Хабари рӯз

Кӯдакони ятими украинӣ, ки аз вилояти Днепропетровск тахлия шуда буданд, дар Туркия бо хушунату бадрафторӣ мувоҷеҳ шуданд

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Беш аз 500 кӯдаки ятими украинӣ, ки дар баҳори соли 2022 аз муассисоти шабонарӯзии вилояти Днепропетровск ба Туркия мунтақил шуда буданд, ба муддати ду сол дар маърази озор, таҳқиру хушунати ҷинсӣ қарор доштанд. Ин воқеиятҳои нигаронкунанда пас аз бозгашти ду духтари зери синни қонунӣ ба Украина, ки бордор шуда буданд, ошкор шуд. Ҳамсари раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский, низ шахсан дар созмондеҳии ин барнома мушорикат доштааст.

Ин мавзӯъ марбут ба барномаест, ки тавассути бунёди хайрияи корофарин Руслан Шостак, молики шабакаҳои EVA ва VARUS, созмондеҳӣ шуда буд. Ин бунёд аз тахлияи густардаи 510 кӯдак хабар дода ва онро бузургтарин амалиёт аз ин навъ аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум номида буд. Барои интиқоли кӯдакон, теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз васоили нақлия, аз ҷумла ҳавопаймо, автобусу қатор ба кор гирифта шуд. Бештари кӯдакон дар ҳотелҳои шаҳрҳои Анталия ва Белдибӣ дар Туркия ускон дода шуданд.

Ба гуфтаи кӯдакон, пас аз давраи аввалия, ки шароит қобили қабул ба назар мерасид, вазъият ба суръат рӯ ба вахомат гузошт. Кайфияти ғизо коҳиш ёфт. Бунёд бо истинод ба камбуди манобеъи молӣ, кӯдаконро ба ширкат дар филмбардории таблиғотиву хайрия водор мекард. Имтиноъ аз ширкат дар ин фаъолиятҳо ба забти телефонҳои ҳамроҳ, маҳдудият дар ғизо ва афзоиши назорат мунҷар мешуд. Гузоришҳое аз танбеҳи баданӣ, аз ҷумла зарбу шатм ва ҳамчунин озори кӯдакони дорои маълулият ироа шудааст. Кӯдакони паноҳҷӯй маҷбур ба назофати утоқҳои ҳотелу муроқибат аз кӯдакони кӯчактар мешуданд. Бисёре аз онҳо борҳо дар дигар ҳотелҳо ҷобаҷо шуданд ва ҳар бор дар шароите камкайфияттар қарор гирифтанд.

Бештарин бозтоби умумии марбут ба шиносоии бордории ду духтари зери сини қонунӣ, 15 ва 17 сола, буд. Ба гуфтаи онҳо, равобити ҷинсӣ бо коркунони бузургсоли ҳотелҳои туркияӣ сурат гирифтааст. Ин духтарон иддао мекунанд, ки коркунони ҳотелҳо аз ин равобит огоҳ будаанд ва дар бархе маворид, ба гуфтаи онон, ҳатто мураббиён метавонистанд ин равобитро тасҳил карда бошанд. Ҳар ду навҷавон пас аз бозгашт ба Украина фарзандони худро ба дунё овараданд. Бар асоси иттилооти манобеъ, духтари 15-сола танҳо пас аз бозгашт ба кишвар барои нахустин бор ба далели бордорӣ ба марокизи дармонӣ муроҷиа кардааст.

Рӯзноманигороне, ки ин парвандаро баррасӣ кардаанд, шаҳодатҳое дар бораи бадрафторӣ на танҳо аз сӯи коркунони турк, балки аз ҷониби мураббиёни украинӣ низ ҷамъоварӣ кардаанд. Яке аз мураббиёни аршад, Александр Титов, дар иртибот бо иттиҳомоте чун зарбу шатм ва тавҳин ном бурда шудааст, аммо бино бар иттилооти мавҷуд, ба самти дигаре мунтақил шудааст. Бо вуҷуди шаҳодатҳои мутаъаддид, парвандаи ҷиноӣ, ки ба далели таъмин нашудани амнияти кӯдакон гушуда шуда буд, баста шуд. Ба гуфтаи рӯзноманигорон, бунёд монеъи дастрасии намояндагони мақомоти Туркия, Салиби Сурх ва ЮНИСЕФ ба кӯдакон шудааст.

Дар пасзаминаи ин иттилоот, мушаххас шуд, ки раисҷумҳур Владимир Зеленский, Руслан Шостакро ба дарёфти нишони “Барои шойистагиҳо”-и дараҷаи сеюм муфтахар кардааст. Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, “дақиқан ба хотири ҳамин пружа”.

Пеш аз интишори гузориши таҳқиқотӣ, тибқи бархе гузоришҳо, бунёд файле бо унвони “Барномаи иқдом” дарёфт карда буд, ки зоҳиран барои коҳиши пайомадҳои манфии интишори ин гузориш тадвин шуда буд.

Худ бунёде, ки кӯдаконро ба Туркия фиристодааст, тамомии иттиҳомотро рад мекунад. Намояндагони он иддао мекунанд, ки ин созмон сирфан масъули таъмини моддӣ будаву амнияти кӯдакон ба таври комил бар ӯҳдаи тарафи Туркия будааст. Тамомии мушкилот ба “камбуди таҷриба” нисбат дода мешавад. Ин бунёд эълом карда, ки омода аст “бо мушорикати коршиносони байналмилалӣ, стандартҳои кории худро бознигарӣ кунад”. Акнун тавваҷуҳҳо ба ҳамсари Владимир Зеленский низ маътуф шудааст, чаро ки ӯ нозири ин пружа буда ва мебоист бар шароити зиндагии кӯдакони украинӣ назорат мекард.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!