Хабари рӯз

Нависанда: Инҷинер Забеҳуллоҳ Озодзуй, масъули собиқи фарҳангии Ҳизби исломӣи Афғонистон, бахши Аврупо

Ногуфтаниҳоро бояд гуфт.

Замоне ки Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломӣ баъд аз имзои тафоҳумнома (сулҳи номаймун) (бо ҳукумати Ашраф Ғанӣ) тасмими омадан ба Афғонистонро дошт, банда бо Асадуллоҳ Ҳабиб, яке аз масъулини фаъоли ҳавзаи марказии Кобул ва умури бахши амният дар марказ, ки феълан дар Аврупо мебошад, тарҳи оштиро байни Ҳикматёр ва руқабои сиёсии ӯ, бахусус Ҷамъияти исломӣ рӯи даст гирифтем то як сафҳаи ҷадид байни аҳзоби ҷиҳодӣ боз шавад.

Мо мехостем, Ҳикматёр ба сифати раҳбари ҷиҳодии Афғонистон бо ҳавсалаи комил ва фаромӯшии кинаву кудурат бо рақибон арзи андом намояд, бахусус, ки дар он мавқеъ муҷоҳидин фоқиди чунин раҳбарият буданд, мавқеияти раҳбариро дар байни ҳама муҷоҳидин эҳё ва касб намояд. Ҳама ташнаи ваҳдату якпорчагии фарзандони наҳзати исломӣ буданд.

Аммо чӣ рух дод?

Ҳоҷӣ Асадуллоҳи Ҳабиб бо Адиб, писари аршади маршал Фаҳим ва генерал Ҳобил домод, раиси дафтар ва шахси наздик ба Фаҳимхон, ки раиси дафтари луи диристизи он вақти вазорати дифоъ буд, тамос ва дидорҳои барқарор намуд. Онҳо омодагии худро дар ин росто иброз доштанд ва гуфтанд, ки ҷаноби Ҳикматёр соҳиб баъд аз ташрифоварӣ ба Кобул агар ба манозили бозмондагони марҳум Фаҳим, Масъуд, Раббонӣ ҷиҳати дуо биёяд, олӣ аст ва як расму ҳусни ният эҷод мешавад, дар ғайри он ҳам муҳим нест ҷои дигар ва ё макони севумро интихоб менамоем то маҷмӯъан он ҷо бо ҳам бубинем ва ба арвоҳи рафтагон дуо сурат гирад!

Мароҳили баъдӣ ҳамаи онҳо ба шумули писари Аҳмадшоҳ Масъуд, писари Устод Раббонӣ, писари маршал Фаҳим бо теъдоде аз арокин ва бузургони Ҷамъияти исломӣ ҷиҳати адои эҳтиром ба дафтари Ҳизби исломии Ҳикматёр меомаданд. Бад-ин тартиб фасли ҷадиди ҳусни нияту ҳусни назар оғоз мегардид!

Аммо бо камоли таассуф, ки назар ба мушовиратҳои мушовирини дарбор ва манфиатҷӯёни муғриз мавзӯъ баракс шуд. Таваҷҷуҳ сурат нагирифт, ки ба баҳси тӯлонӣ ниёз аст!

Ва Адиб Фаҳим низ изҳор дошт, ҳар машварати мусбатро, ки ман ироа бидорам, бародарони Омир Соҳиб (Аҳмадшоҳи Масъуд) мепазиранд...

Ман назариёти Адиб Фаҳимро бо тарҳи муштараки банда ва Асадуллоҳ Ҳабиб батафсил шифоҳӣ ва катбӣ аз тариқи писари Ҳикматёр Салоҳуддин Ҳикматёр ва набераи ӯ Муҳаммад Иброҳим, писари Нусратёр, ҳамчунон тарҳро аз тариқи телефон ахирӣ ирсол доштам. Дар посух писари Ҳикматёр тасвири паём дар телефонро бароям фиристод ҷиҳати итминони ман ва гуфт: “Бобаҷонам ( Ҳикматёр) мухолифи ин назар аст... Қабул надорад. Шумо худро заҳмат надиҳед...”

Баракс он чӣ мутаваққеъ буд, замоне ки Ҳикматёр ба Лағмон зоҳир шуд аз ҳамон ҷо тухми нафратангезӣ ва душманиро бо толибу Ҷамъият базрафшонӣ намуд. Толибро сохтаву бофтаи аҷониб (Инглис ва Амрико) хонд ва панҷшериҳоро панчармайн (устои мошин) ба муаррифӣ гирифт ва гуфт: “Аз як вулусволии кӯчак шашсад панчармайн феълан дар низом генералу маршал аст”.

Дар ҳамин робита доктар соҳиб Фазлмануллоҳ Мумтоз, сухангӯи он вақти Ҳизби исломӣ ифода мекунад, ки (Ҳаниф) Атмар дар Ҷалолобод аз Ҳикматёр хоҳиш намуд то дар мавриди Толибон ҳам изҳороте дошта бошанд. Ҳамчунон изофат мекунад, ки шоҳиди саҳнае будааст, ки доктар Ғайрат, домоди Ҳикматёр паёмеро аз Атмар барои Ҳикматёр овард то дар муқобили изҳороти Атомуҳаммади Нур аз Ашраф Ғанӣ ҳимоят намояд.

Ҳикматёр фавран ба вай дастур дод, ки фардо аз ҳама расонаҳо даъват шавад. Дар он конфронс Ҳикматёр ба ҳимояти Ғанӣ чунин изҳор дошт: “Мо ҳеҷ касеро иҷоза намедиҳем, ки бар деворҳои Арг боло шаванд”.

Дар натиҷа бояд гуфт, ки Ҳикматёр бинобар машвараи мушовирини дохилӣ ва хориҷӣ фурсатҳои тилоиро аз даст дод ва дар масире савқ дода шуд, ки на ба хайру фалоҳи ҳизб буд ва на Афғонистон.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!