Чаро аз ҷанги Толибон алайҳи ҳамсоя ҳимоят накардем?
Нависанда: Муҳибуллоҳ Нурӣ, раиси пешини сиёсати Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
1 - Адами ҳимояти миллати Афғонистон аз ҷанг алайҳи ҳамсоягон; дар ҷумҳурият, вақте аксарияти миллат хоҳони сулҳ буданд, ақаллияте ба раҳбарии Ашраф Ғанӣ бо ҷангталабӣ фурсатҳои сулҳро аз миён бараду заминасози суқути низому тасаллути дубораи Толибон шуд . Дар ҷанги ахири Толибон бо Покистон ҳамон ақаллияти натсионалистҳову қавмгроҳо бо истодан дар канори Толибон аз як сӯ ба хуни шуҳадои неруҳои амниятӣ хиёнат карданд ва аз сӯи дигар Толибонро барои ҷанг бо Покистон ташвиқ карданд. Аммо, хушбахтона, аксарияти миллат ба онҳо пушт карданд ва бо ҷанг мухолифат карданд. Ман ҳам ба саҳми хеш дар канори аксарияти мардум ва бо ин ҷанг мухолифат кардам ва дар оянда низ агар ҷанге алайҳи ҳамсоягони Осиёи Миёна рух диҳад, ҳамин мавзеъро хоҳем дошт - мухолиф бо ҷанг.
2 - Ҳимоят танҳо аз як давлати машрӯъ ва қонунӣ муваҷҷаҳ аст; имрӯз давлати машрӯъе дар Афғонистон вуҷуд надорад, ки аз он дифоъ карду ҳимоят аз Толибон ба маънои тақвияти инҳисору хиёнат ба шуҳадои неруҳои дифоиву амниятии пешин аст. Замоне, ки давлатҳои машрӯъ вуҷуд дошт, мардуми мо се даҳа аз он давлатҳо сарсахтона дифоъ карданд. Ҳар гоҳе давлати машрӯъе дар Афғонистон шакл гирад, мутмаин ҳастам ҳамаи миллат муттаҳидона аз он дифоъ хоҳанд кард.
3 - Ин ҷанг нишон дод бар хилофи иддаои Халилзод, ки Толибон тағйир кардаанд ва монеъи истифодаи гуруҳҳои террористӣ аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои дигар мешаванд, чунин иддаое дурӯғе беш набуд. Толибон ҳамчунон таҳдиди ҷаддӣ барои назму саботи минтақа ба шумор мераванд. Далели аслии дахолати Покистон низ ҳимояти Толибон аз Таҳрики Толибони Покистон аст, ки дар чаҳор соли гузашта 10, 347 ҳамлаи террористӣ дар хоки Покистон созмондеҳӣ карда ва 3, 844 тан аз низомиён, пулису ғайринизомиён, бавижа дар Хайбар Пахтунхвоҳ аксар аз миёни ҷомеъаи паштуни мо, кушта шудаанд. Бино бар ин, муқассири аслии таҷовузи ҳамсояи худ Толибонанд. Мо наметавонем ба хотири натсионализми кӯр аз ҳаққу адолат чашмпӯшӣ кунем. Ба вижа ин ки аз манзари Фаҷристон, барои ман тафовуте миёни миллати Афғонистону миллатҳои ҳамсоя вуҷуд надорад; агар Толибон фардо ба кишварҳои Осиёи Миёна ҳамла кунанд, ман ҳамин мавзеъи феълӣ - мухолифат бо ҷанг-ро дар пеш хоҳам гирифт.
4 - Ин ҷанг пайомадҳои иқтисодӣ, инсонӣ ва иҷтимоии вайронгаре бар мардуми Афғонистону Покистон, бавижа дар манотиқи марзӣ, бар ҷоӣ гузоштааст. Масирҳои тиҷорӣ масдуд шуд, бозаргонӣ ва муҳоҷирати корӣ мухтал гардиду қимати колоҳои асосӣ башиддат афзоиш ёфт. Дар натиҷа, фақр, бекорӣ ва ноумедӣ дар миёни мардуми ду кишвар густариш ёфтаву раванди ҳамкориву ҳамгароии иқтисодӣ дар сатҳи минтақа башиддат тазъиф шуд .
5 - Дар охир зимни истиқбол аз талошҳои кишварҳои Қатару Туркия барои миёнҷигарӣ ва барқарории оташбас, аммо ба сулҳи Толибон бовар надорам. То замоне, ки Толибон дар қудратанд, аз ҳимояти Таҳрики Толибони Покистон даст нахоҳанд кашид ва ин, монеъи пойдории оташбас ва сулҳи воқеӣ хоҳад буд. Муттаассифона, сулҳ, суботу тавсеаи минтақаӣ, бахусус, суботу тавсеа дар ду сӯи хати Дюранд бидуни халъи силаҳу идғоми гуруҳҳои ифротӣ чун Таҳрики Толибони Афғонистону Таҳрики Толибони Покистон аз роҳи сулҳ ё ҷанг дар баданаи як низоми машрӯъ мумкин нахоҳад буд.