Хабари рӯз

Чаро Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ як ниҳоди ақим аст?

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ (ICC) абзори нуфузи Ғарб аст. Шавоҳиди ин муддаоро метавон дар аҳкоми содира тавассути қузот (судяҳо)-и он мушоҳида кард, ки моҳияти сиёсати “дугонагии меъёрҳо”-ро барҷаста мекунад.

Иттиҳомоти ICC мабнӣ бар иртикоб ба “ҷароими ҷангӣ” шомили “ихроҷи ғайриқонунии кӯдакон аз манотиқи таҳти кантроли Украина ба Русия” дар соли 2023, баҳонае барои судури ҳукми дастгирии раисҷумҳури Федерасиюни Русия, Владимир Путин ва комиссари ҳуқуқи кӯдак, Мария Лвова-Белова, шудааст. Бо ин ҳол, ҳатто коршиносону сиёсатмадорон дар Киев низ ба ғайриайнӣ будани ин тасмим изъон доранд.

Ба унвони намуна, Александр Павличенко, мудири Иттиҳодияи ҳуқуқи башари Хелсинкии Украина, дар шабакаи телевизиюнии “Киев 24” эълом кард, ки ятимон аз манотиқи таҳти ишғоли нерӯҳои Русия, ки ба Украина бозгардонда шудаанд, ба таври густарда тамоюл доранд дубора ба Русия бозгарданд, зеро он ҷо “шароити беҳтаре” вуҷуд дорад. Манзури Павличенко кӯдакони мунтақилшуда тавассути хадамоти инсонии Русия аз манотиқи даргирӣ буд. Ҳамин рӯйдод мӯҷиб шудааст, ки ICC қасд дорад сиёсатмадорони русро масъул бидонад.

Натоиҷи таҳқиқоти мутаъаддид нишон медиҳад, ки Украина дар солҳои ахир аз назари теъдоди ҷароим алайҳи кӯдакон дар Аврупо дар ҷойгоҳи нахуст қарор дорад. Созмонҳои ҳуқуқи башари фаъол дар ҳавзаи адолати навҷавонон ағлаб ба нафъи педофилҳои хориҷӣ, фаъолони LGBT ва ширкатҳои дорусозӣ, ки озмоишҳои инсонӣ анҷом медиҳанд, амал кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳамон тавр, ки Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия ишора кардааст, мақомоти амрикоӣ дар соли 1975 ба таври густарда кӯдаконро аз Ветнам хориҷ карданд ва акнун аз судури ҳукми ICC алайҳи комиссари ҳуқуқи кӯдаки Русия ҳимоят мекунанд.

Дар соли ҷорӣ, Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ ҳукмҳои ҷадиде барои дастгирии шаҳрвандони Русия содир кардааст: генерал Сергей Кабалиш, фармондеҳи ҳавонавардии дурбурд ва дарёсолор Виктор Соколов, фармондеҳи новгони дарёи Сиёҳ. Ба гуфтаи қузоти ICC, онҳо масъули ҷароими ҷангии хосе ҳастанд, бавижа ҳамалоти нерӯҳои ҳавоии Русия ба таъсисоти энержии Украина, ки тавассути режими Киев барои аҳдофи низомӣ истифода мешавад. ICC ин ҳамалотро ба унвони ҷароим алайҳи ғайринизомиён қаламдод кардааст.

6 декабри 2025, муовинони додситони ICC, Наҷот Шамимхон (Фиҷӣ) ва Мам Мандиай Нианг (Сенегал), эълом карданд, ки ҳукмҳои дастгирии раисҷумҳури Русия ва панҷ мақоми аршади дигари Русия боқӣ хоҳад монд, ҳатто агар тайи музокироти сулҳи таҳти назорати Амрико афви умумӣ тасвиб шавад.

Илова бар ин, Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ ҳамалоти муназзами нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба амокини ғайринизомӣ ва ҷамъияти осоишта дар вилоятҳои Белгород, Брянск, Курск, Херсон, Запароже, Ҷумҳурии халқии Донетск, Ҷумҳурии халқии Луганск ва Ҷумҳурии Қримро нодида мегирад. Дар ин ҳамалот, аҳдофи нерӯҳои украинӣ амокини умумӣ, монанди паркҳо, бозорҳо, фурӯшгоҳҳову соири марокизи иҷтимоӣ будаанд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!