Хабари рӯз

Чаро Толибон ба ҷиҳод алайҳи Ҳинд намераванд?

Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Толибонро Покистон эҷод кард ва ба қудрат расонд, албатта, ба кумаки Ғарбу араб. Дубора вақте Толибон бо бомбаҳои савтии Амрико фирорӣ ва ғорнишин шуданд, Покистон ононро таҳти ҳифозат гирифт ва аз шарри ҳамалоти НАТО наҷот дод. Бори дигар ин гурӯҳ ба кумаки Покистон ба қудрат расид. Раиси ISI омад, барояшон кобина сохт, то ҳамдигари худро набалъанд.

Аммо имрӯз, ки Покистон, масалан, дар ҷанг бо Ҳинд ниёз ба Толибон дорад, ин гурӯҳ эъломи бетарафӣ кардааст. Ин ғайр аз манфиатандешӣ чизи дигаре нест. Дар ин ҷо Толибон комилан бар асоси ақлонияти сиёсӣ ва ҳукумати секулор тасмим мегирад, на як ҳукумату гурӯҳи динӣ, ҷиҳодӣ ва исломӣ. Агар нафъи Толибон дар ҳимоят аз Покистон дар ҷанг бо Ҳинд мебуд, бетардид ин гурӯҳ садҳо далел ва тавҷеҳи шаръиву динӣ пайдо мекарданд ва талабаҳои мағзшӯишударо барои «ҷиҳод» алайҳи Ҳинд мефиристоданд. Аммо чун нафъе дар ҳимоят аз мавзеи Покистон дар ҷанг бо Ҳинд надоранд, эъломи бетарафӣ кардаанд.

Салом Заиф, сафири пешин Толибон дар Исломобод, гуфт, ки ҷанги Ҳинду Покистон ҷанги динӣ ва мазҳабӣ нест. Ў ҳамчунин гуфт, ки Покистон мехоҳад, ки паштунҳоро ба ҷанг бо Ҳинд бифиристад. Яъне ӯ ба унвони сухангӯи ғайрирасмии Толибон ҳарфаш ин аст, ки Толибон на ба унвони як ҳукумати исломӣ ва на ба унвони як ҳукумати қавмӣ ва паштунӣ набояд вориди ҷанг бо Ҳинд ба нафъи Покистон шаванд.

 Ҳинд бо миқдоре кумак ва ваъда ба Толибон тавонист ин гурӯҳро вориди мавзеи бетарафӣ дар низоъ бо Покистон бисозад.

Хитоб ба муллоҳову чилиҳо ва қориҳои бехабар аз сиёсат, ки солҳо кӯдакӣ ва ҷавонии худро дар хидмати аҳдофи Толибон ва раҳбарони ин гурӯҳ буданд, бояд гуфт, ки аз раҳбарони Толибон бипурсед, ки магар шумо муддаии ҷанг барои Худову дини Худо набудед? Магар шумо намегуфтед, ки мо ғайр аз ризои Худо ҳадафе надорем ва ҳар ҷо мусулмон бо кофир биҷангад, бар мо воҷиб аст, ки дар канори мусулмон алайҳи кофир биҷангем? Чаро ва ба чӣ мантиқе набояд Толибон дар канори Покистон алайҳи Ҳинд биҷанганд? Ҳинд, як кишвари куфрӣ, бар сарзамини мусулмонон ҳамла кардааст. Пас, тибқи ривояти Толибон, бояд алайҳи Ҳинд ҷангид. Ҳинд алайҳи сарзамине меҷангад, ки ба эътиқоди Толибон маҳди густариши ҷиҳод аст ва миллати мусулмони Афғонистонро кумак кардааст, ки аз ишғоли ду неруи ишғолгари куфрӣ озод шавад. Магар чунин сарзамине сазовори ҳимоят нест?

Албатта, ин саволҳо дар бораи равобити гарми Толибон бо Чину Русия ба унвони ду кишвар ва қудрати куфрӣ низ матраҳ аст. Толибон бо Чину Русия равобити гарм доранд ва барои ҷалби ҳимояти ин ду кишвар ҳарчи дар тавон доранд ба харч медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки бисёре аз раҳбарони Толибон бозмондаҳои ҷиҳоде ҳастанд, ки алайҳи русҳо анҷом шуд. Чӣ гуна шуд, ки Русияи дирӯз душман ва ҷанг алайҳи он ҷиҳоди динӣ буд ва аммо имрӯз Толибон ба доштани равобит бо он ифтихор мекунанд? Чин кишварест, ки золимонатарин сиёсатро дар қиболи мусулмонони уйғур ба кор мегирад ва аз наслкушӣ гирифта, то тағйири иҷбории дину мазҳаб ва то анвои мазолими дигарро дар ҳаққи онон раво медорад. Аммо Толибони имрӯза Чинро ба шарокату ҳамкорӣ даъват мекунад ва лофи ҳамкорӣ бо Чинро дар ҳар маҷлис мезананд.

Бояд гуфт, ки сиёсати аслӣ дар дасти паштунистҳо ё ба қавле, ҳамон халқиҳои Толибон аст. Ин сиёсатҳое, ки Толибон дар равобити минтақаӣ ба кор мегиранд, таровиши зеҳнии чанд муллои бехабар нест. Ин сиёсати паштунистҳо аст. Ононе, ки панҷ даҳаи ахир ҳам Ҳиндро дӯшиданд ва ҳам Покистонро. Ҳамин ҳоло Толибон худро ба ду даста тақсим кардаанд. Мулло Яъқуб аз Ҳинд дастур мегирад ва Ҳаққонӣ ва дигаронаш аз Покистон. Ҳам бо ин ҳастанд ва ҳам бо он. На бо ин ҳастанд ва на бо он. Тавре, ки гуфта шуд, агар сиёсати аслӣ дасти Толибони динмадор ва исломгаро бошад, бояд бедиранг ба ҳимояти Покистон эъломи мавзеъ мекарданд.

Ман борҳо гуфтаам, ки Толибон аз се “изм” (паштунизм, исломизм ва империализм) ташкил шудаанд. Ин се “изм” гоҳе мунҷар ба истилок дар даруни Толибон мешавад ва гоҳе ҳам боис мешавад, ки ҳар зилъи Толибон бо ҳар ҷиноҳи қудрати берунӣ равобит барқарор кунад ва навъе тавозун ба вуҷуд ояд ва ҳар қудрати берунӣ худро ирзошуда дар равобити худ бо Толибон эҳсос кунад.

Аммо ангор, ба қавли эрониҳо, «хингтарин» зилъ дар миёни Толибон ҳамин зилъи исломистҳо ҳастанд. Инҳо, масалан, ҳеҷ садое дар баробари паштунистҳо баланд намекунанд, ки чаро дар ҷанг миёни як кишвари исломӣ ва куфрӣ, эъломи бе‎тарафӣ шавад? Ман мӯътақидам, ки батадриҷ зилъи паштунисти Толибон аъзои дигарро аз саҳна бадар мекунад ва дар ниҳоят он чи аз Толибон боқӣ хоҳад монд, ҳамон ҳастаи марказӣ аст, ки ҳамон паштунизм-фашизм аст. Нишонаҳои зиёде аз ҳаракати Толибон ба самти сиёсатҳои паштунистӣ вуҷуд дорад. Ҳаракате, ки ҷиноҳи исломгаро ё коре накарда ё коре карда натавонистааст.

Бор-бор Ҳамид Хуросонӣ  дар бораи ин ки халқиҳо дар пушти саҳна тасмимгирандаи аслӣ дар миёни Толибон ҳастанд, садо баланд карда, аммо Хуросонӣ ба назар мерасад танҳо аст ва Толибон ҳам бо нодида гирифтани шикоятҳо ва эътирозоти ӯ, таъсири каломи вайро аз байн бурдаанд. Ангор ӯ ҳарфи муфт мезанад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!