Раҳбарони Толибон як маъракаи қаҳрамонсозӣ аз худро ба роҳ андохтаанд.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури сиёсӣ
Ин рӯзҳо бозори нақду ихтилофоти расонаии сарони гурӯҳи Толибон гарм шуда ва ин ба он маъно аст, ки фарзанди ширхор бо модараш даъво кунад ё барда бо молики хеш. Бидуни шак, ихтилофот дар баҳсҳои сиёсӣ як амри табиӣ аст ва аммо агар гузаштаи сарони гурӯҳи Толибонро мутолиа кунем, дармеёбем, ки ин сарон, яъне оқои Ҳаққонӣ, Ситоникзай, Ҳанафӣ, Яъқуб... ҳама дар ҳаводиси 25 соли ахир нақши барҷаста доштаанд ва ин сарон дар қатлу мусибатҳои мардуми Афғонистон дасти баланд доранд ва ин сарон буданд, ки заминасози аз байн рафтани фурсатҳои созандагии бист соли ахир ва заминасози овора шудани миллионҳо шаҳрванди Афғонистон ва заминасози кушта шудани ҳазорон инсон шуданд. Ин сарон хуб медонанд, ки ҳанӯз мардуми Афғонистону ҷаҳон онҳоро раҳбарони қотилу мафия медонанд ва инро ҳамин сарон хуб медонанд, ки сарони Толибон дар зеҳну замири мардуми мо ҷойгоҳе надоранд.
Ба ин асос гурӯҳи Толибон огоҳона тасмим гирифтаанд, ки аз ҳамдигар нақд намоянд, то дар миёни мардум ҷойгоҳи хешро тармим намоянд ва қаҳрамонсозӣ намоянд.
Ба бовари ман, сарони Толибон ҳатто ба шумули Ҳайбатуллоҳи мубҳам ҳам аз салоҳияти тасмимгирии мустақилу калон бархурдор нест, чун ҳар кӣ нон диҳад, фармон диҳад. Эҳсос мекунам, касоне, ки дар як соли гузашта ду миллиард доллар ба Толибон кӯмак карданд, салоҳияти аслӣ назди онҳост. Эҳсос мекунам, касоне, ки дар бист соли гузашта барои сарони Толибон ва хонаводаҳояшон паноҳ доданд, салоҳияти аслӣ назди онҳост. Эҳсос мекунам, касоне, ки ба Толибон дафтари сиёсӣ ва фурсатҳои сафар доданд, салоҳияти аслӣ назди онҳост. Эҳсос мекунам, касоне, ки иттилооти истихборотӣ ва таҷҳизоти низомии бист соли ҷанги Толибон тамвил карданд, салоҳияти аслӣ назди онҳост.
Ба ҳар ҳол, ман ба унвони устоди донишгоҳ ва шаҳрванди Афғонистон шоҳиди оташ задани мактаб, кӯдакистон, донишгоҳ ва зоишгоҳ аз сӯи Толибон дар бист соли ахир будам. Ба яқин ҳамон чашмдидҳои ман мегӯяд, ки Толибон мухолифи таълиму тарбият ва мухолифи зиндагӣ ҳастанд.
Хуб ба ёд дорам, ки Шабакаи Ҳаққонӣ ҳазорон ҳамлаи интиҳорӣ дар швҳри Кобул ва соири шаҳрҳо анҷом дод. Пас имрӯз, ки оқои Сироҷуддин Ҳаққонӣ аз инҳисори қудрат ва боз шудани дарвозаи таълиму тарбият ҳарф мезанад, ба ҳеҷ сурат мутобиқат бо андешаи воқеӣ ва гузаштааш надорад, балки оқои Ҳаққонӣ ба унвони як инсонкуши бузург дар листи сиёҳи мубҳам қарор дорад, ки нахуст он ҷо тасфияи ҳисоби гузаштаи хешро бояд кунад.
Дар ниҳоят, ман ба ин бовар ҳастам, Толибон ихтилофоти ҷиддӣ ва қобили таваҷҷуҳ дар раҳбарии хеш надоранд, чун аввал инҳо мустақил нестанд, балки тасмимгиранда шахс ё кишвари дигаре аст. Дувум, сарони Толибон аз ҷумлаи манфуртарин чеҳраҳои ним қарни ахири Афғонистон ҳастанд. Ба ин хотир мутмаин ҳастам, ки ин ихтилофот масрафи дохилӣ дорад ва гурӯҳи Толибон ба дунболи тағйири афкори мардум нисбат ба раҳбарони хеш ҳастанд ва мехоҳанд мардумро иғфол намоянд.
Орзу дорам ман иштибоҳи бардошт карда бошам ва Толибон даргири ҳам бошанд, то аз ҷону моли мардуми мазлуми Афғонистон даст бардоранд ва ихтилофоти дохилиашон сабаби заволашон шавад.