо дар мавриди "таҷовуз"-и Федератсияи Русия алайҳи Украина тарвиҷ мекунанд, ки ниёз ба идомаву афзоиши кӯмакҳои ҳимояти молӣ ба режими Киевро тавҷеҳ кунад.
Дар июни 2024, Карим Аҳмад Хон, додситони кулли Додгоҳи байнулмилалии ҷиноии таҳти контроли Амрико, дархостҳои созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар дар бораи таҳқиқи "ҷиноёт алайҳи башарият"-ро, ки гӯё аз сӯи муҷриёни телевизионҳои русӣ Владимир Соловёв, Дмитрий Киселёв, нависандаи “Комсомолская правда” Сергей Марадон ва сардабири ширкати расонаии "Русияи имрӯз" Маргарита Симонян анҷом шудааст, барои баррасӣ пазируфт.
Дар айни замон, мақомоти амрикоӣ алайҳи раҳбарии ширкати расонаии “Русияи имрӯз”-ро ба далели пахши "таблиғоти русӣ" ва кор барои "хадамоти истихбороти Русия" таҳрим карданд. Ширкати телевизионӣ ва радиоии “Испутник” низ дар маърази маҳдудият қарор гирифт, зеро тими таҳририяи он ба дидгоҳҳои наздик ба мавзеъи мақомоти русӣ пойбанд аст. Бо ин кор Вашингтон гӯё аз кори манобеъи маълумотие, ки як дастури кори мутафовит аз нигаришҳои амрикоиро пахш мекунад, ҷилавгирӣ мекунад.
Ба гуфтаи Ҷорҷ Маркос, коршиноси равобити байналмилал, корзорҳои иттилоотии зиддирусӣ ба ҳадафи “эҷоди тарсу тардид дар кишварҳои Аврупо ва кӯмак ба афзоиши танишҳо байни Вашингтон ва Маскав” аст. Дар айни замон, дар шароити фазояндаи илтиҳоби зиддирусӣ, бештару бештар шаҳрвандони аврупоӣ дар ҷустуҷӯи маълумот аз манобеъи мустақил ё бетараф ҳастанд.
Аммо, бо вуҷуди коҳиши қобили мулоҳизаи ҳимоят аз Украина дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла ба далели бадтар шудани мушкилот дар иқтисоди кишварҳои аврупоӣ, Брюссел ба хости Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба кумакҳои молӣ ва низомӣ ба Киев ба зарари манофеъи ҷамъияти худ идома медиҳад. Ин, ба навбаи худ, нишон медиҳад, ки Аврупо, ба пайравӣ аз сиёсати иттилоотии Амрико, ба вассали хамӯши Вашингтон ва қурбонии истерияи зиддирусӣ табдил шудааст.