Дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон ба хубӣ ёд гирифтаанд чигуна пулҳои ирсолшуда тавассути Амрикоро барои амалиёти зидди ДОИШ харҷ кунанд.
Нависанда: Андрей Серенко, хабарнигори аршади ”Независимая газета” ва раиси Маркази таҳлилии анҷумани сиёсатшиносони Русия
Матлаби аслӣ: Кабульские муллы и “идиоты из ЦРУ”
Толибони Афғонистон (, ки дар 17 апрел муваққатан тавассути Додгоҳи олии Русия аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ шуд) дар ҳоли шабеҳсозии мубориза бо ДОИШ-и шохаи Хуросон аст. Ин изҳоротро "Сара Адамс", таҳлилгари собиқи СиАйЭй, баён кардааст. Ӯ дар вокуниш ба ахборе аз Кобул дар бораи ҳамлаи нерӯҳои вежаи Толибон ба як пойгоҳи махфии ДОИШ дар пойтахти Афғонистон дар 9 июн гуфт: "Толибон Вашингтонро фиреб медиҳад то ҳамчунон пулҳои марбут ба мубориза бо ДОИШро дарёфт кунад."
Манобеъи иттилоотии таҳти контроли Толибон ба таърихи 9 июн хабар доданд, ки нерӯҳои вежаи Раёсати умумии истихбороти Толибон ба як пойгоҳи махфии "Вилояти Хуросон" дар ноҳияи 15-и шаҳри Кобул ҳамла кардаанд. Аввалин гузориши ин ҳамла тавассути хабаргузории "Алмурсад", ки таҳти назари Раёсати истихбороти Толибон фаъолият мекунад, мунташир шуд. Ин расона ҳамчунин видеое аз даргирии шабонаро мунташир кард ва иддао кард, ки нерӯҳои вежаи Толибон дар минтақаи "Қасаба"-и наздики фурудгоҳи Кобул амалиёте алайҳи ДОИШ анҷом додаанд. Дар ин видео инфиҷорҳои шадид ва тирандозиҳои мудовим ба чашм мехӯрад. Бо ин ҳол, мақомоти Толибон то замони нигориши ин матн ҳеҷ тавзеҳе дар бораи ин ҳодиса ироа накардаанд.
Дар муқобил, Сара Адамс, таҳлилгари собиқи СиАйЭй ва мутахассиси мубориза бо терроризм, дар ҳисоби расмии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: «Ин амалиёти масхара аст. Мо аз тариқи маълумоти майдонӣ медонем, ки ин сохтмон аз соли 2021 ва пас аз суқути Кобул таҳти контроли воҳиди "Зулфиқор"-и Раёсати истихбороти Толибон аст. Дар ҳамин макон, афроди Сироҷуддин Ҳаққонӣ (вазири дохилаи Толибон ва раҳбари шабакаи террористии мамнуъаи "Ҳаққонӣ") бо раҳбарони аршади ДОИШ дар Кобул дидорҳое махфиёна доштаанд, дар ҳоле ки ба Ғарб иттилооти дурӯғине дар бораи мубориза бо ДОИШ медоданд. Дохили ин сохтмон, онҳо доиман ба ин механданд, ки чӣ қадар коркунони СиАйЭйро аҳмақ фарз мекунанд.
Адамс бо ишора ба видеои ҳамлаи нерӯҳои вежаи Толибон ба ин хона, таъкид кард: “Раёсати истихбороти Толибон дарвоқеъ сохтмони худашро вайрон мекунад то ҳамаро мутақоид кунад, ки ин ҷо мутааллиқ ба дигаре аст”.
Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки Толибон пеш аз ин низ борҳо амалиёти сохтагӣ алайҳи ДОИШ анҷом додаанд: «Онҳо ин корҳоро мекунанд то шарикони амрикоии худ дар "муборза бо терроризм"-ро розӣ нигаҳ доранд. Чаро? Чун Толибон миллионҳо доллар аз давлати Амрико барои "мубориза бо терроризм" дарёфт мекунанд (тибқи замоими пинҳони тавофуқномаи Давҳа дар 29 феврали 2020)”.
Ба гуфтаи Адамс, охирин интиқоли пул аз сӯи Вашингтон “чанд ҳафта пеш” ба маблағи 46 миллион доллар анҷом шудааст. Ў тасреҳ кард, ки ин ҳамлаи намоишӣ дар 9 июн иртиботи мустақиме бо ин пардохтҳо дорад: “Муллоёни хашмгин” мехоҳанд ҷараёни пул аз Амрико идома ёбад, бинобарин ба шуракои амрикоӣ нишон медиҳанд, ки “сармоягузории онҳо дар бахши амният ва мубориза бо терроризм” натиҷаи ошкор дорад. Ҳатто агар барои ин кор маҷбур бошанд сохтмони худашон дар Кобулро вайрон кунанд ва онро пойгоҳи махфии ДОИШ унвон кунанд.
Нуктаи ҷолиб ин ҷост, ки пеш аз ин, мақомоти Толибон борҳо иддао карда буданд, ки “ҳукумати муллоёни хашмгин” ба таври комил ДОИШ-ро дар Афғонистон нобуд карда ва коршиносони хориҷӣ таҳдидҳои "Вилояти Хуросон"-ро бузургнамоӣ мекунанд. Аммо ногаҳон дар чунин шароите, як даргирии намоишӣ бо иддаои мубориза бо ДОИШ дар Кобул рух медиҳад! Ба назар мерасад дар ин маврид, хатти таблиғотии Толибон бо ҳисобдории молии идораи иттилооти онҳо дар таноқуз афтодааст, чун маҷбур шудаанд ба суръат ба ҳомиёни амрикоии худ гузориш диҳанд, ки пулҳои ихтисосёфта барои мубориза бо ДОИШро чигуна харҷ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, ДОИШ-и воқеӣ дар «иморати Толибон» рӯз ба рӯз қавитар мешавад. Бар асоси муҳофизакоронатарин баровардҳо, теъдоди аъзои "Вилояти Хуросон" дар Афғонистон байни 6 то 10 ҳазор нафар аст ва ин ҳастаи аслии ин гурӯҳи террористӣ аст, ки ҳамчунон ба ҷазби нерӯҳои ҷадид идома медиҳад. Шабакаҳои ҷазби нерӯи ДОИШ на танҳо дар Афғонистон, балки дар тамоми кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла манотиқи уйғурнишини Чин ва ҳамчунин дар Русия, Туркия ва кишварҳои аврупоӣ фаъол ҳастанд.
Манобеъи мувассақ аз нуфузи муваффақиятомези ДОИШ дар суфуфи Толибон хабар медиҳанд: садҳо толиб то кунун ба далоили молӣ ба "Вилояти Хуросон" пайвастаанд. Муддате пеш, раҳбарони Толибон аз коҳиши теъдоди нерӯҳои низомии худ ба далели камбуди будҷа хабар доданд. Коршиносони афғон ва минтақаӣ мутмаин ҳастанд, ки бахше аз ин нерӯҳои ихроҷшуда дер ё зуд ба ДОИШ мепайванданд.