Хабари рӯз

Таваҷҷуҳи вежа дар санади маҳрамонаи “муллоёни хашин” ба намояндагони Чечен дода шудааст.

Нависанда: Андрей Серенко, хабарнигори вежа “Независимая газета”

Хадамоти зиддиҷосусии Толибон контроли худро бар фаъолияти авомили хадамоти амнияти Русия ва Беларус дар Афғонистон афзоиш медиҳад. Ифшои фаъолияти ҷосусон аз Маскав ва Минск ба яке аз авлавиятҳои Раёсати умумии истихбороти Толибон табдил шудааст. Авомили Давлати Муттаҳид (Русияву Белорус) ба ин муттаҳам ҳастанд, ки аз Афғонистон барои эҷоди таниш “миёни Шарқу Ғарб” талош доранд.

Мавлавӣ Асадуллоҳ Барёлай, раиси Раёсати 376 (зиддиҷосусӣ)-и Раёсати умумии истихбороти Толибон, дар 21 сентябр санади маҳрамонае ба Раёсати 061 (хадамоти таҳлилӣ) ирсол кард (нусхае аз он дар ихтиёри “Независимая газета” қарор дорад), ки дар он авлавиятҳои хадамоти амниятии Толибон дар муқобила бо ҷосусони хориҷӣ мушаххас шудааст. Ин санад шомили чанд нуктаи ҷолиб ва ғайримунтазира аст.

Нахуст, зиддиҷосусии Толибон нишонаҳое аз эҷоди шабакаи ҷосусӣ дар Афғонистон тавассути авомили хадамоти амниятии Русия, Беларус ва Чеченро сабт кардааст. Ҷолиб он аст, ки Толибон Ҷумҳурии Чеченро ҷудо аз Русия дар назар мегиранд, ҳарчанд авомили Грознийро монанди авомили Минск бахше аз шабакаи ҷосусии Маскав медонанд.

Дар санад омадааст: “Авомили иттилоотӣ аз Беларус, Русия ва Чечен, ки ҳамагӣ бо КГБ-и Русия муртабит ҳастанд (ҳамон тур, ки дар матн зикр шуда – “Независимая газета”), қасд доранд таҳти пӯшиши гардишгар ва ширкатҳои қарордодӣ вориди кишвар шаванд ва бархе аз онҳо қаблан ворид шудаанд”.

Дувум, истихбороти Толибон тардиде надорад, ки аъзои шабакаи ҷосусии Давлати Муттаҳид - Русия ва Беларус - дар Афғонистон илова бар маъмуриятҳои ҷосусӣ, ба таҳрики манофеъи кишварҳои мухталиф низ машғуланд. Толибон мӯътақид аст, ки ин ҳадаф, ҷиҳати аслии фаъолияти онҳост.

Ба гуфтаи Мавлавӣ Асадуллоҳ Барёлай, “маъмурияти авомили Маскав ва Минск сирфан дастёбӣ ба аҳдофи иттилоотӣ аст, бавежа эҷоди таниш миёни Шарқу Ғарб”.

Севум, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши фаъолиятҳои ҷосусии Давлати Муттаҳид дар Афғонистон, хадамоти зиддиҷосусии Толибон бар созмондеҳии “назорат ва таҳқиқоти дақиқ” бар авомили Маскав, Грозний ва Минск таъкид мекунад ва ёдовар мешавад, ки чунин коре “вазифаи ниҳодҳои иттилоотӣ ва таҳқиқӣ”-и режими Толибон аст. Раиси зиддиҷосусии “Иморати исломӣ” хостори он аст, ки идораи таҳлилии истихбороти Толибон мӯҳтавои паёми ӯро “ба соири ниҳодҳои амниятӣ ва иттилоотӣ”--и Толибон мунтақил кунад.

Санади хадамоти зиддиҷосусии Толибон муаррихи 21 сентябр идомаи мантиқии паёми қаблии ин идора дар 7 июли соли ҷорӣ аст, ки “Независимая газета” дар бораи он гузориш дода буд (ба шумораи 10.07.25 руҷуъ кунед). Дар санади моҳи июл, Асадуллоҳ Барёлай ба афзоиши теъдоди гардишгарон, рӯзноманигорон ва соири мусофирони русӣ дар Афғонистон ишора карда буд ва ҳадс мезад, ки дарвоқеъ онҳо шояд авомили хадамоти амниятӣ бошанд. Ӯ дар он замон пешбинӣ карда буд, ки фаъолияти иттилоотии Русия дар иморати Толибон эҳтимолан афзоиш хоҳад ёфт.

Ду моҳи ним баъд, Асадуллоҳ Барёлай сароҳатан аз зуҳури шабакаи ҷосусии Маскав ва Минск дар Афғонистон сухан мегӯяд. Тибқи матни паёми сентябр, раиси зиддиҷосусии Толибон сервисҳои амниятӣ ва иттилоотии “иморати исломӣ”-ро на танҳо ба назорати дақиқ бар фаъолиятҳои авомили эҳтимолии Русия ва Беларус, балки ба ноком гузоштани амалиёти онҳо, ки алайҳи манофеъи Ғарб дар минтақа аст, ҳидоят мекунад.

Ҳамчунин ошкор аст, ки зиддиҷосусии Толибон ба ҳадди аксар ҷилавгирӣ аз тавоноии хадамоти истихборотии Давлати Муттаҳид барои ёфтани иттилооти маҳрамона ё ҳассос барои режими “муллоёни хашин” дар Афғонистон хоҳад пардохт. Ҷиддияти нияти Толибон бо моҷарои ахири боздошти Святосллав Каверин, қавмшиноси машҳури русӣ дар Қундуз таъйид мешавад. Ӯ беш аз 50 рӯз дар зиндонҳои мухталифи хадамоти амниятии Толибон нигаҳдорӣ шуд; Толибон Каверинро ба ҳамкорӣ бо хадамоти амниятии Русия мазнун карданд ва саъй карданд ин мавзӯъро собит кунанд.

Коршиносони афғон боздошти Каверинро ба унвони паёми равшани Толибон ба Маскав мабнӣ бар зарурати таваққуфи фаъолиятҳои ҷосусии фаъол дар Афғонистон арзёбӣ карданд. “Агар тарафи русӣ ба ин ҳушдор таваҷҷуҳ накунад, Толибон мумкин аст амалиёти ҳушдордиҳандаи бисёр сахттаре анҷом диҳанд, ки саранҷом он монанди мавриди Каверин хушоянд нахоҳад буд” – яке аз коркунони собиқи хадамоти амниятии Афғонистон чунин изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ин коршинос, “аз он ҷо, ки зиддиҷосусии Толибон афзоиши фаъолияти хадамоти амниятии Беларусро сабт кардааст, мумкин аст иқдомоти фаъол алайҳи шаҳрвандони Беларус дар Афғонистон анҷом шавад”. Ӯ афзуд: “Бояд омода буд, ки як гардишгари беларусӣ низ дар шароити нохушоянди мушобеҳи Святослав Каверин қарор гирад”.

Таҳлилгарони афғон бар ин боваранд, ки Раёсати умумии истихбороти Толибон мумкин аст фаъолияти ҷосусии худро дар Русия ва Беларус низ афзоиш диҳад, аз ҷумла бо истифода аз тавоноиҳои авомили худ дар миёни афғонҳо ва бархе ҷавомеъи Осиёи Марказӣ дар Давлати Муттаҳид.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!