Хабари рӯз

Фикр мекунам сарнавишти Владимири Зеленский раисҷумҳури Украин монанди сарнавишти Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури собиқи Афғонистон рақам хоҳад хӯрд.

Аз сафҳаи Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария)

Ба тозагӣ Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико тарҳи 28-модаиро ба номи сулҳ ба тарафҳои муқобили Русияу Украина супурда ва ба раисҷумҳури Украин гуфтааст, ки то панҷшанбеи оянда вақт доред, то ин тарҳро қабул кунед, дар ғайри он сарнавишти Украинаро мо худ таъйин хоҳем кард.

Ҳоло мехоҳам матни комили тарҳи 28-модаиро бо шумо шарик созам.

1 - Ҳокимияти Украин муҷаддадан таъйид мешавад.

2 - Як тавофуқи ҷомеъ ва комили адами таҷовуз байни Русия, Украина ва Аврупо вуҷуд хоҳад дошт. Тамоми ибҳомоти солҳои гузашта ҳалшуда талаққӣ хоҳад шуд.

3 - Интизор меравад, ки Русия ба ҳамсоягони худ ҳамла накунад ва НАТО беш аз ин густариш наёбад.

4 - Гуфтугӯе байни Русияу НАТО, бо миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳида, барои расидагӣ ба тамоми нигарониҳои амниятӣ ва эҷоди як муҳити танишзудоӣ барои тазмини амнияти ҷаҳонӣ ва афзоиши фурсатҳои иттисолу фурсатҳои иқтисодии оянда баргузор хоҳад шуд.

5 - Украина тазминҳои амниятии қавӣ дарёфт хоҳад кард.

6 - Теъдоди неруҳои мусаллаҳи Украин ба 600 000 нафар маҳдуд хоҳад шуд.

7 - Украина мувофиқат мекунад, ки дар Қонуни Асосии худ қайд кунад, ки ба НАТО нахоҳад пайваст ва НАТО мувофиқат мекунад, ки дар асосномаи худ тасвиб кунад, ки Украинаро дар ҳеҷ мақтае аз оянда напазирад.

8 - НАТО мувофиқат мекунад, ки ҳеҷ нерӯе дар Украина мустақар накунад.

9 - Ҷетҳои ҷангандаи аврупоӣ дар Лаҳистон мустақар хоҳанд шуд.

10 - Тазмини Иёлоти Муттаҳида:

- Иёлоти Муттаҳида ғаромати тазминро дарёфт хоҳад кард.

- Агар Украина ба Русия ҳамла кунад, ин тазминро аз даст медиҳад.

- Агар Русия ба Украина ҳамла кунад, илова бар як посухи низомии ҳамоҳангу қавӣ, тамоми таҳримҳои ҷаҳонӣ бозгардонда мешаванд ва ба расмият шинохтани қаламрави ҷадиду тамоми мазоёи дигари ин тавофуқ лағв мешавад.

- Агар Украина ба Маскав ё сӯйи Петербург ракета шиллик кунад, тазмини амниятӣ ботил ва беэътибор хоҳад шуд.

11 - Украина воҷиди шароити узвият дар Иттиҳод Аврупо аст ва дар муддати замони арзёбии ин мавзӯъ, дастрасии кӯтоҳмуддат ба бозори Аврупоро дарёфт хоҳад кард.

12 - Бастаи қавии тавсеаи муҷаддади ҷаҳонӣ барои Украина шомили мавориди зер, аммо на маҳдуд ба онҳо:

- Эҷоди Сандуқи тавсеаи Украина барои сармоягузорӣ дар саноеъи бо рушди боло, аз ҷумла фанноварӣ, марокиз дода ва талошҳои ҳуши маснӯъӣ.

- Иёлоти Муттаҳида бо Украина барои бозсозӣ, рушд, навсозӣ ва баҳрабардории муштарак аз зерсохтҳои гази Украина, ки шомили хутути лӯла ва таъсисоти захирасозии он мешавад, ҳамкорӣ хоҳад кард.

- Талоши муштарак барои бозсозии манотиқи осебдида аз ҷанг барои бозсозӣ, тавсеаи муҷаддаду навсозии шаҳрҳову манотиқи маскунӣ .

- Тавсеаи зерсохтҳо.

- Истихроҷи манобеи маъданӣ ва табиӣ.

Ва. Як бастаи таъмини молии ихтисосӣ тавассути Бонки ҷаҳонӣ барои таъмини молӣ ҷиҳати тасреи ин талошҳо таҳия хоҳад шуд.

13 - Русия дубора дар иқтисоди ҷаҳонӣ идғом хоҳад шуд:

-  Коҳиши таҳримҳо ба сурати марҳалаӣ ва мавридӣ, тарафи баҳсу тавофуқ қарор хоҳад гирифт.

- Иёлоти Муттаҳида як тавофуқномаи ҳамкории иқтисодии баландмуддатро барои пайгирии тавсеаи мутақобил дар заминаҳои энержӣ, манобеи табиӣ, зерсохтҳо, ҳуши маснӯъӣ, марокизи дода, пружаҳои фулузоти хокии камёб дар Қутби Шимол ва ҳамчунин соири фурсатҳо ширкати судманди мутақобил, мунъақид хоҳад кард.

- Русия ба Гурӯҳи Ҳашт (G8) даъват хоҳад шуд.

14 - Вуҷуҳи масдудшудаи Русия ба шарҳи зер истифода хоҳад шуд.

- 100 миллиард доллар аз вуҷуҳи масдудшудаи Русия дар талош ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида барои бозсозӣ ва сармоягузорӣ дар Украина равона хоҳад шуд. Иёлоти Муттаҳида 50 фисад  аз суди ҳосил аз ин сармоягузориро дарёфт хоҳад кард. Аврупо муодили ин кӯмаки 100 миллиард доллариро барои афзоиши ҳаҷми сармоягузории мавҷуд барои бозсозии Украин тамвил хоҳад кард. Вуҷуҳи масдудшудаи аврупоии Русия озод хоҳанд шуд. Вуҷуҳи боқимондаи масдудшудаи Русия дар як сандуқи сармоягузории ҷудогонаи Иёлоти Муттаҳида ва Русия захира хоҳад шуд, то пружаҳои муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Русияро дар ҳавзаҳои мушаххасшуда тамвил намояд. Ҳадафи ин сандуқ тақвияти равобиту афзоиши манофеи муштарак барои эҷоди ангезаи қавӣ барои адами бозгашт ба даргирӣ хоҳад буд.

15 - Як гурӯҳи хоси амниятии муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Русия барои тарвиҷу иҷрои риояти тамоми мафоди ин тавофуқнома эҷод хоҳад шуд.

16 - Бо тасвиби як қонуни мушаххас, Русия сиёсати адами таҷовуз нисбат ба Аврупо ва Украинаро ба таври қонунӣ иҷро хоҳад кард.

17 - Иёлоти Муттаҳида ва Русия тавофуқ хоҳанд кард, ки муоҳидоти контроли адами ишоъаи ҳастаӣ, аз ҷумла паймони Старти 1-ро тамдид кунанд.

18 - Украина мувофиқат мекунад, ки таҳти NPT (муоҳидаи адами ишоъаи силаҳҳои ҳастаӣ) як кишвари ғайриҳастаӣ бошад.

19 - Нерӯгоҳи ҳастаии Запароже таҳти назорати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ муҷаддадан роҳандозӣ хоҳад шуд ва барқи тавлидии он ба таври мусовӣ байни Русия ва Украина ба сурати 50 ба 50 тақсим хоҳад шуд.

20 - Ҳарду кишвар мутааҳҳид ба иҷрои барномаҳои омӯзишӣ дар мадорис ва дар саросари ҷомеаи худ мешаванд, ки дарку таҳаммули фарҳангҳои мухталифро иртиқо медиҳад ва нажодпарастӣ ва таассубро аз байн мебарад:

- Украина қавонини Иттиҳоди Аврупо дар мавриди таҳаммули мазҳабӣ ва ҳимоят аз ақаллиятҳои забониро иттихоз хоҳад кард.

- Ҳарду кишвар мувофиқат мекунанд, ки тамоми иқдомоти табъизомезро лағв карда ва ҳуқуқи расонаҳову омӯзиши Украина ва Русияро тазмин кунанд.

- Тамоми идеология ё фаъолиятҳои нозӣ бояд маҳкум ва мамнӯъ шавад.

21 - Қаламравҳо:

- Қрим, Луганску Донетск ба сурати де-факто ҷузъи Русия шинохта мешаванд, аз ҷумла тавассути Иёлоти Муттаҳида.

- Херсон ва Запароже дар хатти тамос масдуд шаванд, ки ба маънои ба расмият шинохтани де-факто дар хатти тамос аст.

- Русия аз соири сарзаминҳои тавофуқшуда, ки хориҷ аз панҷ минтақаи таҳти контроли худ дорад, даст бикашад.

- Неруҳои украинӣ аз бахше аз минтақаи Донетск, ки дар ҳоли ҳозир контрол мекунанд, ақабнишинӣ хоҳанд кард ва ин минтақаи ақабнишинӣ ба унвони як минтақаи ҳоили ғайринизомии хунсо дар назар гирифта мешавад, ки аз назари байналмилалӣ ба унвони сарзамини мутаъаллиқ ба Федератсияи Русия шинохта мешавад. Неруҳои русӣ вориди ин минтақаи ғайринизомӣ нахоҳанд шуд.

22 - Пас аз тавофуқ дар мавриди тартиботи арзии оянда, Федератсияи Русия ва Украина мутааҳҳид мешаванд, ки ин тартиботро бо зӯр тағйир надиҳанд. Дар сурати нақзи ин тааҳҳуд, ҳеҷ гуна тазмини амниятӣ эъмол нахоҳад шуд.

23 - Русия монеи истифодаи Украина аз рӯдхонаи Днепр барои фаъолиятҳои тиҷорӣ нахоҳад шуд ва тавофуқҳое барои ҷобаҷоии озодонаи маҳмулаҳои ғаллот аз тариқи дарёи Сиёҳ ҳосил хоҳад шуд.

24 - Як кумитаи башардӯстона барои ҳалли масоили ҳалнашуда ташкил хоҳад шуд:

- Тамоми зиндониёну аҷсоди боқимонда бар асоси асли “ҳама барои ҳама” мубодила хоҳанд шуд.

- Тамоми боздоштшудагони ғайринизомӣ ва гаравгонҳо, аз ҷумла кӯдакон, бозгардонида хоҳанд шуд.

- Як барномаи иттиҳоди муҷаддади хонаводаҳо вуҷуд хоҳад дошт.

- Тамҳидоте барои расидагӣ ба ранҷи қурбониёни даргирӣ дар назар гирифта хоҳад шуд.

25 - Украина зарфи 100 рӯз интихобот баргузор хоҳад кард.

26 - Тамоми тарафҳои даргир дар ин даргирӣ, афви комил барои иқдомоти замони ҷанг дар тӯли ҷанг дарёфт хоҳанд кард ва мувофиқат мекунанд, ки даъвоҳо ё шикоёти бештареро пайгирӣ накунанд.

27 - Ин тавофуқ аз назари қонунӣ илзомовар хоҳад буд. Иҷрои он тавассути ҳайати сулҳ ба раёсати раисҷумҳур Доналд Трамп назорат ва тазмин хоҳад шуд. Барои нақзи он муҷозотҳое дар назар гирифта хоҳад шуд.

28 - Пас аз мувофиқати ҳамаи тарафҳо бо ин тафоҳумнома, оташбаси билофосила иҷро хоҳад шуд ва ҷонибайн ба нукоти тавофуқшуда ақабнишинӣ намуда, барои шурӯъи иҷрои тавофуқ, лозимулиҷро хоҳад шуд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!