Хабари рӯз

Имронхон, ки мегуфт, Амрико мехоҳад маро сарнагун кунад, ба иттиҳоми “таварруми контролнашуда” бо дасти авомили амрикоӣ-англисӣ сарнагун шуд

Нависанда: Аҳмад Саидӣ

Дар ҳукумати Покистон ду чавкӣ (курсӣ) - и хеле муҳим ва босалоҳият аст. Аввал, чавкии нахуствазир ва дувум, чавкии чук вазорат хориҷа. Ба бовари ман, фардо рӯзи душанбе, 11 апрел, Шаҳбоз Шариф (бародари Навоз Шариф) дар парлумони Покистон ба ҳайси нахуствазир интихоб хоҳад шуд ва Биловал Буту, писари Беназир Буту ба ҳаӣси вазир хориҷа муқаррар хоҳад гардид.

Мавзӯъоте, ки боиси муттаҳам шудани Имронхон, нахуствазири собиқи Покистон, Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири хориҷа, вазири қонуни Покистон, Асад Қайсар, раиси Маҷлис, оқои Сур, муовини раиси Маҷлис ва Алавӣ, раисҷумҳури Покистон гардидааст, қарор зайланд:

1 - маҳкамаи Покистон файсала карда буд, ки рӯзи шанбе бидуни қайду шарт соати 10: 30 ҷаласа доир шавад ва раъйгирӣ ба хотири адами эътимоди Имронхон мавриди баҳс қарор гирад.

Аммо Имронхон бо раиси маҷлис ва Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ файсалаи маҳкамаро сабӯкаштож кард ва то нимаҳои шаб нагузошт то ҷаласа ба ба хотир истезоҳ доир шавад.

2 - ба дастури Имронхон, Алавӣ, раисҷумҳур ва раиси парлумон, яъне оқои Асад Қайсар, парлумони Покистонро мунҳал карданд, ки хилофи қонун ва арзишҳои ҳуқуқи кишвари Покистон буд.

3 - маҳкамаи Покистон, ки иборат аз 13 узв аст, 7 нафарашон ба иттифоқи оро файсала карданд, ки раъйи адами эътимод дар ҷаласа матраҳ шавад, аммо раиси парлумон оқои Асад Қайсар ва муовини парлумон монеъи ин кор шуданд то замоне, ки онҳо истеъфо карданд. Баъдан Содиқ Аёз, раиси собиқи парлумон маҷбур шуд, ки инро иҷро кунад.

4 - Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ба ҳамкории Имронхон ду мартаба тайи ҳудудан чаҳор моҳ ҷаласаи Конфронси исломиро ба хотир лобигарӣ барои Толибон* дар Покистон доир карданд ва пулҳои зиёде аз будҷаи кишвари фақири Покистонро дар ин конфронсҳо масраф кардаанд. Ҳатто идороти истихбороти Покистон ба ин боваранд, ки Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ барои лобигарии Толибон аз пулҳои будҷаи давлати Покистон ба як теъдод вузарои хориҷаи кишварҳо ришват додааст.

Биноан, Имронхон бо теъдоде аз аъзои кобинааш, ба шумули Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, раисҷумҳур Алавӣ, раиси парлумон оқои Асад Қайсар ва муовини парлумон муттаҳам ба хиёнати миллӣ ҳастанд.

Чун Қонуни асоси Покистонро зери по карданд, то тавонистанд файсалаи маҳкамаро сабӯкаштож карданд ва ба хотири лобигарӣ барои Толибон миллионҳо доллар аз будҷаи Покистонро бидуни файсалаи парлумон ва бидуни файсалаи мақомоти зислоҳ ба масраф расонданд. Рӯи ҳамин далоил бояд инҳо мамнуъалхуруҷ бимонанд то маҳкум ба муҷозот шаванд.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!