Хабари рӯз

Сиёсати фиреб, ибҳому хариди замон, ба охирин абзори бақои Покистон бадал шудааст.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсату геополитика, махсус барои “Сангар”

Таҳлили вазъияти кунунии Покистон дар қиболи Толибону таҳаввулоти Афғонистонро бояд дар ду доираи ба ҳам пайвастаи амниятӣ, сиёсӣ ва геополитикӣ ва бо дарназардошти илзомоти навини амнияти байналмилал, тағйири моҳияти таҳдидҳо ва ниёзҳои мутаҳаввили қудратҳои бузург баррасӣ кард.

Нахуст, Покистон дигар фурсати истисноии даврони ҷанги сардро дар ихтиёр надорад; давроне, ки дар бистари рақобати миёни Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Шуравӣ, бавижа дар пайи мудохилаи Шуравӣ дар Афғонистон, Исломобод ба бозигари хатти муқаддами маҳори Шарқ бадал шуд. Дар он мақта, муҷовирати ҷуғрофиёӣ бо Афғонистону нақши воситагарӣ дар басиҷи неруҳои ниёбатӣ, барои Покистон сармояи геополитикии камназире фароҳам овард. Аммо дар назми амниятии пасоҷанги сард ва бавижа дар асри рақобатҳои чандлоя миёни Амрико, Чину Русия, ниёзҳои амниятии қудратҳои бузурги фаротар аз улгуи суннатӣ “миёнҷигарии ниёбатӣ” таъриф мешавад. Дигар сирф ифои нақши даллоли амниятӣ барои ороиши таҳдидҳо ва мудирияти буҳронҳои перомунӣ, мазияти роҳбурдии пойдор тавлид намекунад.

Дар чунин бистару пружаи бозгардондани Толибон ба қудрат, ки бо муҳосибаи дастгоҳи амниятии Покистону талоши чндсола барои иқноъи Вашингтон мабнӣ бар коромадии Толибон дар маҳори таҳдидҳо ва ҳифзи тавозунҳои минтақаӣ дунбол шуд, дар кӯтоҳмуддат натиҷа дод. Хурӯҷи неруҳои амрикоӣ ва суқути Кобул, зоҳиран пирӯзии як муҳандисии амниятии дерпоро тасбит кард. Аммо хеле зуд саркашиҳои дарунгуруҳии Толибон, истиқлолталабии ҷиноҳҳо ва тағйири авлавиятҳои амниятии бозигарони фароминтақаӣ, муъодиларо маъкус сохт. Он чӣ қарор буд умқи стратегӣ тавлид кунад, ба манбаъи ноитминонии музоаф бадал шуд.

Дувум, Покистон дар ҳамсӯӣ бо сиёсатҳои Ғарб, ҳамвора муттакӣ ба маҷрои пойдори ҳимояти молӣ, низомӣ ва фаннӣ будааст. Дар даврони ҷанги сард ва пас аз он ин ҳимоятҳо имкони пайгирии сиёсати “мудирияти ошӯб”-ро фароҳам мекард. Ҳимоят аз Толибон чӣ дар қолаби назарияи эҷоди конуни созмонёфтаи ошӯб барои маҳори руқабои минтақаӣ ва чӣ дар чорчӯби як муҳосибаи фурсатталабона барои баҳрагирӣ аз халаъи қудрат дар Афғонистон тавонист барои муддате динамикаи амниятии минтақаро ба суди Исломобод тағйир диҳад. Аммо акнун ин фурсат ба шиддат маҳдуд, пурҳазина ва ғайри қобили пешбинӣ аст.

Толибон на як маҷмӯъаи комилан якдастанд, ки битавонанд дар чорчӯби ҳидояти ҳадафманди Покистон амал кунанд ва на он чунон аз контрол хориҷ шудаанд, ки муттаҳидони дирӯзи Исломободро ба бозгашт ба сиёсати иттикои комил ба Покистони қонеъ созанд. Аз як сӯ, Толибон он қадар хатарнок нестанд, ки тавҷеҳгари сармоягузории густарда ва пурҳазина барои маҳори ҳамаҷониба бошанд; аз сӯи дигар, он қадар бехатар ҳам нестанд, ки хотири Исломободро осуда кунанд. Ин вазъият як “муаммои амниятии худсохта” падид оварда, ки маҳсули меъмории амниятии пешини худи Покистон аст; меъморие, ки акнун ба бунбасти амалкардӣ расида ва барои руқабои минтақаии Исломобод фурсатҳои тозае ҷиҳати тазъифи нақши он дар тартиботи амниятии оянда фароҳам кардааст.

Дар сатҳи калонтар, Исломобод бо ороиши ҷадиде аз эътилофҳо мувоҷеҳ аст; наздикии фазояндаи Ҳинд бо Исроил ва бархе бозигарони арабӣ, ҳамроҳ бо таҳаррукоти фаъолонаи Деҳлӣ дар ҳавзаҳои фанноварӣ, иттилоотӣ ва низомӣ, фишори музоъафе бар муҳосиботи амниятии Покистон ворид кардааст. Дар чунин шароите, ҳар гуна фишори мустақим бар Толибон ё ҳимояти ошкор аз мухолифони онон, метавонад ҳазинаҳои геополитикии сангине барои манофеъи ҳаётии Покистон дар пай дошта бошад. Ҳамзамон, идомаи бозии пурриски кунунӣ низ, ки доманаи он ба дохили хоки Покистон кашида шуда, зарфиятҳои молӣ, амниятӣ ва сиёсии Исломободро фарсуда сохтааст.

Доктринаи суннатии амниятии Покистон мубтанӣ бар баҳрагирӣ аз бунёдгароии динӣ, тарвиҷи фарҳанги ҷиҳодӣ ва халқи умқи стратегӣ дар Афғонистон акнун дар тангнои бозтаъриф қарор гирифтааст. Ҳатто наздиктарин муттаҳидони иттилоотии Покистон низ дар чаҳорчӯби манофеи мустақили худ меандешанд. Аз ин рӯ, ҳимоят аз мухолифони Толибон, ки умдатан гароишҳои ғарбгаро, демократияталабу ҳуқуқбашарӣ доранд, барои Исломобод на танҳо мазияти қатъӣ эҷод намекунад, балки метавонад таорузи роҳбурдӣ бо бунёнҳои фикрӣ ва амниятии деринаи он падид оварад. Ҳатто агар тафоҳуми нохоста барои маҳори нуфузи Деҳлӣ ё Тел-авив мадди назар бошад, шикофҳои ҳувиятӣ ва беэътимодии мутақобил, имкони чунин ҳамгароиеро ба ҳадди ақал мерасонад.

Дар ин миён, ҳимоятҳои маҳдуду машрути бархе бозигарони арабӣ, Туркияу Ғарб барои ҳифзи вазъияти мавҷуд, Покистонро муваққатан аз лабаи партгоҳ дур кардааст, аммо ин вазъият фоқиди тазмини пойдор аст. Анқара бо рӯйкарди фурсатгароёна, ҳамзамон бо Ғарб, ҷаҳони араб, Исроил, Чину Русия таомул мекунаду нигоҳаш ба Исломобод бештар абзорӣ барои маҳори чолишҳои отӣ аст, то шарокати роҳбурдии бидуни қайду шарт. Афзун бар он, таҳаввулоти эҳтимолӣ дар Эрон ва сенарияҳои бесуботии густардатари минтақаӣ, метавонад занги хатарро барои Исломобод, Анқара ва пойтахтҳои арабӣ ба садо даровард. Интиқолу ҷобаҷоии аносири ифротӣ дар қолаби муомилоти амниятии печида, нигарониҳои тозае дар бораи бозтавзеъи таҳдид дар минтақа эҷод кардааст.

Дар чунин вазъияте, Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон, ки бақои худро дар тадовуми иқтисоди ғайрирасмӣ, тиҷорати маводи мухаддир ва баҳрабардории абзорӣ аз ифротгароии динӣ мебинад, ба майдони рақобати бозу сиёлӣ бадал шуда, ки омодагии муомилаи ҳамзамон бо Шарқу Ғарбро дорад. Ин сиёлият, барои Покистон, ки хоҳони муҳити перомунӣ қобили пешбинӣ аст, манбаъи нигаронии сохторӣ маҳсуб мешавад.

Бароянди ин таҳаввулот он аст, ки амалкарди Исломобод дар мудирияти ошӯбе, ки худ дар шаклгирии он нақши меҳварӣ дошта, акнун муҳтотона, тадофеъӣ ва башиддат вобаста ба тағйироти берунӣ аст. Покистон наметавонад ба содагӣ аз Толибони “қобили таъомул, аммо масаъласоз” убур карда ва ҷойгузини нарму ҳамсӯ биёбад ва на тавону машрӯъияти лозим барои тағйири бунёдини вазъияти мавҷудро дар ихтиёр дорад. Сиёсати фиреб, ибҳому хариди замон, ба охирин абзори бақо бадал шудааст.

Барои мухолифони Толибон низ вазъият идеалӣ нест; онон бо маҳдудияти манобеъ, фуқдони инсиҷому вобастагӣ ба муъодилоти берунӣ рӯбарӯ ҳастанд. Дар натиҷа, ночории мутақобил, парадигмаи “муомилаи изтирорӣ”-ро бар фазои бозӣ таҳмил карда ва иттиҳодҳои нохостаро шакл додааст.

Соли 2026 на соли таҳаввули роҳбурдӣ дар сиёсати Покистони нисбат ба Толибон хоҳад буд ва на соли бозтаърифи қотеъи доктринаи амниятии он, балки тадовуми сиёсати ибҳом, ҳарос аз ташдиди бесаботӣ ва талош барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи комили вазъият аз контролро шоҳид хоҳем буд. Ҳатто дар муҳосиботи низомиёни покистонӣ мизони сарпечӣ ва бағовати маҳсулоти меъмории амниятии худашон ба ин сатҳ пешбинӣ нашуда буд. Акнун, аммо ҳамон меъморӣ ба чолишии дарунӣ бадал шудааст. Санҷиши доманаи таҳаввулоти оянда ба далели тарокуми мутағаййирҳову сиёлияти эътилофҳо, душвор ва дар мавориде номумкин менамояд. Ин ҳамон бунбаст амниятӣ аст, ки Покистон дар он гирифтор шуда; бунбасте, ки на хурӯҷ аз он осон аст ва на тадовумаш бидуни ҳазина.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!