Хабари рӯз

Паёмҳои суханронии Мулло Яъқуб барои Толибон чист?

Нависанда: Муҳаммад Ориф Раҳмонӣ, узви пешини парлумони Афғонистон

26 далв (15 феврал), дар маросими ёдбуди хуруҷи нерӯҳои Шуравӣ аз Афғонистон, Мулло Ёқуб, вазири дифои Толибон, суханоне эрод кард, ки зоҳиран насиҳатомез ва ахлоқӣ буданд, аммо дар умқи худ ҳовии ҳушдори ҷиддие нисбат ба таҳдидҳои дохиливу фурӯпошии эҳтимолии ин гуруҳ буд.

Ӯ хитоб ба ҳам ҳамқаторонаш таъкид кард: “Коре накунед, ки мардуми оқил шуморо девона хитоб кунанд» ва афзуд, ки Толибон набояд таърихе бар ҷой бигузоранд, ки ояндагон аз он шармсор бошанд. Ӯ бар зарурати канор гузоштани ихтилофоти дохилӣ, парҳез аз интиқомҷӯиву иҷтиноб аз таассуби қавмиву забонӣ таъкид кард ва ҳамзамон итминон дод, ки Афғонистон таҳдиде барои ҳеҷ кишваре несту Толибон хоҳони равобити сиёсӣ ва иқтисодии мубтанӣ бар эҳтироми мутақобиланд.

Агарчи ба зоҳир ин суханон нишонгари булуғи фикрӣ ё ислоҳи сиёсатҳост, таҳлили дақиқтар нишон медиҳад, ки ин хитоба беш аз ҳар чиз бозтоби ҳароси дарунии Толибон аст; ҳаросе, ки на аз душманони хориҷӣ, балки аз таҳдидҳои дохиливу шикофҳои миёни ҷиноҳҳои мухталиф сарчашма мегирад.

Ҳушдор дар бораи “девона хонда шудан”; эътирофии талвеҳӣ ба нокоромадӣ

Истилоҳи “девона хонда шудан” сода нест. Мулло Ёқуб бо ин иборат зимни ҳушдор нисбат ба тасмимҳои ифротиву ғайриақлонӣ, ба таври ғайримустақим эътироф кард, ки бисёре аз фармонҳои идеологии Толибон, аз нигоҳи ҷомеа ва ҳатто бахши қобили таваҷҷӯҳе аз аъзои гуруҳ, ғайримантиқӣ ва худвайронгар аст. Маҳдудиятҳои шадид барои занон, тамаркузи қудрат дар ҳалқае маҳдуду қатъи таъомули амалӣ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ намунаҳое аз ин тасмимҳо ҳастанд. Ин сухан, дарвоқеъ талангур ба нокоромадии роҳбурдӣ ва пайомадҳои мухарриби сиёсатҳои дохилии Толибон аст.

Мухотаби воқеӣ; шикофи дарунии Толибон

Бар хилофи зоҳири миллии суханронӣ мухотаби аслии мулло Ёқуб ҷиноҳҳои дохилии Толибон буданд: ҳалқаи Қандаҳор, Шабакаи Ҳаққонй, фармондеҳони маҳаллӣ ва насли ҷавонтари амалгаро. Ишораи ӯ ба ихтилофоту парҳез аз интиқомҷӯӣ ёдоварии ошкори хатари суқути дохилӣ аст: “Агар ихтилофоти дохилӣ идома ёбад, ҳукумат фурӯ хоҳад пошид.» Ин паём нишон медиҳад, ки ҳарос аз фурӯпошии созмонӣ ва низоҳои дарунӣ, акнун беш аз таҳдиди хориҷӣ меҳвари нигаронии Толибон аст.

Аз пирӯзии низомӣ ба масъӯлияти ҳукуматӣ

Толибон дар соли 2021 фотеҳи ҷанг буданд, аммо акнун масъули идораи кишваре бо иқтисоди фалаҷ, норизоятии умумӣ, муҳоҷирати густарда ва инзивои байналмилалӣ шудаанд. Гуруҳе, ки пештар танҳо қодир ба шиор додану ҳамлаи низомӣ буд, акнун бо воқеияти печидаи мудирияти кишвар мувоҷеҳ аст. Суханони мулло Ёқуб нишондиҳандаи дарки ин воқеият аст: хатари воқеӣ шикаст дар идораи кишвар аст, на таҳдиди хориҷӣ.

Паём ба ҷаҳон; намоише аз машрӯъиятталабӣ

Таъкиди ӯ бар ин ки Афғонистон таҳдиде барои ҳеҷ кишваре несту Толибон хоҳони равобити муҳтарамонаанд, бозтоби заъфи машрӯъияти дохилӣ ва тарс аз инзивои байналмилалӣ аст. Таърих нишон додааст, ки давлате, ки аз машрӯъияти дохилӣ ва хориҷӣ мутмаин нест, талош мекунад заъфи худро бо суханрониҳои ахлоқӣ ва дипломатӣ бипӯшонаду чеҳрае муваҷҷаҳ аз худ ироа диҳад.

Натиҷагирӣ

Суханони мулло Ёқуб, агарчӣ дар қолаби тавсияҳои ахлоқӣ ва ваҳдатталабона баён шуд, дарвоқеъ садоӣ бисёр баланди ҳушдори як қудрати нигарон ва шикананда аст. Толибон бо сохтори идеологӣ, сиёсатҳои саркӯбгарона ва фиқдони таҷрибаи ҳукмронӣ, беш аз ҳар таҳдиди хориҷӣ, аз тасмимҳои худ осеб мебинанд.

Ҳукумате, ки аз дарун ба ақлоният илтимос мекунад, беш аз ҳар замони дигаре шиканандаву осебпазир аст. Сад ҳайф, ки душманонаш дар хоб, таваҳҳуми ҳимояти хориҷӣ ва парокандагии сиёсӣ қарор дорад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!