Таниши низомӣ миёни Толибону Покистон чизе ҷуз идомаи сенарияи истихборотӣ нест.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Тасаввури нигоранда бар ин аст, ки он чи, ки миёни Толибон ва артиши Покистон рух медиҳад, як бозии истихборотӣ, як тактикаи ҷадид ва як тарфанди моҳирона аст, то бозии мавҷуд дар вуҷуди Толибон хулоса шавад ва Исломобод битавонад аз он нафъи муҳосибаашро касб кунад.
Дар ғайри он сурат, дар ҳоли ҳозир, ки аксарияти хонаводаҳои сарони Толибон, ҷойдодҳояшон дар Покистон аст ва иртибототи машкуку мавриди тардиди истихборотӣ, ки миёни сарони ин гурӯҳ ва истихбороти низомии Покистон ба гунаи таърихӣ вуҷуд доштааст, имкони ҳар хел тамаррудро аз Толибон дар баробари Покистон салб мекунад. Ба бовари ман, мантиқӣ ҳам нест, ки тасаввур шавад, фасле аз таниш миёни Исломобод ва Толибон ба вуҷуд омада бошад.
Бар илова, даргирӣ миёни Толибон ва артиши Покистон фасли ҷадиде аз бозиҳоест, ки дар минтақа ба ишораи Инглис, Амрико ва таҳти мудирияти низомиёни покистонӣ ба роҳ андохта шудааст. Фасле аз таҳаввул дар навъи бозӣ ва эҷоди як фазои козибу воруна, барои лопӯшонии ҳақоиқи мавҷуд дар мавриди равобити печидаи Толибону Покистон, зеро аз лиҳози моҳиятӣ Толибон як унсуру абзори таҳти контрол дар назди Покистон аст. Даргириҳое гоҳу бегоҳе, ки дар минтақа рух медиҳад, бештар рӯи корвонҳои маводи мухаддир, ихтилофот рӯи тақсими манофеъ ва навъи бозиҳои сиёсиву истихборотӣ аст.
Аммо дар баъзе мавқеъ вокуниши Покистон дар баробари Толибон ба нисбати пайванде эҳтимолӣ аст, ки мумкин миёни аносири паштун дар Покистону Толибон шакл гирад ва дар оянда ба як чолиш барои Покистон мубаддал шавад. Бо ин ҳам, Толибон нисбат ба вазъияти мавҷуд дорои нафъ ҳастанд ва Покистон ҳам ҳадафмандона дар ин хусус бозӣ мекунад. Ба таври мисол, Толибон барои баланд бурдани ваҷҳа пурхадшашон дар сатҳи дохилӣ, мехоҳанд ҳисси миллигароӣ, дифоъ аз хоку навъе талош барои бозпасгирии манотиқи мавриди иддаои Афғонистон дар он тарафи хатти Дюрандро минҳайси як низоми бомасъулият нишон диҳанд.
Дар ҳоле ки Покистон, бо айни сенария дар талош аст, то аз як тараф бо ирсоли паёме ҳар гуна бозии эҳтимолӣ аз тарафи Ҳинд ва соири кишварҳои минтақаро рӯи корти Толибон расад кунад ва аз тарафи дигар нишон диҳад, ки қурбонии терроризм аст. Албатта, раванди рӯ ба афзоиши тамоюлоти истиқлолталабонаи таборгароёна дар миёни ақвоми сокин дар Покистон, монанди балучҳо, паштунҳо ва панҷобиву синдиҳо, хатари ҷиддӣ аст барои ояндаи сиёсии Покистон, аммо то он марз, ки Толибони Афғонистон битавонанд дар он масир коре анҷом диҳанд, ки манофеи Исломободро бо хатар мувоҷеҳ созад, чандон мантиқӣ ба назар намерасад.
Зимнан, бо таваҷҷуҳ ба хислату пайванди Толибони Афғонистон бо терроризми фаромиллӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақаву фароминтақа ва барномаеро, ки қарор аст ин гурӯҳ барои бесуботсозии минтақа анҷом диҳад, таниш миёни кишварҳои минтақа бо Толибон ва ҳатто кишварҳои ҳомии ин гурӯҳ аз нуқтаи назари амниятӣ иҷтинобнопазир аст, аммо нофармонии Толибон аз Покистон ва тадовуми ин вазъиятро наметавон барои феълан пешбин буд.
Толибон бо иттиҳоди идеологиашон бо соири гурӯҳҳои террористӣ, мунҷумла ТТП, абзоре дар хидмати манофеии амниятии Покистонанд. Имкони идомаи таҳаррукоти инчунинии низомӣ ва даргириҳои марзӣ миёни ин гурӯҳу Покистон бисёр заиф аст, зеро аз лиҳози тавони низомӣ, имконоти тасҳилотӣ, нафарбарӣ ва тадоруки ҷанг барои дарозмуддат Толибон хеле осебпазиранд.
Аз тарафи дигар, дар шароите, ки Покистон, бо буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва муқобила бо гурӯҳҳои балуч ва ҳамчунон рақобати нафасгир бо Ҳинд ба гунаи таърихӣ мувоҷеҳ аст, тадовуми чунин сенарияи ҷангӣ мантиқӣ ба назар намерасад. Вале фасли будан ва мақтаӣ будани ин даргириҳо ба асоси барномаи низомиёни покистонӣ як таҷриба собит шудааст.
Аз ин гузашта, бозӣ то ҷое печидааст, ки ҳатто покистониҳо мехоҳанд пойи Чинро дар қазия дахил созанд ва нишон диҳанд, болои Толибони Афғонистон контроле надоранд. Рӯзномаи “Дон”-и Покистон навиштааст, ки Покистон аз Чин бихоҳад, то Толибонро танбеҳ кунад, дар ҳоле ки бовари ғолиб бар ин аст, ки Покистон воситаест дар ростои гарм шудани равобити миёни Толибону Чин. Агарчи чиноиҳо дар пайи нуфуз дар Афғонистони таҳти контроли Толибонанд, аммо маҷоли камтар бозии муассир ва корсозро, ки битавонад аҳдофи Пекинро бароварда созад, доранд, зеро Толибон аз худ соҳиб доранд ва тасмими ниҳоиро соҳиби аслии ин гурӯҳ мегирад.
Ин дигар бар ҳеҷ касе пӯшида нест, ки Толибон мутлақан як барномаи англисӣ- амрикоӣ дар таҳти мудирияти Покистонанд. Аз сӯи дигар, Покистон талош мекунад бо нишон додани мавзӯъ, пойи минтақаро ба ин буҳрони худсохта, бикашонад ва худ имтиёз касб кунад. Зеро низомиёни Покистон ба хубӣ медонанд, ки ҳар хел дахолати берунӣ (минтақаӣ ва фароминтақавӣ) боиси сарозер шудани пулҳое мешавад, ки битавон аз он барои муқобила бо буҳрони иқтисодиву молӣ дар Покистон истифода кард. Ин бо он иллат аст, ки Покистон бар хилофи муҳосиботаш, ки тасаввур карда буд, бо ҳокимияти Толибон дар Афғонистон, аз як тараф ба умқи стратегиаш дар ин кишвар мерасад ва аз сӯи дигар, метавонад аз минтақа ва фароминтақа минҳайси мудири мустақими ин гурӯҳ, имтиёз касб кунад.
Аммо ҳоло минтақа ва фароминтақа ба гунае драматикӣ дохили як таомули созишкорона бо Толибон шудаанд ва ин кор боиси тазъифи нақши Исломобод дар бозиҳои баъдӣ дар хусуси корти Толибон мешавад. Ба ҳамин далел аст, ки вазорати хориҷаи Амрико Покистонро “шарики муҳим ва калидӣ”-и Иёлоти Муттаҳида мехонд ва изъон медорад, ки замоне, ки сӯҳбат аз мубориза бо терроризму масоили амниятӣ ба миён меояд, бо Исломобод дар иртиботи муназзам ҳастанд. Покистон ҳам аз вазъияти мавҷуд, нафъ мебарад ва кӯшиш мекунад қазияро бо терроризми фаромиллӣ, ки қарор аст тамоми минтақаро даргири як раванди бесуботсозии минтақаӣ созад, пайванд бизанад. Ин кор боис мешавад, то дубора минтақа ва фароминтақа ба Покистон руҷуъ кунанд ва корти бозӣ дар дасти Исломобод инҳисор шавад.
Бо он чи, ки гуфта шуд, даргириҳои инчунинӣ, як барномаи танзим шудааст. Дар ҳеҷ ҷое аз ривоёти таърихӣ чунин собит нашудааст, ки муздур бар бодораш гулӯла шиллик кунад. Толибон бо вуҷуди Покистон зиндаанд. Агар қарор бошад мушкиле барои Покистон пеш биёяд, бақои Толибон дар хатар хоҳад буд. Покистон то ҳангоми мавҷудияти Толибон дар қудрат ва дар ҳошияи он соҳиби нафъ хоҳанд буд. Ҳеҷ гурӯҳе ҳамонанди Толибон барои Покистон омили нафъ нест ва ҳеҷ барномаеро наметавон аз ҷониби Покистон бар зидди Толибон ва ё баръакси онро тасаввур кард. Бозӣ хеле печида аст ва набояд ба зоҳири қазоё нигоҳ кард ва тасаввур кард, дигар Толибон дар контроли Исломобод нест.