Бачабозӣ мероси баҷомонда аз Мулло Умар, асосгузори ҳаракати Толибон аст.
Нависанда: Хабаргузории “Муқовимат”
Бадахлоқӣ ва “бачабозӣ”-и Толибон пешинаи тӯлонӣ дорад ва раҳбари ин гурӯҳ Мулло Муҳаммад Умар низ ба анҷоми ин амал муттаҳам шудааст. Карнил Имом, афсари ISI –и Покистон дар китоби “Пружаи толибсозӣ дар Афғонистон” дар ин маврид навиштааст:
“Нуктае, ки боиси тааҷҷуби ман шуд, дар миёни нерӯҳои Мулло Умар писарбачае буд, ки бар хилофи соири талабаҳои масҷид, тамиз, мӯйҳои дароз, чашмони обӣ ва кулоҳи қандаҳорӣ бар сар дошт ва ман бештар ба он таваҷҷуҳ мекардам, Ҷаг Мулло, яке аз фармондеҳони Мулло Умар, бароям гуфт, ки ин писар аз ҷумлаи шогирдони Мулло Умар ва муҳофизи хоси ӯст.
Ман дар ҷавобаш гуфтам, ки “Мулло соҳиб, воқеан шогирди хоси ӯст?”
Вай бо ханда чунин ҷавоб дод: “Магар Мулло соҳиб Умар, дил надорад?”
Бо ин посухи ӯ ҳамаи ҳамроҳонаш баланд хандиданд.
Замоне, ки вулусволии Майванд расидем, хабар шудем, ки потак (посгоҳ)-и яке аз фармондеҳони Толибон, ки дӯсти ман низ буд, мавриди ҳамлаи устод Абдулалим, аз қумандонони устод Абдураб Расули Сайёф, қарор гирифтааст. Ин толиби дӯсти ман, ки марбути қавми бузурги нурзай аст, дар Ҳилманд ва Қандаҳор зист менамояд, бисёр қаҳр шуд ва барои Мулло Абдуссаттор ва дигар ҳамроҳонаш дастури ҳамлаи мутақобил дод.
Тайи ин задухӯрд 17 тан, аз ҷумла афроди қумандон Сайёф ва Ҳоҷӣ Наврӯзӣ кушта шуданд ва дар ҷамъи кушташудаҳо Мулло Абдуссаттор ва ҳамон дастёри (бачабериши зебо)-и Мулло Муҳаммад Умар низ шомил буд.
Кушта шудани (бачабериши Мулло Умар) сабаби таҳрики Кумитаи ислоҳӣ гардид.
Мулло Умар бар марги он ҷавон (бачаберишаш) бисёр гирист ва тааҳҳуд супурд, то интиқоми хуни ӯро бигирад.
Аз он ҷое, ки нигаҳдории бачабериш ва таомули ҷинсӣ бо бачаҳои хурдсинро раҳбари ин гурӯҳ низ анҷом дода, аз ҷумлаи аъмолу кирдорест, ки дар фикр ва мафкураи толибон ҷиддӣ гирифта намешавад ва ҳар кадомашон бидуни ин ки ба касе посухгӯ бошанд, бачаҳои хурдсинро дар посгоҳҳо ва қароргоҳояшон нигаҳдорӣ ва аз онон истифодаи ҷинсӣ мебаранд”.
Агар аз зовияи дигаре ба ин зеҳният ва мафкура бипардозем, Толибон дорои шаҳвати туғёнгар ва нафси аммора бисуъ ҳастанд, ки бо ҳар абзор ва василае таъмини шаҳват мекунанд, танҳо бачаҳои хӯрдсин дар суфуфи Толибон қурбонси амалс бадахлоқис ин гурӯҳ нестанд, гоҳе духтарони кӯдак, бачаҳои мадориси динӣ, занони покдомн ва ҳайвоноти безабон низ маврид таҷовузи онҳо қарор мегиранд.
Дар соли 2015 Дидбони ҳуқуқи башар, ки мақарри он дар Ню-Йорк аст, эълом карда, ки гурӯҳи Толибон шуморе аз кӯдакони Афғонистонро аз авосити соли 2015 вориди суфуфи нерӯҳои худ карданд.
Бар асоси гузориши расонаҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар дохилу берун аз кишвар, ин падидаи бачабозӣ дар тӯли яку ним даҳаи ахир, на танҳо дар мадориси Толибон сурат мегирад, балки дар суфуфи низомии онҳо низ анҷом мешавад.
Чандин расонаи дохилӣ ва хориҷӣ дар мавриди мазбур гузориш ва хабар навиштаанд, ки тазаккури онҳо дар ин матлаб гунҷоиш надорад.
Мумкин бовари хонандаи матлаб ин бошад, ки навиштаи ҳозир ношӣ аз ағрози нависанда нисбат ба гурӯҳи Толибон аст, аммо чунин нест. Шумо медонед, ки пас аз ба қудрат расидани ин гурӯҳ чандин маврид аз амали таҷовуз, зино, лавотат ва бачабозиҳои онон тренди расонаҳо шуд ва корбарони сафаҳоти иҷтимоӣ бо танзпардозӣ ва шеър ба сурати мустақим ва ғайримустақим аз ин аъмоли Толибон интиқод карданд.
Танҳо дар як ҳафтаи гузашта чаҳор мавриди мустанад, бо навори тасвирӣ ҳамхобагии Толибонро бо писарони навҷавон ва таҷовузи ҷинсии ин гурӯҳро нишон медиҳад.
Нахуст интишори навори тасвирии ҳамхобагии Мулло Аҳмад Охунд, раиси ширкати “Брешно” дар шаҳри Кобул бо як писари 21-сола фазои маҷозиро мултаҳиб кард, ки шуморе аз кобарони сафаҳоти иҷтимоӣ пас аз интишори наворҳои тасвирии таҷовуз, лавотат ва дигар бадахлоқии гурӯҳи Толибон дар пойи видеоҳо бо интиқод аз бастани марокизи омӯзишӣ, мамнуъияти кор ва гаштугузори занон аз сӯйи Толибон, навиштаанд, занон ҳаққи таҳсил ва корро мутобиқи исломи Толибон надоранд, вале мардони толиб метавонанд лавотат ва зиноро дар дафотири Иморати исломии Толибон ба роҳатӣ анҷом бидиҳанд. Ин аст як бому ду ҳаво.
Мавриди дигаре аз таҷовузи Толибон, ки расонаӣ шуд, таҷовуз Неъмат Фотеҳ, шаҳрдори Толибон дар вулусволии Буркаи вилояти Бағлон, бар як зани корманд дар клиникаи маҳаллии Бурка буд, ки пас аз чанд рӯз аз зиндон озод шуд ва ба кори худ баргашт.
Аллоҳёр, машҳур ба Домулло Муоз, муовини идораи истихбороти Толибон низ дар вулусволии Хончорбоғи вилояти Форёб ахиран ба иттиҳоми барқарории равобити ҷинсӣ бо як писари навҷавон боздошт ва зиндонӣ шудааст. Як манбаи мутталеъ бо шарик сохтани видеое ба расонаҳо аз ҷараёни боздошти ин мақоми амниятии Толибон хабар дод. Домулло Муоз пас аз чанд рӯзи ҳабс дар зиндон, ба дастури Мавлавӣ Атоуоллоҳ Умарӣ, вазири зироат, обёрӣ ва молдории режими Толибон, аз зиндон озод шудааст.
Як видеои дигар, саҳнаи секси онлайнии Сайид Форуқ, узви Толибонро дар вилояти Форёб бо як хонум нишон медод. Сайид Форуқ дар соли 1398 ба иттиҳом интиқоли мина ва маводи мунфаҷира аз сӯйи нерӯҳои амниятии давлати пешини Афғонистон боздошт ва дар маҳокими вақт ба 18 сол ҳабс маҳкум шуда буд. Бо фурӯпошии давлат, Сайид Форуқ аз зиндон озод шуд ва акнун дар суфуфи Толибон дар Форёб фаъолият мекунад.
Толибон, ки даҳҳо бадахлоқӣ ва мавориди мухолифи ислом, монанди зино, ливотат, қатл, дуздӣ, ихтилос, бачабозиро анҷом медиҳанд, вале ҳеҷ гоҳ муҷрим шинохта намешванд ва пас аз чанд рӯз аз зиндон озод ва ба кори худ дар суфуфи ин гурӯҳ идома медиҳанд.