Хабари рӯз

Моҳи асали Толибону ҳомиёнашон рӯ ба поён аст.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"

Он чи ки дар Афғонистон дар ҳол ҳозир дида мешавад, самараи дастовардҳои понздаҳуми августи 2021 аст. Рӯзе, ки дар таърихи Афғонистон дар хотираҳо боқӣ хоҳад монд. Тасовири ваҳшатнок баъд аз ба қудрат расидани Толибон, фирори мардум, овезон шудани мардум дар тайёраҳои хориҷиҳо, интиҳор ва инфиҷор дар майдони ҳавоии Кобул, беназмӣ ва бебарномагӣ... яке пайи дигаре, ки аз ҳавсалаи ин навишта хориҷ аст.

Аммо он чӣ ки ҳеҷ кас наметавонад мункири он бошад, ин аст, ки амрикоиҳо ҳадди ақал аз чанд сол бад-ин сӯ  барои овардани дубораи Толибон ба қудрат барномарезӣ карда буданд. Гарчи Аббос Стоникзай оғози музокираи Амрико бо Толибонро аз соли 2007 унвон мекунад, аммо аслитарин музокира миёни амрикоиҳо ва Толибон аз соли 2010 оғоз шудааст.

Ба ақидаи ман, амрикоиҳо ба ин натиҷа расида буданд, ки прусаи Бонни аввал он тур, ки барномарезӣ ва тарҳ шуда буд, дар Афғонистон самарбахш набудааст. Иллаташ ҳам ин буд, ки давлат, ки ба сурати демократӣ бояд сохта мешуд, аз нигоҳҳои мухталиф бо гузашти ҳар рӯз собит гардида буд, ки коро нест. Интихоботҳои ҳамеш бо тақаллуб ҳамроҳ, фасоди хеле густурда, аз тарафи дигар ноамнӣ ва ҷанги Толибон рӯз ба рӯз шиддат мегирифт, амрикоиҳо бо таваҷҷуҳ ба ҳазинаи ҷанг ва бо таваҷҷуҳ ба тағйироте, ки дар дунё иттифоқ меафтод, кам-кам ба ин натиҷа расида буданд, ки бояд ба фикри роҳи хурӯҷ аз Афғонистон бошанд ва бовар доштанд, ки роҳи хурӯҷ аз Афғонистон тадовуми прусаи Бонн нест. 

Ба ҳамин хотир, дар соли 2010, ки Обама раисҷумҳури Амрико буд, баҳсҳои мушаххасро аз забони амрикоиҳо мешунидем, масалан ин ки ҳадаф дар ҷанги Афғонистон мубориза бо Алқоида ва аз байн бурдани Алқоида буд, на сохтани демократия ва чизе, ки феълан дар Афғонистон ба зидди демократия ҷараён дорад. Амрикоиҳо дар талош буданд, то заминаи гуфтугӯ бо Толибонро фароҳам кунанд ва баҳсҳое аз Толибони хубу Толибони бадро сари забонҳо андохта буданд.

Ба бовари ман, ин баҳсҳои барномарезӣ ва тарҳрезишуда бар сари забонҳо андохта шуда буд, то заминаи як адрес дар даруни толиб эҷод шавад, то бо он адрес амрикоиҳо битавонанд гуфтугӯву музокира кунанд. Аввалин гомҳое, ки дар ин масир бардошта шуд, гуфтугӯ бар сари муҳраҳои дурушти Толибон аз зиндони Гуантанамо ва Покистон буд.

Ба таври мисол, озодии Мулло Бародар аз зиндони Покистон ва боз кардани як дафтари сиёсӣ барои Толибон дар Қатар матраҳ шуда буд ва рӯз ба рӯз ҷиддитар мешуд. Ва нуқтаи шурӯъ он чизеро, ки мо самари онро дар 15 августи соли 2021 дидем, буд.

Боз шудани дафтари Толибон дар Доҳа дар соли 2013 баъд аз талошҳои бисёри амрикоиҳо имконпазир шуд, ки тавонистанд як иддае аз раҳбарони собиқи Толибонро пайдо кунанд, бубаранд ва дар Қатар барои онҳо дафтару будубош бо хонаводаҳояшон омода кунанд.

Гоми баъдие, ки амрикоиҳо бинобар хостаи Толибон бармедоштанд, озодии панҷ тан аз раҳбарони умдаи Толибон аз зиндони Гуантанамо буд. Ба ҳамин баҳона дар бадали озодии ин панҷ тан баргдол низомии амрикоиро Толибон озод сохтанд. Ва панҷ нафар аз Толибон аз Гуантанамо дар зоҳир ба хотири озодии як амрикоии озодшуда ба Қатар расиданд. Ман фикр мекунам ин бахше аз барномаи Амрико барои бозгардондани раҳбарони Толибон ба саҳнаи сиёсии Афғонистон будааст.

Ин панҷ одами хеле муҳим баъд аз 15 сентябри 2021 дар низоми феълии Толибон ворид шуданд. Дар миёни онҳо Абдулҳақ Васиқ, раиси амнияти феълӣ қарор дорад ва Нурулло Нурӣ, вазири қабоили феълӣ, Мулло Фозил, муовини аввали вазири дифоъ, Хайруллоҳ Хайрхоҳ, вазири иттилоот ва фарҳанг, ба ҳамин тартиб Мавлавӣ Муҳаммад Набӣ Умарӣ, муовин аввал вазорат дохила ҳастанд. Агар таваҷҷуҳ шавад нуктаи муҳим ин аст, ки аз миёни ин панҷ нафар се нафар дар се вазорати калидии амниятиву низомӣ масъулият иҷро мекунанд.

Аз тарафи дигар амрикоиҳо тавассути Залмай Халилзод талош карданд, ки Мулло Бародарро аз зиндони Покистон озод бисозанд. Як бор ваъда дода шуд, аммо ба таъвиқ афтод. Аммо дар соли 2018 Мулло Бародар дар асари суфориши  амрикоиҳо аз зиндони Покистон озод шуда ва ба Доҳа бурда шуд, то музокиротро рангу сомон диҳад.

Дар ҳамин замон дар ҳудуди 46 нафар аз раҳбарони Толибон аз Гуантанамо гирифта то Покистон дар Қатар бо хонаводаҳояшон ба ҳамкории Амрико ҷо ба ҷо гардида буданд. Инҳо дар музокироти ошкору пинҳон бо амрикоиҳо фаъол буданд, то суқути Кобул, ки баъдан Мулло Бародар Охунд баъд аз суқути Кобул бо теъдоде аз толибони саршинос тавассути тайёраи CIA Амрико ба Қандаҳор аз Қатар интиқол шуданд.

Аз сӯи дигар бо дарназардошти тақозои Толибон дар музокироти Доҳа аз амрикоиҳо панҷ ҳазор толиб, ки теъдоди зиёде аз онҳо аз фармондеҳони аршади Толибон буданд, аз зиндони Кобул озод гардиданд ва раҳсипори ҷабаҳоти ҷанг алайҳи низоми ҷумҳурият шуданд.

Амрикоиҳо ба сурати бисёр муназзам ва созмонёфта талош карданд, то як идорае аз толибони филтршударо барои таомул эҷод кунанд. Баъд ҳамин толибони филтршударо, ки солҳо назди Покистон ва Гуантанамо зиндонӣ буданд, ба Кобул оварданд ва бар арикаи қудрату мақомҳои бисёр муҳими амниятӣ ва низомӣ қарор дода шуданд.

Баъзе масоилро амрикоиҳо хеле сареъ гуфтанд, ки вақте Мулло Ахтар Муҳаммад Мансурро амрикоиҳо куштанд, Ҷон Никелсон, фармондеҳи неруҳои НАТО дар Афғонистон гуфт, ки Мулло Мансур монеи сулҳ дар Афғонистон буд, мо ба ҳамин далел ӯро аз саҳна бардоштем. Амрикоиҳо билохира дар соли 2020 бидуни ин ки идораи Кобул дар раъси Ашраф Ғаниро дар ҷараён бигузоранд, тавофуқномаи сулҳро дар Қатар бо Толибон имзо карданд.

Ба бовари ман, амрикоиҳо шояд мехостанд, ки интиқоли қудрат ба шакли мусолиматомез сурат бигирад ва иддае аз мухолифони Толибонро дар низоми ҷадид саҳим бисозанд, аммо гӯё, ки ноумедии амрикоиҳо аз идораи Кобул дар ҳадде буд, ки ҳузури онҳоро дар ҳукумати ҷадид ҷиддӣ намегирифтанд.

Замоне, ки ҳукумати ҷумҳурият дар ҳолати суқут буд, амрикоиҳо вақте пойгоҳи муҳимми худро дар Багром тарк мекарданд, то соатҳо Урдуи миллии Афғонистон дар ҷараёни хурӯҷи амрикоиҳо аз Багром қарор надоштанд. Ба ин маънӣ, ки амрикоиҳо амалан пайванд, иртибот ва тамоми тамоси худро бо давлати Ашраф Ғанӣ қатъ карда буданд ва фазоро омода мекарданд барои омадани толиб ва ба қудрат гирифтани Толибон.

Ман ба ҳеҷ сурат баид намедонам, ки ҳатто дар рӯзи суқут сенария ба он шакл, ки Ашраф Ғанӣ фирор кард ва толибҳо омад қудратро дар Кобул гирифтанд ҳам барномарезишуда буд, яъне амрикоиҳо бо кӯмаки Толибон қазоёро расад мекарданд ва ба як наҳв Ашраф Ғаниву ёрони буздили ӯро тарсонда буданд ва заминаи фирори ӯро аввал ба Ӯзбекистон ва баъд ба Аморот фароҳам карданд.

Ман бовари комил дорам, ки АМА ба иҷозаи Амрико Ашраф Ғаниро дар он ҷо нигоҳ доштааст ва соҳиби оргоҳу богоҳ сохтааст. Ман тавофуқи Доҳаро ҳамвазни конфронси Бонни аввал, ки боиси ба қудрат расидани Ҳомид Карзай шуд, медонам. Ва дарк мекунам, ки дар рӯзи суқути Кобул тавассути толибҳоро шабеҳи ҳуҷуми амрикоиҳо ба Кобул дар давраи аввал, ки толибҳо аз қудрат ронда шуданд, ба ҳамон шакл буд. Баид аст, ки мо эҳсос кунем, ки дар рӯзи суқути Кобул созмонҳои истихборотии Амрико дар Афғонистон фаъол набуданд ва барномарезӣ намекарданд, як дурнамои равшан аз таҳаввулот надоштанд, иртибот миёни Толибон ва онҳо қатъ шуда буд.

Ман бовар дорам, ки амрикоиҳо тасмим гирифта буданд, ки аз Афғонистон берун шаванд ва наметавонистанд Афғонистонро дар халои қудрат раҳо кунанд ва инро мутаваҷҷеҳ шуда буданд, ки давлати Ашраф Ғанӣ ё ҳар давлати дигаре аз даруни конфронси Бонн тавони ҳифзи Афғонистонро надорад. Афғонистон дер ё зуд ё ба тарафи ҷанги дохилӣ меравад ё дубора гурӯҳҳои мисли толибҳо мусаллат мешавад. Ба ҳамин далел амрикоиҳо барномарезишуда талош карданд, то толибони филтршударо бар сар қудрат биоваранд.

Бидуни тардид, ки Толибон аз ҳимояти байналмилалӣ бархурдор буда ва ҳастанд. Амрикоиҳо Толибонро дар тасбити қудраташон дар Афғонистон кӯмак карданд. Чаро? Ба хотир ин ки сенарияи ҷогузин барои амрикоиҳо ғайр аз Толибон дигар касе қобили қабул набуд. Сенарияе, ки Афғонистон ба сӯи ҷанги дохилӣ биравад ва Афғонистон дар вазъияте қарор бигирад, ки заминаи ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар он фароҳам шавад, мухолифи манофеи Амрико ва мухолифи он ҳадафест, ки Амрико дар Афғонистон баъд аз хурӯҷи худ таъқиб мекунад.

Аммо бароварда шудани ин ҳадаф бо гузашти замон ғайри мумкин ба назар мерасад. Манофеи миллии Амрико эҷоб мекунад, ки сармоягузориро, ки болои як гурӯҳ анҷом дода буд, яъне Толибон то ин гурӯҳ ба қудрат бирасад ва баъд манофеи Амрикоро дар Афғонистон ва минтақа таъмин кунад, то ин сармоягузорӣ ба ҳадар наравад, аммо дида мешавад, ки ин сенария низ амалӣ ба назар намерасид.

Аз сӯйи дигар, ҷангро, ки Амрико дар Афғонистон идома медод, танҳо ҷанг бо толиб набуд, балки ҷанги худи амрикоиҳо ҳам ҳамин заду бандҳоро эҷоб мекард. Ин хеле муҳим аст, ки мо ин масоилро дарк кунем. Боваре, ки ман дорам, ҳамон тур, ки амрикоиҳо дар конфронси Бонн самареро, ки мехостанд ба он нарсиданд, аз тариқи идораи толибонии филтршуда ҳам ба он аҳдофе, ки дар Доҳа таъйин ва мушаххас карда буданд, ҳаргиз нахоҳанд расид.

Намунаи он ҳамин таҳаввулоте аст, ки феълан мо дар сатҳ минтақа мебинем. Инфиҷорот ба номи ДОИШ дар Кирмони Эрон, Қандаҳор, Маскав, террор ва куштани чиноиҳо дар Покистон, эълони вазъияти истирорӣ дар Фаронса, таҳаввулот дар Олмон ва як теъдод аз кишварҳои дигар дар баробари ҳамалоти ДОИШ ҳамаи инҳо нишондиҳандаи он аст, ки хурӯҷи амрикоиҳо аз Афғонистон иштибоҳи бузург ва ҷуброннопазир будааст ва баид ба назар мерасад, ки эътимод болои ин толибҳои бозпарваришуда ҳам, ки мунҷар ба суботу амният дар Афғонистон шавад, ба даст ояд.

Шояд амрикоиҳо дар дарозмуддат фикр кунанд, ки мешавад Афғонистонро ҳам монанди Миср таҳти як идора нигоҳ кард ва ё намунае аз ҳокимиятҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, монанди Доҳаи Амороти Муттаҳида Арабӣ, Қатар, Кувайт, ки Амрико бо онҳо таомул дорад. Аммо баид аст, ки дар Афғонистон ин намунаҳо ҷанбаи илмӣ пайдо кунад.

Ҳоло ман бунбасти ин равандро дар Афғонистон то ҳадде мебинам. Амрикоиҳо шояд тарафдори эҷоди як идораи фарогир дар Афғонистон бошанд, вале мушоҳида мешавад, ки Толибон бо ин систем ва он чиро, ки ба хотири ҳукумати ҳамашумул ва боз кардани макотиби духтарона, ки дунё тақозо мекунад, ҷомаи амал намепӯшанд. Ин низоми толибонии мавҷуд, ки дар торикхонаҳои истихборотӣ тавассути абарқудратҳои бузург дар раъси тавассути Амрико сохта ва бофта шудааст, ман фикр намекунам, ки посухгӯи буҳрони мавҷуди Афғонистон ва кишварҳои минтақа бошад.

Аз сӯйи дигар, ба дурустӣ медонам, ки дар баробари зулм, хушунат ва истибдод, ки аз сӯи толибҳо бар Афғонистон таҳмил шуда, аксарият ақвоми Афғонистон битавонанд баъд аз ин таҳаммул кунанд. Шояд иддае ба хотири боварҳои забонӣ, қавмӣ ва қабилавӣ тамкин кунанд, аммо мардуми он, ки ба демократия, озодии баён ва инсоният бовар доранд, ин вазъият барои эшон қобили қабул нест.

 

Натиҷа

Амрико бад-ин бовар расидааст, ки бояд ҳузур фаъоли хешро як бори дигар дар минтақа ба намоиш бигузорад. Фазои Афғонистонро дар контрол дошта бошад ва неруҳои мухолифи хешро тавассути тайёроти бесарнишин мавриди ҳадаф қарор диҳад. Моҳи асали Толибон ва ҳомиёнашон дар ҳоли хатм шудан аст. Мардуми Афғонистон як бори дигар сарнавишти хешро ба дасти хеш хоҳанд гирифт ё бо қурбониҳои худӣ ва ё бо ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Аз сӯйи дигар агар дунё он чиро дар Афғонистон мегузарад, дар роҳи задудани он ба таври оҷил гом барнадорад, гилеми терроризми домани кишварҳои қудратманди ҷаҳонро низ хоҳад гирифт. Идомаи ин вазъият метавонад ёздаҳи сенятбри дигареро дар яке аз кишварҳои ғарбӣ ба намоиш бигузорад ва он вақт шояд хеле дер шуда бошад. Мухолифини Толибон бидонанд ва бовар дошта бошанд, ки қудрат дар иттиҳод аст ва нобудӣ дар адами иттиҳод ва ҳампазирӣ. Ҳар кадомро, ки беҳтар медонед, бипазиред.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!