Толибонро ҳатто паштунволӣ наҷот нахоҳад дод.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, таҳлилгар
Шабакаи Ҳаққонӣ, гурӯҳи Мулло Яъқубу дафтари Қатар ва гурӯҳе ба раҳбарии Мулло Ҳайбатуллоҳ, се зилъ (тарафи) - и аслии набард барои қудрат ва сарват дар даруни режими Толибон ҳастанд.
Дар канори он таъбиз дар баробари тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва ҳазораҳое, ки дар миёни Толибон ҳастанд, ҳар рӯз бештар маҳсус аст. То ҳол он чӣ шунида мешуд дар сатҳи овозаву шоеъот мегунҷид, аммо ҳол бо изҳороти алании сарони Толибон, дигар ихтилоф ва тақобул миёни Толибон як амри ғайри қобили инкор аст.
Сатҳи ин ихтилофот бисёр баланд ва мизони тақобул миёни Толибон танҳо мунҳасир ба масъалаи қудрат ва сарват нест. Даъвоҳои дарунии Толибон, албатта, маҳдуд ба ихтилофоти фикрӣ нест ва ба тафовутҳои нажодӣ ва қавмӣ ҳам марбут мешавад. Бисёр таҳлилҳое вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад Толибон, дучори азҳамгусастагии идеологӣ шудаанд ва ин масъала ихтилофу тақобул миёни онҳо дарвоқеъ, гумрангии моҳияти идеологиии ин гурӯҳро нишон медиҳад.
Марз миёни паштунҳо ва қабоили мухталифи он, тоҷик ва ӯзбекҳо ва ҳатто ҳазораҳое, ки дар суфуфи Толибон ҷой доштанд, мизони ин тақобул ва тасодумро дар миёни Толибон ба сатҳи қобили мулоҳизае баланд бурдааст. Ҳатто эҳтимоли як даргирии худӣ миёни Толибон дар бисёрии мавоқеъ маҳсус аст. Бояд ин ихтилофотро ҷиддӣ гирифт. Зеро ин ихтилофот то ҳадде пеш рафтааст, ки бархе онҳоро фурсатҳое барои ДОИШ ҷиҳати ҷалби нерӯ аз миёни Толибон дидаанд. Аммо гузоришҳои дигаре нишон медиҳад, мақомоти аршад ва зергурӯҳои Толибон танҳо касоне нестанд, ки дар раванди идораи кишвар дучори масъала шудаанд. Дар ин миён дар ташдиди ин ихтилофот, дастҳои берунӣ ҳамонанди шаклдиҳии ҷунбиши Толибон низ, шомил аст.
Ман қасд дорам чанд эҳтимолро дар сурати тадовуми ин ихтилофот барҷаста сохта ва тасвири ношӣ аз ба вуқӯъ пайвастани онро, мухтасаран бинависам.
АВВАЛ - се зилъи аслии қудрат дар даруни Толибон, ки иборатанд аз Шабакаи Ҳаққонӣ, гурӯҳи Қатар - Мулло Яъқуб ва гурӯҳи Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон аст, дар як тасодуми доимӣ қарор гирифтаанд. Ҳар се гурӯҳ бар сари тасоҳуби қудрат, сарват ва таомул бо дунё ихтилофҳои ҷиддӣ доранд. Ҳарчанд Толибон аз зоҳир шудани ин ихтилофҳо нигаронӣ доранд, аммо ин ихтилофот ҳоло ҳамагонӣ шуда ва раддаҳои болоӣ ва суфуфи Толибонро фаро гирифтааст. Дар ин миён ҷараёни Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон, қавитар амал карда ва сукони қудратро дар даст дорад. Ду бахши дигар, монанди Ҳаққониҳо ва гурӯҳи Қатар, дар раддаҳои дувуму севум, қарор доранд. Ҳаққониҳо ҷангҷуёни бештар доранд ва гурӯҳи Қатар сиёситар амал мекунад;
ДУВУМ - тамоюли ҳар гурӯҳ бар сари таомул бо дунёи берун, мутафовит аст. Насли пири Толибон монанди гузашта амал мекунад ва идеологитар бархӯрд дорад. Аммо насли ҷавон, ки шомили Ҳаққониҳо ва гурӯҳи Қатар аст, хостори нармиш ва таомул бо берун аст ва мулоимтар амал мекунад. Насли ҷавони Толибон, ки шомили Ҳаққониҳо ва гурӯҳи Қатар мешавад, бо ҳифзи қудрат ва сохтори такқавмии он, хостори бақои режим аст ва идеологияро канор гузоштааст. Ин гурӯҳ таомул бо Амрико ва муттаҳидонашро барои бақои Толибон дар қудрат, ҳатмӣ медонад ва талош дорад то вориди таомул бо Амрико ва муттаҳидонаш шавад;
СЕВУМ - гурӯҳи Ҳаққонӣ ҳамзамон, ки хостори таомул бо Амрико ва муттаҳидонаш аст, бо илқоъда ва гурӯҳҳои террористии монанди Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ, Ансоруллоҳи Тоҷикистон ва Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон, ҳамнавоӣ дорад ва аз қуввати онҳо дар мубориза ва муқобила бо соири гурӯҳҳои Толибон истифода мебарад. Аммо гурӯҳи Қатар пай бурда, ки бояд бо Амрико вориди таомул шавад. Агар бо Амрико таомул накунад, дер ё зуд Ҳаққонӣ ва ё гурӯҳи Қандаҳор онро аз саҳнаи сиёсӣ мебардоранд. ДОИШ низ аз миёни Шабакаи Ҳаққонӣ сар баланд кардааст ва ба як қудрат мубаддал мешавад. Ин мавзӯъ гурӯҳи Қатар ва Қандаҳорро дар як ҷабҳаи севумӣ қарор медиҳад, ки ба шиддат қобили нигаронӣ аст. Ҷараёни Қандаҳор ба раҳбарии Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон бо хушунат ва шиддати бештар амал мекунад ва ҳар гуна мухолифатро дар миёни Толибон саркӯб мекунад. Ба ҳамин далел бештари қудрат ҳам дар дасти гурӯҳи Қандаҳор аст. Гурӯҳи Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибон ва гурӯҳи Қатар ба раҳбарии Мулло Бародар, хостори таомули созанда бо дунё ҳастанд то ҳам режими Толибон бақо биоварад ва тадовум пайдо кунад ва ҳам онҳо аз хатари измиҳлоли сиёсӣ, канор бимонанд. Мумкин дар ояндаҳо ин ихтилофот боиси кудатои дарунӣ дар миёни Толибон шавад ва ё ҳам гурӯҳи Қатар ва Мулло Яъқуб бо ҷараёнҳои мухолифи Толибон, тафоҳум карда ва ҳукумати муштарак ташкил диҳанд;
ЧАҲОРУМ - амалкарди хашин ва тавъам бо хушунат гурӯҳи Қандаҳор ба раҳбарии Мулло Ҳайбатуллоҳ боис шуда то гурӯҳи Қатар ва Мулло Яъқуб аз наҳваи тақсими қудрату сарват, имконоту таҷҳизоти низомии баҷомонда аз ҳукумати пешин, қочоқи маводи мухаддир ва сиёсатҳои тундравонаи Мулло Ҳайбатуллоҳ интиқод кунанд ва ба инзиво бираванд. Ин норизоиятӣ дар ин рӯзҳо бештар шуда ва мӯҷиб шуда то дар суфуфи Толибон, тағйироте биёяд. Бештар талош шуда то гурӯҳи Қатар ва Мулло Яъқуб дар таомулоти қудрат ва сохти низоми толибонӣ, канор зада шаванд ва афроди вафодор ба раҳбари беному нишони Толибон, супурда шавад;
ПАНҶУМ - Толибон кам-кам аз як ташаккул ва сохтори қавии идеологӣ берун шуда ва ба як гурӯҳи чандқутбӣ ва иншиобӣ мубаддал мешаванд. Сохторҳое, ки як тарафи онро амалгароҳо ва тарафи дигарро идеологиҳои усулгаро шакл медиҳанд. Ин тарзи бардошти ҳукумат кардан дар миёни Толибон боис шуда то ҳаҷми ихтилофот дар миёни гурӯҳ бештар шавад ва ваҳдати фикрӣ ва идеологии онҳо аз байн биравад. Дар ҳоли ҳозир тасаввури ом ин аст, ки ин гурӯҳ якпорча амал мекунад, дар ҳоле ки дар даруни ин гурӯҳ, шикофҳои амиқе эҷод шуда, ки метавонад боиси измиҳлоли ин гурӯҳ дар оянда шавад. Дар ин сурат ҳатто сохтори ба шиддат қавмӣ ва тангназаронаи паштунволӣ низ монеъи фурӯрехти гурӯҳи Толибон нахоҳад шуд.
ШАШУМ - ихтилофоти миёни Толибон, чаҳор эҳтимол ба ҳамроҳ хоҳад дошт:
Аввал - кудатои дарунӣ аз тарафи як зилъи даргир дар миёни Толибон, ки монанди гурӯҳи Қатар ва Мулло Яъқуб, Шабакаи Ҳаққонӣ ва гурӯҳи Қандаҳориҳо ба раҳбарии Ҳайбатуллоҳ бошад. Маълум мешавад, ки ин эҳтимол кам-кам таҳаққуқ ёфта ва имкони таҳаққуқи он бештар мешавад. Хатари тасодум ҳар лаҳза маҳсус аст ва қудрати сиёсии Толибон, камокон дар маърази фурӯпошӣ ва фурӯрехт қарор мегирад;
Дувум - дар натиҷаи ихтилофоти рӯзафзӯн дар миёни Толибон, ДОИШ аз даруни он берун шуда ва ба як қутби қудрат дар шимоли Афғонистон мубаддал хоҳад шуд. Дар ин сурат, кор ва соҳаи амалкард барои Толибон, душвор хоҳад буд. Ҷанг шиддати бештаре пайдо хоҳад кард ва чолишҳои Толибон дар амри ҳукуматдорӣ бештар хоҳад буд. Амният ба куллӣ мухтал мешавад ва мудохилаи берунӣ бештар хоҳад шуд. Ин кор майдони Афғонистонро дучори инқисоми бештар дар наҳваи бозигарӣ ва кунишгарӣ хоҳад сохт. Вазъияти бозии печидашуда ва ба як қазияи чандомилӣ мубаддал хоҳад шуд;
Севум - тақсими қаламрав дар миёни Толибон ва ташкили ҷудогонаи сохторҳои қудрат дар миёни ин гурӯҳ, як амри ҳатмӣ ва ғайри қобили инкор аст. Ба ин тартиб ДОИШ зилъи севумӣ ва гурӯҳҳои муқовимати зидди Толибон, зилъи чаҳорумӣ хоҳад буд. Ҷуғрофияи Афғонистон ба чанд даста тақсим хоҳад шуд;
Чаҳорум - бо баланд рафтани мизони рақобат дар миёни Толибон, ҳар шохаи ин гурӯҳ бештар талош хоҳад кард то манобеъи бештари қудрату сарватро дар ихтиёр гирад. Ин даргирӣ боис мешавад то амнияти кулли минтақа мухтал шавад ва соири гурӯҳҳои террористӣ аз ин вазъият ба нафъи худашон ва иҷрои амалиётҳои террористии фаромарзии Афғонистон, истифода кунанд.