Толибон дар як даргирӣ бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бузургтарин талафотро мутаҳаммил шуданд
ҲИНДУКУШ, 02 апрел – Сангар, Ҳасиб Сангарӣ. Ин шадидтарин даргирӣ дар Панҷшер пас аз суқути он ба дасти Толибон дар моҳи сентябри соли гузашта аст, ки бештарин талафоти ҷониро барои Толибон дар пай дошт.
Аминҷони Ҳисоракӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба сомонаи Сангар гуфт, ду рӯзи қабл, 31 март, ба қароргоҳи муқовимат дар дараи Пунии дараи Ҳисораки вулусволии Руха иттилооти кашфӣ расид, ки бино ба он, як гуруҳи ҳудуди 300 – нафараи “Қитъаи сурх” – и Толибони зобулӣ ба азми ҳамла ба ин қароргоҳ вориди минтақа шудааст.
“Онҳо то охири роҳи мошингарди дараи Ҳисорак ҳаракат карда, ду километри дигарро ба дараи канории Пунӣ пиёда ҳаракат карданд ва худро ба қароргоҳ расида, шабро он ҷо сипарӣ карданд. Нерӯҳои мо пас аз расидани иттилои кашфӣ қароргоҳро тарк намуда, дар атрофи он мавзеъ гирифтанд. Фардои он рӯз,1 апрел, ҳаволии соати яку ними рӯз, вақте ҳаво гарм шуд, сари Толибон як ҳамлаи ғофилгирона сурат гирифт”, - гуфт Аминҷони Ҳисоракӣ.
Вай афзуд, як даргирии шадид ба вуқӯъ пайваст, ки дар нахустин соатҳои он теъдоди зиёде аз ҷангиёни муҳосирашудаи толиб ба ҳалокат расиданд.
“Бино ба иттилое, ки ба мо расид, бори аввал Толибон дар ду “ренҷер” 12 ҷасади фавтидагони худро ба шифохонаи Руха интиқол доданд. Даргирӣ то ба ҳол идома дорад. Толибон дар умум ҳудуди 30 кушта ва 15 захмӣ ба ҷой гузоштанд**. Нерӯҳои мо осебе надиданд. 17 силоҳи навъи мухталиф низ ба ғанимати муқовиматгарон афтод”, - гуфт Аминҷони Ҳисоракӣ.
Наворе аз саҳнаи ҷанг, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон нашр кардааст:
Қаблан дафтари матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфта буд, ки дар даргириҳои дараи Пунӣ 10 тан аз неруҳои Толибон кушта ва дасти кам 13 тани дигар онон захмӣ шудаанд.
Ҷанги дараи Пунӣ шадидтарин даргирӣ дар Панҷшер пас аз суқути дара ба дасти Толибон дар моҳи сентябри соли гузашта аст, ки бештарин талафоти ҷониро бар Толибон ворид кардааст.
Ҷанги Панҷшер дар даҳаи аввали моҳи сентябри 2021 як ҳафта давом кард ва бо шикасти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар дараи асосӣ ба анҷом расид. Нерӯҳои муқовимат ба дараҳои канорӣ ақибнишинӣ карданд.
Тибқи иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, аз ҳамон оғоз то кунун дар ҷангҳои Панҷшер ҳудуди 400 нафар ба шаҳодат расидаанд, ки нисфе аз ин теъдод муқовиматгарон ва мардуми мулкии худи дара мебошанд.
Бино ба ин манбаъ, дар ин миён ҳудуди 2000 толиб низ дар қаламрави Панҷшер куштаву захмӣ шудаанд.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст
** Аксҳое ҳам аз толибони кушташуда дар ихтиёри сомонаи Сангар қарор дорад, ки ба далоили маълум, қабл аз ҳама, ахлоқӣ нашр намешаванд