Аввалин намояндаи давлати Толибон* вориди Тоҷикистон шуд. Ба унвони бахше аз тими футбол. Ин аввалин сафари расмии намояндаи Толибон ба Тоҷикистон аст.
Нависанда: Мазҳаб Ҷумъа, Азия-плюс
Тими футболи зери 16 соли Афғонистон барои бозӣ бо Қирғизистон дар чорчӯби мусобиқоти CAFA-2022 (U-16) ворид Тоҷикистон шуд.
10 майи соли равон намояндаи давлати Толибон ба унвони бахше аз як тими футболи Афғонистон вориди Душанбе шуд. Инро сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт.
Ҳофиз Аҳмад Зозай. Акс аз сайти расмии Федератсияи футболи Афғонистон
Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар як конфронси матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки рӯзи сешанбе барои дидор бо бозикунон тими миллии Афғонистон ба фурудгоҳи Душанбе рафтанд ва диданд, ки намояндаи ҳукумати Толибон бо ин тим ворид шудааст.
Ба гуфтаи сафир, Ҳофиз Аҳмад Зозай ҳеҷ иртиботе бо варзиш, бавежа футбол надорад ва ҳадафаш аз ин сафар фақат “мушоҳида”-и футболистҳои Афғонистон аст.
"Вазоифи ӯ шомили "назорат" бар 31 варзишкор аст, ки вориди Душанбе шудаанд. Ӯ мутмаин мешавад, ки бозикунон дар бораи давлати Толибон бад сӯҳбат намекунанд, аз фурсати фирор ба кишварҳои дигар истифода намекунанд ва ба Афғонистон бармегарданд. Ин намояндаи ҳукумати Толибон ба мо наздик нашуд ва аз иртибот бо мо ва расонаҳо худдорӣ кард”, - гуфт сафир.
Ин варзишкорон ба сафорат гуфтаанд, ки қабл аз парвоз ба Душанбе ба онҳо ҳушдор дода шуда буд, ки бо хабарнигорон ё ҳатто намояндагони сафорат сӯҳбат накунанд.
“Мо ҳатман бозиҳоеро, ки бозикунони мо дар он бозӣ мекунанд, тамошо хоҳем кард. Мо дар футбол алайҳи Толибон чизе намегӯем. Мо намехоҳем варзишро бо сиёсат олуда кунем, аммо ҳамон тавр, ки мебинед онҳо аз қабл варзишро бо сиёсат олуда кардаанд. Мо аз бозӣ лаззат мебарем, аз бозикунон ҳимоят мекунем, парчами Афғонистон ва Тоҷикистонро барафрошта мекунем”, - гуфт сафир.
Федератсияи футболи Тоҷикистон низ таъйид кард, ки тими зери 16 соли Афғонистон дар таърихи 10 май бо парвози Истамбул - Душанбе вориди Тоҷикистон шуд ва Ҳофиз Аҳмад Зозай "раиси ҳайати онҳост."
Тими зер 16 соли Афғонистон ба унвони бахше аз мусобиқоти CAFA-2022 (U-16) ба таърихи 13 май дар Душанбе бо Қирғизистон бозӣ хоҳад кард.
Ин аввалин сафари расмии як намояндаи Толибон ба Тоҷикистон аз замони ба қудрат расидани онҳо дар Афғонистон дар моҳи август аст. Ва ин дар ҳоласт, ки Тоҷикистон танҳо кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки ҳанӯз бо давлати Толибон иртиботе надоштааст.
Раҳбарии Тоҷикистон дар форумҳои дохилӣ ва байналамилалӣ ҳамвора таъкид мекунад, ки ба ҳукумати фарогир дар Афғонистон мутааҳҳид аст ва тоҷикҳо, ки аксарияти ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд, бояд дар давлат ҳузур дошта бошанд.
Ёдовар мешавем, мусобиқоти қаҳрамонии Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар байни писарони зери 16 сол аз 13 то 20 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Тимҳое аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар мусобиқоти қаҳрамонии зери 16 соли CAFA-2022 ширкат хоҳанд кард.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.