Хабари рӯз

Исломобод дар Афғонистон дар чоҳе афтид, ки худ канда буд.

Нависанда: Козим Ҳумоюнӣ, таҳлилгар

Аз замони таъсиси Покистон дар соли 1947, марзи ғарбии ин кишвар ҳамвора меҳвари аслии амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Исломобод будааст. Дар даврони ҷанги сард артишу дастгоҳи иттилоотии Покистон бо ҳимояти Иёлоти Муттаҳида ва Арабистони Саудӣ сиёсатеро бар пояи пуштибонӣ аз гуруҳҳои паштунмеҳвар дар Афғонистон баргузиданд. Ҳадафи ин сиёсат эҷоди ҳукумати ҳамсӯ дар Кобул барои маҳори нуфузи Ҳинд ва таъмини он чӣ ки баъдҳо “умқи стратегӣ” хонда шуд, буд.

Генерал Парвиз Мушарраф дар даҳаи навади милодӣ ва дар даврони ҳукумати Устод Раббонии шаҳид гуфта буд: “Ҳаққи паштунҳо дар Афғонистон поймол шудааст”. Ин сухан бозтобе аз зеҳнияти ғолиб дар миёни нухбагони сиёсӣ ва низомии Покистон буд; зеҳнияте, ки паштунҳоро меҳвари нуфуз дар Кобул медид ва бо истифода аз пайвандҳои қавмӣ ва мазҳабӣ, мекӯшид тавозуни минтақаиро ба суди худ рақам занад.

Аммо таҷрибаи ду даҳаи ахир, бавижа зуҳӯри Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) аз даруни ҳамон ҷомеъаи паштун, нигоҳи Исломободро дигаргунӣ сохт. Покистон дарёфт, ки ҳамон пайвандҳое, ки рӯзе абзори қудрат буданд, имрӯз ба таҳдиди дарунӣ барои амнияти миллӣ бадал шудаанд. Шӯришҳои ТТП, фишорҳои дохилӣ ва буҳрони машрӯъияти сиёсӣ, ҳама сабаб шуданд то доктринаи суннатии Покистон дар қиболи Афғонистон аз бунёд бознигарӣ шавад.

Исломобод акнун дарёфтааст, ки сиёсати паштунмеҳвар, на субот меоварад ва на амнияти пойдор. Аз ҳамин рӯ, тасмимсозон дар артиш ва ниҳодҳои амниятии он кишвар дар пайи онанд то дар Афғонистон сохтори мутавозину чандқавмиятӣ шакл гирад; сохторе, ки таркибе аз тоҷикҳо, ӯзбекҳо, паштунҳои муътадил, ҳазораҳо ва соири ақвом бошад ва битавонад миёни манофеъи минтақаӣ таъодул барқарор кунад.

Ин тағйири нигариш дарвоқеъ посухест ба се дағдағаи таърихии Покистон: нахуст, масаълаи хати Дюранд, ки Исломобод бовар дорад танҳо дар фазои тафоҳуми миллӣ ва на дар тақобули қавмӣ қобили ҳал аст; дувум, маҳори робитаи толибони Афғонистон бо ТТП, ки амнияти дохилии Покистонро таҳдид мекунад; ва сеюм, эҷоди таъодул дар равобити Кобул бо Ҳинд то ҷилави бархӯрди мустақиму хатарнок миёни ду қудрати ҳастаии минтақаро бигирад.

Покистон акнун мекӯшад ба ҷои такя бар паштунмеҳварӣ ва истифода аз гуруҳҳои идеологӣ, масири тозаеро дар пеш гирад, ки бар пояи ҳамкории минтақаӣ ва ҳукумати фарогир дар Афғонистон устувор аст. Ин чархиш гузор аз геополитикаи қавмӣ ба геополитикаи тавозунӣ аст, тағйире, ки агар идома ёбад, метавонад ҳам Афғонистон ва ҳам Покистонро аз чархаи рақобатҳои фарсоянда берун оварад ва ба сӯи саботу ҳамкории пойдори минтақаӣ савқ диҳад.

Натиҷагирӣ:

Покистон дигар дар паи умқи ҷуғрофиёӣ дар хоки Афғонистон нест, балки ба дунболи умқи сиёсӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамсоягон аст. Агар ин тағйири воқеъбинона ба дурустӣ мудирият шавад, шояд сароғози фасли тозае дар таърихи пуртаниши ду миллат бошад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!