Чӣ тавр рақамикунонӣ Тоҷикистонро дигаргун мекунад?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Интернети баландсуръат, замимаҳои мобилии қулай барои соҳаҳои бонку нақлиёт, бурдарасонӣ, инчунин технологияҳои муосири рақамӣ, ки пешбурди тиҷорат ва дастрасӣ ба хидматрасониҳои давлатию хусусиро осон мекунанд, фаъолона ба ҳаёти ҳаррӯзаи тоҷикон ворид мешаванд (ба як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯзаи тоҷикон табдил меёбанд). Дар ин раванд ҳамкорӣ бо Русия, ки омода аст бо Тоҷикистон табодули таҷриба ва ҳаллҳои технологию инфрасохторӣ кунад, нақши муҳим мебозад.
Замимаи мобилии андоз
Русия ва Тоҷикистон татбиқи низоми нави рақамии назорати ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашударо ба анҷом расониданд, ҳамчунин барномаи мобилии «Кабинети инфиродӣ барои шахсони воқеӣ»-ро ба кор андохтанд, ки барои роҳати андозсупорандагон пешбинӣ шудааст. Ин иқдомҳо натиҷаи ҳамкории чандинсолаи Хадамоти федеролии андози Русия ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи асосӣ баланд бардоштани шаффофияти идоракунии андоз ва соддагардонии ҳамкории давлат бо шаҳрвандон, бахусус дар соҳаи соҳибкории хурду миёна мебошад.
Системаи нав як механизми автоматикунонидашудаест, ки имкон медиҳад дар вақти воқеӣ таҳлили ҳисоботҳои воридотӣ, муайян кардани хатогиҳо ва номувофиқатиҳои эҳтимолӣ, инчунин хавфҳои саркашӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда анҷом дода шавад. Ин технологияҳо самаранокии худро дар Русия аллакай собит кардаанд: Системаи автоматикунонидашудаи назорати андоз аз арзиши иловашуда, ки чанд сол пеш дар Русия ҷорӣ шуда буд, ҳиссаи гардиши сиёҳро ба таври назаррас кам карда, ҷамъоварии андозҳоро афзоиш дод. Ҳоло чунин муносибат, бо назардошти мутобиқкунӣ ба воқеияти иқтисодиёт ва қонунгузории Тоҷикистон, дар ҷумҳурии мо ҷорӣ карда шудааст. Ҳамзамон хадамоти мобилӣ ба кор андохта шуд, ки барои шахсони воқеӣ дастрасӣ ба маълумот дар бораи андозҳои ҳисобшуда, моликият, қарзҳо ва имкониятҳои ирсоли онлайн-дархостҳоро фароҳам меорад. Интизор меравад, ки ба туфайли чунин рақамисозӣ тартиби баҳисобгирӣ содда карда шуда, монеаҳои маъмурӣ ва зарурати муроҷиати шахсӣ ба мақомоти андоз коҳиш дода мешавад.
Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” нақша дорад, ки дар солҳои 2025-2028 тақрибан 200 истгоҳи пойгоҳии 5G дар шаҳрҳои калони кишвар ҷойгир карда, тақрибан ба масофаи 1000 км хати алоқаи нахи оптикӣ созад; қаблан дар соли 2020 дар Душанбе фарши озмоишии 5G ба кор андохта шуда буд, ки ҳамчун асос барои тавсеаи шабака гардид.
Ҷорӣ намудани технологияҳои нави рақамӣ бо барномаи васеъмиқёси омодасозии кадрҳо ҳамроҳ буд. Мутахассисони рус ба кормандони хадамоти андози Тоҷикистон таълим дода, технологияҳоро ҷӯр карданд ва дар мутобиқсозии нармафзорҳо (таъминоти барномавӣ) ба шароити маҳаллӣ кӯмак карданд. Таҳиячиён таъкид мекунанд, ки на танҳо насб кардани система, балки инчунин назорат кардани самаранокии он дар тӯли чанд сол, дастгирии доимӣ ва азнавсозӣ вобаста ба дархостҳо ва чолишҳои замон муҳим аст.
Дар рафти амалисозии лоиҳа диққати махсус ба масъалаи гардиши электронии ҳуҷҷатҳо байни кишварҳо дода шуд. Имконияти эътирофи ҳуҷҷатҳои рақамӣ дар доираи амалиётҳои тиҷоратӣ байни Русия ва Тоҷикистон барои кам кардани расмиёти бюрократӣ, тезонидани логистика ва шаффофтар гардонидани ҳамкориҳои фаромарзӣ имконият фароҳам месозад (роҳ мекушояд). Дар Тоҷикистон системаи ҳукумати электронӣ фаъолона рушд мекунад, ки татбиқи он бо дастгирии техникию методии мутахассисони рус ва бо истифода аз нармафзори ватанӣ сурат мегирад.
Лоиҳаҳои бузург
Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон (ШТРТ) 1 ноябри соли 2022 дар Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия таъсис дода шуд. Ҳадаф аз таъсиси ин платформа густариши робитаҳои амалии иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байни соҳибкорон, сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи коршиносони ду кишвар буд. Фаъолияти ШТРТ ташкили мизҳои мудаввар, конфронсҳо ва форумҳоро, ки ба ҷустуҷӯи самтҳои нави ҳамкорӣ равона карда шудаанд, дар бар мегирад.
Русия ва Тоҷикистон бо истифода аз хидматрасонии нави мултимедиавӣ, ки барои онлайн-табодули маълумотҳо дар бораи шаҳрвандон бо мақсади таъмини амният пешбинӣ шудааст, ба ҳамкорӣ шурӯъ карданд. Ба шарофати ин низом ҷонибҳо имкон пайдо мекунанд, ки шахсони дар фаъолияти ҷиноӣ даст доштаро сари вақт ошкор намуда, вуруди онҳоро ба қаламрави давлати шарик пешгирӣ кунанд. Чунин механизм ба пурзӯркунии назорат дар сарҳад ва сари вақт вокуниш кардан ба таҳдидҳои фаромарзӣ мусоидат мекунад.
Соли ҷорӣ ШТРТ дар бораи таҳияи лоиҳаҳои бузургтар хабар дод, ки аксари онҳо ба технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла шаҳрҳои боақл ва ҳукумати электронӣ алоқаманданд. Илова бар ин, изҳор дошта шуд, ки ин шӯро бо дастгирии Академияи улуми Русия стратегияи табдилдиҳии рақамии Тоҷикистонро таҳия мекунад ва як қатор лоиҳаҳо дар ин соҳа аллакай амалӣ гардида истодаанд.
Раиси Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон Ислом Назаралиев мегӯяд: "Шӯрои тоҷиратии Русия ва Тоҷикистон дар таҳкими шарикии иқтисодии ду кишвар мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Аз замони барқарории фаъолияти худ дар соли 2022 Шӯро беш аз 150 иштирокчиёнро муттаҳид кардааст ва дар ҳоли ҳозир беш аз 30 лоиҳаро ба маблағи умумии беш аз 3,7 миллиард рубл ҳамроҳӣ мекунад. Амалисозии ташаббусҳо соҳаҳои калидиро фаро мегирад, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ. Коркарди фаъолонаи занҷирҳои муштараки истеҳсолӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва логистика, инчунин ба кор андохтани корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва коркарди меваҷот ба роҳ монда шудааст.
Вақте Кумитаи иттилоотикунонӣ ва алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ташаббуси таъсиси Фонди рушди фазои рақамии соҳибихтиёри кишварҳои ИДМ-ро пешниҳод намуд, Шӯрои тиҷоратии Русияю Тоҷикистон онро дастгирӣ карда, як силсила машваратҳои тахассусиро дар майдонҳои байналмилалии Русия ва кишварҳои Иттиҳод баргузор намуд. Ба шарофати ин ташаббусҳо Шӯро ба як механизми муассири ҳамгироӣ, табодули технологӣ ва рушди устувор дар доираи ИДМ табдил ёфта истодааст". Муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Дмитрий Волвач таъкид кард, ки барномаи фаъолияти Шӯро ҷалби фаъоли соҳибкорони Русия, рушди технологияҳои рақамӣ ва таъсис додани платформаҳои таълимӣ дар Тоҷикистонро дар бар мегирад”.
“Кабинети инфиродӣ барои шахсони воқеӣ” - ин замимаи мобилии муштараки мақомотҳои андози Русия ва Тоҷикистон мебошад, ки ба ниёзҳои доираи васеъ - аз шахсони воқеӣ то соҳибкорони инфиродӣ мутобиқ карда шудааст. Аллакай дар марҳилаи аввал беш аз 160 ҳазор истифодабарандагон ба система пайваст шуданд ва ин рақам дар ҳоли афзоиш аст.
Илова бар ин, дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург - 2025 оператори алоқаи мобилии “МегаФон - Тоҷикистон” бо ширкати русии “Ivideon” дар бораи дар Тоҷикистон татбиқ кардани системаҳои назорати видеоӣ ва видеотаҳлилӣ созишнома имзо кард.
"Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия ба таҳкими бахшҳои технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии ду кишвар мусоидат мекунад. Лоиҳаҳои “Ivideon” барои бозори мо бешубҳа ҷолиб буда, барои расидан ба ҳадафҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ин соҳа гузошта шудаанд, мусоидат хоҳанд кард. Дар ояндаи наздик мо нақша дорем, ки рӯйхати хизматрасониҳои рақамии ба мизоҷони мо дастрасбударо тавсеа диҳем. Системаҳои таҳлили тиҷоратӣ барои созмонҳое, ки мехоҳанд самаранокии фаъолияти худро баланд бардоранд, ҳамчун ёвари хуб хизмат карда, ҳамзамон ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳанд кард», - мегӯяд раиси ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.
"Ҳамкорӣ як ҷузъи рушди мантиқии шарикии мо бо МегаФон гардидааст - акнун дар сатҳи оператори телекоммуникатсионии миллии Тоҷикистон. “МегаФон Тоҷикистон” яке аз операторҳои асосӣ бо инфрасохтори васеъмиқёс ва дарки амиқи вазифаҳои технологӣ дар кишвар мебошад. Барои мо ин як имконест барои роҳандозии назорат ва таҳлили видеоӣ бо истифода аз амсилаи шарикӣ дар он шакле, ки воқеан ба соҳибкорону мизоҷони хусусӣ дар бозори маҳаллӣ зарур аст", - мегӯяд директори генералии ширкати “Ivideon” Заур Абуталимов. Ҷонибҳо аллакай дар самти таъсиси як платформаи зеҳнӣ барои системаҳои назорати абрӣ ва маҳаллии барои мағозаҳо, иншоотҳои сохтмонӣ ва нуқтаҳои фармоиш муносиб корҳоро оғоз карданд. Дар охири соли 2024 Русия ва Тоҷикистон аллакай ба амалисозии ташаббусҳои муштараки рақамӣ ба маблағи беш аз 2,5 миллиард рубл оғоз карданд. Дар доираи ин ташаббусҳо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба технологияҳои пешрафта ва таҷрибаи Русия, аз ҷумла аз ширкати “Ivideon” дастрасӣ пайдо карда, мавқеи худро дар бозор мустаҳкам ва сифати хидматрасонӣ ба шаҳрвандон ва соҳибкоронро беҳтар мекунад.
Ислом Назаралиев, раиси Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон: "Шӯро ҳамчунин барои ҷалби сармоягузорони рус ба бахши сайёҳӣ, гидроэнергетика ва рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Таваҷҷӯҳи махсус ба табдилдиҳии рақамӣ зоҳир карда мешавад".
Русия яке аз шарикони калидии стратегии Тоҷикистон боқӣ монда, дар рушди инфрасохтори рақамӣ ва иқтисодии кишвар нақши муҳим мебозад. Ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи Русия дар соҳаҳои гуногун – аз идоракунии андоз то системаҳои телекоммуникатсионӣ ва назорати видеоӣ – на танҳо ба азнавсозии ниҳодҳои давлатӣ, балки ба тавсеаи имкониятҳо барои соҳибкорон ва шаҳрвандон мусоидат мекунад. Чунин ҳамкории мутақобилан судманд устувории технологии Тоҷикистонро тақвият дода, ба афзоиши иқтидори иқтисодии кишвар ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум бевосита мусоидат мекунад. Дар шароити чолишҳои ҷаҳонӣ маҳз шарикии боэътимод бо Русия метавонад як омили муҳими таъмини субот ва пешрафти ҷумҳурӣ гардад.