Афғонистон дар чӣ махмасаи бозиҳои печидаи иттилоотӣ афтодааст?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"
Равшан аст, ки хусусияти буҳронҳо дар ҷуғрофияи Афғонистон, алорағми хусусияти убурии он, моҳияти роҳбурдӣ дорад. Ба иборати дигар, он чи дар майдони Афғонистон гузар мекунад, як мавҷ аст, вале табаоти он ба гунаи дарозмуддат бар фазои ин кишвар, чира мешавад. Ба ин иллат гуфта метавонем, ки вазъияти феълии кишвар дар як ҳолати маъталӣ қарор дорад, то қудратҳои бузургу дахил дар қазияи Афғонистон, дар мавриди масоили ом ва ҳодди дигари ҷаҳон ба як тафоҳум бирасанд, баъдан бо давр задани қоидаи бозӣ дар мавриди Афғонистон ва сарнавишти он, тасмим хоҳанд гирифт. Ин дарвоқеъ, паёми ҷанг ва идомаи вазъияти кунунӣ дорад.
Дар ин бозӣ як қоидаи куллии бурд-бурд барои бозигарони қудратманд ва чандин бозигари бумӣ, ба шумули Толибон вуҷуд дорад, ки чархаи аслии ин бозиро дар ҳоли гардиш нигаҳ медоранд. Бозии кунунӣ дар меҳвари Афғонистон хеле печида бо хусусияти чандпаҳлу ва дорои абъоди гуногун аст, ки ба воситаи як ҷанги ҳибридӣ, пеш бурда мешавад. Аносири сахтафзории ҷанг, нақши истихборот, расонаҳо, авомили иқтисодӣ, равоншинохтӣ ва... ҳама дар ин ҷанги номутақорин бар зидди мардуми Афғонистон ба воситаи қудратҳои бузург ва ниёбатиҳояшон, монанди Толибон, ҷараён дорад.
Қудратҳои бузург барои ниҳоисозии тасмим дар мавриди идомаи бозӣ дар ҷуғрофияи Афғонистон, як теъдод аз доштаҳои ниёбатии бумӣ, монанди Толибонро дар майдон доранд. Толибон барои феълан масъулияти суккондории қудратро ӯҳдадор шудаанд. Ўҳдадории қудрат бо хашинтарин тарзи ҳукумат ва эҷоди фазои хафақон, то ҳаракате бар хилофи асли барномаи бозӣ сурат нагирад. Дар ин гирудор, исме ба номи Ҳайбатуллоҳ, гардонандаи умур аст, то шароитро бар муроди бозигарони қудратманди минтақаӣ пеш бибарад. Ин Ҳайбатуллоҳ ном як роҳбурдро, ки қаблан барояш танзим шуда, пеш мебарад. Роҳбурди контролу тафтиш дар ҷомеа, ки ҳосили он мутобиқи барномаҳо, ҳифзи вазъият мавҷуд бошад. Стратегияи Ҳайбатуллоҳ ном, дорои чанд мушаххаса аст:
АВВАЛ - поксозии кобинаи Толибон аз мухолифони Ҳайбатуллоҳ, ки шомили Ҳаққониҳо, Толибони Қандаҳор, Ҳилманд ва гурӯҳи Қатар мешавад;
ДУВУМ - эътилоф бо кишварҳои минтақа дар ивази таомул бо Ғарб. Ин хусусият дар машвара бо Покистон тарроҳӣ шуда, то Толибон ба таври мутлақ дар контроли ин кишвар боқӣ бимонад;
СЕВУМ - эътилоф бо Покистону истихбороти он ва талош барои фармонбардорӣ кардани бидуни қайду шарт дар ивази татбиқ ва пешбурди барномаҳое, монанди ТТП, ки барномаи хориҷ аз контроли Покистону низоми амниятии он аст;
ЧАҲОРУМ - интиқоли қудрат аз Кобул ба Қандаҳор барои тасмимгирии сода ва дар ихтиёр доштани вазоратхонаҳои калидӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳар хел амал кудатоӣ.
Дар ин миён таҷаммӯи бесобиқа иттилоотчиёни ғарбиву шарқӣ дар майдонҳои Кобул нишон аз печида будани ин бозӣ дорад. Иттилоотчиёни ҳар қутб барои тарроҳии барномаи хоси хеш ба талош мепардозанд ва Толибон ҳам аз ҳар гурӯҳ ба гармӣ истиқбол мекунанд. Дар як бозии аҷибу ғариб миёни Толибону қудратҳои минтақа ва фароминтақа як барномаи сареъ ва ғайри қобили кашф дар ҷараён аст. Таҷаммӯъи гурӯҳҳои террористии хориҷӣ дар манотиқи Афғонистон ва ба таври ахас интиқоли гурӯҳи Сипоҳи Саҳоба ва Лашкари Ҷангавӣ ба унвони ифротитарин гурӯҳҳои террористӣ, ки дар пӯшиши ТТП ба Шимол интиқол мешаванд, занги хатари як буҳрони дарозмуддати амниятиро барои як набарди нафасгир, ба садо даровардааст.
Аз сӯи дигар, эътилофи аҷибу ғариби балучҳо бо ТТП ва эҷоди камарбанди амниятӣ барои муқобила бо таҳдидҳои Покистон, эҳтимоли нақшофаринии Ҳиндро медиҳад. Баъзе аз ҳалқаҳои ТТП, монанди Нурвалӣ Маҳсуд бо созмони истихбороти Ҳиндустон иртиботи муназзам доранд ва ба гунаи систематик аз онҳо пул, таҷҳизот, машвара ва кӯмакҳои мусташорӣ дарёфт мекунанд. Бар иловаи эътилофи шаклгирифта миёни ТТП ва Ҷунбиши Исломии Туркистони Шарқӣ заминаҳои қудратгири ДОИШ-ро дар Шимоли Афғонистон, мусоид мекунад. Дар тозатарин маврид Толибон тасмим гирифтаанд, то аз шаклгирии ҳар хел эътилоф миёни ин гурӯҳҳо ҷилавгирӣ кунанд. Ба ҳамин манзур Толибони покистониро аз пойгоҳҳои суннатиашон берун кашида ва ба Шимол интиқол медиҳанд. Сайти “Сангар” матлаберо нашр карда, ки дар ҷаласоти ахир миёни инглисҳо ва амрикоиҳо бо Толибон, болои Толибон фишор ворид шуда, то масъалаи Шимолро яктарафа кунанд. Дар зимн, изҳороти вазири хориҷии Эрон, ки гуфта, сарону коркуштаҳои ДОИШ аз Либия, Ироқ ва Сурия ба Афғонистон интиқол ёфтаанд, нишон медиҳад, ки бозӣ дар Афғонистон ҷиддӣ аст.
Бар иловаи хусусияти низомӣ ва истихборотии тақобули қудратҳо дар Афғонистон, рӯйкарди зоҳирсозии дипломатӣ низ дар ҷараён аст. Раванде, ки онро мо ба номи таомули минтақа бо Толибон мешиносем. Аммо ин раванд таомуле аз ҷониби бозигарони қудрат дар ду ҷиҳат пеш бурда мешавад: таомули тактикӣ аз ҷониби кишварҳои ҳамсоя ва таомули роҳбурдӣ аз ҷониби қудратҳои бузурги фароминтақа, ки дорои моҳияти мутафовит аз лиҳози аҳдофу роҳбурд ҳастанд. Он чи, ки маълум мешавад ин аст, ки мусобиқа болои Афғонистони захмӣ ба воситаи Толибон ва соири гурӯҳҳои террористӣ аз тариқи абзорҳои фишор, татмеъ ва подош вуҷуд дорад.
Дар асл ин бозӣ бо эҷоди як тавозуни тактикии маънодор идома дорад. На касе Толибонро ба расмият мешиносад ва на касе бо онҳо қатъи робита мекунад. Дар ин гирудор, амдан заминаро тавре фароҳам сохтаанд, то Толибон қудрати чоназанӣ пайдо кунанд ва ба унвони як унсури дорои қудрат шинохта шаванд. Гуфтумони ҷудо аз воқеиятро мабнӣ бар ин ки "Толибон бадил надоранд" ба як клиша мубаддал сохтаанд. Қудрати мардуми Афғонистонро нодида гирифтаанд ва бист соли дастоварди мардуми мо барои демократия ва таъмини арзишҳои маданиву асриро ҳеҷ ҳисоб мекунанд. Дар ин миён Толибон дар таҳти шиори "Толибон бадил надоранд", қудрати рӯзафзун барои бақояшон меёбанд ва ҳар дареро барои дарёфти кӯмаку ҳимоят, дақулбоб мекунад.
Набарди кунунӣ дар Афғонистон бо сиёсати сабру таҳаммул гиреҳ хӯрдааст. Масоили Афғонистон иртиботи мустақим ба мавзӯъоти бузурги байналмилалӣ дорад ва то замоне, ки таҳаввуле дар бунбастҳои бузурги байналмилалӣ рӯнамо нагардад, бунбасти мавҷуд дар Афғонистон шикастонда нахоҳад шуд. Аз таомули тактикӣ то таомули роҳбурдӣ фосилаи зиёде дар миён аст. Агарчи ҳарду барои мардум ва ҷуғрофияи Афғонистон, мамлув аз офот аст, аммо воқеият аст ва бояд қабул кунем.
Дар сатҳи роҳбурди минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, эътилофи корбурдӣ аз гурӯҳҳои террористӣ ва эҷоди сохторҳои муттаҳиди миёни он, монанди Толибон, Алқоида, ТТП ва Ҷунбиши Исломии Туркистони Шарқӣ занги хатари ҷадидеро барои амнияти минтақа ба вуҷуд овардааст. Дар таҳти чатри ДОИШ эҳтимол дорад эътилофе миёни соири гурӯҳҳои террористӣ шакл бигирад. Толибонро миёни ду ҳолати тасмимгирӣ, ба ҳолати муаллақ нигаҳ доштаанд, то нагузоранд, ин тавозуни тактикӣ барҳам бихӯрад. Тавозуне, ки метавонад ҳар лаҳза барҳам бихӯрад ва муодиларо ба гунаи бунёдин иваз кунад.
Ҷараёнҳои сиёсии мухолифи Толибон низ дар ҳолати таълиқ қарор гирифтаанд. Талош мешавад, то ин зарфиятҳо низ барои рӯзи мабодо ҷиҳати эҷоди девори дифоии Шонгҳой дар тақобул бо афзунхоҳиҳои қутби мухолифони ин созмон ба шакли резерв нигаҳ дошта шавад. Ихтилофи назар миёни қудратҳои минтақа дар арсаи таъқиби сиёсатҳо дар баробари Толибон низ мубини як ҳолати сардаргумӣ аст. Қарори маълум иштироки назар миёни ин қудратҳо дар ҳавзаи Шарқи Аврупо ва Украина вуҷуд дорад, аммо дар ҳавзаи Афғонистон, ин иштироки назар ба як муҳосибаи роҳбурдӣ бо тавассул ба як таомули тактикӣ ва мақтаӣ, ҷо холӣ кардааст. Толибон низ бо истифода аз фурсат, то метавонанд инсон мекушанд, хушунат мекунанд, поксозии қавмӣ менамоянд ва ба сарватандӯзӣ ва лайломи сармояҳои мардуми Афғонистон, ки маодини Афғонистон аст, мепардозанд. Рушди рӯзафзуни кишту қочоқи маводи мухаддир тавассути Толибон ба гунаи созмонёфта сурат мегирад. Қочоқи силоҳу таҷҳизоти артиши Афғонистон, боҷгирӣ ва таҳмили усули мофиёӣ болои мардуми ночори Афғонистон камокон идома дорад.
Бо ин вазъият, дар шароити кунунӣ бояд мунтазири як таҳаввул дар арсаи сиёсати қудратҳои бузург дар мавриди Афғонистон бошем. Мардуми Афғонистон дар шароити кунунӣ ҳеҷ қудрати тасмимгирӣ надоранд ва на ҳама омили муҳимме дар ҷиҳати овардани тағйир дар вазъият маҳсуб мешавад. Он чи метавон дар мавриди вазъияти кунунӣ ва бунбасти мавҷуд, ишора кард, сардаргумӣ ва бозии печидаи иттилоотӣ аст, ки вазъиятро буғранҷ сохтааст.