Амрико ва Толибон мехоҳанд террористҳои уйғур ва тоҷикро дар марзҳои Чину Тоҷикистон мустақар кунанд.
Нависанда: Муин Исломпур, афсари Урдуи миллии собиқи Афғонистон, махсус барои “Сангар”
Ҳарчанд бархеҳо дуҳул ва доира кардаанд як воҳид идории дигар дар Бадахшон (вулусволӣ ё шаҳристони Помир) изофа шуд, пушти сари ин рӯйкарди отифӣ роҳбурди ваҳшатноки қавмӣ пинҳон аст. Барнома ва дастури кори дарозмуддати иморати қавмӣ ҷобаҷоии гурӯҳҳои террористӣ ва таҳаққуқи аҳдофи гегемонияи қавмӣ аст.
Бо тавҷеҳ ба ду давраи таърихии муқовимат алайҳи истибдоди қавмӣ дар ду бозаи замонӣ стратегияи калони қавмиро муқовимати нахуст ба чолиш кашид, монеи таҳаққуқи аҳдоф ва дастури кори қавмиву қабилаӣ шуд.
Дар бист соли пасин бо вуҷуди як пуштувонаи калони иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ ва ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ – Амрико ва НАТО - дар хатти ҳимояти ҳокимияти ба зоҳир милливу мардумӣ, аммо қатъан дар ин ду давраи муҳим «Карзай-Ғанӣ» ҳам қавмӣ амал кардаанд. Маҳдудиятҳои ҷиддиро бар ақвоми ғайрихудӣ аъмол карданд. Аммо боз ҳам ақвоми ғайрипаштун дар меҳварияти тоҷикон аҳдофу стратегияи шуми истибдодӣ, таҳаҷҷургароӣ ва инҳисоргароиро дар бозиҳои интихоботӣ (Карзай-Ғанӣ) ба чолиш мувоҷеҳ сохтанд.
Аз ин рӯ бо тавлиди адабиёти гӯсфандӣ, тақаллуби густурда ва расвоиҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунон тоҷикон бо муттаҳидони стратегии худ «ҳазораҳо ва узбекҳо» ва... корти сабзи баранда доштанд. Дар фарҷом лоббиҳои берунӣ стратегияи тафаввуқталабонаро дар табонӣ бо Ҷон Керри, вазири хориҷаи пешини Амрико бо тарҳи ҳукумати ваҳдати миллии фиребанда, бозии бохтаро ба суди худ дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии хориҷиҳо бар ҳамаи ақвом таҳмил карданд.
Бо ин вазъ, тақобули нафасгире дар майдони демократияи амрикоӣ дар ду даҳаи пасин, барои ҳусули қудрати сиёсӣ, талангари хатарноке буд, ки фашизмро ошуфтаҳол ва башиддат такон дод. Дар ниҳоят утоқи фикри фашистҳо ва сутуни панҷуми дарунсохторӣ дар меҳварияти Ҳаниф Атмар ва бархе натсионалистҳои дигар ба гунаи бисёр нарму зиракона дар Кобул шаҳраксозиро бо аҳдофи ҷобаҷоии паштунҳо инкишоф ва тақвият доданд. Ҳамчунон дар Шимол дастури кори ҷобаҷоии қавмӣ амалӣ шуд. Афроду ашхоси муассиреро, ки эҳсос менамуданд садди маҳкам ва устувор барои расидан ба аҳдофи қавмӣ ҳастанд, дар ин бист сол ҳазфу террор карданд.
Ҳол сенарияи “шаҳристони Помир” шомили роҳбурди калони қавмӣ аст, ки стратегистҳои қабилаии шуми истибдод мехоҳанд бо як рӯйкарди отифӣ ва зоҳиран дилсӯзона барои помириён, террористони ҳирфаиро дар он манотиқ ҷо ба ҷо намоянд:
1 - Ҷунбиши Туркистони Шарқӣ (уйғурҳо), як гурӯҳи террористии хатарнок ҳастанд, ки солҳо дар канори Толибон ва шабакаи “Алқоида” вазоифи сангинеро иҷро ва анҷом додаанд, ҳамвора бо ваъдаҳои сарихирмании рознок бо ангезаи аҳдофи ҷиҳоди ҷаҳонӣ алайҳи манофеи Чин ҳамчун як нерӯи резерв омода ҳастанд ва таҳдиди хатарнок алайҳи Чин маҳсуб мешаванд.
Толибон борҳо ба Чин итминони дурӯғин додааст, ки ин нерӯҳо аз кишвар хориҷ шудаанд, ба Вазиристони Шимолӣ ва мавқеиятҳои дигар рафтаанд. Дар ҳоле ки шумори онон дар вилоёти Бағлон, Кундуз бархе нуқоти дигар ҳузури фаъол доранд, теъдоди дигар дар Покистон дар канори ТТП алайҳи Покистон ҷанг мекунанд.
Бо он ки Чин муттаҳиди стратегии ғайррасмии Толибон аст, аммо аз ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон нигарон аст. Чунонки дар тозатарин маврид Фу Сун, сафири Чин дар Созмони Милал, дар нишасти Шӯрои амният ибрози нигаронӣ кардааст.
2 - Гурӯҳи Ансоруллоҳ: Ин гурӯҳ солҳо дар хатти манофеъи Толибон ва Алқоида ҷанг кардааст ва узви қобили эътимоди шабакаи Алқоида аст ва бо рӯъёи барандозии ҳукумати Тоҷикистону эҷоду истиқрори гӯё ҳукумати исломӣ дар ин кишвар абзору василаи Толибону Алқоида будааст. Ин гурӯҳ ба маротиб аз уйғурҳо ва гурӯҳҳои террористии дигар хатарноктаранд ва таҳдиди ҷиддӣ алайҳи Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
3 - Бо таваҷҷуҳ ба аҷандои қавмӣ ҷобаҷоии вазирстониҳо - гурӯҳҳои террористии кишварҳои минтақа дар ин манотиқ ва ҳавзаи иҷтимоии тоҷикон ва ақвоми дигар, аз ҷумла Панҷшер, Бадахшон, Тахор ва манотиқи кӯҳистонии Бағлон дар авлавияти кории стратегияи қавмӣ қарор доранд.
Аҳдофи роҳбурдии қавмӣ:
1 - Ба баҳонаи “шаҳристони Помир” гурӯҳҳои баршумурдаи фавқро дар он манотиқ ҷобаҷо мекунанд ва мутобиқ ба бозиҳои калони истихборотӣ, барои таҳаққуқи аҳдофи стратегии ин бозиҳо мунтазири фармон ва дастури баъдӣ мемонанд.
2 - Иморати қавмӣ бо рӯйкарди отифӣ дарвоқеъ дар пайи эҷоди як пойгоҳи террористӣ аст, то бо истифода аз ин рӯйкард аз кишварҳои ҳамсояи Помир то расидан ба аҳдофи калони истихборотӣ боҷгирӣ намояд.
3 - Пушти ин сенарияи “шаҳристони Помир” ҷудо аз стратегияи қавмӣ як роҳбурди хатарноки минтақаӣ дар хатти манофеи Амрико қарор дорад. Чунонки амрикоиҳо аз барномаҳои иқтисодии Чин ва пешрафти ин кишвар нигарон ҳастанд, талош доранд як ҷанги фарсоишӣ ва дарозмуддатро барои эҷоди ихлол дар муҳити стратеги Чин ҳаммонанди навори марзии стратегии Бадахшон ва Тайван минтақаи мунозеаи хокистарии Амрикову Чин эҷод кунанд. Бетардид ҷобаҷоии террористони минтақаӣ ба баҳонаи “шаҳристони Помир” меҳвари асосии ин аҳдоф хоҳанд буд.
4 - Тасхири манотиқи стратегии Бадахшон: Помир, Ишкошим, Хоҳон, Шуғнон ва... ҷузъи аҳдофи калоне ҳастанд, ки иморати паштунӣ дар оянда барои афғонисозӣ ва дигаргунии ҷамъияти ин вилоят пайгирӣ мекунад.
Бо тавҷеҳ ба мавориди баршумурда дарвоқеъ инҳо ҳамон атомҳои интиҳории Ҳайбатуллоҳ ҳастанд, ки ба унвони як таҳдид алайҳи шӯришгарони оянда аз ҳошияҳои он манотиқ, баъд алайҳи Тоҷикистон, Чин ва бархе нуқоти муҷовири Помир хоҳанд буд. Аҳдофи меҳварии стратегияи қавмӣ тасхири нуқоти стратегии Бадахшон, эҷоди хутути муҳосираии шаҳрвандони он, дар кулл гаравгонгирӣ ва афғонисозии устони Бадахшон ва соири ҳавзаҳои зисти ақвоми ғайрипаштун ҷузъи манифести қавмӣ хоҳанд буд.