Хабари рӯз

Пропагандаи толибонизм чӣ гуна аз Афғонистон Мадинаи фозила месозад?

Нависанда: Абдунносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияти миллӣ ва геополитика

Гурӯҳҳои террористӣ ва тундрав, ки хушунатро ба шакли сохторӣ ва ниҳодина истифода мекунанд то аҳдофу мақосиди сиёсии худро тасҳил кунанд, аз пропаганда минҳайси абзор дар ҷиҳати эҷоди тарс дар дили мардум, зеҳншӯии афроди маъмулии ҷомеа ва эҷоди тавозун дар майдонҳои ҷанг истифода мебаранд.

Пропаганда ё таблиғоти сиёсӣ, барои ҷунбишҳои тундраву радикал, ки ба ҳадафи сарнагунии низомҳои мустақари сиёсӣ дар қолаби тарҳҳои истихборотӣ ва дар ҳавли барномаҳои фитнангезӣ тарроҳӣ мешаванд,  дар воқеъ, дар ҳукми шамшери дулаба аст. Фоидаи пропаганда барои ҷунбишҳои тундрав ва радикал, ки бо иттихози равишҳои хушунатомез тарсро дар зеҳнияти оммаи мардум эҷод кардаанд, зеҳншуии умумӣ ва басиҷ кардани мардум ҳавли ормонҳои воҳӣ ва таҳрифи воқеиятҳост.

Таҳйиҷи эҳсосоти миллӣ, мазҳабӣ ва ақидатӣ, таҳрики уқдаҳои шахсӣ, эҷодангез барои рӯйи кор омадани чеҳраҳои козиби қаҳрамонгуна, тозасозии ривояти истиқлол ва мубориза бар зидди ишғол ва эҷоди зеҳнияти инъитофнопазир дар қишри поине, ки ҳаста аслии ҷангро месозанд, дар сархати кори пропагандистии инчунин гурӯҳҳо қарор дорад. Дар чунин шароите мардуми рустоӣ бештар дар ин маворид таҳрик ба якҷо шудан дар сафи ҷанг мешаванд. Бидуни ин ки аз моҳияти аслии ҷанг, аҳдофи гардонандагони он, манобеи он ва машрӯъияти муборизае, ки интихоб кардаанд, иттилое дошта бошанд.

Толибон пас аз сарнагунӣ аз қудрат дар соли 2001 ва алалхусус пас аз соли 2006 ба рӯйкарди пропагандистӣ ва эҷоди зеҳният барои эҷоди тавозун, ташвиқи ҷавонони ҳавзаи ҷануб барои интиҳору инфиҷор ва тарвиҷи фарҳанги хушунат минҳайси абзори тадовуми пайкорашон бо давлат ва неруҳои хориҷӣ истифодаи васеъ бурдаанд. Ин гурӯҳ бо нашри филмҳои инфиҷорҳо, ҳамалоти интиҳорӣ, сарбуриданҳо, ҳамалот ва каминҳо болои неруҳои хориҷӣ ва нерӯҳои амниятии Афғонистон, аз як тараф зеҳнияти тарсу таҷассуми нерӯмандии худро барои таҳти таъсир қарор додани мардум мавриди истифода қарор доданд ва дар марҳалаҳои баъдӣ барои ҷазби бештари афроди бехабар ва фоқиди дирояти ақлӣ ҷиҳати анҷоми ҳамалоти интиҳорӣ, ки ин гурӯҳ онро истишҳодӣ меноманд, иддаи зиёдро ба коми марг фиристоданд. Афроди бехабар, эҳсосотӣ ва гирмонда дар талаҳову тарфандҳое, ки маъмулан аз тарафи созмонҳои истихборотӣ тарроҳӣ мешуданд, маъмулан чӯби сӯхти ҷангҳои ниёбатӣ ҳамчун ҷанги Толибон дар Афғонистон буданд.

Ҷунбиши Толибон аз ибтидои шаклгирӣ ва ба сурати мушаххас баъд аз соли 2007 аз ин равиш баҳраи зиёд бурданд ва билохира муваффақ ҳам шуданд, то тасвири воҳӣ ва козиб аз моҳияти ин гурӯҳро берун бидиҳанд. Аммо дар ҳоли ҳозир, ки дар Афғонистон ҳукуматро дар ихтиёр доранд, ҳамчунон аз ин равиш баҳра мебаранд, аммо бо техникҳои мутафовиту мудерн ва дар қолаби як сохтори сиёсӣ зери номи иморати исломӣ.

 Телевизиони миллӣ, расонаҳои тасвирӣ, монанди каналҳои Ютуб, Фейсбук ва Твитер маъмулан абзоре дар ихтиёри Толибон ҳастанд. Мӯҳтавои ин расонаҳо ҷуз расондани паёми козиби хушбахтӣ дар таҳти ҳокимияти, ба истилоҳ, иморати исломӣ, адолату баробарӣ ва бархӯрди қотеъона дар баробари афроди ноқизи амният ва оромиши мардум нест. Амре, ки ба нудрати бинандагон ва мухотибони он, махсусан, онҳое, ки аз дур ба қазоё менигаранд ва ҳисси тафаввуқталабии қавмиву таборӣ дар зеҳнияташон ғалаба дорад, ба моҳияти аслӣ ва нияту қасди он пай мебаранд.

Телевизиони миллӣ минҳайси танҳо расонаи давлатӣ дар ихтиёри Толибон, ҳамвора ба нашри мулоқотҳои сарони Толибон бо намояндагон ва дипломатҳои кишварҳои берунӣ ва созмонҳои хориҷие, ки барои кӯмак ба вазъияти иқтисодӣ метавонанд муҳим қаламдод шаванд, кори сохтусози чаҳорроҳа, ҷодаҳо ва клиникаҳо, инфози қонуни нархгузории шаҳрволӣ, контроли шаҳрӣ тавассути муллоҳои масъули амният ва тарофик дар ҷодаҳои шаҳрҳову устонҳо, дидори мақомоти Толибон бо мардуми вилоят ва ғайра мепардозанд. Аммо мӯҳтавои аслии ин барнома ҷуз пешбурди ҷанги равонӣ, пропагандаи сиёсӣ ва эҷоди тасвири козиб аз Толибоне, ки дар зеҳниятҳои аксарият кӯбида шудаанд, нест.

Диктатории расонаии Толибон ба мадади ҳалақоти истихборотӣ ва тимҳои техникиву афроди маслакӣ ва ҳам ба лутфу инояти технологияи мудерн, ки бино бар иллате дар хидмати иморати толибонӣ қарор гирифтаанд, дар талош аст, то нокомиҳо ва шикастҳои ин гурӯҳро ҷуброн кунад. Эҷоди ҳисобҳои Твитер, Фейсбук каналҳои Ютуб, анҷоми мусоҳибаҳое, ки ба оммаи мардум зеҳнияти таъмини саддарсадии амниятро дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон медиҳад, ҳама дар як росто танзим шудаанд. Тими таблиғоти толибонӣ, ҳамвора дар талош аст, то ҷилавдори пропагандаи радикаливу террористӣ барои идомаи ҳокимияти ин гурӯҳ бошад. Ба ҳамин малҳуз Толибон дар ин давр аз ҳукмрониашон, ба аҳамияти расонаву телевизион пай бурда ва бар хилофи даври қаблии ҳукмрониашон, телевизиону расонаҳои тасвириро таҳрим накардаанд. Тавсифи Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон, ки бо андак ҷарақа ва вокуниши ҷамъӣ дар лабаи суқут хоҳад буд, монанди он аст, ки ширро сиёҳнамоӣ кунанд. Ва ин дақиқан коре аст, ки диктатории расонаӣ барои Толибон анҷом медиҳад.

Дар ҳоле, ки шароити зиндагӣ, ки дар ҷумҳурият бад буд, ҳоло дар таҳти ҳокимияти Толибон бадтар шудааст, аммо мӯҳтавои ин расонаҳо чизи дасткоришудаи дигареро нишон медиҳанд. Фақр, ноамнӣ, табъизи систематик, бекорӣ, таъқиб ва таҳзиби афрод, талош барои нофиз сохтани қавоиди хосе аз ҷомеаи рустоӣ бар аксарияти ҷомеаи Афғонистон, афзоиши хатти зери фақр, фирори нерӯи ҷавону таҳсилкарда, фуқдони кадрҳои маслакӣ барои ҳукуматдорӣ, афзоиши қиматҳо ва мавориде инчунинӣ зери сояи дурбини толибонизм, мубаддал ба Мадинаи фозила шуда ва сонсури расонаии Толибон, иҷоза намедиҳад, воқеиятҳои талхи ҷомеаи Афғонистон ба берун дарз карда ва бармало шавад.

Толибон мехоҳанд дар шароите, ки шикасти таърихӣ, сиёсӣ ва низомиро мӯҳтамал медонанд, бовари умумии мардум ба авзои ҷории кишварро бо эътимоди козиб халт кунанд, зеро фуқдони машрӯъияти дохиливу байналмилалӣ ва ташдиди фишорҳои минтақаиву ҷаҳонӣ бар ин гурӯҳ ба иллати сиёсатҳои тундравонаашон, фазои дохилиро хоҳ-махоҳ таҳти таъсир хоҳад дод. Толибон бо дарки ин масъала ва бо машвараи ҳалақоти истихборотӣ, талош дар дасткории ҳақоиқ доранд ва ба шиддат дар ҳаросанд, то мабодо шӯриши гуруснагон, инқилоби норозиён ва адами короии имораташон, мӯҷиби сарнагуниашон шавад, амре,ки чандон баид ба назар намерасад.

Дар шароити кунунӣ, ки кишвар бо буҳрони молӣ ва иқтисодӣ мувоҷеҳ аст, ҷурму ҷанҳа (ҷинояту қонуншиканӣ) рӯ ба афзоиш гузошта ва сохтори иқтисодии кишвар дучори ихтилоли шадид шуда, муҳити зисти кишвар рӯ ба нобудӣ аст, чӣ чорае назди Толибон вуҷуд дорад, то дар канори мубориза дар баробари минтақа, дунё ва ҷабаҳоти муқовимат, дар баробари шӯришҳои ҳамагонӣ, санҷише дошта бошанд?

 Ҳатто дар шароити феълӣ, ки дар кишвар зулму истибдод бедод мекунад, афроди худи Толибон низ таҳти таъсир қарор гирифта ва қарори қароин, ҳеҷ асаре аз он яқинҳо ва имонҳои идеологии даврони гузашта дар зеҳнияти афроди ин гурӯҳ боқӣ намондааст. Сатҳи баланди фасоди идорӣ ва таҷаммули бесобиқа дар миёни афроди ин гурӯҳ, хешхӯрӣ ва непотизми мумкин, ҳама чизро дар шарфи тағйиру таҳаввули убуҳҳати диктатории тундравонаи Толибон фурӯ бурд. Амре, ки ба масобаи марги ҳатмии ин гурӯҳ маҳсуб мешавад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!