Усулномаи ҷадиди Толибон Афғонистонро дар лаббаи ҳазфи таърихи башар қарор дод.
Нависанда: Муҳаммад Қодир Мисбоҳ, коршиноси умури минтақаӣ (Афғонистон, Олмон)
Афғонистони имрӯз дар вазъияте истода, ки на метавон онро сирфан як буҳрони гузаро номид ва на ҳам метавон аз он ба унвони назме тасбитшуда ёд кард. Он чӣ мардуми ин сарзамин таҷриба мекунанд, навъе таълиқи амиқи сиёсӣ ва инсонӣ аз тамаддуни башар аст; таълиқе, ки дар он зиндагӣ монанди моқабли таърих идома дорад, бо ин тафовут, ки бар хилофи таърих, ояндае барои тасаввур боқӣ намондааст. Ин вазъият танҳо ҳосили султаи Толибон нест, балки натиҷаи сукутест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳона баргузида ва онро бо вожаҳое чун воқеъгароӣ ва мудирияти буҳрон тавҷеҳ мекунад.
Дар ин сукути ҳисобшуда ҷойгоҳи Афғонистон аз як масъалаи сиёсӣ ба як парвандаи қобили контрол тақлил гардидааст. Ҷаҳон, пас аз солҳо ҳузури пурҳазина барои гузар аз маҳрумият ва фақр ба модернита ва таҷаддуд, тарҷеҳ додааст ба ҷои рӯёрӯӣ бо решаҳои буҳрон, ба мудирияти пайомадҳои он басанда кунад. Толибон дар ин муодила на машрӯъанд ва на ислоҳпазир, аммо ба унвони нерӯе, ки назми ҳаддиақалиро ҳифз мекунад, қобили таҳаммул шинохта мешаванд. Аммо ҳазинаи ин таҳаммулро бояд мардуми Афғонистон бо таълиқи ҳуқуқ, ҳазфи озодиҳо ва фарсоиши каромати инсонии худ бипардозанд.
Эълони усулномаи ҷадиди Толибон ин таълиқро вориди марҳилаи тоза ва ҳатто расмитар кардааст. Ин санад, бар хилофи зоҳири идориаш, сирфан маҷмӯае аз муқаррароти мундариҷ дар он нест; балки баёни сареҳи иродаи қудратест, ки қасд надорад ҷомеаро ба расмият бишиносад. Дар ин усулнома, на нишоне аз мушорикати сиёсӣ дида мешавад ва на иродае барои бозгардондани занон ба омӯзиш, кор ва ҳаёти иҷтимоӣ. Он чӣ барҷаста аст, тамаркузи қудрат, тафсири инҳисорӣ аз дин ва ҳазфи систематики инсоният аз фароянди тасмимгирӣ аст. Ба ин тартиб, таълиқи ҳуқуқ аз вазъияте муваққат ба чорчӯбе сохторӣ ва пойдор табдил шудааст.
Вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ бо эҳтимоли зиёд ба ин усулнома, бори дигар маҳдуд ба нигарониҳои лафзӣ ва баёнияҳои дипломатӣ боқӣ хоҳад монд. Ин вокуниши камҷон паёме дугона дар худ ҳамл мекунад: ба Толибон мегӯяд, ки метавон назми идеологии дилхоҳро бидуни пардохти ҳазинаи ҷиддӣ тасбит кард ва ба мардуми Афғонистон илқо мекунад, ки ранҷу ҳуқуқи эшон дар авлавияти низоми байналмилал қарор надорад. Ба назар мерасад, ки ин сукут на хунсо аст ва на бетаъсир; сукутест, ки сарнавишт месозад.
Дар натиҷаи ин раванд ҷомеае шакл мегирад, ки дар он бидуниҳуқуқӣ ба амре оддӣ табдил мешавад. Насли ҷавон ё роҳи муҳоҷиратро танҳо имкони наҷот барои худ мебинад, ё ба инзиво ронда мешавад, ё дар набуди уфуқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ҷазби ривоятҳои ифротӣ мегардад, ки ба дардисари беинтиҳо барои ҷаҳон ва минтақа табдил мешавад — вақте сиёсат аз матни зиндагии рӯзмарра ҳазф шавад ва ҷойи худро ба бақо бидиҳад. Ин на сулҳ аст ва на субот, балки навъе инҷимоди иҷтимоӣ аст; ҷомеае зинда, ки иҷозаи рушд надорад, талаққӣ мешавад.
Нодида гирифтани ин вазъият, фақат як шикасти ахлоқӣ барои ҷаҳон нест, балки хатое роҳбурдӣ ба шумор меравад. Таърих борҳо нишон додааст, ки саркӯби музмин ва ҳазфи систематик танҳо дар марзҳои ҷуғрофиёӣ маҳсур намемонад. Беадолатии ниҳодинашуда дер ё зуд ба шакли муҳоҷирати густарда, ифротгароӣ ва бесуботии минтақаӣ худро нишон медиҳад. Сукути имрӯз бадеҳӣ ва қарздории амниятии фардоҳои мост.
Бо ин ҳама, содиқона арз мекунам, ки масъулият сирфан ба берун қобили интисоб нест. Афғонистон барои хуруҷ аз ин таълиқ ногузир аст ривояти сиёсии бадили худро бозсозӣ кунад; ривояте, ки инсонро дубора ба маркази сиёсат бозгардонад, ҳуқуқро ғайриқобили таълиқ бидонад ва ҷаҳонро на танҳо бо забони ахлоқ, балки бо забони манофеи муштарак, суботи минтақаӣ ва ояндаи ҷамъӣ хитоб кунад. Ҷомеае, ки танҳо дар нақши қурбонӣ боқӣ бимонад, дер ё зуд аз муодила ҳазф мешавад.
Афғонистони имрӯз дар ҳошияи таърих истодааст; хушбахтона, ҳанӯз аз таърих берун ронда нашудааст, аммо агар дер ҷунбиш шавад, аз ин доира низ хориҷ хоҳад шуд. Чаро ки усулномаи ҷадиди Толибон талош мекунад ин ҳошиянишиниро расмӣ ва доимӣ бисозад ва сукути ҷаҳонӣ онро комилан тасҳил мекунад.
Бо ин ҳол, таърих ҳанӯз баста нашудааст. То замоне ки гуфтугӯи сиёсӣ ва маданӣ зинда бимонад ва ривояти инсонӣ ҷойгузини ривояти идеологӣ шавад, имкони хуруҷ аз ин таълиқ — ҳарчанд душвор ва пурҳазина — ҳамчунон вуҷуд дорад.
Усулномаи ҷазоии Аморати Исломии Толибон қарор зер аст
(аз сафҳаи Аҳмад Саидӣ):
Мубтадие, ки бидъатро пахш ва нашр кунад, 10 сол ҳабс дорад.
Агар муаллим шогирдеро бизанад, ки устухонаш бишканад, аз вазифа азл мешавад.
Беэҳтиромӣ ба падару модар 10 зарба ва 5 моҳ ҳабс дорад.
Агар шавҳар занашро дар ҳадди кабудӣ ва шикастагӣ бизанад, 15 рӯз ҳабс дорад.
Агар касе ба як мусалмон “кофир”, “фосиқ” ё “хабис” бигӯяд, 45 рӯз ҳабс дорад.
Робита бо номаҳрам (ламс, даст додан, бағал кардан) як сол ҳабс дорад.
Хӯрдани рӯза 20 зарба ва ду моҳ ҳабс дорад.
Ихтифокунанда 10 сол ҳабс дорад; агар фардро бикушад, эъдом мешавад.
Қочоқи инсон: бори аввал 1 сол, бори дувум 2 сол ва бори севум 3 сол ҳабс дорад.
Фурӯши маводи мухаддир 5 сол ҳабс дорад.
Қозие, ки ҳукмро бидуни узр ба таъхир биандозад, 10 рӯз ҳабс дорад ва агар ба шӯхӣ ҳукм диҳад, 3 моҳ ҳабс дорад.
Шаҳодати дурӯғин 40 зарбаи шаллоқ дорад.
Ришвадиҳанда ва ришвагиранда як сол ҳабс ва восита шаш моҳ ҳабс дорад.
(Қобили таваҷҷуҳи ҷавонони шабнишин) Раққос ва тамошобин ду моҳ ҳабс дорад.
Ливот ду сол ҳабс дорад ва агар ба одат табдил шавад, эъдом мешавад.
Харид ва фурӯши аъзои бадан як сол ҳабс дорад.
Қиморбозӣ чаҳор моҳ ҳабс дорад.
Ҷанг додани ҳайвонот панҷ моҳ ҳабс дорад.
Харид ва фурӯши силоҳ як то ду сол ҳабс дорад.
Ҷаъли имзо се сол ҳабс дорад.
Қочоқи маводи мухаддир як то ҳафт сол ҳабс дорад.