Хабари рӯз

Даврони Покистон дар Афғонистон рӯ ба поён аст, мо фақат шоҳиди афзоиши қудрати Эрон ҳастем.

Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”

Хабари вогузории сафорати Афғонистон дар Теҳрон ба Толибон норизоиятӣ ва шӯру ғавғо, бавежа дар ҳавзаи форсизабони зиддитолиб эҷод кард. Вокунишҳои эҳсосӣ, гоҳ соддалавҳона, қобили дарк аст. Аммо чизе, ки онҳо намебинанд ин аст, ки Эрон, ки ҳоло дар Лубнон, Яман, Ироқ ва Сурия нақши “арбоби аршад”-ро дорад, дар Афғонистон низ аз ҳамин масир пеш меравад. Эрон ба думболи эҷоди камарбанди амниятии худ аст, агар нагӯем, ки дар масири эҷоди императории ҷадиди худ қарор дорад ё ҳадди ақал ба “судури инқилоби исломӣ” машғул аст.

Баъд аз ин ки Эрон дар соли 1982 Ҳизбуллоҳро эҷод кард (се сол пас аз Инқилоби исломӣ), дар Лубнон, ба истилоҳ, бидуни иҷозаи ин ҷунбиш барге такон намехӯрад. Нуфузи Ҳизбуллоҳ ба ҳаддест, ки дар соли 2000, вақте бар асоси қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, нерӯҳои исроилӣ ҷануби Лубнонро ба шарти истиқрори артиши Лубнон дар минтақа тарк карданд, давлати ин кишвар ин фурсатро дар ихтиёри Ҳизбуллоҳ қарор дод. Акнун шимоли Исроил дар тирраси мушакҳои Ҳизбуллоҳ ё беҳтар аст бигӯем, Эрон аст. Ҳизбуллоҳ амалан сипари Лубнон дар баробари Исроил шудааст.

“Эътилофи 8 март”, иттиҳоди аҳзоби тарафдори Сурия ва зидди Исроил, 70 курсӣ аз 128 курсии парлумони Лубнонро дар ихтиёр дорад. Аз ин теъдод, 37 курсиро се ҳизби тарафдори Эрон - Ҳизбуллоҳ, Омул ва Сотсиалистҳои Мутараққӣ ишғол кардаанд. Ва маълум нест аз 19 ҳизби ин кишвар чӣ теъдод вобаста ба Теҳрон ҳастанд. Мишел Наим Авн, нахуствазири Лубнон низ раҳбари “Эътилофи 8 март” аст.

Яман аз соли 2015 тавассути ҳусиҳо ё созмони Ансоруллоҳ бо ҳимояти Эрону Ҳизбуллоҳ идора мешавад. Маҳдӣ Машшот, раҳбари Яман, нафари Абдулмолик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳ аст. Ҳусиҳо, он "ҷангҷӯёни побраҳна", барои Арабистони Саудӣ, рақиби Эрон, як дардисари бузургеанд.

Таҷовузи Амрико ва суқути давлати Саддом Ҳусайн дар Ироқ бо тасаллути Эрон бар он кишвар поён ёфт. Ин достони тӯлонӣ аст ва кофист фақат як мисол бизанем: созмони мусаллаҳи давлати Ироқ “Ҳашд ал-шаъбӣ” (Кумитаи басиҷи мардумӣ), ба гуфтаи манобеъи мухталиф, аз 30 то 67 танзими сиёсӣ ва низомии Ироқро муттаҳид мекунад, ки аксарияти қариб шиа ҳастанд. Замоне Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ (2014-2018) фармондеҳи “Ҳашд ал-шаъбӣ” буд. Дар 25 июли 2022, аҳзобу гурӯҳҳои шиаи ироқӣ Муҳаммад Шиа Судониро ба унвони нахуствазир интихоб карданд.

Алорағми адами суботи сиёсӣ дар се кишвари фавқ, Эрон арбоби авзоъ аст ва ҳаққи ҳарфи аввалро дорад. Дигар бозигарони ҳозир дар Ховари Миёна, назири Амрико, Туркия, кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ва ғайра нуфузе монанди Эрон надоранд. Танҳо коре, ки метавонанд анҷом диҳанд, ин аст, ки аз таҳти контроли комили Теҳрон рафтани минтақа ҷилавгирӣ кунанд.

Аз Ҳамосу Исроил, курдҳову Туркия, аз бозиҳои хатарноки Эрон дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, ба вежа дар Тоҷикистон, сӯҳбат намекунем. Бармегардем ба Афғонистон.

Эрон се муттаҳиди калидӣ дар ин кишвар дорад - шиъёни ҳазора, паштунҳои дуронӣ ва Исмоилхони тоҷик, қудратмандтарин раҳбари зиддитолиб дар ғарби Афғонистон, марзҳои Эрон.

Аммо ин чизест, ки мо мебинем. Комилан мушаххас нест, ки чанд гурӯҳи ниёбатии эронӣ дар Афғонистон вуҷуд дорад, зеро дар ин "кишвари аз ёди Худо рафта" (ба қавли Ҷо Байден), ҳар ҳизб ё гурӯҳе фақат барои зинда мондан ба ягон истихбороти хориҷӣ хидмат мекунад. Эрон мизбони ҳудуди 2 миллион паноҳандаи афғонистонӣ аст. Паноҳҷӯёни афғон ҳамвора аз сӯи созмонҳои истихборотии Эрону Покистон ба унвони “тавлидгоҳи ҷосусон” шинохта ва истифода мешуданду мешаванд.

Аммо ибтидо дар мавриди ҳазораҳо.

Иҷоза диҳед аз достони “Шубоб ал-ҳазора” (, ки дар даҳаи 1960 дар Наҷафи Ироқ ба вуҷуд омад) ва Имом Хумайнӣ, раҳбари Инқилоби исломӣ ва бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон бигзарам.

Ҳузури воқеӣ ва муассири Эрон дар умури Афғонистон ба замони ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (1979-1989) бармегардад, ки аввалин ҳизби шиъии эронбунёд ба номи Шӯрои инқилоби иттифоқи исломии Афғонистон (соли 1979 ба раёсати Сайидалии Биҳиштӣ) эҷод шуд, ки дар пайи он дар қаламрави Эрон “Ҳаштгонаи шиа” ба вуҷуд омад. Фақат ба асомии ин аҳзоб нигоҳ ва хулоса кунед, ки чӣ қадар ба Эрон, истихборот ва низомиёни он вобаста буданд: ҳизби Наср (Абдулалии Мазорӣ), Ҳизбуллоҳ (Қорӣ Аҳмад Якдаста), Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Афғонистон (Шайх Акбарӣ), Ҳаракати исломии Афғонистон ё Қандаҳор (Муҳаммад Осиф Мӯҳсинӣ, паштуни шиа), Ҳаракати инқилоби исломӣ (Насруллоҳ Мансур), Созмони муборизони исломӣ (Шайх Мисбоҳзода), ҳизби “Раъд” (Сайид Ҷаъфар Нодирӣ).

Ҳамагӣ “вилояти фақеҳ”*- ро ба унвони як андешаи раҳоибахш ва Имом Хумайниро раҳбари ҷаҳони ташайюъ медонистанд ва қасд доштанд Инқилоби исломии Эронро ба Афғонистон ва саросари ҷаҳон густариш диҳанд (Имрӯз ин маъмуриятро “Лашкари фотимиюн”-и ҳазораҳо дар Ироқу Сурия иҷро мекунад). Эрон ҳамаи онҳоро ба унвони гурӯҳе аз "пайравони имом" шинохт ва аз онҳо ҳимоят кард.

* Вилояти фақеҳ – “ҳукумати фақеҳ” - омӯзаи сиёсӣ ва ҳуқуқии шиъаёни асноашарӣ, ки бино ба он, дар асри Ғайбати Куброи имоми дувоздаҳум Муҳаммад Маҳдӣ, раҳбарии шиъаён ба фақеҳон ва муҷтаҳидони солеҳ мегузарад, ки аҳодиси Паёмбари Ислом ва имомони Аҳли байтро нақл мекунанд.

Аз сӯи дигар, “Ҳаштгонаи шиа” посухе ба “Ҳафтгонаи Пешовар” (Ҷамъияти исломӣ (Бурҳонуддин Раббонӣ), Ҳизби исломӣ (Гулбиддин Ҳикматёр), Иттиҳоди исломӣ (Абдураб Расул Сайёф), Ҳизби исломии Холис (Юнус Холис), Муҳози миллӣ (Сайид Аҳмад Гелонӣ), Ҷабҳаи наҷоти миллӣ (Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ), Ҳаракати инқилоби исломӣ (Муҳаммаднабии Муҳаммадӣ), ҳизби аслии Мулло Умар, бунёнгузори Толибон), эътилофе аз аҳзоби суннии Афғонистон, мақаррашон дар Покистон буд.

Аз ҳамон замон муборизаи Эрон бо Покистон барои тасаллут бар Афғонистон оғоз шуд.

Дар соли 1989, “Ҳаштгонаи шиа”, ба истиснои Ҳаракати исломии Қандаҳор, бо дастури Эрон, дар Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон ба раҳбарии Абдулалии Мазорӣ муттаҳид шуданд, то як ҳизби ҳазора дар баробари аҳзоби қудратманд ва асосии паштун (Ҳизби исломӣ), тоҷик (Ҷамъияти исломӣ), ӯзбек (Ҷунбиши миллӣ) ва барои Эрон Ҳизбуллоҳи Афғонистон, як абзори қудратманди шиъӣ бошад.

Дар ибтидо Ҳизби Ваҳдат ҳамроҳ бо Ҷамъият ва Ҷунбиш дар эҷоди ҳукумати Давлати исломии Афғонистон ба раҳбарии Бурҳонуддин Раббонии тоҷик ширкат доштанд. Аммо (дар қатори далоили дигар) ҳузури Сайёфи “салафӣ” дар ин ҳукумат, раҳбари наздик ба Арабистони Саудӣ, рақиби сарсахти Эрон, ҳизби ҳазораро аз Раббонӣ дур кард.

Инҷониб мӯътақидам, ки талошҳои Эрон барои табдили давлати Раббонӣ, ё беҳтар аст бигӯем, нерӯҳои зомини аслии он, Аҳмадшоҳ Масъуд, ба Ҳизбуллоҳе дигар ва Афғонистон ба як Лубнону Ироқ шикаст хӯрд. Ин дақиқан ҳамон чизе буд, ки эрониён аз Масъуд мехостанд ва ба ҳамин далел Масъуд ҳаргиз ба Эрони форсизабон наздик нашуд. “Амалиёт ба хотири адабиёт”-и ӯ вежагии хоси худро дошт.

Ба салоҳдиди эрониён, нерӯҳои Мазорӣ бо рақиби аслии Раббонӣ - Ҳикматёр муттаҳид шуданд. Туркияву Ӯзбекистон низ ин вазифаро барои Дӯстум таъйин карданд.

Дар натиҷа як иттиҳоди истисноӣ ташкил шуд, ки таърих ёд надорад ва ақли салим онро намепазирад ба номи Шӯрои ҳамоҳангӣ, муташаккил аз Ҳизби исломии паштун, Ҳизби ваҳдати ҳазора ва Ҷунбиши миллии ӯзбек. Дарвоқеъ ин иттиҳоди Покистон (ҳамчунин Амрико, Инглис ва кишварҳои Халиҷи Форс), Эрон ва Туркия алайҳи давлати Раббонӣ-Масъуд буд, ки онҳо онро тарафдори Русия медонистанд. Бар асоси пружаи Шӯрои ҳамоҳангӣ, бо пирӯзӣ бар ҳукумати Раббонӣ-Масъуд, Ҳикматёр раисҷумҳур, Мазорӣ садри аъзам ва Дӯстум вазири дифоъи Афғонистон мешуданд.

Аммо вазири дифоъи давлати Раббонӣ, Аҳмадшоҳ Масъуд, ин нақшаро ба ҳам зад. Покистон, бозигари аслии майдони Афғонистон, аз Ҳикматёр ноумед шуд ва бо ҳимояти Амрико, Инглис ва кишварҳои Халиҷи Форс, Толибонро ба саҳнаи ҷанги Афғонистон овард.

Ин аввалин талоши Эрон барои раҳбарӣ дар умури Афғонистон буд. Пас аз зуҳури Толибон, Эрон як даст ба сӯи онҳо ва (дар иттиҳод бо Русия, Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ) дасти дигар ба Ҷабҳаи муттаҳиди Аҳмадшоҳ Масъуд дароз кард. Сафорати Эрон дар Кобул кор мекард ва консулгариҳои он дар Мазори Шариф ва Ҳирот фаъол буданд. Аз сӯи дигар эрониҳо ба нерӯҳои муқовимати зидди Толибон кӯмак мекарданд.

Теҳрон дар давраи ҷумҳурии тарафдори Амрико (2001-2022) низ сиёсати дугонаи худро думбол кард. Раҳбарони Ҳизби ваҳдат - аз Карим Халилӣ гирифта то Сарвар Дониш - ҳамвора дар рикоби Карзай ва Ғанӣ ҳузур доштанд. Доктор Абдуллоҳ низ муҳраи муштараки Эрону Русия ва Ҳинд буд. Аз сӯи дигар, Эрон бори дигар бо кӯмаки Русия мурдае ба номи Толибонро зинда кард. Ахтар Мансур, раҳбари гурӯҳи Толибон, ҳангоми бозгашт аз Эрон тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар Покистон кушта шуд. Ҳикматёрро ба дархости Толибон аз Эрон ихроҷ карданд, на давлати рӯ ба Амрико дар Кобул. Лозим ба зикр аст, ки Эрон аввалин аъзои “Ал-қоида”-ро аз Афғонистон ба Ироқ интиқол дод ва муқовимат дар баробари Амрико ва ДОИШ-ро бо иттифоқи гурӯҳҳои шиаи таҳти контроли худ сару сомон бахшид.

Ҳузури ҳазораҳо дар ҳукуматҳои ҷумҳурӣ, интизороти Эронро бароварда намекард ва наметавонист бароварда кунад. Бархе аз онҳо дар тилисми "ҷомеаи байналмилал" афтода, ҳатто роҳи Теҳронро фаромӯш карданд. Ба ҳамин далел авлавият фақат Толибон буд, ки метавонист он чиро, ки дар барномаҳои Эрон буд, барои Эрон анҷом диҳад. Ва ин иттифоқ афтод.

Теҳрон ҳамвора нақши калидӣ дар таърихи Афғонистон доштааст. Замоне, ки Инглистон дар хоби амиқе фурӯ рафта ва ҳанӯз 200 сол то зуҳури Покистон боқӣ монда буд, Нодир Афшор, шоҳи Эрон ба кӯмаки арбакиҳои афғон ба фармондеҳии Аҳмадшоҳ Дурронӣ Ҳиндро фатҳ кард. Пас аз марги Нодир, ин фармондеҳ Афғонистони имрӯзро асос гузошт. Аз назари таърихӣ, тоифаи дурронӣ муттаҳиди Эрон буда ва ба хотири кӯмак ба эҷоди кишвари худ бояд мадюни он бошад.

Банда наметавонам ба таврӣ қатъ бигӯям, ки Мулло Ҳайбатуллоҳи дуронӣ, "амиралмуъмнин"-и Толибон чигуна бо эрониён иртибот дорад. Аммо фармондеҳони аршади он, монанди Садр Иброҳим ва Қаюм Зокир “толибони эронӣ” шинохта мешаванд. Даҳҳо тан аз фармондеҳони эронии Толибон дар ғарбу ҷануби Афғонистон солҳо аз ҳимояти Эрон бархурдор будаанд. Ҳатто силоҳҳои ин манотиқ низ бештар сохти Эрон аст.

“Таҷовузи хориҷӣ”: Омодагии Мулло Ҳайбатуллоҳ барои як ҷанги ҷадид

Пас аз суқути Кобул, қарор буд яке аз афроди таҳтулҳимояи Эрону Русия дар Афғонистон бо ҳимояти Садр Иброҳим ва Қаюм Зокир (он замон вазири дифоъи Толибон) ба қудрат бирасад (яке аз генералҳои ҷумҳурӣ эътироф кард, ки ба Ҳомид Карзай иҷоза надод, то қудратро ба даст гирад). Аммо Покистон ва Иёлоти Муттаҳида бо кӯмаки генералҳои ҷумҳурӣ қудратро ба Шабакаи Ҳаққонӣ ва ҷиноҳи Қатар-Яъқуб таҳвил доданд. Пас аз он, қудрат (волиён, сохторҳои вазорати умури дохила, вазорати дифоъ, амнияти миллӣ ва ғайра) дар саросари Афғонистон байни ду гурӯҳи охир тақсим шуд.

"Толибони эронӣ" пушти дарвоза монданд ва таҳти фишор қарор гирифтанд. Ба унвони мисол, хонаҳои Садр Иброҳим ва Қаюм Зокир тавассути аъзои Шабакаи Ҳаққонӣ талошӣ ва худашон бозҷӯӣ шуданд. Метавонед ҳадс бизанед чаро.

Эрон худро аз даст надод. Ҳеҷ кадом аз ин иқдомот барояш хатарнок набуд, зеро қудрати аслӣ дар Қандаҳор, дар дасти “амири муъминон” қарор дошт, ки ҳама бо ӯ байъат карда буданд. Мулло Ҳайбатуллоҳ Шӯрои олии исломиро таъсис дод ва намояндагони онро дар ҳама вулусволиҳову вилоёт мансуб намуд, ки аз волӣ ё вулусвол қудрати бештаре доштанд ва фармондеҳони пулису раҳбарони истихборот тобеъи онҳо буданд. Ин аввалин гоми муассир дар ҷиҳати тақвияти қудрат ӯ ба нафъи Эрон буд.

Имрӯз Мулло Ҳайбатуллоҳ батадриҷ тамоми қудратро дар Афғонистон ба даст мегирад. Бо маҳдуд кардани қудрату салоҳиятҳои ҳарифон, онҳоро тазъиф мекунад. Таҳдиди аслӣ ба қудрати ӯ аз сӯи Шабакаи Ҳаққонии вобастаи Покистон ва гурӯҳи Қатар-Яъқуб вуҷуд дорад, ки ахирӣ дар ҳоли музокира бо Иёлоти Муттаҳида аст. Интиқоди ғайримустақими онҳо аз “амирулмуъминин” дар мавзӯъи таҳсили духтарон ё калимоте монанди “эҳтиром ба хости мардум” чизе ҷуз гумроҳ кардани азҳони умум нест. Саволи аслӣ ин аст, ки оё мухолифони Ҳайбатуллоҳ “байъат”-и худро зери по мегузоранд (ва ин аз назари ислом гуноҳи кабира ва мусовии куфр аст) ва алайҳи “амирулмуъминин” қиём мекунанд?

Аммо Эрон Эрон намебуд ва нанги бузург бар истихбороти қавии он мебуд, агар Садр Иброҳим ва Мулло Қаюмро аз махмаса берун намеовард ва қудратро дар ихтиёрашон қарор намедод. Имрӯз баръакс Ҳаққониву Яъқуб зери шиканҷаҳои равонии онҳо қарор доранд.

"Кудатои нарм"-и Ҳайбатуллоҳ алайҳи Ҳаққониҳо ва Қандаҳориҳо

Дар ҳоли ҳозир, интиқоли сафорати Афғонистон ба Толибон, гоме мантиқӣ барои Эрон ба сӯи ҳадафаш аст ва эъзоми Козимии Қумӣ - “Халилзоди эронӣ” ё “Кобулови эронӣ” - ба ҳайси намояндаи вежа дар умури Афғонистон тасмими муҳиммтарест. Қумӣ нисбат ба ҳамтоёни амрикоӣ ва русии худ ба Толибон наздиктар аст.

Агар қудрати Мулло Ҳайбатуллоҳ дар Афғонистон тақвият шавад, ҳамон нусхаи ҳукумате, ки дар Лубнон, Сурия, Яман ва Ироқ вуҷуд дорад, ба по хоҳад шуд. Агар Таҳрики Толибони Покистон, ки зоҳиран аз сӯи Қандаҳор ва Ҳинд ҳимоят мешавад, низ дар Покистон пирӯз ояд, Ҷумҳурии Исломӣ худ ба худ контроли қаламрави аз баҳри Миёназамин то марзҳои Ҳиндро ба даст хоҳад овард ва ба қавитарин бозигари ин ҷуғрофиё табдил хоҳад шуд.

Замоне, ба далели эҳтиром ба Русияву Чин, мумкин аст ба самти шимоли Амударё кор нагирад, аммо ин дар моҳияти кишваре нест, ки дар сар ҷоҳталабиҳои императориро парвариш медиҳад.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд дафтари расмӣ дар шаҳри Машҳад дорад. Пас аз суқути ҷумҳурӣ, ҳазорон фармондеҳ ва ҷанговари Ҷабҳа ва дигар гурӯҳҳои зидди Толибон ба Эрон паноҳнда шуданд. Ин бад-он маъност, ки Эрон низ барои нерӯҳои зидди Толибон барнома дорад, аммо то кунун фақат дар ҳамин чорчӯб.

Мулло Қаюм Зокир як "толиби эронӣ" буд, ки дар замони ҳамла ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер ҳудуди 80 муқовиматиро ба як бор тирборон кард. Шабакаи Ҳаққонӣ ҳеҷ гоҳ ба ин кор ҷуръат намекард. Аммо ин Эрон буд, ки ба хурӯҷи фармондеҳон ва размандагони Ҷабҳа аз Афғонистон ва паноҳ додани онҳо дар хоки худ кӯмак намуд. Ва даҳҳо мавриди дигар аз ин “бозии дугона” вуҷуд дорад, ки ҳанӯз дар мавриди он сӯҳбате намекунем.

Раҳбарони ҳазора ранҷу азиятҳои ҳазораҳо ва муҷассамаи вайрони “Шаҳид Мазорӣ”-ро тамошо доранд, ҳодисаи Афшорро ёдоварӣ мекунанд, аммо аз қатли оми Толибон дар Якавланг ва Мазори Шариф лаб во намекунанд, зеро Эрон ин иҷозаро намедиҳад. Теҳрон таъйин мекунад, ки чӣ бигӯянд ва чӣ на. Аммо ҳазораҳо шояд ин суолҳоро ҳам дар зеҳн дошта бошанд, ки Абдулалии Мазорӣ чӣ гуна ва бо маслиҳати кӣ ба дасти Толибон афтод ва Маҳдии Балхоб, “агенти амрикоӣ” чӣ гуна аз Эрон вориди Ҳирот шуд?

Дар декабри гузашта, Муҳаммад Исмоилхон аз эҷоди Шӯрои исломии инсиҷоми муқовимат дар баробари Толибон дар Машҳад хабар дод. Дигар дараке аз ӯ нест. Шояд ин ҳам ба дастури истихбороти Эрон ва чизе шабеҳи фишор бар Толибон буд.

Ба баёни дақиқтар, Эрон барои саркӯби муқовимат ва таҳкими қудрати Мулло Ҳайбатуллоҳ ҳар кореро, ки аз дасташ меояд, мекунад. Гумони ғолиб бар ин аст, ки маъракаи таблиғот алайҳи Ҷабҳаи муқовимат ва ҷанг андохтани раҳбарони тоҷик низ кори истихбороти Эрон аст, ки ба дасти ҷигабихӯронаш аз Эрон то Аврупо ба роҳ андохта шудааст.

Ба назари ман, Эрон қасд дорад бо тақвияти қудрати Мулло Ҳайбатуллоҳ, Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар музокироти сулҳ бо ӯ мушорикат диҳад ва як давлати фарогир эҷод кунад. Ҳазораҳо ва бахше аз раҳбарони тоҷик, масалан, Исмоилхон, метавонанд ба ин раванд бипайванданд. Ин посухест ба тарҳи Амрико барои як ҳукумати фарогири шомили Шабакаи Ҳаққонӣ, гурӯҳи Қатар-Яъқуби Толибон, аҳзобу созмонҳои дар табъид ва нерӯҳои зиддитолибони тарафдори Вашингтон.

Дар Лубнону Ироқ тарҳи ҳукумати фарогир шикаст хӯрдааст ва дар Афғонистон баид аст, ки таҳаққуқ ёбад. Афғонистон чизи дигаре аст ва кори дигаре бояд дар ин ҷо анҷом шавад. Ҳукумати фарогир яке дигар аз кулоҳбардориҳо пас аз “ҷумҳурии демократӣ” ё “иморати исломӣ” аст. Аммо дар ҳар сурат Эрон барандаи майдони Афғонистон ва таъсиргузортарин бозигари он хоҳад буд.

Як чиз возеҳ шуда, ки даврони Покистон ба унвони бозигари аслӣ дар саҳнаи Афғонистон рӯ ба поён аст. Худаш бояд аз чоҳи иқтисодиву амниятие, ки имрӯз дар он афтодааст, берун биёяд. Агар сӯҳбат аз ишғоли Афғонистон аст, бояд нигоҳҳо ба самти ҳамсояи ғарбӣ маътуф шавад.

Эрон имрӯз ҳамон нақшеро дар Афғонистон ифо мекунад, ки Покистон аз замони Довудхон то 15 августи 2021 дошт. Касоне, ки даҳонашонро бо “қанди порсӣ” ва “арзишҳои фарҳангии муштарак” бо Эрон ширин мекунанд, билохира бояд бифаҳманд, ки ҳар қудрате бояд ин гуна бошад ва ҳамон кореро бикунад, ки Эрон мекунад. Ҳеҷ ҷои гила аз Ҳофизу Саъдӣ нест.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!