Хабари рӯз

Рози юниформи низомӣ пӯшидани Мулло Яъқуб чист?

Нависанда: Муҳаммадусмон Наҷиб, генерали мустафъии артиши Афғонистон

Ёддоште, ки набояд нодида ангошт:

Тарҳи пинҳонии толиб ва дирешии Мулло Яъқуб тарфандест барои ҷамъоварии ҷавонони ғайриипаштун, ба вежа тоҷикон то ҳамаро ба қатлгоҳҳои гурӯҳӣ бифиристанд ва номашро ҷанг бо Покистон бигузоранд.

Имрӯзҳо ҳаёҳуи дурӯғини рӯёрӯии Толибон бо Покистон зиёд расонаӣ шуда, то ҷое, ки коршиносон ва корнашиносони сиёсӣ ҳама дуҳлу сусной зада равонанд. Ман, ки дар даҳаи шаст барои сохтани филмҳои мустанад аз вайронкориҳои Покистон дар кишвари мо масруф будам ва то кунун ҳам мебошам, ногузир будам барои покистоншиносӣ дар ҳудуди имконоти қобили дастёбии он замон мутолиоте анҷом диҳам.

Бо таваҷҷуҳ ба сиёсатҳои ғайри қобили тағйири роҳбурдии Покистон дар мавриди кишвари мо, роҳандозии ин ғоиларо тарҳи тавофуқӣ миёни Толибону Покистон ба ишораи Амрико ва муттаҳидонаш медонам. Чун Амрико дар назар дорад таҳаррукотеро дар пасоинтихобот бояд аз ҷуғрофияи кишвари мо тавассути толибони ниёбатӣ ва муздур суръат бидиҳад, ки минтақаи ҳаёти хилвати Русия ва қудратҳои осиёиро зарба бизанад ва чунон таҳаррукот аз пеш шурӯъ шудаанд. Барои равонсозии ҳуши мардум ин таҳаррукоти сохта роҳ андохта шудаанд. Он гуна, ки дар ин ёфтаҳо мехонем чизе фарохӯри андешаи Покистон дар онҳо дида намешавад.

Ин ҷо аснодеро бихонед, ки бидонед, толиб дурӯғ мегӯяд ва танҳо барои куштори ғайрипаштунҳо барнома дорад.

- (Мавзӯи тасбити персонали низомӣ ва мулкии идораи Кобул, ки дар гузашта даст ба қатл задаанд)

“Ба тамоми раёсатҳои истихбороти вилоёт ассалому алайкум ва раҳматуллоҳу баракотуҳу. Ба таъқиби ҳидояти 427 муаррихи 1445/8/25 олиқадр Амирулмуъминин шайх Ҳайбатуллоҳ Ҳафизуллоҳ муҷоҳидини раёсатҳои истихборот дар марказ ва вилоёт мукаллаф аст, ки листи персонали ҳукумати асбақ, ки қарор аст ба хотири ахзи маошоташон муроҷиа кунандро тартиб ва бар асоси арзёбии ҳар вилоят феҳристи қатлҳое, ки тавассути онон дар давраи ҳокимияти идораи Кобул сурат гирифтаастро ирсол намоянд. Ҷамъоварии мизони ҷурми онон аз тариқаҳои мухталиф сурат бигирад ва раванди он ашадди маҳрам бошад.

Раиси умумии истихборот

Мулло Абдулҳақ (Васиқ)”

- Толибон аз ҳар тахта ё палити офтобгир ё ба қавли ватанӣ, шамсӣ дар марказ ва вилоятҳо моҳе сад афғонӣ молия гузоштааст. Ҳар касе ҳар чӣ қадар тахта дорад, сари ҳар тахта моҳвор сад афғонӣ бипардозанд, яъне аз нури хуршед бояд ба Толибон ҳақ бидиҳанд. Дар вилоятҳо ҳар хона шамсӣ дар бомҳои хеш доранд.

Дувум: молияи ваҳшатнок болои мардуми Шимол. Ҳар муздуркор, ки субҳ аз чавк барои кор бурда мешавад, бояд 30 афғонӣ молия ҳамон рӯзи хеш ба масъули Толибон дар чавк пардохт намоянд.

Севум: ин ки болои шифохонаҳои вилодӣ молия гузоштаанд, ҳар хонавода, ки фарзанд дар шифохона таваллуд мешавад, ҳазор афғонӣ барои Толибон аз таваллуди фарзандаш молия бипардозад. Дар тамоми шифохонаҳо мактуб ирсол шудааст. Зинда бошем, бубинем, дигар чӣ чизҳо ихтироъ шавад.

- Толибон дар Тахор шуморе аз уламоро боздошт кардаанд.

Ёдатон бошад, ки Толибон ба ҳеҷ касе раҳм намекунанд. На ба одами хуб, на ба муаллими хуб ва на равшанфикри хуб ва на ҳатто ба инсонҳои хуб. Қарори иттилоот, Толибон шумори зиёде аз уламои Тахорро ба далели нагирифтани номи раҳбари ин гурӯҳ дар хутбаҳои намози ҷумъа, боздошт ва пас аз миёнҷигарии уламо, бузургони қавмӣ ва мардумӣ онҳоро дубора раҳо карданд.

Манобеъ мегӯянд, ки дар ҷамъи уламои боздоштшуда, Мавлавӣ Тавфиқ аз олимон барҷастаи Тахор ва Муфтӣ Бозмуҳаммад, Мавлавӣ Билол ва чанд тани дигар аз уламои ин вилоят ба далели ин ки номи раҳбари гурӯҳи Толибонро дар хутбаҳояшон нагирифтаанд, дар ҷараёни се ҳафтаи гузашта аз сӯи Толибон боздошт шудаанд. Ин манобеъ меафзоянд, ки Толибон аз назди ин уламо тааҳҳуд гирифтаанд дар хутбаҳои намозҳои ҷумъа, номи раҳбари гурӯҳи Толибонро мегиранд.

Қобили ёдоварӣ аст, ки Мавлавӣ Бозмуҳаммад ба унвони қозӣ дар додгоҳи Толибон низ кор мекунад.

- Манобеи расонаҳо эълом карданд, ки давлати Покистон болои Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи гурӯҳи Толибон фишор оварда, то аз нуфузи худ дар миёни Таҳрики Толибони Покистон кор бигирад,  то монеи амалиёти ин гурӯҳ дар хоки Покистон шавад.

-  Ба нақл аз иттилои расонаҳое, ки дар 27 ҳут мунташир кардаанд, омадааст, ки Амирхон Муттақӣ ва бародараш дар манотиқи мухталифи Покистон, аз ҷумла бандари Гводар ва Квета ҷойдод ва хонаҳои зиёде доранд, аз ин рӯ, давлати Покистон Муттақиро водор кардааст, то монеъи амалиётҳои Таҳрики Толибони Покистон дар хокаш шавад.

Бар асоси иттилооте, ки ба расонаҳо расидааст, нишон медиҳад, ки Амирхон Муттақӣ бо созмони истихбороти ISI робитаb танготанг ва дерина доштааст. Тибқи ин иттилоот, давлати Покистон барои Муттақӣ ҳушдор дода, дар сурат нашунидани нигарониҳои Покистон ин кишвар мадориси Мулло Ҳайбатулло, раҳбари Толибон ва Абдулҳаким Ҳаққонӣ, ки дар Покистон фаъолият дорандро баста мекунад ва ҳамчунон дороиаҳои Муттақиро низ мусодира хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки гузоришҳои зиёде ба нашр расида, ки нишон медиҳад сарони гурӯҳи Толибон дар бист соли гузашта дар Покистон ҳузур дошта ва масруфи тиҷорат дар ин кишвар будаанд ва ҳамчунон хонаҳои муҷаллал дар манотиқи мухталифи Покистон доранд.

- Гӯё пас аз тасаллути гурӯҳи Толибон дар Афғонистон ин гурӯҳ паноҳгоҳҳои амне барои Таҳрики Толибони Покистон эҷод намуда, ки ин кори онҳо ҳамвора равобити Покистону Толибонро бо чолиш мувоҷеҳ сохта ва барои ин ки Толибон посухгӯ шаванд, давлати ин кишвар ҳамвора аз ҷойдодҳо ва тиҷорати сарони Толибонро василаи фишор қарор додааст. Ҳама ҷуз дурӯғкорӣ нест. Чун шиддати зулми толиб ҳам аз ҳадд гузаштааст.

Ба вежа, ки дар яке аз расонаҳо пурсише ба пашту, чунин матраҳ ва мунташир кардааст:

“Оё до хубра рштё даҳ чи Мулло Яъқуб па Қатар ки банди ди? Албатта ла Амрикоёну сара?. Вил кави чи Мулло Яъқуб д дуҳи ла қарордод на ноғири ё тирутана кри.”

Тарҷума ба форсӣ: “Оё ин сухан рост аст, ки Мулло Яъқуб дар Қатар зиндонӣ аст? Албатта, назди амрикоиҳо?”

Сипас акси Мулло Яъқуб бо соати дастии 37 ҳазоревроиро бо либоси низомӣ мунташир карданд. Ин кор чӣ дардеро даво мекунад, агар Покистон бодораш тасмим ба нобудии толиб бигирад?

Расонаи истихбороти Толибон бо ояи Қуръон ба ҳамалоти Покистон вокуниш нишон дод, Ал-мурсад, бо нашри ояҳое аз Қуръон – “Ва ҳар куҷо бар эшон даст ёфтед, ононро бикушед” - гӯё дар баробари ҳамалоти ҳавоии Покистон бар Хусту Пактико вокуниш нишон додааст.

“Нан Покистон д Афғонистон да нна амалиёт тар сара кари бил тараф д Покистон Панҷоб ҳукумат д афғон ситизан корд acc ларунки афғонон да каволу д вистлу лари д април д мёштъ ла 5 таърих) рӯжи мубораки д 25) на шурӯъ кави.”

Тарҷума ба форсӣ: “Покистон имрӯз дар дохили Афғонистон амалиёт анҷом дода ва аз тарафи дигар ҳукумати Панҷоби Покистон раванди ихроҷи дорандагони кортҳои Ситизан С паноҳандагонро аз панҷуми апрел баробар ба бисту панҷуми рӯзаи муборак оғоз мекунад.”

Пас бидонед, ки барномаҳои зермаҷмӯаии дигаре зери коранд, ки:

- Ташдиди зулму ваҳшат болои мардуми ғайрипаштун.

- Ахз ва ҷизягириҳои бепоён ва камаршикан аз ғайрипаштунҳо, ба вежа тоҷикон.

- Муҳимтар он ки толибони террорист ба далели надоштани персонали кофӣ, гӯё ҷанг бо Покистонро баҳона карда, сарбозии умумии иҷбориро эълом ва ҳама ҷавонони ғайрипаштунро ба амду қасд дар кушторгоҳҳо хоҳанд фиристод, ки дасти Ғаниву Карзайро аз пушт бубанданд.

- Дур аз интизору имкон ҳам нест, то Толибон ҳазинаҳои сангине болои касоне бигузоранд, ки фарзандонашон ба аскарии иҷборӣ рафта натавонанд.

Ҳушёр бошед тоҷикон ва ғайрипаштунҳо.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!