Иёлоти Муттаҳида тақрибан муодили як будҷаи солонаи низомии худро барои системи ҷадиди дифоъи мушакӣ ҳазина мекунад.
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп, дар поёни моҳи майи 2025 эълом кард, ки системи дифоъи мушакии Амрико “Гунбади тилоӣ” (Golden Dome) тақрибан 175 миллиард доллар барои будҷаи кишвар ҳазина хоҳад дошт, ки 25 миллиард доллари он дар лоиҳаи будҷаи мусавваб (One Big Beautiful Bill) пешбинӣ шуда ва дар июли ҳамон сол тавассути Кунгура тасвиб шудааст.
Бар асоси ин санад, системи дифоъи мушакӣ шомили будҷаи соли 2025 барои гурӯҳҳои зер аст: тавсеа ва якпорчасозии дифоъи мушакӣ ва ҳисгар(сенсор)ҳо, муҳофизати чандсатҳӣ аз қаламрави Амрико ва проектҳои дигар, бидуни дар назар гирифтани барномаҳои дифоъ дар баробари паҳподҳо ва таслиҳоти тактикӣ.
Бо ин ҳол, дар 18 сентябри 2025 вазорати дифоъи Амрико эълом кард, ки ҳазинаи «Гунбади тилоӣ» метавонад чандин баробар афзоиш ёбад. Дафтари будҷаи Кунгураи Амрико (Congressional Budget Office) системи ҷадиди дифоъи мушакиро дар қолаби системи раҳгирҳои фазоӣ (Space-Based Interceptors) баррасӣ мекунад.
Дар ин санад, бароварди ҳазина аз ҳадди ақал (161 то 264 миллиард доллар) то гузинаи пурҳазинатар (542 то 831 миллиард доллар) ироа шудааст. Барои қарордоди тавсеа ва иҷрои ин барнома, чаҳор ширкати бузурги дифоъии Амрико – L3Harris, Northrop Grumman, Rtx ва Lockheed Martin – ва ҳамчунин ширкати SpaceX рақобат мекунанд.
Барномаи истиқрори системи “Гунбади тилоӣ” як проекти пурҳазина аст, бавежа дар сенарияи пурҳазинатари истиқрор, ки амалан бо будҷаи солонаи кулли вазорати дифоъи Амрико (817 миллиард доллар дар соли 2024) қобили муқоиса аст. Тавсеаи вазъият дар ин сенария фишори молии шадиде бар будҷаи Амрико ва кишварҳои узви НАТО ворид хоҳад кард.
Ба навбаи худ, тахсиси манобеъи молии қобили таваҷҷуҳ ба таври иҷтинобнопазире боиси афзоиши қарзи давлатии Амрико ва коҳиши будҷаи соири барномаҳо, бавежа барномаҳои иҷтимоӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи коршиносони ғарбӣ, давлати Амрико талош хоҳад кард бахше аз ҳазинаҳоро ба шарикони НАТО мунтақил кунад ва дар иваз “бо пӯшиши як чатри мушакии ҷадид” аз онҳо баҳра бибарад.
Ба унвони мисол, намояндагони ширкати Lockheed Martin ҳамакунун бо давлати Бритониё дар мавриди тавсеаи системҳои падофанди ҳавоӣ/дифоъи мушакӣ ва якпорчасозии онҳо бо проекти фазоии ояндаи Амрико машварат мекунанд.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти печидаи иқтисодӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва мушкилоти тахсиси панҷ дарсад аз тавлиди нохолиси дохилӣ ба будҷаи НАТО, раҳбарии низомӣ-сиёсии кишварҳои аврупоӣ ногузир бо фишори изофӣ бар будҷа ва афзоиши норизоиятии иҷтимоӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.