Хабари рӯз

Ҳамсояҳо, минтақа ва ҷаҳон аз номи Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ истифодаи тактикӣ ва амалиётӣ мекунанд.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика

Охирин акси Ҳайбатуллоҳ (аз рост), ки моҳи ахир дар расонаҳо пайдо шуд 

Ин ки Ҳайбатуллоҳи номаръӣ, раҳбари Толибон, чаро расонаӣ намешавад саволи хелеҳо муҳим ва дар бисёре маворид баҳсе қобили макс аст, чун маъмулан муҳраҳои истихборотиро ҳама намешиносанд ва набояд ҳам бишносанд. Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ бар беш аз сӣ миллион инсон ҳукм меронад, вале касе вайро надидааст. Ҷолиб аст, ки дар қарни бисту як ва инфиҷори иттилооту имконоти технологӣ, чӣ гуна чунин тарфанди истихборотӣ миллатеро ғофил сохтааст? Бояд бигӯям, ки Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ ба гумони ағлаб вуҷуд надорад. Дуруст аст, ки шахсе ба номи Ҳайбатуллоҳ дар гузашта буда ва дар миёни Толибон ҳузур дошта, аммо вай қаблан бо ду назарияи мутафовит ва ҳамсон дар моҳияти қазия, ки ҳарду адами мавҷудияти вайро таъйид мекунанд, дигар зинда нест.

Назарияи аввал мегӯяд, вай дар натиҷаи инфиҷор дар Кветтаи Покистон ҳамроҳ бо бародар, Мавлавӣ Мутеъуллоҳ, масъули истихбороти Толибон ва Ҳофиз Маҷид, масъули молии Толибон дар соли 2019 кушта шудааст. Назарияи дувум мегӯяд, вай дар асари ибтило ба вируси корона дар бемористоне дар Покистон даргузаштааст. Толибон ҳарду мавридро рад мекунанд ва пофшорӣ ба зинда будани вай доранд. Ҳақиқати мавзӯъ чандон ба дурустӣ маълум нест. Ҳар чӣ ҳаст, номе зери унвони Ҳайбатуллоҳ фармон содир мекунад, ҳукумат мекунад ва аҳадеро маҷолу ҷуръати адами итоат дар баробари вай нест. Чеҳраи хаёлӣ ва ҷанҷолие, ки наметавонад лаҳзае аз сархати хабарҳо ҳошия бимонад ва камокон дар зеҳниятҳову майдони амал ҳокимият дорад.

 

Далоили адами мавҷудияти Ҳайбатуллоҳноми хаёлӣ

- Ҷаҳолати Толибон аз замони зуҳурашон ба гунаи машҳуд собит будааст. Ин ки раҳбаре бидуни чеҳра, танҳо бо садо ва рӯи як қиёс ҳукм меронад ва тамоми Толибон бидуни саркашӣ, аз ин садо итоат мекунанд, ҷои тааҷҷуб дорад. Яъне ин проект ба гунае дақиқ тарҳрезӣ шудааст, ки бидуни каму кост пеш меравад. Пас ин ки чӣ касе паси парда аст, шакку ибҳомҳои зиёдеро дар зеҳни ҳар яки мо эҷод мекунад;

- Гурӯҳи Толибон бисёре аз арзишҳои динӣ, ҳинҷорҳои ахлоқиву иҷтимоиро амалан ғайри қобили қабул эълон кардаанд. Чӣ тавр имкон дорад, ки як зеҳнияти қиёсиро, ки на касе онро дида ва на ҳам мулоқот карда, бидуни қайду шарт итоат кунанд? Дар ин сурат танҳо чизе, ки аз вай машҳуд аст, паёмҳои савтӣ аст ва танҳо чизе, ки метавонад иддаои заифи мавҷудияти Ҳайбатуллоҳро собит бисозад, ахбори дидорҳои хаёлӣ ва сериёлии вай бо сарони Толибон ва ҳалақоти сиёсиву истихборотии берунӣ аст;

 - Шояд барои бисёриҳо савол халқ шавад, ки чаро дигар аъзои Толибон дар вақти вогузории Кобул ба ин гурӯҳ, бо шӯру шаъф дохили Кобул шуданд, аммо Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ то ҳанӯз ба Кобул наомадааст? Маълум аст, ки зери коса нимкоса аст. Ба ин лиҳоз барои ин ки ҳувияти аслии ин рамзи истихборотӣ, ифшо нашавад, касе на вайро дидааст ва на ҳам дастрасӣ ба он, осон аст;

- Чаро дар мавориди нодире, ҳатто аносири дохилӣ ва Толибон, хабарҳои дидору мулоқоти Ҳайбатуллоҳро интишор намедиҳанд? Танҳо дар баъзе мулоқотҳо, хориҷиҳо, монанди нахуствазири Қатар, намояндаҳои СиАйЭй ва соири созмонҳои истихборотии пурнуфуз дар масъалаи Афғонистон ва эҷоди гурӯҳи Толибон, таблиғот мекунанд, ки бо Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ, мулоқот кардаанд ва дидоре доштаанд.

 

Вежагиҳои ин муҳраи истихборотӣ

- Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ шадидан дар талоши эҷоди як идораи мутамаркиз аст, ки маркази фармондеҳии он бояд танҳо Қандаҳор бошад ва таҳти фармони мустақими худаш бошад. Ин кор вайро муҷаззо аз соири раҳбарони Толибон месозад ва нишон медиҳад, ки чеҳрае дар паси парда вуҷуд дорад, ки бештар аз чеҳраи сиёсӣ ва мазҳабӣ, як унсури истихборотиву низомӣ аст ва медонад чӣ гуна як гурӯҳи ҷангталаб ва ифротиро таҳти як фармони мушаххас биоварад;

 - Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ дар талош аст то ҷойгоҳи табақаи рӯҳониро, ки унсури аслии басиҷу иттиҳоди гурӯҳҳои тундрави динӣ аст, дар низоми Толибон тақвият кунад. Зеро бо ин кор қивоми пояҳои қудрати худаш тазмин шуда ва рӯҳониюну муллоҳо, ки таъсири амиқе бар амалкарди Толибон доранд, метавонанд минҳайси як абзор дар хидмати аҳдофи вай ва созмони истихборотии марбути вай қарор гиранд;

- Вай ҳамвора бар хилофи он чӣ, ки бояд як раҳбари мазҳабӣ кунад ва ба истиноди мавориди иршодӣ, барои татбиқи умури динӣ бипардозад ва тавҷеҳи динӣ барои амалкардҳои гурӯҳи Толибон ироа кунад, масруфи тасфиякорӣ дар суфуфи Толибон махсусан бахшҳои низомиву амниятии ин гурӯҳ аст. Ин кор нишон медиҳад, ки то чӣ мизон Ҳайбатуллоҳи хаёлие, ки бо чеҳраи мазҳабии мармуз, аммо моҳияти истихборотӣ дар ин нақш зоҳир шуда, аз амнияти худу эҳтимоли кудато бар зиддаш, нигарон аст.

 

Чаро таъкид бар чеҳраи истихборотӣ будани Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ мешавад?

- Ҳайбатуллоҳ ном аз ибтидои ҳузур дар маснади амиралмуминини Толибон, бар иловаи раҳбари мазҳабии ин гурӯҳ, дар умури сиёсӣ, низомиву истихборотӣ ва амниятӣ бештар мудохила кардааст. Ин нишон медиҳад, ки Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ, унсуре аз истихборот аст, ки медонад чӣ гуна қудрати сиёсиро ба воситаи мудохила дар умури низомиву амниятӣ, тақвият бахшад;

- Чӣ тавр имкон дорад, ки раҳбари як гурӯҳи ҷангталабро, ки аз рӯзи таъсис бо куштану ҷангидан, хӯ гирифтааст, фарди мулкӣ ва як мулло ба ӯҳда гирад? Ҳайбатуллоҳ ном қаблан зоҳиран як фарди мулкӣ будааст ва қарори савобиқи ин ном дар гурӯҳи Толибон, вай бештар масруфи судури фатвову тадриси умури динӣ будааст. Дар ҳоле ки Ҳайбатуллоҳи хаёлии феълӣ як фарди низомиву истихборотӣ аст ва бояд фарде ин гурӯҳро раҳбарӣ кунад, ки ҷангдида бошад ва таҷрибаи лозими низомӣ ва сиёсӣ дошта бошад. Аммо ин ки ин гурӯҳ чӣ тавр ҳозир шуда то бо вуҷуди хосияти ҷангиву низомиаш, фармонбардори як фарди мулкӣ ва мазҳабӣ бошад, ҷои савол аст;

- Далели дигаре, ки далели ин ҳақиқат аст, ки Ҳайбатуллоҳ ном, як рамзи истихборотӣ аст, ин аст, ки вай то акнун дар хафо буда ва касе вайро надидааст. Маъмулан муҳраҳои истихборотӣ, дар хафо зиндагӣ карда ва зиндагии мармузе доранд. Аз куҷо маълум, ки фардо эълон кунанд, ки Ҳайбатуллоҳ ном, ки як куди хаёлӣ аст, даргузаштааст ва даргузашти вай ба иллати маризӣ будааст;

- Ироаи иттилооти зиддунақиз дар мавриди Ҳайбатуллоҳ ном, ҷоҳои бисёре аз шаку ибҳомро боқӣ гузоштааст. Ҳар кӣ бо мушоҳидаи ин иттилооти зиддунақиз, дучори шакку тардид мешавад, ки билохира Ҳайбатуллоҳ ҳаст ё хайр? Ин масъала боис мешавад, ки ҳам мухотибон ва ҳам таҳлилгарон дар мавриди мавҷудияти Ҳайбатуллоҳ ном раҳбари Толибон, ки бештар имкон дорад, вуҷуди физикӣ надошта бошад, дучори шакку тардид шаванд;

- Ҳайбатуллоҳ ном, ки як номи хаёлӣ аст, рафтори мутафовит, кирдори ҷудо ва амалкарди муҷаззо аз дигар муллоҳои Афғонистон дорад. Ҳатто бо дигар сарони Толибон, шабоҳат надорад. Наҳваи суханронӣ, судури фаромин ва талош барои ҷобаҷоии чеҳраҳо дар режими Толибон, махсусан бахшҳои амниятӣ ва низомӣ, вайро як унсури комилан ҷудо нишон медиҳад.

 

Чаро ҳамсояҳо ва дигарон дар мавриди Ҳайбатуллоҳ хомӯшанд?

- Ҳамсояҳо, минтақа ва ҷаҳон аз номи Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ истифодаи тактикӣ ва амалиётӣ мекунанд. Бозӣ бо ин ном, ки вуҷуди физикӣ надорад, барои феълан ба нафъи ҳама аст. Зеро бо ифшо шудани ин, ки ин фард вуҷуди физикӣ надорад, Афғонистоне, ки ба маркази гарми фаъолиятҳои ҳаросафганӣ ва террористӣ мубаддал шудааст ва беш аз бист гурӯҳи террористӣ дар он ҳузури низомӣ ва физикӣ доранд, бо воқиф шудан аз воқеияти адами мавҷудияти Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ, дучори ташаттут ва парогандагӣ шаванд ва натавонанд мутобиқи барномаи аз қабл таъйиншуда дар ҷиҳати мухталсозии амнияти минтақа пеш раванд. Аз сӯи дигар, ифшо шудани адами мавҷудияти Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ, гурӯҳи Толибонро бо буҳрони раҳбарӣ мувоҷеҳ месозад ва ин буҳрони раҳбарӣ барои гурӯҳе, ки амиқан дучор ихтилофот аст ва ҳар лаҳза имкони иншиоб дар даруни он вуҷуд дорад, бо буҳрони машрӯъият дар миёни суфуфи одии Толибон мувоҷеҳ созад;

 

Эҳтимоли кудато дар миёни гурӯҳи Толибон бар зидди Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ

Аносире, ки метавонанд мунҷар ба бурузи ихтилофи шадид ва иншиоб дар миёни Толибон шаванд, қарори зайланд:

 - Маҳдудияти манобеъ барои аксарият аъзои Толибон, ки бист сол дар баробари низоми ҷумҳурӣ ва хориҷиҳо ҷангиданд ва орзу доранд аз имконоту манобеъи қудрати давлатӣ, баҳраманд шаванд. Ин маҳдудияти манобеъ ва инҳисори он дар ихтиёри чанд тайфи маҳдуд қарор дорад, боис шавад то аксарият аъзои Толибон, даст ба шӯришу эътироз бизананд ва дар баробари ҳокимияти Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ қиём кунанд;

- фишори берунӣ барои порча-порча сохтани Толибон, махсусан аз ҷониби ҳамсояҳо, боис мешавад то ҳокимияти якпорчаи Ҳайбатуллоҳ дучори чанддастагӣ шавад ва ваҷҳи холиси раҳбарии бидуни қайду шарти он, шадидан зери савол биравад;

- Барҳам хӯрдани тавозуни қуво дар даруни нерӯҳои Толибон, монанди Шабакаи Ҳаққонӣ, шабакаи Мулло Яъқуб, гурӯҳи Қатар ва гурӯҳи Қандаҳориҳо, мунҷар ба ғалабаи як бахш бар бахшҳои дигар шавад. Ин ташаттут ва прогандагӣ метавонад сохтори ба зоҳир якпорчаи толибониро чандпорча бисозад;

- Рақобати мустамари дохилӣ миёни гурӯҳҳое, ки қаблан аз онҳо ном бурда шуд, боис хоҳад шуд то имкони кудато ва қиёмҳои дохилӣ барои касби қудрату сарват бештар ва имтиёзоти вофиртари моливу сиёсӣ, дар баробари ҳокимияти Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ, бештар шавад. Дар ҳоли ҳозир, гурӯҳи Ҳайбатуллоҳ, Шабакаи Ҳаққонӣ, гурӯҳи Мулло Яъқуб ва гурӯҳи Қатар, чанд гурӯҳи мутахосиму дорои зарфияти билқувва барои тағйир дар назми кунунии Толибонанд. Ҳар кадом бо тағйири тавозун ва эҷоди шикофҳои бештар, тавоноии барҳам задани муодилаи якпорчаи Толибонро доранд

 

Шикофҳои мавҷуд дар миёни Толибон

Шикофи амниятӣ ва ташдиди ҷабаҳоти муқовимат бар зидди Толибон дар майдони сиёсату ҷанг, фишори фазои маҷозӣ ва ҷанги равонии созмонёфта дар баробари ин гурӯҳ, шикофи машрӯъият, ки фишори музофро бар ин гурӯҳ таҳмил мекунад, шикофи зарфият, ки боис хоҳад шуд то низоми толибонӣ, ба мурури замон тавонои ҳукуматдориро аз даст бидиҳад, аз ҷумла муҳимтарин авомил ва шикофҳо дар баробари режими ин гурӯҳ қарор дорад. Ба ин асос, ба вазоҳат маълум мешавад, ки ин гурӯҳ аз марҳалаи шиканандагӣ убур накардааст ва ҳар лаҳза имкони инфиҷори дохилӣ дар он, вуҷуд дошта бошад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!