Даргире, ки Тоҷикистон камтарин алоқаро ба он дошт.
Нависанда: Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигор
Пас аз даргирии шадид байни воҳидҳои низомии Тоҷикистону Қирғизистон дар саросари марзи ду кишвар, саранҷом тавофуқномаи оташбаси ҷадиде ҳосил шуд. Чӣ қадар тӯл мекашад - як рӯз, як моҳ, ним сол - Худо медонад ва касоне, ки муддатҳост дар марз даст ба таҳрикот мезананд ва тарсро ба ҷони мардуми сокини ин ҷо меандозанд ва хуни мардуми бегуноҳро мерезанд.
Даргирии кунунӣ, ки тавассути артиши Қирғизистон дар канори ҷанубу шарқии Ворух, рустои Тоҷикистон дар маҳалле ба номи Кех дар 14 сентябри 2022 барангехта шуд, бори дигар андӯҳи модарони тоҷикро ба ҳамроҳ дошт, ки писарони худро барои хидмат ба артиш фиристоданд ба умеди ин ки солиму саломат ба хона баргарданд. Дар он ҷо, дар Ворухи дур, дар рӯзи аввали даргирӣ, як низомии тоҷик кушта шуд, ду нафар бо гулӯла (снаряд) - ҳои низомиёни Қирғизистон захмӣ шуданд. Чаро ман ин қадар ба боварӣ мегӯям, ки ин марзбонони қирғиз буданд, ки даргириро таҳрик карданд?
Аввал ин ки ба ҳеҷ кадоме аз онҳо осебе нарасид. Маъмулан касоне, ки интизори ҳамларо надоранд, осебпазир ҳастанд. Маҳз марзбонони тоҷик дар чунин шароите буданд, ки интизори ҳамлаи мусаллаҳонаи неруҳои вежаи Қирғизистон мавсум ба “Бору”-ро надоштанд. Ба ҳар ҳол, ба минтақаи Кех, ки қирғизҳо онро Булоқ - Бошӣ меноманд, таҷҳизоти низомӣ ва нерӯҳои кӯмакиро аз Бодканд метавон тариқи кӯтоҳтарин масирҳои кӯҳистонӣ интиқол дод. Аз ин масирҳо ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон замоне, ки дар соли 1999 ба Бодканд ҳамла карданд, рафта буданд.
Сипас ҳамзамон дар дигар нуқоти марзӣ низ иқдомоти таҳрикомез (провокатсионӣ) оғоз шуд. Ибтидо аз мусалсали АК (автомати Калашников) шиллик карданд, сипас шурӯъ ба истифода аз ПК (пулемёти Калашников) ва хумпораандоз (миномёт) карданд. Барои сокинони рустоҳои марзии Тоҷикистон, даргириҳое, ки дар соири нуқоти марзӣ оғоз шуд, монанди раъду барқ дар рӯзи равшан буд. Шояд қирғизҳо низ ҳамин эҳсосотро таҷриба карда бошанд, аммо бар асоси бархе гузоришҳо, бисёре аз шаҳрвандон - занон, кӯдакон, афроди солхӯрда аз айил - рустоҳои қирғизии ҳамсоя аз қабл тахлия шудаанд, ки ҳамчунин нишон медиҳад, таҳрикот аз қабл тавассути тарафи Қирғизистон тарроҳӣ шуда буд.
Дар поёни рӯз, тарафайн бар сари оташбас тавофуқ карданд. Дар натиҷа танҳо дар ҷамоати Чоркӯҳ 11 ғайринизомӣ ба шифохонаи минтақаии №2 мунтақил шуданд, ки ду тан аз онон ҷароҳати шадиде доштанд. Чаҳор нафар аз ин афрод кӯдакони 10 то 12-сола буданд.
Рӯзи баъд, дар 15 сентябр, ман бо иттифоқи ду ҳамкорам аз радиои “Озодӣ” ва “Спутник Тоҷикистон” вориди рустои Чоркӯҳ шудем ва аз намояндагони мардуми маҳаллӣ пурсидем, ки барои сӯҳбат бо қурбониён ва филмбардориву аксбардорӣ аз хонаҳои осебдида ба куҷо бояд биравем. Ба мо тавсия шуд, ки ба маҳаллаи Лангар биравем. Тавзеҳ доданд, ки хумпораҳои зиёде он ҷо шиллик шудааст. Дар асари инфиҷори бархе аз онҳо мардум захмӣ шудаанд, хонаҳо вайрон шудааст.
Хушбахтона, Раъно Қурбонова зинда мондааст. Ў мегӯяд: “Вақте аз бемористон, ки барои сӯзандору рафта будам, бармегаштам, мутаваҷҷеҳ шудам дар кӯҳпояҳо теъдоди зиёди сарбози қирғиз бо либоси сиёҳ ҳузур доранд. Фикр кардам мушкиле пеш омада. Сареътар давидам хона. Ба маҳзи ин ки вориди ҳавлӣ шудам, садои як инфиҷори каркунанда омад. Ҳама тирезаҳо ба берун париданд ва гарду хок дар яке аз утоқҳо баланд шуд ва дар ҳамон лаҳза чиғ баланд шуд. Давидам ва набераи 12-солаамро дидам, ки дасташ хунолуд буд. Ба ҳамсояҳо занг задам, кӯдакро бурданд. Баъд мутаваҷҷеҳ шудам, ки ӯ бар асари асобати таркиши гулӯла аз ноҳияи бозу маҷрӯҳ шудааст”.
Дар маҳаллаи Лангар аз чаҳор хонаи дигар боздид кардем. Талафот ва вайронӣ дошт. Бештар гулӯлаҳо аз самти Паски Ариқ, рустои қирғизистонӣ, ки шадидтарин даргириҳо дар он рух дод, ба ин ҷо афтодааст. Аз он ҷое, ки Лангар дар 2-2.5-километрии Паски Ариқ воқеъ шудааст, баъид аст, ки гулӯлаҳо тасодуфӣ афтода бошанд. Онҳо бештар ба самти бурҷи телевизиони маҳаллӣ шиллик шудаанд. Ва ҳама қурбониён дар хонаҳои атрофи он зиндагӣ мекунанд.
Ҳамон тур, ки ба мо гуфта шуд, гулӯлаи дигаре дар наздикии сохтимон милисаи маҳаллӣ ба хонаи яке аз аҳолии маҳалл, ки дар 50-метрии он қарор дорад, асобат кардааст. Сипас шоҳиди осеби ба худравҳои шахсии паркшуда дар наздикии маркази савдо ва сохтмони идории совхози маҳалл низ будем. Зоҳиран зерсохтҳои русто ҳадаф будааст, аммо низомиёни Қирғизистон ба хубӣ медонистанд, ки ҳама ҷоҳое, ки онҳо тирандозӣ мекунанд, ҳамеша серодам аст. Хушбахтона, дар маркази савдо ба касе осебе нарасид. Аммо дар истгоҳи автобус ронандаи такси ва ду мусофир бар асари инфиҷори гулӯла маҷрӯҳ шудаанд.
Аз ҳама чизҳое, ки дида ва гуфта мешавад, чунин бармеояд, ки артиши Қирғизистон ин ҳадафро думбол мекард, ки то ҳадди мумкин хисорат ворид кунад ва хуни бештаре бирезад. Ва ин воқеият, ки даргирӣ ҳамзамон бо рӯзи ифтитоҳия Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шонгҳой дар Самарқанд иттифоқ афтод, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев дастури касеро анҷом медоданд.
Ҳадафи он тазъифи эътибори Созмони ҳамкории Шонгҳой ба унвони созмоне буд, ки қудрат ва иқтидор пайдо мекунад. Ва шакке нест, ки ин даргирӣ тавассути раҳбарии Қирғизистон таҳрик шудааст, зеро дар остонаи иҷлоси Созмони ҳамкории Шонгҳой, Ҷабборов омодагии пойгоҳи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини “Байрактар”-и худро, ки аз Туркия харидорӣ шуда буд, баррасӣ кард. Ва Қамчибек Тошиев, тибқи бархе гузоришҳо, мулоқоте маҳрамона бо артиш доштааст. Аз ин гузашта, дақиқан чунин ҷаласоте бо артиш буд, ки дар остонаи вақоеъи 29-30 апрели 2020 баргузор шуд. Тасодуф ё тадоруки барномарезишуда барои иқдоми низомӣ? Ва тахлияи сокинон? Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ кас дар шаҳракҳои Тоҷикистон тахлия нашуд. Илова бар ин, мардум зиндагии рӯзмарра доштанд.