Вашингтон душманонашро ба муҳраҳои бозӣ табдил дод.
Нависанда: Козим Ҳумоюн, таҳлилгар
Дар соли 1984 милодӣ давлати Иёлоти Муттаҳида барномае таҳти унвони “Подош барои адолат” поягузорӣ кард; тарҳе, ки ҳадафи расмиаш ҷамъоварии иттилоот барои ҷилавгирӣ аз ҳамалоти террористӣ ва муҷозоти омилони он эълом шуд. Вазорати хориҷаи Амрико то кунун беш аз як саду панҷоҳ миллион доллар аз тариқи ин барнома ба хабарчинони худ пардохт кардааст.
Аммо акнун, пас аз беш аз чаҳор даҳа, чеҳраи воқеии ин барнома аз пушти ниқоби адолат берун омадааст. Он чи рӯзе ба номи амният оғоз шуд, имрӯз ба абзори чандманзураٔи сиёсати хориҷии Вашингтон табдил шудааст; абзоре барои муомила, фишор, контроли манобеъ ва ҳатто муҳофизат аз ҳамон касоне, ки душман номида мешаванд.
Таъйини ҷоиза барои дастгирӣ ё куштани як фард ҳамеша бо нияти шикор нест. Гоҳе ҳадаф озмудани нуфузу санҷиши амнияти шабакаҳои иттилоотӣ аст. Ҳангоме ки вазорати хориҷаи Амрико ҷоизае даҳ ё бисту панҷ миллиондолларӣ таъйин мекунад, ин илзоман нишонаи бехабарӣ нест, балки талошест барои фаҳмидани ин ки чӣ касоне дигар аз мавқеъияти ҳадаф иттилоъ доранд.
Намунаи равшани он, Усома бин Лодан аст. Рӯзномаи Ню-йорк таймс дар 20 майи 2011 гузориш дод, ки давлати Амрико солҳо пеш аз амалиёти Абботобод, бо истифода аз паҳподҳои RQ – 170 ва шабакаҳои иттилоотӣ дар Покистон, аз маҳалли ихтифои ӯ огоҳ буд. Аммо то замоне, ки итминон наёфт, гуруҳҳое, монанди Толибон ё Созмони иттилооти низомии Покистон (ISI) ба ин иттилоот дастрасӣ надоранд, ҳеҷ иқдоме накард. Дарвоқеъ, ҷоизаи 25 миллиондолларӣ барои бин Лодан беш аз он ки ваъдае барои мардум бошад, озмуне барои Вашингтон буд то нашти иттилоотро бисанҷад.
Намунаи дигар, моҷарои Мулло Муҳаммад Умар аст. Ню-йорк таймс дар 9 марти 2015 ифшо кард, ки раҳбари Толибон солҳо дар вилояти Зобули Афғонистон, дар наздикии яке аз пойгоҳҳои амрикоӣ зиндагӣ мекард ва дар амал, дар навъе ҳифозати ғайримустақими Амрико қарор дошт. Ин дар ҳоле буд, ки вазорати хориҷаи Амрико барои сари ӯ 10 миллион доллар ҷоиза таъйин карда буд. Ин гузориш нишон дод, ки ҳадаф аз ин ҷоиза на ҳазфи физикӣ, балки контролу пинҳонсозии чеҳрае буд, ки вуҷудаш барои таъодули майдонӣ дар Афғонистон аҳамият дошт.
Чеҳраи сеюм, Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон аст. Шабакаи БиБиСи дар 12 марти 2025 гузориш дод, ки пас аз озодии ду шаҳрванди амрикоӣ тавассути Толибон, ҷоизаи даҳ миллиондолларии таъйиншуда барои Ҳаққонй лағв шуд. Ин тасмим паёми ошкоре дошт: дар сохтори сиёсати Вашингтон, адолат мафҳуме собит нест, балки абзорест барои муомила ва имтиёзгирӣ.
Бар асоси додаҳои расмӣ, Иёлоти Муттаҳида аз оғози ин барнома то имрӯз беш аз 150 миллион доллар подош пардохт кардааст; аммо таҳқиқоти мустақил аз ҷумлаи баррасиҳои маркази Пажӯҳишии Пропаблика нишон медиҳад, ки дар ҳамин боза, беш аз 700 миллион доллар аз дороиҳои муртабит бо ҳамчу афроде мусодира шудааст. Ин омор, тасвири равшане аз судоварии пинҳонии барнома ба даст медиҳад; тарҳе, ки дар зоҳир бо номи адолату амният пеш меравад, аммо дар ботин, ба мошини дақиқи контроли иттилоот, мудирияти саҳна ва ҳатто таъмини манофеъи иқтисодӣ табдил шудааст.
Дар ин миён, чеҳраҳое чун бен Лодан, Мулло Умар ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ, ҳар як рӯзе душмани мутлақ муаррифӣ шуданд, аммо дар бизангоҳи сиёсат, ба муҳраҳое дар сафҳаи шатранҷи қудрат бадал шуданд.
Охири калом ин ки дар бозии қудрат душманони воқеӣ на дар майдони ҷанг, балки дар пушти мизҳои муомила таъриф мешаванд. Ва адолат танҳо ниқобест, ки ин бозиро машрӯъ ҷилва медиҳад.