Хабари рӯз

Қатъи интернет аз ҷониби мақомдорони Толибон дар аксари вилоятҳои Афғонистон, дар ниҳоят заминаи қиёми миллӣ ва суқути аморатро фароҳам месозад.

Нависанда: доктор Холиддин Зиёӣ, раиси Андешакадаи гуфтугӯи таълимии миллати Афғонистон, махсус барои “Сангар”

Интернет дар ду даҳаи охир ҳамчун заминаи асосӣ барои иртибототи иҷтимоӣ, гардиши иттилоот, маориф, иқтисоди рақамӣ ва ҳатто муқовимати сиёсӣ амал кардааст. Таҷрибаи суқути давлати Непал бо нақшофаринии ҷавонони огоҳ ва фаъол дар фазои маҷозӣ нишон дод, ки фанновариҳои нав метавонанд заминасози тағйироти амиқи сиёсӣ гарданд. Аз ҳамин назар, роҳбарони Иморати исломии Толибон, ки аз таҷрибаҳои монанд дар минтақа нигаронанд, кӯшишҳое барои маҳдудсозӣ ва ҳатто қатъи комили интернет дар вилоятҳои калидии Афғонистон анҷом додаанд. Ин иқдом на танҳо дар пайванди идоракунии қудрат ва назорати иҷтимоии Толибон аҳамият дорад, балки паёмадҳои амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва амниятиро низ ба бор хоҳад овард, ки заминасози қиём алайҳи низоми аморати Толиб ва суқути онҳо хоҳад гашт.

ЧОРЧӮБИ НАЗАРИЯВӢ

Таҳлили мавзӯъ дар партави назарияҳои назорати иҷтимоии рақамӣ (Digital Authoritarianism) ва қудрати нарму сахт дар заминаи фанновариҳои иттилоотӣ сурат мегирад. Ин рӯйкард нишон медиҳад, ки интернет на танҳо абзори иртиботӣ, балки майдонӣ барои рақобати қудрат, машрӯияти сиёсӣ ва ташаккули фаъолнокии шаҳрвандӣ мебошад.

АБЪОД ВА ПАЁМАДҲО

1 - Буъди сиёсӣ

Назорати машрӯият: Толибон бо қатъ ё заифсозии интернет мекӯшанд аз бозтоб ёфтани эътирозот ва фаъолиятҳои мухолифони дохилӣ ва хориҷӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ин иқдом машрӯъияти ноустувори иморати исломиро беш аз пеш дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ заиф хоҳад кард.

Муқоисаи минтақавӣ: Таҷрибаи Непал ва кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки маҳрумсозӣ аз дастрасӣ ба интернет наметавонад монеи эътирозҳо гардад, балки бар шиддати хашми умумӣ меафзояд.

2 - Буъди иҷтимоӣ

Маҳдудсозии ҷавонон: Ҷавонони Афғонистон, бахусус дар шаҳрҳои калидӣ, монанди Кобул, Ҳирот ва Мазори Шариф, вобастагии шадид ба интернет дар заминаи маориф, соҳибкорӣ ва иртибототи иҷтимоӣ доранд. Қатъи интернет боиси инзиво ва ноумедии амиқи ин насл мегардад.

Басташавии фарҳангӣ ва маорифӣ: Дар кишваре, ки занон ва духтарон бо маҳдудиятҳои густарда рӯ ба рӯянд, интернет ягона канали дастрасии онҳо ба маориф ва фарҳанг аст. Маҳрум шудан аз он тафовутҳои ҷинсӣ ва иҷтимоиро шиддат мебахшад.

3 - Буъди амниятӣ

Пешгирӣ аз пайгирӣ: Толибон талош доранд бо заифсозии интернет ва ҷилавгирӣ аз фаъолсозии GPS ва ҷойёбӣ, худро аз ҳадаф қарор гирифтани ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини ношинос, мисли сӯиқасди Айман ал-Завоҳирӣ, амн созанд.

Афзоиши ноамнии киберӣ: Маҳдудияти интернет метавонад мухолифони Толибонро ба истифодаи фанновариҳои ивазкунанда (монанди шабакаҳои моҳворавӣ, Starlink ё абзорҳои рамзгузорӣ) бибарад ва муқобилияти амниятии нав миёни Толибон ва мухолифон ба вуҷуд оварад.

4 - Буъди иқтисодӣ

Фалаҷ шудани иқтисоди рақамӣ: Дар солҳои охир тиҷорати онлайнӣ, биржаҳои рақамӣ ва корҳои фрилансӣ (корҳои мустақил) барои бисёре аз афғонҳо манбаи асосии даромад гардидаанд. Қатъи интернет қисми зиёди даромадҳои шахсӣ ва оилавиро несту нобуд хоҳад кард.

Танҳоӣ ё изолятсияи иқтисодӣ: Қатъи интернет боиси коҳиши эътимод аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ, қатъи лоиҳаҳои технологӣ ва афзоиши муҳоҷират ё тарки кор аз ҷониби нерӯи кории баландихтисос мегардад.

5 - Буъди геополитикӣ

Афзоиши фишори байналмилалӣ: Ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус созмонҳои ҳимоятгари ҳуқуқи башар ва озодии баён, қатъи интернетро ҳамчун поймолсозии ваъдаҳои бунёдии шаҳрвандон бармегуморад. Ин метавонад заминаи ҷорӣ шудани таҳримҳои нав алайҳи Толибонро муҳайё созад.

Бозиҳои қудратҳои минтақавӣ: Рақибони геополитикии Толибон метавонанд бо пешниҳоду дастрас кардани технологияи моҳвораӣ ва роҳҳои алтернативии дастрасӣ ба интернет мавқеи худро дар Афғонистон тақвият диҳанд ва Толибонро ба фишори бештар рӯ ба рӯ созанд.

ХУЛОСА

Қатъ ё заиф сохтани интернет аз ҷониби Толибон дар Афғонистон на танҳо абзори назоратӣ ва амниятии ин гурӯҳ аст, балки паёмадҳои васеъ ва чандҷониба барои ҷомеаи Афғонистон ба бор меоварад. Ин иқдом машрӯияти Толибонро заиф мекунад, танаффурҳои иҷтимоиро амиқтар мегардонад, иқтисоди рақамиро фалаҷ месозад ва Афғонистонро дар саҳнаи байналмилалӣ боз ҳам мунзавитар хоҳад намуд.

Дар ниҳоят, ҳарчанд Толибон талош мекунанд бо ин сиёсат аз такрори таҷрибаҳое мисли суқути давлати Непал ҷилавгирӣ намоянд, ин кор баръакс метавонад заминаи эътирозоти васеътар ва ноустувории бештар дар кишварро фароҳам биорад. Ниҳоятан, ин шароит заминаи қиёми миллӣ алайҳи низоми истисморгар ва зулмгарои иморати толибро меофарад ва ба фурӯпошӣ ва суқути онҳо оварда расонад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!