Хабари рӯз

Мудирони ҷанги Афғонистон мехоҳанд дараи Панҷшер, маркази муқовимати зиддитеррористиро ба як маркази бузурги террористӣ табдил кунанд.

ҲИНДУКУШ, 09 ноябр - Сангар, ​​Санам Амир. Қарор аст ҳадди ақал панҷ пойгоҳ барои террористҳои хориҷӣ таҳти раҳбарии Алқоида дар Панҷшер эҷод шавад.

Дар аксҳо: террористҳои гурӯҳҳои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ансоруллоҳ ва Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ дар Панҷшер - Сангар

Яке аз бошандагони қарияи Ҷангалаки шаҳристони Бозораки вилояти Панҷшер, маҳалли таваллуди Аҳмадшоҳ Масъуд, фармондеҳ кулли Муқовимати Аввал дар баробари Толибон ва Алқоида, ба хабарнигори вебсайти Сангар гуфт, як гурӯҳи бузурги мусаллаҳ дар хонаи ӯ, ки акнун мутааллиқ ба писараш - Аҳмад Масъуд, раҳбари Муқовимати Дувум, аст, тақрибан як моҳ пеш мустақар шуд.

“Ин гурӯҳ дар хонаи Қаҳрамони миллии Афғонистон ва хонаҳои атрофи он, ки мутааллиқ ба пайвандони ӯ, аз ҷумла бародараш Аҳмад зиёъ, писарамакҳояш ва дигар аҳолии русто, ки пас аз суқути Панҷшер маҷбур ба фирор шуданд, сукно гузиданд. Қаламрав ба шиддат муҳофизат мешавад. Маълум набуд, ки чӣ касоне буданд. Бархе эҳтимол доданд, ки ин Мулло Зокир, фармондеҳи Толибон дар Панҷшеру Андароб бо дору дастааш аст. Мулло Зокир рафт, аммо ин афрод монданд”, - гуфт манбаъ.

Вай афзуд, тараддуди ин афроди мусаллаҳ бисёр махфиёна буд ва онҳо фақат шабҳо аз хонаҳои худ хориҷ ва фақат аз дур дида мешуданд, замоне, ки чароғҳо дар шаб равшан буд ва фақат сояҳо дар хонаҳо ҳаракат мекарданд.

“Баъдан мардуми маҳаллӣ, ки аслан иҷозаи ҳаракат дар минтақаро надоштанд, мутаваҷҷеҳ шуданд, ки хориҷӣ ҳастанд ва ба забони арабӣ ва урду сӯҳбат мекунанд. Яке аз толибони маҳаллӣ гуфт, ки писари Усома ибни Лодан, Абдуллоҳ, бо дигар фармондеҳони Алқоида дар хонаи Масъуд ҳузур доранд”, - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи вай, замоне, ки маҳалли ихтифои раҳбарони Алқоида фош шуд ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ бар фарози Ҷангалак пайдо шуданд, Толибон “меҳмонони нохонда” – ро аз ин маҳал кӯч доданд ва теъдоди каме аз ин афрод дар хонаи Масъуд дар Ҷангалак мондаанд.

“Ҳудуди даҳ рӯз пеш шабона хонаи Масъудро тарк карданд ва дар Кӯри Гӯшо, дараи кӯчаке дар дараи фаръии Поранда, воқеъ дар шаҳристони Бозорак, нақли макон карданд. Дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ он ҷо қароргоҳи муҷоҳидин ба фармондеҳии Аҳмадшоҳ Масъуд вуҷуд дошт. Ин як қароргоҳи хеле амн аст ва нақбҳои бузурге дар дили кӯҳ дорад”, - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, гузоришҳои дигар аз Панҷшер ҳокӣ аз ҳузури террористҳои хориҷӣ дар ҳадди ақал чаҳор нуқтаи дигари ин дара аст. Бино ба онҳо, Алқоида қасд дорад бо кӯмаки Толибон дар рустоҳои Оҳангарон дар дараи Шоба, Дашти Ревот, Хинҷ (Ҳиссаи Аввал) ва Хӯҷа (Дара) низ пойгоҳҳо ва марокизи омӯзишӣ эҷод кунад.

Як манбаъи дигар бо такя бар иттилооте, ки аз Толибон дарёфт кардааст, мегӯяд, ки се рӯз пеш хонаводаҳои террористҳои хориҷӣ шабона ба Панҷшер мунтақил ва дар хонаҳои сокинони маҳаллӣ, ки ба иҷбор беҷо шуда буданд, мустақар шуданд.

“Дар рӯзҳои ахир таҷҳизоте ба рустои Оҳангарон оварданд ва мардумро аз онҷо берун карданд. Толибон ҳатто ҳайвонотро ҳам куштанд. Онҳо шурӯъ ба кор дар онҷо карданд, ҳатто коргароне аз хориҷ истихдом карданд, ки маҳаллӣ нестанд. Онҳо мехоҳанд маркази омӯзиширо созмондеҳӣ кунанд. Хонаводаҳои онҳо ба Оҳангарон, рустои баъд аз Остона нақли макон карданд”, - гуфт ин манбаъ.

Як манбаъи Сангар дар шаҳристони Дара мегӯяд, ки Толибон аз як ҳафта ба ин сӯ ба думболи хонаҳои холӣ дар рустои Қалъаи Тарха ҳастанд ва даст ба иқдомоти таҳрикомез мезананд, то мардум хонаҳои худро тарк кунанд.

“Ба унвони мисол, худи Толибон як минаро дар ин русто мунфаҷир карда, онро ба муҳосира муҳосира гирифтанд ва даст ба талошии хонаҳои сокинон заданд. Мардумро ҷамъ карданд ва ба онҳо гуфтанд, ки бояд омили инфиҷори минаро пайдо кунанд. Ин иқдомоти таҳрикомез дар минтақаи Обшор низ гирифта шудааст”, - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, 12 фармондеҳи Толибон ва ҷангҷӯёни хориҷӣ, монанди араб, покистонӣ, тоҷикистонӣ, ӯзбекистонӣ ва уйғур ба унвони аъзои Ҳизб ут-таҳрир, ки муҷаввизи расмӣ аз ҳукумати Толибон дарёфт карданд, дар дараи Абдуллохел мустақар шудаанд.

“Ҳизб ут-таҳрир” қасд дорад як қитъаи хоси низомии мутаҳаррик эҷод кунад ва бо муқовиматгарон биҷангад. Бештари ҷангҷуёни хориҷӣ дар рустои Хӯҷа мустақар шудаанд. 15 хонаводаи хориҷӣ низ дар мактаби рустои Тундхӯи шаҳристони Дара ускон дода шудаанд, ки ба мардум гуфтаанд, ба зудӣ ин маконро тарк хоҳанд кард”, - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манобеъи дигар, то имрӯз 20 хонавода аз террористҳои хориҷӣ дар рустои Тундхӯ ва 50 хонавода дар дараи Абдуллохел ҳузур доранд.

Манбаъи дигари Сангар дар Панҷшер мегӯяд, ки аз замони суқути дара, ҷангҷӯёни хориҷи ҳанӯз дар рустои Хинҷ, хонаи Ориф Нурӣ, молики телевизиони Нурин, ки соли гузашта тавассути Толибон дастгир ва баъдан озод шуд, ҳузур доранд.

“Дар он замон маркази фармондеҳии Алқоида дар ин ҷо мустақар буд, ки бар тамоми террористҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ансоруллоҳ, Ҷайши Муҳаммад ва уйғурҳои Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, ки аз Кобул ва Бадахшон ворид шуда буданд, назорат мекард. Акнун, зоҳиран Толибон дар инҷо ҳузур доранд, аммо террористҳои хориҷӣ он қадар шабеҳ ба онҳо ҳастанд, ба забонҳои маҳаллӣ сӯҳбат мекунанд, ки ташхиси онҳо ғайримумкин аст”, - гуфт манбаъ.

Ин манбаъ мегӯяд, ки Толибон дар Панҷшер сокинон ва ҷангҷуёнашонро аз ҳамли телефонҳои ламсии ҳамроҳ манъ кардаанд. Ин барои он аст, ки ҳеҷ кас натавонад иттифоқоти дараро забт ва филмбардорӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, ин савол матраҳ мешавад, ки вақте Панҷшер муҳимтарин қалъаи муқовимати зидди Толибон аст, истиқрори террористҳо дар ин дара чӣ қадар мантиқӣ буда метавонад?

Нозирони авзоъ мегӯянд, дараи Панҷшер, ки дар қалби Њиндукуш қарор дорад, ҳам барои муқовимат ва ҳам барои пинҳон кардани гурӯҳҳои террористӣ аз чашми касоне, ки Толибонро ба ҳимоят аз онҳо муттаҳам мекунанд, матлуб аст. Аз сӯи дигар, Панҷшер дар масири як даҳлези кӯҳистоние қарор дорад, ки Кобулро ба Бадахшон ва Осиёи Марказӣ муттасил мекунад.

Панҷшер дар тӯли наздик ба ним қарни ҷанг дар Афғонистон, сангари муқовимат дар баробари Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар даҳаи 1980 ва Толибон дар даҳаи 1990 ба раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд буд. Пас аз суқути Кобул дар 15 августи 2021 ба дасти Толибон, Панҷшер танҳо вилояте буд, ки муқовимат кард, аммо билофосила дар сентябри 2021 тасарруф шуд. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд ба дараҳои ҷонибии Панҷшер ақибнишинӣ кард ва ҳамчунон бо Толибон ва террористҳои хориҷӣ меҷангад.

Пойгоҳҳои террористони хориҷӣ қаблан дар соири вилоёти шимоли Афғонистон, монанди Форёб, Ҷузҷон, Қундуз, Бағлон ва Бадахшон эҷод шудааст. Эҷоди онҳо тавассути хадамоти ҷосусии минтақа ва ҷаҳон - мудирони ҷанг Афғонистон - дар Панҷшер, сангари муқовимати зидди Толибон ва Алқоида, мумкин аст ба авҷи раванди пойгоҳсозӣ барои терроризм дар шимоли Афғонистон табдил шавад ва ин як ҳушдори ҷиддӣ барои кишварҳои Осиёи марказӣ, Русия ва Чин аст.

Дар айни ҳол, фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон, Ҷабҳаи муқовимати миллиро ба танҳо нерӯи зиддитеррористӣ дар минтақа ва ҳозир дар майдони ҷанг табдил мекунад. Ва танҳо кишваре, ки дар баробари муборизаи мусаллаҳонаи Ҷабҳаи муқовимат монеа эҷод мекунад ва расман аз тариқи фиристодаи худ мехоҳад, ки аз мубориза бо Толибон ва Алқоида даст бардорад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст, ки дар рақобат бо Русия ва Чин мехоҳад низоми амниятии Осиёи Марказиро аз байн бибарад, ҳамон тур, ки ин барномаро дар шимоли Африқо, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо анҷом дод.

Ин вазъ Ҳиндукуш, қабл аз ҳама Панҷшерро ба хатти аввали муборизаи Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин  алайҳи терроризм дар минтақа низ табдил додааст.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!