Инҳо ҳанӯз гӯш ба хабарҳо ҳастанд, ки Карзаю Ғанӣ чӣ вақт расмӣ ба Толибон мепайванданд, ки лотореяи онон дубора бар ояд ва ба мақому манзалати эҳдоӣ баргарданд.
Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Дар соли 2001 бунёди низоми ҷадид бар пояи мушорикати қавмӣ гузошта шуд. Хориҷиҳо дарёфта буданд, ки решаи ҷанг қавмӣ аст ва роҳи ҳал ҳам таъмини мушорикати қавмӣ буд.
Аммо паштунҳо мушорикатро қабул надоштанд. Карзай қабул надошт. Яъне ба он имону бовар надошт. Аммо паштунҳо ва Карзай мавқифи заиф доштанд ва дар мавқеияте набуданд, ки ба дуҳли яккатозӣ бизананд. Онон ба амри мушорикат иқрори лисонӣ карданд, аммо тасдиқи қалбӣ на. Онон шурӯъ карданд ба задан ба решаи мушорикат. Аммо қисме мезаданд, ки хориҷиҳову муттаҳидин ва шарикони қавмиашон дар ҳукумат хабар нашаванд. Аз ҳамин ҷо идеяи тарҳи Мухкаш шакл гирифт.
ТАВЗЕҲ: Сабоҳуддин Мухкаш, корманди дастгоҳи раисҷумҳур Ғанӣ (акси боло). Таҳти фишорҳо додгоҳи замони Ғанӣ ӯро ба ҳабс маҳкум карда буд.
Мухкаш гарчи як фард дар идораи умур буд аммо дар он ҷо ба умқи замири Карзай ва ҳавориюни ӯ пай бурда буд ва онро дар қолаби тарҳе матраҳ кард. Тарҳи ӯ ин буд: ғайрипаштунҳоеро барои мушорикат дар ҳукумат пайдо кунед, ки тазкираӣ тоҷику ҳазора ва ӯзбек бошанд, аммо моҳиятан ва ҳақиқатан афроди вафодору мутааҳҳид ба манофеъи қавми худ набошанд. Афроде, ки ҳозир бошанд ба хотири ҳифзи чавкӣ (курсӣ, мансаб), раво доштани ҳар нораво алайҳи қавми худро таҳаммул кунанд. Ба истилоҳ бемояҳову беғайратҳо ва бедидгоҳҳоро пайдо кунед. Инҳо дарвоқеъ барои фиреби мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ буд.
Аз он пас, шурӯъ шуд, полидани беғайратҳо дар миёни ақвоми ғайрипаштун ва бавежа дар миёни тоҷикон. Инҳоро пайдо карданд ва вазиру муовину сафиру волӣ ва вакил таъйин карданд. Ба таври зариф ва ҳушмандона дар миёни тоҷикон касонеро пайдо карданд, ки ба рағми надоштани шууру тааҳҳуд қавмӣ, бо ҷараёни ҳокими сиёсӣ дар он замон, ки таҳти қиёдати Масъуд шакл гирифта буд, ба наҳве мухолиф бошанд. Яъне як тоҷике бошад, ки ҳам ба сарнавишти қавмаш бетафовут бошад ва шууру огоҳии таърихӣ-қавмӣ надошта бошад ва ҳам битавон далоиле ба зиддият бо Масъуд ва муқовимату муборизаро низ дар вуҷудаш пайдо кард.
Дар давраи муқовимат миёни тоҷикон ваҳдате шакл гирифт. Дар ин марҳала тоҷики ҷиҳодиву коммунист ва демократ ва... дар як меҳвар ҷамъ шуда буданд. Аммо бо фурӯ пошидани раҳбарӣ, касоне, ки хостгоҳ ва пойгоҳи аслии муқовиматӣ ва Масъудӣ надоштанд ва аз урдугоҳҳои дигари сиёсӣ дар меҳвари Масъуд ҷамъ шуда буданд, майл ба иншиоб доштанд ва дигар худро мулзам ба ҳифзи иттиҳод намедиданд. Инҳо зиёд мавриди таваҷҷуҳи паштунҳо буданд. Аз инҳо хеле хуб мешуд истифода кард. Бавежа он ки ҷараёну ҳастаи аслии муқовимат бо ин васлаҳои дигар чандон рафтори дилҷӯёна надоштанд. Масалан, ба инҳо гуфта мешуд, ки Фаҳиму Зиё Масъуд ва Қонуниву Бисмиллоҳ ва... шуморо таҳвил намегиранд.
Хулоса ин ки дар фароянди пайдо кардани тоҷикҳои беғайрат ва ғайримуқовиматӣ, ба ихтилофоти дарунтоҷикӣ ҳам доман зада шуд. Одамҳое шиносоӣ ва соҳиби мавқиф шуданд ва то ҳол ҳузур доранд дар саҳнаи сиёсат. Инҳо на тоҷики воқеианд, на Масъудии воқеӣ, на муқовиматии воқеӣ ва на муборизи воқеӣ барои арзишҳо. Инҳо ошиқони чавкӣ буданд. Инҳо лошхӯрҳо ва кафторҳое буданд, ки ба дарди ҳеҷ коре намехӯрданд. Инҳо зуби паштунизм шуданд ва мадюни Карзай, ки чавкиҳоро барояшон дар ҳоле дода буд, ки ҳеҷ гуна истеъдоду зарфияте барои эҳрози он надоштанд. Ба инҳо метавон ҳамон насли руспиҳои сиёсӣ гуфт.
Ҷолиб ин ки ба инҳо гуфта мешуд, ки шарти имтиёз додан ба шумо ин аст, ки ҳар гуна майлу алоқаи худ ба ҳувияти қавмӣ ва сиёсии худро қатъ кунед. Мисли ин ки ба як мусулмон бигӯед, ки дини худро тарк кун ва дар бадалаш туро вазир месозем. Ин насл дар бист сол ҷавлони зиёд кард.
Ғанӣ, ки ба қудрат расид аз ин насл имтиҳони муҷаддад гирифт. Аз онон дубора хоста шуд, ки калимаи куфрро такрор кунанд ва аланӣ нишон диҳанд, ки ҳеҷ тааллуқе ба қавму табори худ надоранд ва ҳозиранд, ки ғуломии худро ба дарбори фашизм бо сад санаду субут нишон диҳанд.
То кунун низ ин наслу авлод ва аҳфодашон аз ҳар баҳсу гуфтумони қавмӣ ва ҳувиятӣ гурез мекунанд ва ҷолиб ин ки ҳаминҳо нерӯҳои мутааҳҳид ба манофеъи қавмиро мутаассиб мехонанд ва худро одамҳои миллигаро ва бузургандеш ҷо мезананд. Инҳо ҳанӯз гӯш ба хабарҳо ҳастанд, ки Карзаю Ғанӣ чӣ вақт расмӣ ба Толибон мепайванданд, ки лотореяи онон дубора бар ояд ва ба мақому манзалати эҳдоӣ баргарданд.