Дар Тоҷикистон рӯзномаи экологӣ торафт исроркорона ба мадди аввал мебарояд.
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Кишваре, ки беш аз 90 дарсади қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, нисбат ба дигар кишварҳо бо оқибатҳои гармшавии глобалӣ шадидтар (бештар) рӯ ба рӯ аст. Обшавии пиряхҳо, ки дарёҳои бузурги минтақаро ғизо медиҳанд, боиси коҳиш ёфтани захираҳои обӣ, зиёд шудани хушксолӣ (беборонӣ) ва таҳдидҳо ба соҳаи кишоварзӣ мегардад. Дар баробари ин, мушкилоти ифлосшавии ҳаво дар шаҳрҳо, таназзули хок, коркарди (истифодаи) партовҳои саноатӣ ва маишӣ, инчунин рафъи оқибатҳои саноати истихроҷи маъдан ва урани замони шӯравӣ низ шадидтар мегардад.
Тибқи маълумотҳои Маркази обуҳавошиносӣ, соли гузашта дар шаҳри Душанбе қариб 270 рӯзҳои пурғубор ба қайд гирифта шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бояд чораҳои таъҷилӣ оид ба зиёд кардани майдони ҷангал андешида шаванд. Айни ҳол ҷангал ҳамагӣ 3 фоизи қаламрави ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Барои беҳтар кардани вазъи экологӣ ин нишондиҳандаро бояд ҳадди ақал то 20% расонд” – мегӯяд эколог Солиҷон Мирзоев.
Дар чунин шароит барои Тоҷикистон ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли устувор, шарикони технологӣ ва стратегияҳои системавӣ дар мубориза барои амнияти экологӣ аҳамияти хоса пайдо мекунад. Яке аз ин самтҳо ҳамкориҳои байналхалқӣ мебошад, ки ба кишвари мо на танҳо дар вокуниш ба таҳдидҳо, балки барои сохтани амсилаи дарозмуддати рушди экологӣ кумак мекунад.
Имрӯз дар Тоҷикистон кадом мушкилотҳои экологии муҳим (мубрам) ҷой доранд?
Ба андешаи коршиноси соҳаи муҳити зист Солиҷон Мирзоев, мушкилоти асосии экологӣ дар Тоҷикистон таъсири антропогенӣ, чӣ аз ҷониби одамон ва чӣ аз ҷониби ҳайвоноти кишоварзӣ, боқӣ мемонад. "Дар кишвар саршумори чорвои хурду калон хеле зиёд аст: тибқи маълумотҳои ғайрирасмӣ, ҳудуди 7 миллион сар чорвои майда ва 2,8 миллион сар чорвои калон вуҷуд дорад. Дар ҳамин ҳол, масоҳати чарогоҳҳо 3,9 миллион гектарро ташкил медиҳад, ки аз он ҳудуди 50 фоизаш бо сабаби набудани роҳҳо ва инфрасохтор истифода намешаванд. Чарогоҳҳое, ки ба таври фаъол истифода бурда мешаванд, дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дошта, барқарорсозӣ ва такмилдиҳиро (беҳбудиро) металабанд.
Мушкилоти дигари асосӣ – ин норасоии об мебошад. Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон дар саргаҳи бузургтарин шоҳроҳҳои обии минтақа қарор дорад, ин мушкилот барқарорсозии ҷангалҳоро бозмедорад”. Тавре коршинос қайд мекунад, қисми зиёди заминҳо, бахусус дар деҳот, обёрӣ нашудаанд, ва ин мушкили таназзули хокро шадидтар карда, имкони (иқтидори) кабудизоркунӣ ва барқарорсозии ҷангалҳоро кам мекунад.
"Мушкилоти сеюм - зиёд шудани теъдоди тӯфонҳои чангӣ мебошад. Солҳои охир шумораи тӯфонҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, аз ҷумла аз ҳисоби аз байн бурдани хатҳои ҷангалҳифзкунанда, ки қаблан дар қад-қади сарҳадҳо, бахусус дар ҷануби кишвар шинонида шуда буданд. Ин хатҳо на танҳо аз чанг муҳофизат мекарданд, балки ба беҳтар шудани микрофлора ва нигоҳ доштани ҳосилхезии хок мусоидат мекарданд."
Тибқи маълумотҳои Маркази обуҳавошиносӣ, соли гузашта дар шаҳри Душанбе қариб 270 рӯзҳои пурғубор ба қайд гирифта шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бояд чораҳои таъҷилӣ оид ба зиёд кардани майдони ҷангал андешида шаванд. Айни ҳол ҷангал ҳамагӣ 3 фоизи қаламрави ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Барои беҳтар кардани вазъи экологӣ ин нишондиҳандаро бояд ҳадди ақал то 20% расонд”. Эколог Солиҷон Мирзоев
“Ширкатҳои тиҷоратии Русия низ дар татбиқи лоиҳаҳои аз ҷиҳати экологӣ муҳим дар ҷумҳурии мо иштирок мекунанд. Дар байни онҳо ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, рушди устувори кишоварзӣ ва дигар самтҳое, ки ба беҳбудии вазъи экологии кишвар мусоидат мекунанд, ном бурдан мумкин аст”- мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.
Ба андешаи эколог, омили муҳими ин масъала осебпазирии соҳаи кишоварзӣ мебошад: “Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст: беш аз 20%-и ММД-и кишвар аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ ташаккул меёбад. Ин маънои онро дорад, ки тағйирёбии иқлим ба некӯаҳволии қисми зиёди аҳолӣ таъсири бевосита мерасонад, бахусус дар деҳот. Дар бисёр кишварҳои дигар, масалан, дар ИМА, кишоварзӣ тақрибан 1%, дар Русия 3,9% ММД–ро ташкил медиҳад. Ин кишварҳо талафотҳои худро дар ин соҳа ба осонӣ ҷуброн карда метавонанд, вале Тоҷикистон дар ин масъала хеле осебпазир аст, зеро дар ҷумҳурии мо кишоварзӣ 20 фоизи иқтисодиёти кишварро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, мутобиқ кардани зироатҳои кишоварзӣ ба шароити нави иқлимӣ ва аз нав дида баромадани рафторҳо ба идоракунии соҳаи кишоварзӣ ниҳоят муҳим аст».
Оё Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот захираҳои кофӣ дорад?
Коршинос Солиҷон Мирзоев мегӯяд: «Имрӯз Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои ҷалби кӯмакҳои байналмилалӣ ва дарёфти маблағҳои донорӣ фаъолона корбарӣ мекунад. Захираҳои худи мо кофӣ нестанд, зеро барои барқарор кардани 1 гектар чарогоҳ маблағи хеле калон - аз 5 то 10 ҳазор доллар лозим аст. Зимнан, сатҳи таназзули хок дар кишвари мо хеле баланд аст. Барои барқарорсозии хоҷагии ҷангал низ ҳамин қадар маблағ лозим аст. Албатта, маблағ намерасад, аз ин рӯ, донорҳоро (сарпарастонро) ҷустуҷӯ мекунем”
Тоҷикистон дар масъалаҳои экологӣ бо дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Ин ҳамкорӣ иштирок дар ташаббусҳои глобалии иқлимӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар самти захираҳои обӣ, ҳифзи муҳити зист ва рушди устуворро дар бар мегирад. Ҷумҳурии мо инчунин дар доираи барномаҳои байналмилалӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва нигоҳдории гуногунии биологӣ дастгирӣ карда мешавад.
Дар ин замина ҳамкориҳои экологӣ бо Русия, ки шарики деринаи стратегии Тоҷикистон боқӣ монда, бо кишвари мо робитаҳои устувор дорад ва ташаббусҳоро барои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳо амалӣ мегардонад, аҳамияти хоса дорад.
Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов мегӯяд: «Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи экология чанд самтро дар бар мегирад. Пайваста чорабиниҳои муштарак – конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва форумҳо бо иштироки ташкилотҳои Русия ва Тоҷикистон баргузор мегарданд. Ин мулоқотҳо ҳам дар ҳудуди Тоҷикистон ва ҳам дар Русия баргузор гардида, барои муколама ва табодули таҷриба имконият фароҳам месозанд”.
Ширкатҳои тиҷоратии Русия низ дар татбиқи лоиҳаҳои аз ҷиҳати экологӣ муҳим дар ҷумҳурии мо иштирок мекунанд. Дар байни онҳо ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, рушди устувори кишоварзӣ ва дигар самтҳое, ки ба беҳбудии вазъи экологии кишвар мусоидат мекунанд, ном бурдан мумкин аст». Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов
Лоиҳаҳои бузург
Дар доираи ҳамкориҳои экологӣ бо Русия даҳҳо лоиҳа – аз безараргардонии мероси уранӣ то таҷдиди системаҳои обтаъминкунӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои коркарди партовҳо амалӣ гардонида мешавад.
Лоиҳаи барқарорсозии иншооти мероси урании Табошар дар соли 2024 сазовори ҷоизаи Russian Demolition Awards дар номинатсияи “ESG – ҳифзи муҳити зист” гардид ва ҳамчун намунаи ҳамкориҳои муваффақи байналмилалӣ дар соҳаи амнияти ҳастаӣ ва экологӣ эътироф карда шуд.
Яке аз мисолҳои намоён - лоиҳаи барқарорсозии иншоотҳои мероси уранӣ дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) мебошад. Дар қатори корҳои бо иштироки ширкати давлатии «Росатом» ташкил ва дар доираи созишномаи байниҳукуматӣ анҷомдодашуда инҳоро ном бурдан мумкин аст: барқарорсозии анборҳо, коҳиш додани баландии хоктӯдаҳо аз 65 то ба 35 метр, кам кардани фони радиатсионӣ то нишондиҳандаҳои бехатар.
Лоиҳаи барқарорсозии иншооти мероси урании Табошар дар соли 2024 сазовори ҷоизаи Russian Demolition Awards дар номинатсияи “ESG – ҳифзи муҳити зист” гардид ва ҳамчун намунаи ҳамкориҳои муваффақи байналмилалӣ дар соҳаи амнияти ҳастаӣ ва экологӣ эътироф карда шуд.
Ҷонибҳо нияти бо ин таваққуф карданро надоранд: дар мулоқоти моҳи марти соли 2025 сарони ду кишвар дар мавриди оғоз кардани марҳилаи дуввуми корҳо, ки иншоотҳои шаҳраки Адрасмон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро мегирад, ба мувофиқа расиданд. Илова бар ин, масъалаи тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иктишофи геологӣ, истихроҷи уран ва металлҳои нодири заминӣ, инчунин дар соҳаи тибби ҳастаӣ баррасӣ шуда истодааст.
Кумаки экологии Русия танҳо бо саноати уран маҳдуд намешавад.
Душанбе дар соли 2024 ба 20-гонаи аввали (ТОП-20) пойтахтҳои дорои ҳавои ифлоси ҷаҳон дохил гардида, аз рӯи дараҷаи ифлосии ҳаво дар ҷои 16-ум қарор гирифт. Дар посух Русия чаҳор озмоишгоҳи сайёри экологиро ба Тоҷикистон тақдим кард, ки айни ҳол дар Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа фаъолият доранд. Ин озмоишгоҳҳо сифати ҳаво, об ва хокро назорат мекунанд, сипас маълумотҳои онҳо ба пойгоҳҳои кушода барои корбарии экологҳо ва хадамоти санитарии тоҷик равона карда мешавад.
Русия ҳамчунин лоиҳаҳои Бонки Рушди АвруОсиёро дар соҳаи гидроэнергетика пеш мебарад. Ба шарофати татбиқи технологияҳои нав ҷумҳурии мо метавонад талафи обро то 40 фоиз кам карда, партовҳои гази карбонро то 5 миллион тонна дар як сол коҳиш диҳад, ин як саҳми бузург дар мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим хоҳад гардид.
Дар вилояти Суғд бо иштироки шарикони русӣ сохтмони як корхонаи нави коркарди партовҳо бо иқтидори то 100 тонна партов дар як шабонарӯз оғоз гардидааст. Лоиҳа аз ҷониби корхонаи муштараки «Апрелевка» бо иштироки ширкати илмию истеҳсолии «Спирт»-и Русия ва ҶСК «Технологияҳои коркард» амалӣ карда мешавад. Хатҳои муосири истеҳсолӣ на танҳо барои кам кардани ҳаҷми партовгоҳҳо, балки барои истихроҷи ҷузъҳои фоиданок, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо имконият медиҳанд. Ин дар роҳи ҳалли мушкили шадиди партовгоҳҳои маснӯӣ (беиҷозат), ки ба экологияи минтақаҳои шимолии мамлакат таҳдид мекунанд, қадами муҳим хоҳад гардид.
Субъектҳои Федератсияи Русия низ ба лоиҳаҳои экологӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Ҳамин тариқ, вилояти Свердловск масъалаи иштирок дар азнавсозии инфрасохтори гидротехникии Тоҷикистон - аз лоиҳасозӣ то таҳвили таҷҳизот ва корҳои васлкуниро баррасӣ карда истодааст. Чунин ташаббусҳо на танҳо ба барқарорсозии системаҳои обёрӣ, балки ба таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ мусоидат мекунанд.
Русия ҳамчунин лоиҳаҳои Бонки Рушди АвруОсиёро дар соҳаи гидроэнергетика пеш мебарад. Ба шарофати татбиқи технологияҳои нав ҷумҳурии мо метавонад талафи обро то 40 фоиз кам карда, партовҳои гази карбонро то 5 миллион тонна дар як сол коҳиш диҳад, ин як саҳми бузург дар мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим хоҳад гардид.
Моҳи май дар шаҳри Санкт-Петербург Конгресси XI байналмилалии ҳифзи муҳити зист баргузор мегардад, ки ба ҳамоҳангсозии қонунгузории ИДМ дар соҳаи экология ва ҳамкорӣ бо сохторҳои СММ бахшида шудааст. Иштироки ҳайати Тоҷикистон низ дар назар аст, ки ин ҷалби бештари кишварро ба ташаббусҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар самти рушди устувор тасдиқ мекунад.
«Чунин чорабиниҳо барои Тоҷикистон як имконияти муҳим барои баён кардани авлавиятҳои экологии худ, инчунин таъкид кардани аҳамияти чолишҳои иқлимӣ барои тамоми минтақа ва пайдо кардани шарикони нав дар байни ҳамфикрон мебошад.
Ҷониби Тоҷикистон ба масъалаҳои нигоҳ доштани оби тоза, пиряхҳо ва гуногунии биологӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Ин ташаббусҳои Тоҷикистон на танҳо барои Осиёи Марказӣ, балки барои тамоми ҷаҳон муҳим мебошанд. Бо дарназардошти таваҷҷӯҳи афзояндаи Русия ба масъалаҳои рушди устувор ва ҳифзи табиат метавон гуфт, ки иштироки мутахассисони тоҷик дар чорабиниҳои экологии дар қаламрави Русия баргузоршаванда як имкони иловагӣ барои тавсеаи ҳамкорӣ ва табодули рафторҳои касбӣ мегардад».
Ҳамин тариқ, рӯзномаи экологӣ на танҳо як самти нави ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон, балки як унсури муҳими суботи минтақавӣ ва дастгирии мутақобила мегардад. Русия на танҳо технология ва кӯмак пешниҳод мекунад, балки барои шарикии дарозмуддат дар давраи чолишҳои ҷаҳонии иқлимӣ замина мегузорад.