Ин ҳаводис собит мекунад, ки паштунизм либоси ислом ба бар кардааст ва Толибон ҳамон амомабасарони паштунистанд
Нависанда: Яъқуби Ясно, устоди донишгоҳ ва таҳлилгари сиёсӣ, узви Шӯрои машвараи Сангар
Дар акс: аз чап – Салоҳуддин Аюбӣ, Мавлавӣ Фозил, Мавлавӣ Маҳдӣ
Муъзал (мушкил)-и раҳбарии толибони паштун рӯз ба рӯз бештар мешавад, зеро муъзали дарунгуруҳии онҳо ва толибони ғайрипаштун оғоз шудааст. Мавлавӣ Салоҳуддин Айюбӣ фармондеҳи ӯзбектабори толиб ва Мавлавӣ Маҳдӣ, фармондеҳи ҳазоратабори толиб чанд бор мавриди суйиқасди толибони паштун қарор гирифтанд, аммо ҷони солим ба дар бурданд.
Аъзои толибони ғайрипаштун ба раҳбарии толибони паштун беэътимод шудаанд. Бино бар ин, дар ҳифзи ҷони худ баромадаанд, зеро медонанд бо таслим шудан ба раҳбарии толибони паштун ҳазфи худро қабул мекунанд.
Мулло Фозил аз толибони паштун барои гирифтории Мавлавӣ Салоҳуддин ба Форёб рафта буд, байни толибони ӯзбек ва паштун даргирӣ рух дод, аммо гирифтории муваффақона сурат нагирифт. Мавлавӣ Фозил дар Форёб эҳсоси хатар кард, бо ошуфтагӣ ба Кобул баргашт.
Ҳайати толибони паштун барои таслимии Мавлавӣ Маҳдӣ ба Балхоб рафта буд. Мавлавӣ Маҳдӣ ба таслимӣ тан намедиҳад, ба посухи ҳайати толибони паштун мегӯяд, мазҳаби шиа монанди гузашта расмӣ бошад, ҳазора ва шиа дар ҳукумат шарик шавад ва ҳазора ҳадди ақал дар маҳаллаҳои ҳазоранишин аз худ волӣ, вулусвол ва... дошта бошад. Ин мутолиботи Мавлавӣ Маҳдӣ дақиқ, дуруст ва қобили ҳимоят аст.
Муъзали қавмӣ аз асоситарин муъзалҳои ҳукуматдорӣ дар Афғонистон аст. Ҳукуматҳои қавмии паштун дар тӯли таърих хоста ин муъзалро бо саркӯб кетмон кунанд, аммо саркӯб натиҷа надодааст.
Вақте Иморати қаблии Толибон суқут кард, дар донишгоҳи Кобул донишҷӯ будам, яке аз дӯстони ӯзбеки ман гуфт, ҷавонон пеш генерал Дӯстум мераванд, шумо ҳам бо мо биравед. Ҷавоне аз Дӯстум пурсид, чаро аз ҳамкорӣ бо ҳукумати доктар Наҷибуллоҳ даст кашидӣ? Генерал Дӯстум гуфт, тоза бо муваффақият аз ҷанги ҷануб баргашта ва канори доктар Наҷиб нишаста будам, ки ҳайати хориҷӣ ба дидори Наҷиб омад ва яке аз он ҳайат аз ӯ дар бораи дарсадии ақвоми Афғонистон пурсид. Наҷиб дар посух гуфт, болои наваду панҷ дарсади мардуми Афғонистон паштун аст. Ду то се дарсад тоҷик дорад. Ҳазораву ӯзбек як дарсад ҳам нестанд. Бо шунидани ин сухани доктар Наҷиб тасмим гирифтам, аз ҳукумати Наҷиб ҷудо шавам.
Ба ин хотир, барои ин ишора кардам, фарқе намекунад, ҳукумати коммунистӣ бошад, ҷумҳурии либерол бошад, иморати исломӣ бошад ва... ҳар чӣ ки бошад, ин муъзали қавмӣ вуҷуд хоҳад дошт. Раҳбарии ҳукумат маъмулан дар ихтиёри сарони қавми паштун будааст, хостанд ҳукумати як қавм бар ақвоми дигар тасаллут пайдо кунад. Бино бар ин, ҷанг ва даргирии ҳукумати қавмӣ бо ақвоми дигар оғоз шудааст.
Ҷанги Абдурраҳмон бо ҳазора ҷанги қавмӣ буд. Ҷанги Амонуллоҳ ва Нодир бо Амир Ҳабибуллоҳ, ходими дини расулуллоҳ, ҷанги қавмӣ байни паштун ва тоҷик буд. Ҷанги Муҳаммадгул Муҳманд ва кокоҳои Зоҳиршоҳ дар шимол бо ӯзбеку тоҷик ҷанги қавмӣ буд. Ҷанги ҳукумати доктар Наҷиб бо муҷоҳидин ҷанги қавмӣ буд. Ҷанги муҷоҳидин бо ҳам ҷанги қавми паштун, тоҷик, ҳазора ва ӯзбек буд. Ҷанги феълии раҳбарии Толибон бо аъзои ғайрипаштунаш ҷанги қавмӣ аст.
Карзай ва Ғанӣ низ ба хориҷён ҳамон сухани доктар Наҷибро мегуфтанд ва мегӯянд. Карзай ба вазири дифои Амрико гуфта буд, мушкили ҳукуматдории мо Толибон нест, мардум ва ҷабҳаи шимол аст. Яке аз сенаторони амрикоӣ дар яке аз рӯзномаҳои Амрико навишта буд, Карзай ба мо гуфта буд, миллатсозӣ дар Афғонистон бояд ба асоси арзишҳои қавми паштун сурат гирад, зеро паштун болои ҳаштод дарсад аст. Ин сенатори амрикоӣ мегӯяд, вақте Кобул рафтам, мутаваҷҷеҳ шудам воқеияти қавмӣ ва фарҳангӣ ғайр аз он чӣ аст, ки Карзай мегуфт.
Агар бихоҳем ба ҳукуматдории одилона, фарогир ва мардумӣ бирасем, бояд дар ҳукуматдорӣ воқеияти қавмиро дар назар гирем ва воқеияти қавмиро ба муъзал табдил накунем. Воқеияти қавмиро ба фурсат ва ҳамзистӣ табдил кунем. Табдили воқеияти қавмӣ ба фурсат ва ҳамзистӣ дар ҳукуматдории федерол мумкин аст. Ҳукумати қавмии паштун наметавонад тоҷик, ҳазора, ӯзбек ва...ро комилан нобуд кунад. Бино бар ин, беҳтар аст идея ва иродаи саркӯби қавмӣ канор гузошта шавад.