Оқои Маънавӣ! Оё рӯ овардан ба “созмонҳои ҳуқуқибашарӣ”-е, ки марги як эронидухтар ба номи Маҳсо Аминиро бо гузашти беш аз як моҳ ҳай бод медиҳанд, аммо қатли оми 76 нафар дар Панҷшер ва 120 духтари нозанини ҳазора дар Кобулро аслан надиданд, кори дуруст ва мантиқӣ аст?
Нависанда: Фарзом Козимӣ, “Сангар”
Дар қисмати болоии ин акс аз чап ба рост Нурмуҳаммад Наимӣ валади Алимуҳаммад аз рустои Манҷанастуи дараи Абдуллохели шаҳристони Дараи вилояти Панҷшер буд ва бо як мошини навъи “Сузуки” нон ба даст меовард. Вай ба хотири аз куҳ поён кардани мавошии хеш аз Толибон хат гирифта, бо ду тани дигар аз деҳқонон ба номҳои Ғулом Эшон валади Амирмуҳаммадхон (дар боло аз рост) ва Шероғо валади Муҳаммад Баҳодур боздошт шуда, ҳамон ҷо аз сӯи Толибон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон тирборон мешавад. Дертар Ғулом Эшон низ зери шиканҷаи Толибон ҷон бохт.
Толибон ҳафтаи гузашта ду ҷавонро ба номҳои Абдулқадим валади Абдусалим ва Муҳаммад Одил валади Абдулалим (дар қисмати поёнии акс) аз рустои Куҷони шаҳристони Париён ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимат дастгир намуда, хеле шиканҷа карданд ва ба ҷой номаълуме бурдаанд. Як ҳафта мегузарад, хабаре нест.
Дар ҳамин ҳол, даҳҳо мавриди дастгиру шиканҷа шудани ҷавонони панҷшерӣ, андаробӣ ва дигар тоҷикони Афғонистон иттифоқ афтода, ки дар ниҳоят аҷсоди онҳоро аз ҷайҳои мухталиф пайдо кардаанд. Чанд рӯз қабл дар Панҷшир аҷсоди ду ҷавон ба номҳои Нусратмир ва Муҷтабо (дар акс: аз чап ба рост) аз шаҳристони Париён дар шаҳристони Руха пайдо шуд, ки ду моҳ пеш аз сӯи Толибон бурда шуданд ва хешовандонашон фақат аз либосҳояшон онҳоро шиносоӣ карданд.
Чанд мавриде, ки дар боло зикр шуд, муште аз хирвори ҷиноёти Толибон алайҳи тоҷикон дар Афғонистон аст ва чанд иттифоқ фақат аз ҳафтаи гузашта аст. Созмони Озодӣ, ки дар Аврупо фаъолият мекунад ва омори ҷиноёти ҷангии Толибонро мустанад месозад, мегӯяд, ин гурӯҳ дар 6 моҳи гузашта 20 ҳазор нафар тоҷикро дар Кобул, Парвон, Кописо, Панҷшер, Бағлон, Кундуз, Тахор, Бадахшон, Саманагон, Балх, Форёб, Бодғис, Ҳирот, Ғур, Фароҳ, Ғазнӣ, Бомиён ва Лугар ба иттиҳоми равобит бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дастгир ва зиндонӣ кардаанд.
“Беш аз 13 ҳазор нафарро дар ҷараёни ду моҳи ахир ба зиндон андохтаанд. Танҳо тоҷикони Панҷшер 7 ҳазору 800 нафар ҳастанд. Омори гирифтории панҷшериён ҳар рӯз боло меравад. Зиндониён бо бадтарин рафтор аз сӯи Толибон ва малишаҳои вазиристонӣ шиканҷа мешаванд. Касоне, ки зери шиканҷа аз байн мераванд, дар сурате ба хонаводаашон таслим дода мешаванд, ки эътирофи иҷборӣ бидиҳад ва равобити ҷасадро бо Ҷабҳаи муқовимат таъйид бикунанд ва баъд аз он забонро бибанданд ва бо ҳеҷ расонае мусоҳиба накунанд”, - гуфт манбаъ.
Дар гузорише, ки ин созмон нашр кард, омадааст, Толибон ба гузоришгари Созмон Милал иҷозаи дидан ва мулоқот бо аъзои хонаводаи қурбониёнро дар Панҷшер, Андаробҳо ва Кобул надоданд.
“Гузоришгари Созмони Милал ҳаққи рафтан ба ҳеҷ зиндонеро надорад. Ба ин далел аст, ки гузоришгари Созмони Милал нишонии ҳушманди худро гузоштааст ва мустақим аз мардум мехоҳад, ки ҳар чӣ тасвир, видео аз куштор, аз шиканҷа, аз тавҳин, аз кӯчҳои иҷборӣ, аз таҷовуз ба занон ва мардонро дидед ва доред, лутфан замон ва маконашро мушаххас бисозед”, - омадааст дар гузориши ин созмон.
Бино ба иттилоъи ин созмон, омори касоне ки ба рагбор баста шудаанд, беҳад зиёд аст ва танҳо аз Андаробҳо ба беш аз 500 нафар мерасад.
“Ҳамин тур садҳо ғайринизомӣ ва асирро дар Панҷшер гулӯлаборон кардаанд. Толибон қонунеро вазъ кардаанд, ки дар Панҷшер, Андаробҳо ва Хӯстҳо, касе ҳаққи доштани гӯшиҳои ҳушмандро надоранд, бо ба ин тартиб монеъи нашр ва пахши куштор, шиканҷа ва ҷиноёт шаванд”, - гуфтааст ин созмон.
Дар замони ҳукумати дуввуми Толибон мардуми ҳазораи Афғонистон низ дастхуши бозиҳои иттилоотии ин гуруҳ шуд. Бино ба иттилоъи мухталиф тайи як соли ҳукумати Толибон ҳудуди 1 500 ҳазора фақат дар инфиҷору ҳамлаҳои террористӣ дар масҷиду мактаб ва кӯчаҳо ба ҳалокат расидаанд, ки аксари онҳо намозгузорон, донишҷӯён ва мактабиёни синҳои гуногунанд. Охирин маврид ҳамлаи интиҳорӣ ба маркази омӯзишии Коҷи шаҳри Кобул буд, ки бар асари он ҳудуди 120 донишомӯзи духтари ҳазора ба ҳалокат расиданд. Ҳарчанд ин ҳамалотро кори дасти “ДОИШи Хуросон” унвон мекунанд, дар асл ҳамон ҷиноётест, ки дар гузашта аз сӯи Толибон анҷом мешуданд. Ҳоло Толибон бо истифода аз бренди “ДОИШ” ва қатли оми ҳазораҳо мехоҳанд эътирофи байнулмилалии ҳукумати худро ба даст оранд.
Ҳазораҳо ва дигар афғонистониҳое, ки дар кишварҳои хориҷӣ зиндагӣ мекунанд, дар 96 шаҳри дунё алайҳи ҷинояти башарӣ дар маркази омӯзишии Коҷ тазоҳуроту гирдиҳамоӣ барпо карданд. Ҳештеги ин эътирозот ба 10 миллион адад расид. Як муроҷиат ба Созмони Милали Муттаҳид низ анҷом гирифт, аммо ин созмони бонуфуз эълон кард, ки таъмини амнияти шаҳрвандони Афғонистон масъулияти Толибон аст.
Фазлаҳмад Маънавӣ, собиқ вазири адлияи Афғонистон, дирӯз, 30 октябр, дар сафҳаи фейсбукиаш хабар дод, ки як ҳайате аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон тайи сафаре аз қабл таъйиншуда ба Аврупо қарор аст бо ниҳодҳои муртабити ҳуқуқибашарӣ ва баъзе шахсиятҳои матраҳи кишварҳои аврупоӣ дар робита ба расидагӣ ба ҷиноятҳои рӯзафзуни толибон гуфтугӯ намояд ва мустанадотеро, ки аз ҷароими ҷангӣ, нақзи ҳуқуқи башар ва наслкушӣ тавассути гурӯҳи Толибон бо худ дорад, ҳузурӣ бо онҳо шарик созад.
Оқои Маънавӣ! Оё рӯ овардан ба “созмонҳои ҳуқуқибашарӣ”-е, ки марги як эронидухтар ба номи Маҳсо Аминиро бо гузашти беш аз як моҳ ҳай бод медиҳанд, аммо қатли оми 76 нафар дар Панҷшер ва 120 духтари нозанини ҳазора дар Кобулро аслан надиданд, кори дуруст ва мантиқӣ аст?
Мисле, ки Созмони Милали Муттаҳид қатли оми духтарони ҳазораро ба Толибон ҳавола кард, Шумо аз ин созмонҳо чӣ таваққӯъ доред? Гузоришгари Созмони Милал ҳеҷкора аст ва Толибон ӯро ба пуле ҳам нахариданд, аз дасти шумо чӣ меояд?
Ростӣ, ин додхоҳии гӯсфанд аз гургро мемонад. Аврупо бошад, соҳиби гург, яъне Толибон аст...