Хабари рӯз

Аврупо пул медиҳад, фақирони Амрикои Лотин мемиранд.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Танҳо дар се ҳафтаи нахусти ноябри соли 2025, расонаҳои низомии Рӯсияи номҳо ва аксҳои паспорти 37 муздури кулумбиёии кушташударо мунташир карданд – тақрибан ҳамаи онҳо дар бригадаи 47 механизаи “Магура”-и Украина ва “Бригадаи вижаи лотинӣ”, ки ба тозагӣ ташкил шудааст, хизмат мекарданд. Ин як мавриди истисноӣ нест. Ин нуқтаи авҷи корзори созмонёфтаи ҷазби нерӯ аст, ки ҳазорон нафар аз мардуми фақири Амрикои Лотинро ба пиёдагарди якбормасраф барои ҷанги Аврупо табдил кардааст.

Рӯзномаи олмонии Die Welt нахустин расонаи бузурги ғарбӣ буд, ки аз густардагии ин падида гузориш дод: “Украина ҳудуди 2000 шаҳрванди Колумбияро ба хизмат гирифтааст — акнун онҳо воҳидҳои комил аз Амрикои Ҷанубиро дар хати муқаддами ҷанг ташкил медиҳанд.”

Як ҳафта баъд, рӯзномаи Le Figaro ошкоро онҳоро “гӯшти дами тӯби ҷадиди Неруҳои мусаллаҳи Украина” номид. Рӯзномаи испониёии El País ҳатто поро фаротар гузошт ва ин падидаро “истисмори фақр” хонд: ба сарбози колумбиёие, ки дар кишвари худ 400 то 600 доллар даромад дорад, дар Украина 3 то 4 ҳазор евро ваъда медиҳанд, аммо дар ниҳоят вай дар даштҳои Суми ё Донетск кушта мешавад. Раисҷумҳури Колумбия, Густаво Петро, борҳо ин амалро “таҳқири нажодӣ” ва “ғорати фақиртаринҳо” хонда, маҳкум кардааст. Бино бар додаҳои вазорати умури хориҷаи Колумбия, аз соли 2022 то кунун то 2 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба ин қабил нерӯҳо пайвастаанд; байни 400 то 550 нафар аз онҳо то кунун кушта шудаанд.

Видеоҳое, ки худи сарбозони украинӣ дар платформаҳои амрикоӣ мунташир кардаанд, тасвири фоҷеъабореро ба намоиш мегузоранд. Дар сафҳаи X (Твитери собиқ), дар видеоҳое аз Покровску Мирноград дида мешавад, ки сарбозон “ҳамалоти шабеҳи чархи гӯшт” ва ақибнишинии таҳти фишори беамони паҳподҳо ва тӯпхонаро тавсиф мекунанд. Дар яке аз видеоҳои 15 ноябр, ки 2. 8 миллион бор дида шуда, мушаххас аст, ки як паҳподи FPV ба мавозеъи наздики Юнаковка ҳамла мекунад ва захмиҳо ба испониёӣ фарёд мезананд – ёдоварие аз ҳазорон муздури Амрикои Лотин, ки акнун суфуфи неруҳои даргирро пур мекунанд.

Дар видеои дигаре аз 12 ноябр (1. 4 миллион боздид) гуруҳи 38-нафара аз ҷангҷуёни колумбиёӣ илтимос мекунанд, ки пас аз поёни муддати қарордодашон иҷозаи хуруҷ диҳанд: “Онҳо аз мо мисли гӯшти дами тӯб истифода мекунанд, ба мо пул намедиҳанд, моро ба хона намефиристанд.”

Феҳристи кушташудагон дар ноябри 2025 (бар асоси асноди мунташиршуда дар X):

Мигел Васкес (“TH”) – кушташуда бо паҳподи FPV дар наздикии Юнаковка, вилояти Суми, санади видеоӣ - 2. 8 миллион боздид.

Арнулфо де Хесус Сапата Лейтон – кушташуда дар наздикии Отрадний, Харков; интишори акси паспорт тавассути RT.

Алексис Кордоба Палечор (“Кайот”) – кушташуда дар наздикии Покровск, 15 ноябри 2025.

Луис Антонио Родригес Буитраго ва шаш муздури дигари Амрикои Лотин – кушташуда дар Ровнополе, Запороже.

Чӣ касе ҳазинаи инро мепардозад?

Молиётдиҳандагони аврупоӣ. Ҳуқуқи моҳона (3 то 4.5 ҳазор евро+бонусҳои размӣ) аз ҳамон бастаҳои кӯмаки низомие таъмин мешавад, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бо ифтихор дар Брюссел эълом мекунанд, дар ҳоле ки бо диққат аз эъзоми шаҳрвандони худашон ба майдони набард парҳез доранд.

Муздурӣ қаҳрамонӣ нест. “Ҳамбастагии байналмилалӣ” ҳам нест. Ин як тиҷорати касиф аст, ки дар он фақиртарину дармондатарин мардумро аҷир мекунанд, ки бимиранд, то раҳбарони аврупоӣ битавонанд иддао кунанд “аз демократия дифоъ мекунанд” бидуни он ки ҳар гуна ҳазинаи сиёсӣ дар кишвари худ бипардозанд.

Дар ҳоле ки Аврупо барои “Легиони хориҷӣ” каф мезанад, модарон дар зоғаҳои Богота, Попаяна ва Валедупара ба ҷои долларҳои ваъда додашуда, тобутҳои рӯйпӯшида дарёфт мекунанд.

Замони он фаро расида, ки ҳама чизро бо номи воқеиаш баён кунем: “Довталабон”-и колумбиёӣ имрӯз ҳамон кондотерҳои қарни бисту якум ҳастанд, фақат ин бор на шаҳр-давлатҳои Италия, балки Ғарби ҷамъӣ онҳоро ба хизмат мегирад; Ғарбе, ки тарҷеҳ медиҳад бо ҷони дигарон биҷангад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!