Хабари рӯз

Шаҳбоз Шариф ба унвони нахуствазири Покистон мансуб шуд, аммо дар шароити бисёр машкуке...

Нависанда: Ориф Ҳасан Охундзода

Шаҳбоз Шариф, ки дирӯз аз сӯи парлумони Покистон ба унвони бисту севумин нахуствазири ин кишвар интихоб шуд, марди ҷолибе аст. Ӯ, ки акнун 70 - сола аст, ба занон алоқаи зиёде дорад ва чандин бор издивоҷ кардааст. Бисёре аз ҳамсарон ва равобити ӯ махфӣ аст. Ӯ ҳамчунин ба пӯшидани либосҳое алоқаманд аст, ки маъмулан дар иқлим ва фарҳанги ҷомеае, ки ба он тааллуқ дорад, дида намешавад ё мавриди таваҷҷуҳ қарор намегирад. Инҳо шомили куртаҳои дароз ба сабки аврупоӣ, кулоҳҳои хаздори гаронқимат, кастуму шалвор ва туники сафарии сабки низомӣ аст. Ӯ ба унвони як мӯътод ба кор низ шинохта мешавад ва ба унвони яке аз маъдуд раҳбарони Покистон дар назар гирифта мешавад, ки дорои дараҷаи қобили таваҷҷуҳе аз ҳуш ва тавоноии анҷоми кор аст.

Миё Шаҳбоз Шариф (ин номи комили ӯст) писари Миё Муҳаммад Шариф аст, ки соҳиби як корхонаи рехтагарии оҳани кӯчак буд ва мошинолоту қисмҳои эҳтиётии кишоварзиро дар шаҳри Лоҳури Покистон тавлид мекард. Дар ҷомеаи Покистон ва Ҳинд, мардум ба кастаи қавмии худ шинохта мешаванд, ки ба навбаи худ маъмулан бо навъи ҳирфа муртабит аст. Миё Муҳаммад Шариф аз табақаи оҳангарони панҷобии кашмирӣ буд, ки дар минтақаи Панҷоби тақсимшуда байни Ҳинду Покистон ба хубӣ шинохта шудааст. Кашмириҳо ду навъ ҳастанд: бархе аз мардум фарҳанг ва забони аслии дардии худро ҳифз кардаанд, аммо кашмириҳое, ки дар минтақаи Панҷоб зиндагӣ мекунанд, забон ва фарҳанги панҷобиро монанди хонаводаи Шариф пазируфтаанд.

Миё Муҳаммад Шариф соҳиби касбу коре буд, ки даромади кофие барои ӯ ва писаронаш ба армуғон меовард. Аммо дар соли 1983 иттифоқе рух дод, ки сарнавишти ин хонаводаро барои ҳамеша тағйир дод. Шахсе писари аршади ӯ Миё Навоз Шарифро ба генерал Зиёулҳақ диктатори низомии ҳокими Покистон муаррифӣ кард. Генерал тасмим гирифт ин ҷавонро таҳтулҳимояи худ қарор диҳад ва ӯро ба унвони вазир дар устони Панҷоб мансуб намуд. Миё Навоз Шариф ба зудӣ ба раёсати яке аз ду ҳизби бузурги сиёсии Покистон расид ва ба ҳамин далел се бор нахуствазири Покистон шуд. Бародари кӯчактараш Шаҳбоз низ барои кӯмак ба ӯ ба сиёсат пайваст. Дар натиҷа, Шаҳбоз Шариф барои се давраи тӯлонӣ низ ба унвони вазири аршади устони Панҷоб дар солҳои 1997, 2008 ва 2013 хидмат кард.

Сиёсати Покистон ҳамеша ба далели фасодаш бадном будааст, аммо ғорат ва дуздии он аз замони даҳаи 1980, замоне, ки созмони CIA-и Амрико “ҷиҳод”-и зиддиинқилобиро дар Афғонистон барои шикасти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва нобудии Инқилоби Саври 1978 созмондеҳӣ кард, ба сатҳи афсонаӣ расид. Он замон буд, ки истихбороти Амрико миллиардҳо доллар ба Покистон барои ин ҳадаф рехт ва онро ба давлати Покистон супурд то амалиёти харобкоронаро дар дохили Афғонистон тартиб диҳад.

Ду писари Миё Муҳаммад Шариф дақиқан замоне вориди сиёсат шуданд, ки ин раванд тоза шурӯъ шуда буд ва дар натиҷа аз он судҳои зиёде бурданд - аз он замон то кунун миллиардҳо доллар аз хизонаи давлат, кӯмакҳои хориҷӣ ва вомҳои радшуда дуздидаанд. Онҳо дороиҳои бешумор аз анвоъи мухталифро дар Покистон ва хориҷ аз он - Дубай ва дунёи Ғарб ба даст овардаанд. Бо ин пулҳои дуздидашуда, онҳо корхонаҳои қанд, орд ва фӯлод роҳандозӣ карданд ва дар “биҳишт​​ҳои молиётӣ”-и мухталифи дунё соҳиби ҳисобҳои “обсоҳилӣ (офшорӣ)” шудаанд. Давлатҳои онҳо (ва давлатҳои руқабои онҳо, Ҳизби мардуми Покистон) чандин бор ба иттиҳоми фасод ва варшикастагии давлат барканор шудаанд - аммо онҳо ҳамеша муваффақ шудаанд ба сиёсат бозгарданд. Ҳар замон, ки онҳо дар Покистон бо мушкил мувоҷеҳ мешуданд, ҳамеша аз сӯи давлатҳои ғарбӣ ва кишварҳои арабии халиҷи Форс аз пайгарди қонунӣ бархурдор будаанд.

Дар охирин маврид, Шаҳбоз Шариф ба унвони нахуствазири Покистон мансуб шуд, аммо дар шароити бисёр машкук. Ӯ бахше аз як маъракаи сиёсии опозисиюни бевиҷдон ва бо будҷаи Ғарб барои барканории нахуствазири маҳбуб ва зиддиамрикоӣ Имронхон аст, ки чанд рӯз пеш муваффақ шуд. Агарчи ӯ акнун нахуствазир аст ва тавассути фармондеҳони артиш ҳимоят мешавад (, ки акнун низ маҳбубияти худро аз даст додааст) - оянда ва тадовуми сиёсии ӯ акнун машкук ва бисёр номушаххас аст. Қарор аст вай дар давраи тасаддии маҷлиси кунунӣ то 20 августи 2023 нахуствазир боқӣ бимонад, аммо кишвар ва низоми он дар ҳоли ҳозир ба шиддат осеб дида ва шикаст хӯрдааст. Дар аёлати ғарбии паштузабони Хайбар Пахтунхоҳ, ки ҳаммарз бо Афғонистон аст, як созмони ҷадиди шӯришӣ ба номи Таҳрики Толибони Покистон (TTP) ба суръат дар ҳоли афзоиш аст. Дар устони Балучистон, дар ҳоли ҳозир як раванди ҷудоиталабӣ дар ҷараён аст. Бюрокрасии кишвар дучори ихтилол мешавад ва камбуди шадиди барқ ба далели суъимудирият ва дуздӣ вуҷуд дорад.

Дар рӯзҳои ахир ба интисоби Шаҳбоз Шариф ба унвони нахуствазир, ба назар мерасад шоеъоти қавӣ ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Тоҷикистон мабнӣ бар ин ки Шаҳбоз Шариф як тоҷик аст, шунида мешавад. Ин тур нест. Агарчи номи ӯ форсӣ аст, ҳамон тур, ки дар боло ишора кардам - ӯ панҷобии аз каста - табақаи оҳангари кашмирӣ аст.

Дар ин ҷо бояд ба ин нукта ишора кард, ки Кашмир ва мероси фарҳангиву мазҳабии он мадюни тоҷикҳо аст: шохае аз аҷдоди тоҷики свотии ман ба номи силсилаи салотини шоҳмирӣ беш аз 300 сол бар Кашмир ҳукумат ва ислом ва фарҳанги эрониро вориди Кашмир карданд. Бинобарин вақте касе аз Кашмир ном мебарад, асоси таърихии тоҷикӣ ва воқеиятҳои нажодии он ба таври табиӣ ба зеҳни кас мутабодир мешавад. Шояд ба далели дарки нодурусти таърих аст, ки бархе аз мардум тамоюл доранд, Шаҳбоз Шарифро тоҷик бидонанд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!