Хабари рӯз

"Толибон заминҳои ниёгони моро ба зӯр гирифтанд"

Гузориши ихтисосии телеграм – канали “Бозгашт”

Матлаби аслӣ: آوارگی اجباری ۶۰۰ خانواده غوری؛

Дар идомаи сиёсатҳои интиқомҷуёна ва саркӯбгаронаи гурӯҳи Толибон, шашсад хонаводаи сокин дар дара Кишрӯи вулусволӣ/шаҳристони Давлатёри вилояти Ғӯр бо тавассул ба зӯру шиканҷа аз хонаҳояшон кӯчи иҷборӣ дода шуда ва заминҳои онон тавассути аъзои гурӯҳи Толибон ғасб шудааст. Наворҳои тасвирие, ки манобеъ аз маҳалл ба хабаргузории Бозгашт фиристодаанд, нишони ошкор аз зулм, саркӯб, интиқомҷӯӣ ва истибдод болои сокинони фақири ин минтақа аст. Дар наворҳои фиристодашуда дида мешавад, ки хонаводаҳо таҳти фишори аъзои гурӯҳи Толибон, бо аҷала ва тарс, дору надорашонро аз хонаҳои бумии хеш берун кашида ва дар ҳоли тахлияи рустоҳои обоияшон ҳастанд.

Як бузурги қавмӣ, ки ҳамроҳ бо атфол ва аъзои хонаводааш маҷбур ба тарки рустои худ шудааст, мегӯяд:

“Ҳаштод сол син дорам ва ниёгони мо аз 400 то 500 сол пеш дар ин минтақа зиндагӣ мекарданд, аммо ҳоло ба ҳукми Аҳмадшоҳ Диндӯст, фармондеҳи қули урдуи 205 Албадри Толибон бераҳмона кӯч дода мешавем ва танҳо Худованд метавонад ба доди мо бирасад.

Наворҳои фиристодашуда ҳамчунин нишон медиҳанд, ки аъзои гурӯҳи Толибон тамоми васоили хонаводаҳоро аз хонаҳояшон берун кашида ва онон мунтазири расидани мутар ва сафар аз рустоҳояшон ҳастанд. Бошандагони маҳал мегӯянд, бо аъзои гурӯҳи Толибон, ки ононро водор ба кӯчи иҷборӣ кардаанд, тавони муқобиларо надоранд ва маҷбур шудаанд тан ба мазлумият дода, хона ва заминҳояшонро ба гурӯҳи Толибон раҳо кунанд.

 

Интиқомҷӯии гурӯҳи Толибон пушти пардаи як кӯчи иҷборӣ

Манобеъи маҳаллӣ ба хабаргузории “Бозгашт” изҳор доштанд, мардуми Давлатёр ба далели истодагӣ дар баробари гурӯҳи Толибон тайи солҳои гузашта, ҳадафи мустақими интиқомҷӯии сиёсии ин гурӯҳ қарор гирифтаанд. Онон дар замони давлати ҷумҳурии исломии Афғонистон, ба вежа дар манотиқи кӯҳистонии Ғӯр, заработи қобили таваҷҷӯҳе ба гурӯҳи Аҳмадшоҳ Диндӯст (толиб) ворид карда буданд. Акнун, бо султаи гурӯҳи Толибон, ин қавм ба ҷои додхоҳӣ, бо ихроҷ, саркӯб ва ҳазфи систематик мувоҷиҳ шудаанд.

 

Решаҳои аслии далели кӯчи иҷбории мардуми Давлатёр тавассути Толибон

Ба гуфтаи манобеъ, решаи аслии кӯчи иҷбории ин хонаводаҳо ба ихтилофоти таърихӣ миёни ду қавми тойманӣ ва хонзода (сардорхел) пайванд дорад, ки бар сари заминҳои дараи Кишрӯ мунозиъаи дерина доштанд. Дар ҳоле ки соли гузашта шӯрои уламои гурӯҳи Толибон дар Ғӯр ҳукм ба тақсими заминҳо миёни ду тараф дода буд, Аҳмадшоҳ Диндӯст бо зери по гузоштани сареҳи ин ҳукм, ба нафъи қавми сардорхел –, ки яке аз ҳамсаронаш низ аз он қавм аст – файсалаи якҷониба содир кардааст. Зеро ба гуфтаи онон, Диндӯст хусумати дерина бо қавми тойманӣ –, ки дар давраи ҳукумат ҷумҳурият бо гурӯҳ Толибон ҷангида, дорад. Ва ҳоло аз қудрат ва зӯри хеш барои интиқомгирии қавмӣ истифода кардааст. Пеш аз ин дар натиҷаи низоъ миёни ин ду қавм, даҳҳо тан аз ду тараф кушта шудаанд. Дар охирин маврид яке аз шахсиятҳои барҷастаи қавми тойманӣ, ба исми сенатор Аҳмадхон низ пас аз бозгашти гурӯҳи Толибон ба қудрат, кушта шуда, ки манобеъ, онро ба авомили вобаста ба қавми сардорхел ва шахси Аҳмадшоҳ Диндӯст нисбат додаанд.

 

Қудрати бидуни қонун ва саркӯбҳои интиқомҷуёнаи гурӯҳи Толибон

Амалкарди фароқонунӣ ва зӯргӯиҳои қавмии гурӯҳи Толибон, сохтори ҳокимияти ононро ба абзоре барои саркӯби систематики ақвом табдил кардааст. Дар сояи набуди ниҳодҳои мустақили қазоӣ ва инҳисори комили тасмимгирӣ дар дасти фармондеҳони маҳаллӣ, ҳуқуқи миллионҳо шаҳрванди афғонистонӣ қурбонии тасмимҳои шахсӣ, вобастагиҳои қабилаӣ ва душманиҳои қавмӣ шудааст. Кӯчи иҷборӣ, салби моликият ва таҳдиди мусаллаҳона, мисдоқи ошкори нақзи конвенсиюнҳои байналмилалӣ, усули бунёдини ҳуқуқи башар ва омӯзаҳои динии мабнӣ бар адолат ва бародарии исломӣ аст. Гурӯҳи Толибон, дар ҳоле ки шиори “низоми исломӣ”-ро сар медиҳанд, худ амалан бузургтарин ноқизони усули исломӣ дар ҳавзаи адолат ва қазовати бетараф ҳастанд.

 

Сукут, ҳамдастӣ аст; хомӯшии раҳбарони толиб

Бо вуҷуди ҳаҷми густурдаи гузоришҳо ва эътирозҳои маҳаллӣ дар мавриди ин буҳрон, сухангуёни гурӯҳи Толибон то кунун ҳеҷ вокуниши расмӣ ба ин мавзӯъ нишон надодаанд. Сукути расмӣ дар баробари тасмимоти фароқонунии фармондеҳон, нишонаи ошкор аз таъйиди зимнии раҳбарии ин гурӯҳ нисбат ба иқдомоти табъизомез аст.

Огоҳон мӯътақиданд, ки идомаи ин раванд, на танҳо бофти иҷтимоии Афғонистонро беш аз пеш дучори фурӯпошӣ хоҳад кард, балки заминаи ҷангҳои дохилии тоза, бесуботии минтақаӣ ва аз байн рафтани ҳар гуна умед ба ҳамзистии мусоламатомезро низ ба шиддат мутаассир хоҳад сохт.

Пеш аз ин вилоёти Форёб, Ҷузҷон, Тахор, Панҷшер, Бадахшон, Дойкундӣ ва Кобул низ шоҳиди кӯчи иҷбории сокинони бумиашон тавассути афроди мусаллаҳи гурӯҳи Толибон будаанд. Толибон дар вилояти Дойкундӣ садҳо хонаводаро таҳти унвони бозгардондани заминҳои ғасбӣ ва сохти проектҳои шаҳрӣ кӯч доданд. Дар мавриди дигар, вазири адлияи ин гурӯҳ дасти кам 100 хонаводаро дар минтақаи Сенаториами ноҳияи Шашуми шаҳри Кобул аз хонаҳояшон ихроҷ кард ва хонаҳои ононро ба аъзои хеш тавзеъ намуд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!