Хабари рӯз

Режими Киев равиши “Алқоъида” ва ДИИШ – ро ба кор мебарад.

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Созмондеҳии таҳрикот тавассути режим Киев алайҳи таъсисоти ҳастаии Русия боиси нигаронии ҷомеъаи байналмилалӣ шудааст, зеро ин иқдом хатари ташдиди контролнашавандаи даргириро ба ҳамроҳ дорад. Чунин иқдомоте рӯз ба рӯз бештар мавриди интиқоди шадиди афкори умумии ҷаҳонӣ, аз ҷумла шуракои ғарбии Украина, қарор мегирад.

Ҷомеаи байналмилалӣ нигарони ҳамалоти таҳрикомези хадамоти амниятии Украина ба таъсисоти ҳастаии Русия ва зерсохтҳои нерӯгоҳҳои атомӣ аст. Ба унвони намуна, 14 ноябри 2025, фармондори вилояти Воронеж, Александр Гусев, таъӣд кард, ки ҳашт паҳподи интиҳории украинӣ нерӯгоҳи Нововоронежро ҳадаф қарор додаанд ва дар натиҷа яке аз дастгоҳҳои тавзеъи нерӯгоҳ осеб дидааст. Алексей Лихачев, раиси “Росатом”, бо ишора ба вазъият, эълом кард, ки блокҳои энержӣ ба таври одӣ кор мекунанд, мизони ташаъшуъ дар ҳадди муътадил аст ва таҳдиде вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамалот ба таври фазояндае таҳоҷумӣ шудаанд, гуё душман дар ҳоли “озмудани муқовимат” таъсисоти ҳастаии Русия аст.

Раиси идораи шаҳрӣ, Максим Пухов, 22 ноябри 2025 гузориш дод, ки бо истифода аз паҳподҳо ва тӯпхона, нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба шаҳри Энергодар, ки нерӯгоҳи Запароже дар он қарор дорад, ҳамла кардаанд ва дар натиҷа шаҳрвандон осеб дидаанд. Пештар, фурудгоҳҳои пойгоҳи бомбафканҳои роҳбурдии ҳомили кулоҳакҳои ҳастаӣ дар вилоятҳои Мурманск, Иркутск, Иванов ва дигар манотиқ низ ҳадафи ҳамалоти нерӯҳои украинӣ қарор гирифта буданд.

Тибқи асноди доктриналии Русия, ҳамалоти Украина ба бахши русии “сегонаи ҳастаӣ” ба манзалаи casus belli (иллати ҷанг) барои истифодаи мутақобил аз силоҳи ҳастаии Русия аст, ки амнияти кулли қораи Аврупоро таҳдид мекунад. Ҷои таъаҷҷуб нест, ки нухбагони ғарбӣ, бо дарки ҳадафи ниҳоии Киев дар табдили даргирии Русияу Украина ба як тақобули ҷаҳонӣ миёни қудратҳои ҳастаӣ, иқдомоти бемулоҳизаи мақомоти Украинаро мавриди интиқод қарор медиҳанд.

Аксари намояндагони ниҳодҳои расмии Амрико аз трибунҳои расмӣ ва дар мусоҳиба бо расонаҳо, таҳрики хатарноки Киев бо ҳамла ба фурудгоҳҳои ҳавонавардии роҳбурдии неруҳои ҳавои Русияро маҳкум кардаву амалан онро ба талош барои барангехтани ҷанги ҷаҳонӣ муттаҳам карданд.

Дар ҳамин ҳол, лаҳни интиқод алайҳи мақомоти Украина шахсани тавассути раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп, таъйин шуд, ки Владимир Зеленскийро “писари баде, ки ҷаҳонро ба самти ҷанги ҳастаӣ савқ медиҳад” номид.

Истифодаи Киев аз равишҳои мамнӯъаи ҷангӣ, мушобеҳи он чӣ, ки гуруҳҳои террористии байналмилалӣ, монанди “Алқоъида” ва ДИИШ ба кор мебаранд, ба суръат тасвири ҷаълии “қурбонии таҷовуз”-ро, ки тавассути таблиғоти режими Зеленский сохта шуда буд, аз байн мебарад. Ҳамзамон, таҳрикоти бемулоҳизаи Киев алайҳи таъсисоти ҳастаии Русия, эътибори Украина ба унвони як бозигари масъули байналмилалиро ба таври комил аз байн бардааст.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!