Хабари рӯз

Тарҳҳои ақвоми ғайритоҷики Афғонистон ҳама тавтиаи зидди тоҷиконанд.

Нависанда: Абдуносир Нурзод Тоҷик, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”

Қисмати якум:

Тарҳҳо ё домҳо барои тоҷикон

Дар бахши нахуст, рӯйи ҳадафи асосии матраҳ сохтани назарияи порсизабонон, ҳавзаи форсизабон ва назарияҳои ҳамсӯ бо он, ки дар ҷиҳати мухолифи манофеи тоҷикҳо ҳаракат мекунанд, баҳсҳое доштем. Дар ин бахш, ба гунаи мушаххас рӯйи чолишҳои асосии шаклгирии як иттиҳоди нопухта миёни тоҷикҳо ва ғайритоҷикҳо бар мабнои назарияи тамаддунӣ, сохти қудрати сиёсӣ, масъалаи ҷуғрофиё, забон ва моликияти тамаддунӣ ишороте хоҳем дошт. Зеро ба назари мо, ҳар гуна иттиҳоди пойдор мусталзими таърифи дақиқи манофеъ ва тазодҳо аст. Ба иборати дигар, танҳо забон наметавонад мабнои муштарак ва кофӣ барои шаклгирии як иттиҳоди сиёсӣ ва иҷтимоӣ бошад.

Авлавиятҳои тоҷикҳо бо авлавиятҳои ғайритоҷикҳо тафовутҳои асосӣ дорад ва ин тафовутҳо аз хостгоҳҳои фарҳангӣ, забонӣ ва ҳатто ҳувиятӣ ношӣ мешавад. Аз ҳамин рӯ, шаклгирии ҳар навъ иттиҳод, бештар аз он ки ба иштироки забонӣ вобаста бошад, ба вуҷуди авлавиятҳо ва манофеи муштарак вобаста аст. Бинобар ин, сирфи забони форсӣ, ки моликияти таърихии он ба тоҷикҳо мерасад, наметавонад ба танҳоӣ ба унвони асли бунёдини иттиҳод ва ҳамсӯӣ бо ғайритоҷикҳо талаққӣ шавад.

Тарафдорони ин иттиҳоди нопухта, ки бештар бар асли таърихӣ таъкид доранд, амдан аз пардохтан ба захмҳои таърихии мавҷуд миёни тоҷикҳо ва ғайритоҷикҳо удул мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамагон бар асли адолати интиқолӣ таъкид доранд ва онро ба шиори сиёсӣ ва иҷтимоӣ табдил кардаанд, аммо тоҷикҳо дар амал қурбонии бархӯрдҳои чандгона ва табъизомез дар ин замина будаанд. Аз ин рӯ, нодида гирифтани ин воқеиятҳо наметавонад заминасози як ҳамгароии пойдор ва воқеӣ бошад.

Тарафдорони назарияи иттиҳоди порсизабонон бисёр аз ҳамбастагии фарҳангӣ сухан мегӯянд, аммо дар бораи чигунагии афзоиши саҳми тоҷикҳо дар сохтори қудрат, идораи кишвар, ниҳодҳои амниятӣ ва равандҳои тасмимгирӣ, ҳамвора аз ироаи роҳкорҳои мушаххас худдорӣ мекунанд. Бидуни як барномаи сиёсии равшан, ҳамбастагии фарҳангӣ ба танҳоӣ қодир ба таъмини манофеи тоҷикҳо нест ва наметавонад ба унвони роҳҳалли амалӣ матраҳ шавад.

Ҳувияти тамаддунӣ, ки тарафдорони ин назария ба он истинод мекунанд, дар беҳтарин ҳолат як мафҳуми тамаддунӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ аст. Ин мафҳум мумкин аст дар мабоҳиси таърихӣ ва фарҳангӣ ҷойгоҳи хоссе дошта бошад, аммо дар арсаи сиёсати амалӣ ва муносиботи қудрат, ба танҳоӣ ҳеҷ мушкили айниро ҳал намекунад.

Афзун бар он, мо нисбат ба бардошт ва таърифе, ки тарафдорони назарияи порсӣ аз ҳувияти тамаддунӣ ироа мекунанд, тардидҳои ҷиддӣ дорем ва онро бештар як тарфанди сиёсӣ барои баҳрабардорӣ аз зарфияти тоҷикҳо дар бистари рақобат бо соири гурӯҳҳо медонем. Аз ин манзар, асли тавозуни қудрат, таъмини манофеи гурӯҳӣ ва таваҷҷуҳ ба сохторҳои сиёсӣ, бисёр муҳимтар аз таъкиди сирф бар ҳувияти тамаддунӣ аст.

Дар назарияи порсизабонон, масоил ба гунае амдан бузург ва куллӣ матраҳ мешаванд; дар ҳоле ки мутолаботи тоҷикҳо бисёр мушаххас ва айнӣ аст. Мавзуъоте чун сохти қудрати сиёсӣ, ҷуғрофиё, масъалаи забон ва ҳатто моликияти тамаддунӣ, амалан ҳеҷ гоҳ дар назарияҳои тарафдорони иттиҳоди порсизабонон ба сурати равшан ва ҷиддӣ матраҳ намешавад. Ба ҳамин далел, ин вазъият барои тоҷикҳо манбаи нигаронӣ ва дилхӯрӣ аст; зеро пурсиши асосӣ ин аст, ки фардои чунин пружае чӣ гуна хоҳад буд? Ҷойгоҳи ҷуғрофиёии тоҷикҳо, моликияти забони форсӣ ва саҳми онон дар сохти қудрат чӣ сарнавиште хоҳад дошт?

Дар ин миён, лозим аст миёни “сохти қудрат” ва “сохтори қудрат” тафовут қоил шавем. Сохти қудрат ба раванди табиии шаклгирии муаллифаҳои қудрат ишора дорад; раванде, ки зот ва моҳияти аслии қудратро месозад. Аммо сохтори қудрат ба тақсимбандиҳои идорӣ ва наҳваи тавзеи нақшҳо ва масъулиятҳо дар даруни низоми сиёсӣ марбут мешавад. Бинобар ин, ин ду мафҳум аз бунён бо якдигар тафовут доранд ва бояд ба сурати ҷудогона мавриди баррасӣ қарор гиранд.

Ҳол, вақте тарафдорони назарияи порсизабон бо рӯйкарде хос, хостҳои мушаххаси тоҷикҳоро нодида мегиранд ва мекӯшанд барои онон таъйини таклиф кунанд, дар воқеъ ҳадаф он аст, ки тоҷикҳо аз масоили бунёдӣ монанди сохти қудрати сиёсӣ, ҷуғрофиё, масъалаи забон, моликияти он ва ҳувияти таърихӣ ва тамаддунии худ сарфи назар карда ва ба ҷойи он бар мавзуъоти куллӣ ва интизоӣ тамаркуз кунанд. Чунин рӯйкарде дар амал ба маънои идғоми мутолаботи мушаххаси тоҷикҳо дар пружаҳои бузург ва мубҳаме аст, ки метавонад ба ҳазфи онон аз равандҳои мушаххаси сиёсӣ ва таърихӣ биянҷомад.

Дар назарияи иттиҳоди порсизабонон, ба гунае бисёр моҳирона, тактикӣ ва ҳисобшуда ба мафоҳиме чун “раҳоӣ” ва “пирӯзӣ” ишора мешавад. Аз он ҷо, ки масъалаи раҳоӣ ва пирӯзӣ, ба вижа дар шароите, ки пуштунизм бистари ҳежмунии худро дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва низомии Афғонистон густариш додааст, барои бисёре аз тоҷикҳо ҷаззоб ва умедбахш ба назар мерасад, ин мафоҳим ба осонӣ метавонанд мухотаб пайдо кунанд. Аммо ба бовари мо, масъалаи аслӣ дар паси ин шиорҳо нуҳуфта аст.

Ончи дар паси ин адабиёт қарор дорад, аҳдофи дигаре низ дунбол мекунад, ки яке аз муҳимтарин онҳо ба ҳошия рондани тоҷикҳо аст. Мумкин аст ин пружа дар қолаби федерализм, ҳукуматҳои маҳаллӣ ё талоши муштараки тоҷикҳо ва ғайритоҷикҳо барои дур сохтани пуштунҳо аз қудрат матраҳ шавад, аммо пурсиши асосӣ марбут ба марҳалаи пас аз Толибон, ба унвони намояндагони пуштунҳо дар қудрат, аст. Масъалаи аслӣ ин аст, ки манофеи тоҷикҳо дар фардои чунин иттиҳодҳои ноҳамгун чи гуна таъмин хоҳад шуд?

Оё тоҷикҳо ҳамчунон ба унвони бахше аз муодилаи тақсими қудрат дар назар гирифта хоҳанд шуд ё он ки ҳувият ва забони форсӣ ҳамчунон ба абзоре барои инкори нақши таърихии ин қавми бузург табдил хоҳад шуд? Ин ҳамон масъалаест, ки ғайритоҷикҳо амдан ва тоҷикҳои фиребхӯрда аз сари ноогоҳӣ, онро камаҳамият ҷилва медиҳанд. Аз ҳамин рӯ, дар ҳар гуна тақсимбандии сиёсӣ ва шаклгирии иттиҳод миёни тоҷикҳо ва ғайритоҷикҳо, таърифи равшан аз манофеи тоҷикҳо ва табйини дақиқи хостҳои асосии ин мардум, як зарурати иҷтинобнопазир аст.

Дар дидгоҳи порсигароён, ки аз назари мо таркиби номутаносиб аз як иттиҳоди нонавишта, береша ва омехта бо рӯйкардҳои сӯи ғайритоҷикҳо нисбат ба тоҷикҳо аст, забон ва тамаддун танҳо ба унвони абзорҳое барои эҷоди як иттиҳоди зоҳирӣ ва дар ниҳоят ба ҳошия рондани тоҷикҳо мавриди истифода қарор мегирад. Дар чунин чаҳорчӯб, на як иттиҳоди воқеӣ миёни тоҷикҳо ва ғайритоҷикҳо шакл мегирад, на нияти содиқонае дар миён аст ва на хостҳо ва мутолаботи тоҷикҳо дар муҳосиботи ин пружа ҷойгоҳе дорад.

Гарчи ҳамбастагии фарҳангӣ ва иштироки забонӣ метавонад яке аз пешшартҳои лозим барои шаклгирии як иттиҳод миёни форсизабонон бошад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ тазминкунандаи таъмини ҳуқуқ ва манофеи тоҷикҳо нест. Аз ҳамин рӯ, ҳар гуна иттиҳоди сиёсӣ ва иҷтимоӣ бояд бар мабнои таърифи равшани манофеъ, ҳуқуқ ва ҷойгоҳи сиёсии тарафҳои дахил устувор бошад.

Бинобар ин, то замоне ки манофеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва намояндагии воқеии тоҷикҳо дар ҳар навъ иттиҳоди ноҳамгун, аз ҷумла ҳавзаи форсизабон, тамаддуни порсӣ ва ё пружаҳои мубтанӣ бар Эрони фарҳангӣ, ба сурати шаффоф таъриф нашавад, ин чаҳорчӯб бештар аз он ки як барномаи амалӣ барои таъмини манофеи тоҷикҳои Афғонистон бошад, як назарияи ҳувиятӣ барои истифодаи абзорӣ аз онон ва ба ҳошия рондани нақши таърихияшон хоҳад буд. Аз ин рӯ, ин масъала ҳамчунон назди мо ба унвони як тези асосӣ ва қобили нақд боқӣ мемонад ва ҳар гуна имкони созиши шитобзада бо ғайритоҷикҳоро мунтафӣ месозад.


Дин

Тероризм

02-авг-2026 By admin

Муқовимат на танҳо…

Набардҳои ахир дар вилояти Бадахшон нишон медиҳад, ки бо фишори пайвас

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!