Чаро дипломатияи Эрон як дипломатияи бидуни барнома аст?
Нависанда: Муҳаммад Қодир Мисбоҳ, коршиноси масоили минтақа, махсус барои "Сангар"
Доғ шудани баҳси ҳаққобаи Эрон аз рӯди Ҳирманди Афғонистон баъд аз ин ки расидани об ба обгардонҳои эҷодшуда дар масири ин рӯдхона дар хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳдуд шуд ва ҳатто дар бархе моҳҳо хушкид, сару садоҳои мақомоти эрониро то марзи таҳдид ба пеш бурд.
Ин ба конуни таваҷҷуҳи коршиносон минтақа, аҳзоби сиёсӣ ва расонаҳои пурбинанда қарор гирифт ва нависандагони эронӣ ва афғонистонӣ мақолоти фаровоне аз манзари ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва муҳитизистӣ ба баррасии муҷаддади муоҳидаи оби Ҳирманд, ки дар сол 1351 байни ҳукуматҳои вақти ҳарду кишвар имзо шуда, пардохтанд.
Ҳар касе назар ба гароишҳои зеҳнӣ ва тааллуқоти ҷуғрофиёии худ ва алайҳи ҳамдигар иттихози мавзеъ карданд. Ҳатто бархеҳо ба ҳуқуқи байналмилал бо истиноди баҳси обҳои сарзаминӣ ва дарёчаҳои муштарак байни чандин кишвари мундариҷ дар ҳуқуқи муоҳидот тамассук ҷустанд.
Ман аз ин манзар намехоҳам ба он нигоҳ кунам ва монанди инҳо ба басанда кардани чанд ҷумла ва чанд мода, ки интибоқи онро шабеҳ ба молакашии ҳуқуқӣ бар ин муоҳида медонам ва вақти шуморо дар чунин замина зоеъ намесозам.
Гарчанд даъвои имрӯзи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳақобаи Ҳирманд ва чигунагии вусул ба рӯди Ҳирманд, ки аз кӯҳпояҳо, чашмасорҳо ва борандагиҳои мавсимӣ ҷӯшиш мекунад ва ба ин руди ҳамешаҷорӣ зиндагӣ мебахшад, аз диди бархеҳо бештар чолиши имрӯзӣ дониста мешавад. Ин дуруст нест.
Ба гумони ман, ин ҳақоба ба дарозои таърих пайвастагии ҷуғрофиёӣ, забон, фарҳанг ва таърихи муштараки мо имтидод дорад, чунончи, ки дар заминаи ҳақобаҳо дар Афғонистони кунунӣ дар канори дигар муъзалоти иҷтимоии лоянҳал яке ҳам ҳақобаҳо аст, ки вилоят ба вилоят ва ҳатто вулусволӣ ба вулусволӣ сабаби мунозиъоти минтақаӣ байни деҳқонон шудааст. Ҳар аз гоҳе мунозиъаи ҳақобаҳои дохилии байни заминдорон, бахусус дар фасли тобистон, ҳамасола иттифоқ меафтад ва шурӯи он таърихи мушаххасе ҳам надорад.
Аз ҳамин ҷиҳат мавзӯи ҳақобаи Эрон ва Афғонистон ба унвони як куллияти ба ҳам пайвастаи таърихӣ, ки марзҳои сиёсӣ ҳам вуҷуд надошт, аз тариқи толобҳои ҳомун ҳамвора ба баҳси калони минтақаӣ ва иҷтимоӣ дар ҳар замоне қобили мунозиъа буда, ки ин ихтилофоти зотӣ давлатҳои вақтро мулзам сохтааст, ки барои раҳоӣ ва ҷилавгирӣ аз он муваффақ ба имзои мувофиқатномаи дуҷониба ва таъйини ҳукмияти байналмилалӣ ва таъйини комиссарҳои дуҷониба гардидаанд.
Тамоми моҷарои имрӯзи Афғонистон ва Эрон фақат танҳо ҳақоба нест. Ҳақоба сирфан нӯги кӯҳи яхест, ки аз уқёнуси мушкилоти байни ду кишвар сар берун карда, худнамоӣ мекунад, ки муҳимтарини онҳо ба нақл аз манобеи расонаҳои дохилии ҷумҳурии исломӣ, ки ҳар чанд вақт як бор ба инҳо ишора мешавад, ба ин мавзӯъот бар мегардад.
- давлати ҳамашумул;
- кишт ва қочоқи маводи мухаддир;
- ифротияти мазҳабӣ ва терроризм;
- ташаннуҷоти марзӣ;
- омӯзишу парвариш;
- муҳоҷират;
- пойгоҳҳои гурӯҳҳои мухолифи Эрон;
- қочоқи аслиҳаву нафт;
- гаравгонгириҳои фаслӣ;
- ҳақобаи Ҳирманд.
Ҳар хонандаи мунсифе вақте дипломосии Эронро дар қиболи матолиби матраҳшуда мутолиа мекунад, пай мебарад, ки расидагӣ ва басандагии он фақат дар шиорҳои фиребандаву рӯзона аст, ки сирфан масрафи дохилӣ дорад, на бештар.
Ман бовар дорам, ки агар баҳси ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон як падидаи ҷиддӣ барои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи ҳамсояи шарқиаш матраҳ мебуд, ба ин роҳатӣ таҳрики Толибонро баъд аз тасарруф Кобул, гурӯҳи асили минтақа намедонист ва сафорат Афғонистон дар Теҳронро ба онон вогузор намекард, зеро ба унвони як ҳамсоя, ки таваққӯи ҳаққи доштани ҳусни ҳамҷворӣ яке аз муаллифаҳои барҷаста ба шумор мервад, шаҳрвандони муҳоҷири Афғонистон ин ҳаққро дошт, ки аз дасти Толибон ба онҳо паноҳ оварда буд.
Илова бар ин, ки муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва ақидатӣ ин таваққӯъро музоф месохт ва дар зимн агар аз таваққӯи фавқ чашмпӯшӣ сурат бигирад, аз манзари сиёсӣ Эрон яке аз давлатҳои исломӣ аст, ки узвияти СММ-ро дорад ва раҳбарони гурӯҳи Толибон дар листи сиёҳи ин созмон қарор дорад. Дар ин сурат набояд то таъйини сарнавишти низоми ҳамашумул сафорати Афғонистонро дар ихтиёри Толибон қарор медод, он гуна ки дигар кишварҳо таҳаққуқи онро ба таъмини ҳуқуқи башар, таълиму тарбия, ҳуқуқи занон, расонаҳо ва ҳуқуқи сиёсию маданӣ, мубориза бо маводи мухаддир ва терроризм донистаанд.
Ба назар мерасад, ки мақомҳои давлати Эрон пеш аз он ки аз таҷрибаи чаҳор даҳаи буҳрон дар Афғонистон омӯхта бошад, бештар ба ғарбҳаросӣ, бахусус амрикоҳаросӣ басанда кардаанд ва бо барчида шудани давлати Ҷумҳури Исломии Афғонистон, ки бештар онро давлати дастнишондаи Амрико медонистанд ва демократияву озодиҳои маданӣ ва расонаии онро бо Қонуни Асосии модерн хори чашми худ ва улгуи шаҳрвандони эронӣ талаққӣ мекарданд, чашми дидани Афғонистони модерн ва маданиталабро наёфта буданд.
Эрониҳо ба маҳзи ин ки Толибон бо шиори пирӯзӣ бар неруҳои НАТО ва Ғарб, бахусус, Амрико Кобулро тасхир кард, чунон ҳаяҷонзада шуданд, ки гӯё хобҳои садсолаи онҳо якшаба таъбир шуда бошад. Ин пирӯзиро пирӯзии неруҳои ҳақ алайҳи ботил ва пирӯзии неруҳои миллӣ бар ишғол талаққӣ карданд ва ба ҳамдигар табрик гуфтанд ва ба гурӯҳҳои сиёсӣ, ки наздик ба чаҳор даҳа рафоқат ва муровидаи дӯстона доштанд, пушти по заданд ва мӯҷиби яъсу ноумедиашонро фароҳам оварданд.
Бо таваҷҷуҳ ба бардошти шахсии ман, мақомҳои эронӣ ҳанӯз ҳам дарсҳои хонагии худро дар қиболи таҳаввулоти сиёсии Афғонистон ба хубӣ нанавиштаанд ва дипломатияи онҳо ба дипломатияи мунфаил ва соя бештар шабеҳ аст, то як дипломатияи фаъол ва корои бобарнома.
Чаро?
Мақомҳои эронӣ худро ногузир мебинад, ки аз масъалаи муҳоҷирин ба унвони фишори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто иқтисодиву амниятӣ дар марзҳои худ истифода кунад ва ин бадтарин шевае аст, ки то кунун аз чандин трибуни эрониҳо дар сатҳи Маҷлиси Шӯрои исломиашон шунида шудааст. Ҷаҳон нисбат ба чунин абзоре ҳамгом бо эрониҳо нахоҳад буд ва чӣ басо, ки ба паёмади чунин рӯйкарде мувофиқ набошад ва онро тақбеҳ кунад.
Вале агар эрониҳо бархурди худ бо падидаи маводи мухаддир, қочоқ, ифротият ва терроризмро, ки бо амният ва саломати иҷтимоӣ дар ҷаҳон ҳамроҳ аст ва картелҳои бузурги қочоқу мафия аз он тағзия мекунад, аввалвиятдиҳӣ кунанд ва мезанизмҳои баландмуддати дипломатияро дар буъди минтақаӣ ва ҷаҳонӣ рӯйи даст бигиранд, шояд табдил ба нуқтаи қуввате шавад, ки расидан ба шуморе аз хостаҳои худро, ки ҷаҳоншумул ва ҳамаписанд аст, низ тасҳил кунанд.