Оё Мавлавӣ Маҳдӣ Мазории Сонӣ хоҳад шуд?
Нависанда: Яъқуби Ясно, устоди донишгоҳ ва таҳлилгари сиёсӣ, узви Шӯрои машвараи Сангар
ИШОРА АЗ “САНГАР”: Абдулалии Мазорӣ раҳбари ягонаи Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон, як ҳизби ҳазораҳои Афғонистон буд, ки бо муттаҳид кардани ҳафт ҳизб дар солҳои 90 таъсис ёфт. Аммо бо шаҳодати Мазорӣ аз сӯи Толибон (ӯро бо баҳонаи музокира ба Кобул оварда, аз чархбол афканда буданд) ин ҳизб чанд пора шуд, ки умдатаринашон ба номҳои Муҳаммади Муҳаққиқ ва Карим Халилӣ ёд мешаванд.
Ҳоло дар саҳнаи сиёсии Афғонистон Мавлавӣ Маҳдӣ зуҳур кард, ки дар гузашта толиб ва волии Толибон дар вулусволии Балхоби вилояти Сарипул буд, аммо алайҳи сиёсатҳои зидди ҳазораҳо ва шиаҳои Иморати исломӣ эътироз кард ва сангар гирифт.
***
Толибон устод Абдулалӣ Мазорӣ раҳбари фақиди мардуми ҳазораро барои музокира ва мусолиҳа ба сӯи худ кашонданд ва устод Мазорӣ барои музокира ва мусолиҳа рафта буд. Аммо Толибон хилофи ҳар гуна мавозини ахлоқӣ, исломӣ ва башарӣ бо устод Мазорӣ рафтор карданд.
Сиёсати Толибон дар қиболи мардуми ҳазора ҳамон сиёсати Абдурраҳмон ва Ғанӣ аст. Ғанӣ бо саҳмиябандӣ аз ҳузури ҷавонони ҳазора ба донишгоҳҳои мулкӣ ва низомӣ ҷилавгирӣ кард ва бо ҳамалоти машкуку истихборотӣ кӯдакони ҳазораро дар мактаб ба қатл расонд. Бинобарин ҳар гуна маслиҳат ва мадоро бо Толибон ва ҳукуматҳои қавмӣ, тақвияти таърихи ситами қавмӣ ва дароз кардани умри ситами қавмӣ аст.
Барои Толибон мудорову маслиҳати қавми ҳазора ҳеҷ аҳамияте надорад, агар аҳамият медошт аз он чи бо устод Мазорӣ анҷом дода буданд, маъзарат мехостанд, иҷоза медоданд мардуми ҳазора тибқи тақвим зодрӯз ва даргузашти устод Мазорӣ аз устод Мазорӣ таҷлилу бузургдошт мекарданд. Толибон бузургдошт аз устод Мазориро иҷоза надоданд ва тандисҳои устод Мазориро шикастонданд.
Бо ин муқаддима дар ин шароит мехоҳам инро ба арз бирасонам, ки Мавлавӣ Маҳдӣ метавонад ҳазораро раҳбарӣ кунад ва Балхобро ба яке аз пойгоҳҳои муқовимат табдил кунад. Аммо раҳбарии Толибони паштун тарфанд, ҳила ва найрангҳоеро рӯи даст гирифтаанд, ки Мавлавӣ Маҳдиро гирифтор ва ҳазф кунанд.
Бино бар ин роҳе, ки пеши рӯи Мавлавӣ Маҳдӣ вуҷуд дорад, истодагӣ аст. Агар истодагӣ накунад ва аз Балхоб берун шавад ва ба Кобул биравад, Толибон ӯро гирифтор ва сар ба нест мекунад. Толибон ба ҳеҷ тааҳҳуде побанд нестанд. Агар ба тааҳҳуде побанд мебуданд ба устод Мазорӣ хиёнат намекарданд. Барои ин ки Мавлавӣ Маҳдӣ дучори сарнавишти устод Мазорӣ нашавад, бояд аз хиёнати Толибон ба устод Мазорӣ панд бигирад.
Агар Мавлавӣ Маҳдӣ аз сарнавишти устод Мазорӣ ва аз хиёнате, ки Толибон ба устод Мазорӣ карданд, панд бигирад ва бо ин пандгирӣ ба матолиботе бипардозад, ки устод Мазорӣ барои ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандии мардуми ҳазора матраҳ карда буд, Мавлавӣ Маҳдӣ дар ин сурат ҳар чи зуд аз назари мардуми ҳазора ба унвони идомадиҳандаи роҳи устод Мазорӣ, ҷойгоҳи раҳбарӣ пайдо мекунад. Зеро мардуми ҳазора ба сарони қаблии ҳазора эътимод надорад ва сарони қаблии ҳазора аз хориҷ наметавонанд дар дохили Афғонистон таъсиргузорӣ дошта бошанд. Бино бар ин, ин фурсате аст барои Мавлави Маҳдӣ, ки бо истодагӣ ва муқовимат, раҳбарии худро бар ҷомеаи ҳазора ва худро як Мазории Сонӣ тасбит кунад.