Хабари рӯз

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Бозиҳои олимпӣ дар Италия мумкин аст ҳамчун ҷанҷолитарин ва ноқулайтарин мусобиқот дар таърих сабт шаванд. Аз тирамоҳи гузашта маълум буд, ки ташкилкунандагон бо анбӯҳи мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд. Ҳамон вақт аввалин зангҳои хатар садо дода буданд — бисёре аз коршиносон, сиёсатмадорон ва масъулони варзишӣ ошкоро изҳор медоштанд, ки дар Милан барои омода сохтани зерсохтҳои варзишӣ вақт кифоят намекунад. Дар посух бошад, итминонҳои баръакс дода мешуд.

Ҳама чиз аллакай дар рӯзи аввали олимпӣ равшан гардид. Дар айни мусобиқоти керлинг толори варзишӣ ба торикии комил фурӯ рафт. Мушкили барқ дар чанд дақиқа бартараф шуд, вале нигарониҳо боқӣ монд. Агар таъмини нерӯи барқи иншооти варзишӣ “бо сухан” нигоҳ дошта шавад, пас чиро интизор шудан мумкин аст? Одамони оқил ошкоро мегӯянд — ҳеҷ чизи хуберо.

Ин дар ҳолест, ки маросими расмии ифтитоҳи бозиҳо ҳанӯз баргузор нашудааст. Ин ҳодиса танҳо нӯги кӯҳи яхи мушкилоте буд, ки созмондиҳандагон бо он рӯ ба рӯ шудаанд. Равшан аст, ки Милан ва Кортина д’Ампетсо натавонистанд эътимоди ҷаҳониро, ки ба онҳо супурда шуда буд, сазовор шаванд.

Дар ҳафтаҳои охир расонаҳои ҷаҳонӣ фаъолона дар бораи омода набудани баъзе аз иншооти олимпӣ баҳс мекунанд. Бахусус толори хоккейи рӯи ях, ки мебоист ситораҳои Лигаи миллии хоккей (NHL) онро зеб диҳанд, боиси нигаронии зиёд шудааст. Бозигарони лигаи миллии хоккей аз соли 2014 дар бозиҳои олимпии зимистона ширкат накарда буданд. Италия мебоист бозгашти бошукӯҳи онҳоро ба яхи олимпӣ ба намоиш мегузошт.

Пас аз огоҳ шудан аз вазъияти воқеӣ, роҳбарияти NHL ҷиддан ният дошт бозигарони худро бозпас хонад. Дар ниҳоят ин иқдоми эътирозӣ амалӣ нашуд; онҳо қарор доданд биёянд, вале барои иваз кардани либос аз трейлерҳои сайёр истифода хоҳанд кард. Утоқҳои либосивазкунии толори хоккей, ҳамчунин ҳоҷатхонаҳо, барои мусобиқот омода нестанд. Ҳатто минбарҳои тамошобинон пурра сохта нашудаанд ва дар баъзе ҷойҳо курсиҳои муваққатӣ насб гардидаанд. Худи толор миёни партовҳои сохтмонӣ қарор дорад. Вазъияти мушобеҳ дар дигар иншооти олимпӣ низ дида мешавад. Камбуди баррасии ҷиддии масъалаҳои логистикӣ ва зерсохтӣ нигаронии зиёд ба вуҷуд овардааст.

Кор ба ҷое расидааст, ки талабот ба билетҳо рекорди таърихӣ гузоштааст — бо аломати манфӣ. Ҳатто барои маросими ифтитоҳи олимпӣ навбати одамон дида намешавад. Барои фурӯши билетҳо созмондиҳандагон ба усулҳои гуногун ва аксияҳо рӯ меоранд. Ҳодисаи бесобиқа — ду билет бо нархи як билет фурӯхта мешавад. Мутаассифона, ин “идонаи саховатмандӣ” аз зиндагии хуб нест.

Ҳамаи гуфтаҳои боло саволеро ба миён меорад: оё калоншаҳр-мегаполисҳои аврупоӣ ҳанӯз ҳам метавонанд мизбонони боэътимоди бозиҳои олимпӣ бошанд? Ва умуман, оё онҳо ба бозиҳои олимпӣ ниёз доранд?

Дар дасти мансабдорони, ба истилоҳ, варзишии ғарбӣ варзиши ҷаҳонӣ ҳарчи бештар ба майдони манёврҳои сиёсӣ табдил меёбад. Ҷанбаи варзишӣ — рақобати пок, рекордҳо ва рӯҳи бародарии олимпӣ — тадриҷан ба нақшаи дуюм меравад.

Дар ҷойи аввал акнун демаршҳои дипломатӣ, маҳдудиятҳои таҳримӣ ва бойкотҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ қарор доранд. Дар чунин фазо ҳатто носозиҳои техникӣ на ҳамчун иштибоҳи оддӣ, балки ҳамчун нишонаи мушкили амиқи систематикӣ қабул мешаванд. Хатари он вуҷуд дорад, ки бозиҳои олимпӣ аз як ҷашни варзиш ба саҳнаи ҳалли масъалаҳои сиёсати хориҷӣ табдил ёбанд.

Ҷолиб он аст, ки баъзе мусобиқоти маҳаллии варзишӣ сатҳи беҳтари ташкилотро нисбат ба бозиҳои олимпӣ нишон медиҳанд. Қаҳрамониҳои ҷаҳон дар риштаҳои алоҳида, мусобиқоти чандварзишии минтақавӣ, турнирҳои тиҷоратӣ ва ҳатто мусобиқоти вилоятӣ ва шаҳрӣ барои варзишгарон шароити беҳтару роҳаттар фароҳам месозанд.

Масъала на дар миқёс аст ва на дар камбуди захираҳои молиявӣ, гарчанде бӯҳрони иқтисодии Аврупо низ таъсири худро гузоштааст. Варзиш танҳо дар он ҷое хуб пеш меравад, ки фақат бо варзиш машғул шаванд — бе сиёсат ва бе муомилаҳои пуштипарда.

Агар ташкилкунандагон чораҳои фаврӣ наандешанд, аввалин бозиҳои олимпии давраи “назми навини ҷаҳонӣ” метавонанд на бо дастовардҳои варзишӣ, балки бо силсилаи ҷанҷолҳо ва нокомӣ дар хотир бимонанд.

Айни ҳол, Милани олимпӣ ба ҳақ дар паҳлуи “ноком”-и дигари олимпӣ — Париж қарор мегирад; шаҳре, ки на бо рақобати одилона ва зебои варзишӣ, балки бо калламушҳо дар меҳмонхонаҳо ва дарёи Сенаи бадбӯ дар ёдҳо мондааст.

Варзиш ниёз ба бозгашт ба решаҳои худ дорад — рақобати пок, ваҳдат ва шодии пирӯзӣ. Ва барои ин зарур аст, ки бозиҳои олимпӣ боз ҳам намунаи олии ташкилот гарданд, на объекти интиқод.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!