Хабари рӯз

Эрон ва Покистон нигарон чӣ чизе дар Афғонистон ҳастанд? – бахши нахуст

Нависанда: Сайид Муҳаммадалии Ризвонӣ, таҳлилгар, манбаъ: didpress.com

Вузарои хориҷаи Эрону Покистон дар поёни нишасти тафоҳумномаи панҷсолаи тиҷорӣ ва роҳбурдӣ дар Исломобод, аз вазъияти Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд. Вазири хориҷаи Эрон гуфт: ҳар гуна таҳаввул дар Афғонистон бар Эрону Покистон таъсир дорад. Биловал Буту Зардорӣ низ зимни ибрози нигаронӣ аз авзоъи Афғонистон афзуд: Покистону Эрон бар идомаи таомули фаъолашон бо ҳадафи пешбурди сулҳу субот дар Афғонистон тавофуқ кардаанд.

Ибрози нигаронии ин ду кишвари ҳамсоя аз инкишофоти сиёсиву низомӣ дар Афғонистон ба чӣ маънӣ аст? Оё дағдағаи Эрону Покистон аз як ҷинс ва мушобеҳи ҳам аст ва агар на, чӣ тафовут миёни нигаронии Покистону Эрон аз ноҳияи Афғонистон вуҷуд дорад?

Эрону Покистон бар хилофи ҳамсояҳои дигари Афғонистон ба таҳаввулоти 15 августи 2021 – и кишвар вокуниши фаврӣ нишон дода ва онро таҳаввуле мусбат хонданд ва дар фароянди он ки мунҷар ба ба қудрат расидани Толибон шуд, бештарин нақшро бозӣ карданд.

Пурсиш ин аст, ки чӣ чизе акнун ин ду ҳамсояро, ки пиндошта мешуд бозигари аслии таҳаввулоти Афғонистон бошанд, то ин ҳад нигарон карда, таҳаввулот дар кишвар обистани чӣ паёмадҳоест, ки Эрону Покистонро водор ба ҳамкории роҳбурдӣ ва муштарак намудааст?

Ба назар мерасад, омилҳои зайл барҷастатарин авомили нигаронии Эрону Покистон бошад, ки ба тафкик миёни он ду кишвар, баррасӣ мегардад:

ЭРОН;

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар замоне Афғонистонро тарк кард, ки Эрон худро таҳти фишори шадиди Амрико эҳсос мекард. Тағйири сиёсати кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс ба нафъи ҳузури Исроил ва ҷо боз кардани ин кишвар дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, мустақар будани пойгоҳҳои низомии Амрико дар кишварҳои Кувайт, Ироқ, Сурия, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Туркия сабаб шуда буд, то Эрон дар чанбараи муҳосираи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш бошад. Дар чунин вазъият, хурӯҷи Амрико аз Афғонистон ба танҳоӣ барои Эрон пирӯзӣ маҳсуб мешуд ва ба ҳамин далел бидуни таваҷҷуҳ ба паёмадҳои хурӯҷи Амрико, Эрон онро пирӯзии мардуми Афғонистон дар баробари ишғолгарон унвон кард.

 Ба назар мерасад ин иқдоми Ҷумҳурии Исломии Эрон маътуф ба ду далел бошад.

Аввалан, Ҷумҳурии Исломии Эрон мепиндошт, ки гурӯҳи Толибон бо таваҷҷуҳ ба ҷанги тӯлонӣ бо Амрико ва муттаҳидонаш ва талафоти ношӣ аз ин рӯёрӯӣ баид менамояд, то бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико равобити ҳасана барқарор карда ва аз он кишвар ҷиҳати тақвияти ҳукумати худ кӯмак дарёфт кунад. Дар чунин шароит ҳукумати Толибон чорае ҷуз такя ба кишварҳои ҳамсоя надорад. Фароянде, ки ба нафъи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон тамом шуда ва онҳо суди лозимро ба даст хоҳанд овард

 Дуюман, фикр мешуд, ки Толибон ба кишварҳои зиддиамрикоӣ мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон нигоҳи стратегӣ дошта ва бо онҳо муносиботи амиқ эҷод хоҳанд кард. Муносиботе, ки чеҳраи минтақаро иваз ва сафи мухолифони Амрикоро тӯлонӣ мекунад. Ду соли ҳукумати Толибон, аммо акси қазияро ба исбот расонд. Толибон то кунун чандин бор дар марзҳои шарқии Эрон бо марзбонони он даргир шудаанд ва фаъолияти ниҳодҳое мисли Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмарро, ки фикр мекунанд корҳои муғойир бо кӯмакрасонӣ анҷом медиҳандро мутаваққиф кардаанд. Бар асоси иддаои Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба рағми таъкиди Толибон бар қабули ҳаққобаи Эрон аз рӯди Ҳирманд, онро амалӣ ва иҷроӣ накардаанд. Гузоришҳои таъйиднашудае вуҷуд дорад, ки Толибон нисбат ба фаъолияти иниҳодҳои омӯзишии Эрон дар Афғонистон мисли Донишгоҳи озоди исломӣ, Ҷомеаи ал-Мустафо ва Донишгоҳи “Паёми нур” ба дидаи шакку тардид менигаранд ва баид нест аз идомаи кори онҳо низ ҷилавгирӣ кунанд.

- Бозгашти Амрико дар майдони бозӣ;

Ду сол баъд аз хурӯҷи Амрико аз Афғонистон ба назар мерасад, ки бардоштҳои мубтанӣ бар фирори Амрико аз минтақа дурусту мунтабиқ бо воқеият набудааст. Акнун, ки ду сол аз хурӯҷи Амрико аз Афғонистон мегузарад, ҳузури ин кишвар дар майдони бозӣ камрангтар аз гузашта нест.

Толибон ҳам нишон додаанд, ки марзе ҷуз ҳимояти молӣ миёни дӯсту душман намешиносанд.

Стратегистҳои амрикоӣ ҳам тангноҳову ногузириҳои Толибонро ба хубӣ дарк мекунанд ва ҳам тавоноии тамоюли кишварҳои минтақа барои ҳимоят аз онҳоро. Ин ду омил сабаб шуда, ки амрикоиҳо бо ҳазинаҳои ба маротиб камтар аз масорифи ҳузур сарбозонаш дар Афғонистон, набзи таҳаввулотро ба даст бигирад.

Бозгашти Амрико дар майдони бозии Афғонистон муҳосибаи тавозуни қудрати сиёсӣ дар ин минтақаи ҳассосро оҳиста ва пайваста ба нафъи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тағйир додааст. Таҳаввулоте, ки мӯҷиб нигарониҳое миёни кишварҳое мисли Русия, Чин ва ба вежа Эрон шудааст. Гароиши хазанда ва маънидори Толибон ба сӯйи ҷабҳаи Амрико, тамоми хушбиниҳое, ки дар оғози ба қудрат расидани Толибон миёни кишварҳои мухолифи Амрико ба вуҷуд омада буд, кам-кам ранг мебозад ва ҷойи худро ба бадбинӣ ва тардид медиҳад.

- Тазодди идеологиии Теҳрон - Кобул;

Толибон як неруи сиёсии идеологӣ аст, ки дар муносиботи худ ба идеологияашон баҳо дода ва бар он пофишорӣ мекунанд. Аз ин манзар, Эрону Толибон наметавонанд дар дарозмуддат ду муттаҳиди стратегӣ боқӣ бимонанд. Масъалае, ки борҳо аз сӯйи коршиносону огоҳон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон низ бар он таъкид шудааст.

Шиъаён аз диди Толибон ҳамонҳое ҳастанд, ки дар ҳукумати даври аввали ин гурӯҳ эълом шуда буд. Мулло Ниёзӣ дар расонаи давлатӣ шиъаёнро кофир ва мубоҳуладам хонд. Ин тафаккур ҳанӯз дар миёни Толибон ба гунаи пурранг ва қавӣ вуҷуд дорад ва ба таври қатъӣ яке аз мавонеи муҳимми густариши иртибот миёни Теҳрон ва Кобул шумурда мешавад. Тазодди идеологии ҳарду тараф, воқеиятест, ки бар муносиботи гурӯҳи Толибон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳамакнун соя андохтааст.

Бино бар ин, Эрон нигарониҳои ҷиддии амниятӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз ноҳияи Афғонистон дорад. Эрон нигарони нуфузи рӯзафзуни Амрико дар миёни Толибон аст. Ин кишвар аз навъе бархӯрди Толибон бо гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷудоиталаби балуч ҳарос дорад. Вуруди сели муҳоҷирон, транзити маводи мухаддир масоили муҳим барои Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Ҳамсояи ғарбии Афғонистон медонад, ки агар авзоъ дар кишвар аз контрол хориҷ шавад, таҳдиди ҷиддӣ ва қобили тааммуле аз шарқ мутаваҷҷеҳи амнияти он хоҳад буд.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!