Хабари рӯз

Фармондеҳи артиши Покистон ихтиёроти густардатар ва масунияти модомулумр дарёфт мекунад.

Нависанда: Элианн Пэлтир (Elian Peltier)

Манбаъ: “Ню-Йорк таймс”

Фармондеҳи қудратманди урдуи Покистон, Сайид Осим Мунир, рӯзи чаҳоршанбе пас аз тасвиби ислоҳоте дар Қонуни Асосӣ, ба қудратҳои густарда ва масунияти қонунии модомулумр даст ёфт. Ин ислоҳот ба ӯ ихтиёри комил бар тамоми шохаҳои низомии кишвар медиҳад ва истиқлоли олитарин додгоҳи Покистонро маҳдуд месозад.

Сиёсатмадорони мухолиф, қузоту коршиносони мустақил ин иқдомро нишонаи боризи тазъифи демократия ва гом ба сӯии иқтидоргароӣ дар Покистон донистаанд. Мунир, фармондеҳе, ки раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп ӯро “маршали мавриди алоқааш” хонда буд, то поёни моҳи ҷорӣ ба унвони раиси неруҳои дифоии Покистон мансуб хоҳад шуд. Унвони ҷадид, ки ӯро болотарин мақоми низомӣ бар тамоми шохаҳои урдуи Покистон қарор медиҳад.

Бар асоси ин ислоҳоти Қонуни Асосӣ  ҳам маршол ва ҳам раисҷумҳури Покистон, ки мақоми намодини кишвару дорои салоҳиятҳои муҳим дар интисоботу давлатҳои муваққат аст, аз ҳар гуна пайгарди қонунӣ барои тамоми умр масун хоҳанд буд.

Оиша Содиқ, коршиноси низомии Покистон, гуфт: “Ӯ контроли комил бар артишро ба худ ихтисос додааст.”

Покистон кишвари ҳастаӣ бо ҷамъияти 240 миллион нафар, аз замони таъсисаш дар соли 1947 миёни ҳукуматҳои низомиву ғайринизомӣ навасон доштааст. Охирин фармондеҳи артиш, ки ошкоро кишварро идора мекард, Парвиз Мушарраф буд, ки дар 1999 кудато кард ва то 2008 ба унвони раисҷумҳур фаъолият дошт. Аз он замон ҳукуматҳои ғайринизомӣ ба таври исмӣ дар қудрат будаанд, аммо нуфузи артиш бар умури сиёсӣ ва иқтисодии кишвар он қадар амиқ шуда, ки масъулони низомӣ ва давлатӣ аз низоми сиёсии Покистон ба унвони “ҳукумати ҳибридӣ” ёд мекунанд.

Ислоҳоти 37-уми Қонуни асосӣ ин таъодулро бештар ба нафъи артиш тағйир медиҳад.

Шуҷоъ Навоз, таҳлилгари аршади амниятӣ, гуфт: “Низоми ҳибридии ғайринизомӣ - низомӣ як иттиҳоди номуваффақ асту маҳкум ба сарнавишти мушобеҳи бисёре аз издивоҷҳои нобаробар аст.”

Илова бар қудратҳои густардаи Моршол Мунир, як додгоҳи тозатаъсис, ки қузоти он тавассути қувваи муҷрия мансуб мешаванд, қудратмандтарин ниҳоди кишвар хоҳад шуд. Ин додгоҳ болотар аз девони олии кунунӣ амал мекунад, ки гоҳ ба унвони боздоранда дар баробари фармондеҳони артишу раҳбарони давлатӣ амал мекард, аммо акнун ба расидагӣ ба парвандаҳои маданӣ ва ҷиноӣ маҳдуд хоҳад шуд.

Салоҳиддин Аҳмад, вакил дар Карочӣ, гуфт: “Қуззот (судяҳо)-и вобаста дар он додгоҳи ҷадид акнун ҳар ҳукмеро, ки давлат бихоҳад, муҳри таъйид мезананд."

Саъд Расул, вакил ва таҳлилгари умури умумӣ, афзуд: “Ин тағйирот боиси фурӯпошии истиқлоли қазоӣ хоҳад шуд.”

Бар асоси ислоҳот, қуззоти Додгоҳи олӣ муваззафанд дар сурати радди интиқол аз як вилоят ба вилояти дигар, ки тавассути раҳбарии сиёсии Покистон таъйин шуда, истеъфо диҳанд.

Тарафдорони ин ислоҳот, аз ҷумла ҳизби ҳокими Покистон Муслим Лиги Навоз ва шуморе аз аҳзоби дигар, мегӯянд, ин тағйирот барои навоварӣ дар сохтори фармондеҳии низомӣ пас аз даргирӣ бо Ҳинд дар моҳи май ва рафъи анбошти парвандаҳо дар додгоҳҳои Покистон зарурӣ будааст.

Қамар Чимо, мудири иҷроии муассисаи “Санобар” дар Исломобод, гуфт: “Ҷанг дар ҳоли тағйир асту артиши Покистон ба як сохтори тасмимгирии қавӣ ниёз дорад. Ин симмати ҷадиди раиси нерӯҳои дифоӣ, короии амалиётиро афзоиш медиҳад.”

Аммо мунтақидон мегӯянд, ки ислоҳот қудрати артишу фармондеҳи онро дар Қонуни Асосӣ тасбит мекунаду истиқлоли додгоҳҳои Покистонро бештар ба сиёсатҳои рӯз вобаста месозад.

Артиши Покистону Вазорати иттилоот ба дархости изҳори назар посух надоданд.

Ду ҳизби мухолиф, аз ҷумла ҳизби нахуствазири пешину ситораи крикет, Имронхон, ки дар зиндон ба иттиҳоми фасод аст, алайҳи лоиҳа раъй доданд. Хону ҳизбаш иттиҳомотро рад мекунанд ва мегӯянд ҳукми зиндон ношӣ аз интиқоди алании вай аз артиш будааст. Намояндагони ҳизби Хон дар ҳар ду маҷлис раъйгириро таҳрим карданд.

Бо зиндонӣ будани раҳбарони аслии ҳизби мухолиф, садои сиёсӣ дар кишвар камранг шудааст. Эътирозот мамнӯъ шудаву иттиҳомоти густардаи тақаллуби интихоботи соли гузашта тавассути артиш нодида гирифта шудааст. Сутуннависону мудирони расонаҳо мегӯянд, фишору сонсури давлатӣ ва низомӣ афзоиш ёфтааст.

Тарафдорони артиш мегӯянд, ин ниҳод танҳо қудратест, ки кишварро дар шароити бидеҳии сангин, нархи фақри 25 дарсаду камтарин сармоягузории хориҷӣ дар Ҷануби Осиё ҳифз кардааст.

Маршал Мунири 57-сола, пас аз даргирии моҳи май бо Ҳинд, аз дараҷаи генерал ба маршал иртиқо ёфт. Аъзам Тор, вазири додгустарӣ, гуфт, ки ӯ тибқи ислоҳоти ҷадид “ба далели қаҳрамон будан барои миллат, аз ҳимояти қонунӣ бархӯрдор хоҳад шуд.”

Чеҳраи ҷадиди Мунир рӯи постерҳо дар Исломобод ва билбордҳои бузург дар шаҳрҳои аслии Покистон ба намоиш даромадааст.

Мунир ҳамчунин равобити тозаву гарме бо Иёлоти Муттаҳида барқарор кардааст, ӯ дар моҳи июн бо Трамп наҳор хӯрд ва дар сентябр дубора бо ӯ дар Дафтари байзавӣ мулоқот кард. Покистон ба Вашингтон ваъдаи дастрасӣ ба маводи маъдании ҳаётӣ ва ҳамкорӣ дар зидди тероризм додааст.

Идораи Трамп ваъда дода равобити Амрико ва Покистонро тақвият кунад, ба гуфтаи як пости расонаии вазорати хориҷа пас аз мулоқоти сафири Покистон бо Паул Капур, мақоми ҷадиди умури Осиёи Марказиву Ҷанубӣ.

Ин тағйироти қонунӣ ҳамзамон бо ҳузури артиши Покистон дар чанд ҷабҳа рух додааст: муқобила бо ду шӯриши мусаллаҳона дар Балучистону Хайбар Пахтунхоҳ ва таҳдид ба ҷанг бо Афғонистон бар сари иттиҳоми ҳимоят аз шӯришиён. Давлати Афғонистон ин иттиҳомотро рад кардааст. Ҳамчунин баҳсҳое дар бораи эъзоми неруҳои сулҳбон ба Навори Ғазза ҷараён дорад.

Ба гуфтаи Шуҷоъ Навоз, ислоҳот бо эътои унвони модомулумр ба Мунир ва муодили он барои неруи дарёӣ ва ҳавоӣ, фосила миёни раҳбарии олии артиш ва нерӯҳои поинрутбаро афзоиш медиҳад.

Ӯ гуфт: “Ҳарчанд дар парлумон эътирози ошкоре набуд, аммо имтиёзоти модомулумр мумкин аст эътирозҳое дар миёни раддаҳои поини артиш эҷод кунад, хусусан, касоне монанди соири покистониҳо, бо мушкилоти иқтисодӣ дасту панҷа нарм мекунанд.”

Ислоҳоти Қонуни Асосӣ ҳамчунин чангандозии артиш бар дигар шохаҳои низомиро қонунӣ мекунад. Артиш, нерӯи дарёӣ ва ҳавоӣ ғолибан барои қудрат рақобат доштаанд, аммо аз замони раёсатиҷумҳурии Мушарраф, артиш дасти болотарро доштааст.

Генерал Мушарраф талош кард иқдомотеро тасвиб кунад, ки имкони нигаҳдории мақомаш ба таври номаҳдудро бидиҳад, аммо ҳатто бо порлумоне, ки таҳти ҳукумати низомӣ интихоб шуда буд, муваффақ нашуд.

Корҳои артиши кунунӣ зарифтар, аммо бо асароти густардатар аст, зеро акнун Мунир унвони худро модомулумр ҳифз мекунад.

Оиша Содиқ гуфт: “Ин Қонун, ҳукумати низомии мустақим нест, аммо дар амал ҳукумати низомитару мустақимтар аз қабл эҷод мекунад.”


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!